Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Шакли дуюми сифати феълии замони ҳозираи аз феълҳои таркиби сохташуда дар асар камистеъмол аст. Ин шакл бештар хусусият ё амали доимии предметро дар замони ҳозира нишон медиҳад: яке аз тӯбҳои олам харобкунанда аст (с. 110). Иморати контурони ҳамду нақлкунанда ва тиҷорати ширкатҳои Русия... ағлаб дар ҳамин хиёбон аст (с. 117).

Дар асари Садри Зиё сифати феълии замони ҳозира дар шакли хоси забони адабии классикӣ дида мешавад, ки аз забони адабии имрӯза дар тарзи ифода як андоза фарқ дорад.

Мумайизе ва муаррифе донанда ва шиносанда...

Шакли дуюми сифати феълӣ бо суффикси -гӣ дар забони адабӣ то ибтидои асри XX, дар асарҳои манзум ва мансур каму беш дучор мешаванд. Масалан, дар "Бадоеъ-ул-вақоеъ"-и Восифӣ шакли сифати феълӣ бо суффикси -гӣ дучор намешавад, ё ки дар забони асарҳои Аҳмади Дониш ин шакл нисбатан зиёдтар кор фармуда шудааст. Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки шакли дуюми сифати феълии бо суффикси -гӣ сохташаванда дар забони адабӣ то ибтидои асри XX ба нормаи забони адабӣ комилан дохил нашуда будааст. Сабаби ин ҳамно ба он вобаста аст, ки забони адабӣ аз забони зинда хеле дур буд. Ин имконият намедод, ки ба забони адабӣ аз забони зинда шаклу намудҳои гуногуни забони умумихалқӣ дохил шаванд.

Дар ибтидои асри XX тенденсияи ба забони зинда наздикшавии забони адабӣ то андозае ривоҷ ёфт. Бо мурури замон асарҳое офарида шуданд, ки аз тақлидкории насри классикӣ ҳаддалимкон озод буданд. Забони асарҳои насрии ибтидои асри XX аз забони насри классикӣ аз бисёр ҷиҳат фарқ мекардагӣ шуд. Хусусияти беҳтарини забони асарҳои ибтидои асри XX содда ва оммафаҳм шудани онҳо мебошад. Ба забони асарҳои нависандагон аз забони зинда бисёр калима ва ибораҳо дохил шуданд. Дар ин қатор аз забони умумихалқӣ бисёр шаклҳои грамматикӣ низ ба забони адабӣ дохил шуданд. Ба забони адабӣ аз забони зинда дохил шуда мустаҳкам гардидани шакли сифати феълиро бо суффикси -гӣ як хусусияти характеринки инкишофи забони адабӣ ҳисоб кардан мумкин аст.

Дар забони асари Мирзосироҷ Истӣ смоли шакли дуюми сифати феълӣ бо суффикси -гӣ нисбатан зиёдтар аст, дар "Наводири зиёия" ҳам ин шакли сифати феълӣ серистеъмол аст: Ба гандуми боқимондагӣ амлокдор аз рӯи таомул дигар ҳеҷ ҳаққею дахле надорад ("Наводири

пешина
аз 159
навбатӣ