Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

истифода накард ва дар масъалаи соддагии услуб ҳам аз заминаи синфии созишкоронаи маҳдуди худ дур рафта наметавонист. Бо вуҷуди ин ҳам дар ин масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва маданӣ ҳар навигарии рӯйдодаро муҳим ва пураҳамият ҳисоб кардан ло- зим аст.

Натиҷаи таҳлилу тадқиқи забони матбуот ва адабиёти ибти- дои асри XX моро ба чунин хулоса овард, ки забони адабӣ дар ин давр назар ба асрҳои пешина то дараҷае дар тарзи баён ва ифода содда ва равонтар гардида будааст. Аммо бо вуҷуди ин за- бони адабӣ ҳанӯз аз тақлиди анъанаи насри классикӣ хориҷ на- буд. Чӣ хеле ки М. Баҳор менависад: "Бояд иқрор кард, ки ҳар чанд инқилоби нависандагӣ аз ин таърих (яъне ибтидои асри XX С. ҳ.) дар миёнаи рӯзномаҳо ва ҷароид пайдо омад, лекин ҳанӯз ҷароиди ин замон даст аз тақлиди гузаштагон бар надошта бу- да..д" 14.

Дар ибтидои асри XX дар матбуоти даврагии Эрон ҳам масъ- алаи содданависӣ аз масъалаҳои муҳими ба шумор мерафт. Бо гуф- ти М. Баҳор баробари ба содданависӣ майл намудани як гурӯҳ адибон, забони матбуоти давр низ ба соддагӣ рӯ овард. "Рӯзно- маҳо, ағлаб ахбор ва мундариҷоташон содда шуд, фақат гоҳе ма- қолоташон ба шеваи вазнини адабӣ навишта мешуд" 15. Ин ақида ба забони рӯзномаҳои буржуазияи маҳаллии ибтидои асри XX низ дахл дорад.

  1. Дар рафти тараққиёти забон ва адабиёти тоҷик муборизаи ду услуб дар ибтидои асри XX хеле қувват гирифт. Шароити таъри- хии ибтидои асри XX як гурӯҳ адибони пешқадамро ба майдони илму адаб овард, ки онҳо ҳамчун гурӯҳи пешқадами ҷамъият ба ҳаёт объективона назар карда, ҳодисаю воқеаҳоро ба таври реа- листи тасвир мекардагӣ шуданд. Барои саводнок шудани халқ асарҳое офаридан лозим буд, ки аз ҷиҳати тарзи ифода содда ва ба фаҳми халқ наздик бошанд. Маорифпарварони ин давр хуб ме- фаҳмиданд, ки услуби анъанавии насри классикӣ бо он муғлақба- ёнию печ дар печии тарзи ифода ба талаботи замон ва бедор шудани фикри авоми тоҷик ҷавоб дода наметавонад. Аз ин сабаб онҳо барои оммафаҳм шудани забони адабӣ кӯшиш мекарданд. Ҳа- минро бояд эътироф кард, ки ин мубориза, ин такон аз давраи Аҳмади Дониш сар шуда буд ва минбаъд пайравони ӯ идеяҳои ма- орифпарварии ӯро тараққи доданд.
пешина
аз 159
навбатӣ