Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ҳам забоншинос шуда метавонад. Лекин диққати забоншиносро бештар таносуби тарзи ифода ва шаклҳои морфологию синтаксисии асар ба худ ҷалб менамояд.
Дар илми забоншиносии тоҷик ба омӯзиши забони асарҳои нависандагон ва шоирони адабиёти классикӣ ва советӣ диққати махсус дода шудааст.
Омӯхтани забон ва услуби асарҳои нависандагон дар илми филогияи имрӯзаи тоҷик аз солҳои 60-ум сар шудааст. Забоншиносони тоҷик дар давоми ин солҳо забони якчанд асарҳои пешазинқилобиро омӯхта бошанд ҳам, бо вуҷуди ин забони асарҳои адибони ҳар як давру асрро ҳанӯз ба таври системанок тадқиқ накардаанд.
Ҳоло забоншиносони тоҷик таълиф намудани грамматикаи таърихии забони адабии тоҷикро ба миён гузоштаанд. Таълиф намудани грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, ба таври систематикӣ омӯхтани забони насру назми адабиёти пешазреволюциониро талаб менамояд.
То имрӯз, аҳли тадқиқ як силсила рисолаҳои илмӣ оид ба забон ва услуби асарҳои насрии адабиёти классикӣ навиштаанд. Дар ин асарҳо хусусияти грамматикии забони асарҳои алоҳида ва як қисми яклухти грамматика (синтаксис) дар асоси материкали як давраи муайян ва ё ҳалли ягон ҳодисаи алоҳидаи грамматикӣ дар асрҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.
Дуруст аст, ки дар як қатор корҳои тадқиқотии адабӣ дар қатори масъалаҳои илмии соф адабӣ, гоҳо ба услуб ва забони ин ё он асари бадеӣ, таърихӣ ва ё публицистӣ дахл намуда, дар хусуси таркиби луғавӣ ва хусусиятҳои грамматикӣ қайду мулоҳизаҳои умумӣ баровардаанд. Аз ин рӯ, он қайдҳо танҳо ишора ба забон ва услуби нависанда буда, дар ҳалли масъалаҳои грамматикӣ кори пурраи тадқиқотиро дарбар намегиранд.
Солҳои охир забоншиносони тоҷик дар омӯхтани забони асарҳои ҷудогонаи адабиёти советии тоҷик низ якчанд диссертатсия, рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳо навиштаанд. Корҳои номбурда ба марҳилаҳои гуногуни забони адабӣ бахшида шуда, дар муайян намудани ҷиҳатҳои лексикӣ ва грамматикии забони он давраҳо аҳамияти ба худ хосе доранд.
Аз сабаби он ки аҳли тадқиқ борҳо ин асарҳоро дар рисолаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё