Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
худ таҳлил намуда, муваффақияту норасоиҳои онҳоро нишон додаанд, аз такрор худдорӣ намуда, танҳо ба асару мақолаҳое, ки бевосита ба мавзӯи тадқиқи мо дахл доранд, таваққуф менамоем.
Доир ба забони адабии охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар забоншиносии тоҷик аввалин бор забоншиноси борикбину нуқтасанҷ Н. Маъсумӣ дар мақолаи худ "Назарӣ ба забони адабии тоҷик дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX" таваққуф намудааст. Ин мақола асосан таҳлили мухтасари забони асарҳои Аҳмади Дониш ва ҳолати забони адабии ин даврро дарбар мегирад.
Н. Маъсумӣ дар мақолаи дуюми худ "Вазъияти забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX" баробари таҳлили нопурраи забони асарҳои баъзе аз маорифпарварон, ба таҳлили забони "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким ҳам майл намуда, қайд кардааст, ки "забони ин асар соддаю оммафаҳм буда, дар он як қатор хусусиятҳои забони умумихалқии тоҷикро дидан мумкин аст"8. Ғайр аз ин муаллиф доир ба категорияҳои лексикӣ ва грамматикии забони адабии ин давр аз "Туҳафи аҳли Бухоро" баъзан мисолҳои ҷудогона овардааст. Ин гуна мисолҳо ба ҷамъбасти исиҳо ва истиъмоли калимаҳои русӣ-интернационалӣ дахл доранд. Фикрҳои Н. Маъсумӣ нисбат ба забони адабии ибтидои асри XX хеле диққатҷалбкунанда буда, ҳар кадом тадқиқоти алоҳидаро талаб мекунанд. Хусусан, масъалаҳои демократӣ кунонидани забони адабии тоҷик, ба забони адабӣ бештар дохил гардидани унсурҳои забони халқӣ, пайдоиши шаклҳои нави грамматикӣ, серистеъмолии калимаҳои русӣ барои тадқиқотчиёни забони адабии ин давр аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Устод Н. Маъсумӣ хеле хуб қайд кардааст, ки дар ибтидои асри XX забони адабӣ вобаста ба шароити таърихӣ ва ҷамъиятӣ роҳи тараққиёти таърихии худро бо оҳистагӣ тай мекард. Ҷараёни такомулоти дарбаркунии сифатҳои нав ва аз ҳисоби забони зиндаи умумихалқӣ торафт бой ва соддашавии забони адабӣ, ба ҳақиқати зиндагӣ наздик шудани услуби он ба таври махсус давом менамуд: Ин ҳаракати пешрафтаистодаи забонро боздоштан мумкин набуд9.
Соли 1979 забоншиноси сухансанҷи маъруф Р. Ғаффоров дар китоби худ "Революсияи октябрь ва инкишофи забони адабии тоҷик" дар асоси асарҳои Аҳмади Дониш ва маорифпарварони дигар оид ба ҳолати забони адабии тоҷик дар охири асри XIX ва аввали асри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё