Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
XX баъзе фикрҳои ҷолиби диққат баён кардааст.
Муаллиф роли маорифпарвар, Аҳмади Донишро дар инкишофи забони адабӣ ва демократӣ кунонидани он нишон дода, қайд менамояд, ки "Аҳмади Дониш на фақат барои соддагии забон саъй менамуд, балки истифодаи унсурҳои халқиро аз санъатҳои бадеии шеър дониста, дигаронро низ таҳқин мекард, ки аз ин манбаи бойгарии сухан баҳраманд шаванд". Дар ин асар мавқеи асосиро таҳлили мухтасари забони "Рисола" ё "Таърихча"-и А.Дониш ишғол менамояд. Муаллиф унсурҳои забони арабӣ ва баъзе ҳодисоти грамматикии ин асарро дар муқоиса бо забони адабии имрӯза бо мисолҳои зиёд нишон медиҳад. Ин қисми асарро яке аз беҳтарин тадқиқоти мухтасари илмӣ доир ба забони асарҳои А.Дониш шуморидан мумкин аст.
Р.Ғаффоров, аз як тараф, забони асарҳои А.Донишро таҳлил намуда бошад, аз тарафи дигар, доир ба забони асарҳои баъзе маорифпарварони ин давр фикрҳои ҷолиби диққат пешкаш намудааст.
Масалан, дар хусуси забони "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким ва маорифпарварони дигар қайд менамояд, ки "бисер адибони пешқадами минбаъда аз паи Аҳмади Дониш рафта, ба масъалаи соддагии забон нисбат ба ӯ боз ҳам бештар аҳамият додаанд ва кӯшиш намудаанд, ки ҳар чизро бидуни суханпардозӣ, соддаву фаҳмо тасвир намоянд".
Дар саҳифаҳои дигари ин асар доир ба калимаҳои узбекӣ ва русӣ-интернационалии «Туҳафи аҳли Бухоро» сухан ронда, муаллиф менависад: «Дар адабиёти хаттии пеш аз инқилоб шумораи аз ҳама зиёди калимаҳои русӣ, ғолибан, дар сафарномаи Мирзосироҷи Ҳаким муҳожида мезавад». Ба зами ин Р. Ғаффоров доир ба тарзи баёни маорифпарварони ин давр чунин хулоса мебарорад: бо вуҷуди он ки маорифпарварон барои содда кардани забон кӯшида, аз забони зинда бисьёр калима ва воҳидҳои фразеологӣ, чанд шаклу воситаҳои грамматикиро ба забони адабӣ дохил намудаанд, гуфтан мумкин нест, ки навиштаҳои онҳо бо забони адабии имрӯза мувофиқанд ва ё ҳамранги комил доранд. Не, ҳаргиз ин тавр нест. Барои исботи ин фикр аз «Туҳафи аҳли Бухоро» якчанд мисолҳое меорад, ки хоси тарзи баёни насри пешинаанд. Ақидаву хулосаҳои муаллиф дар таҳлилу тадқиқи забони асар ба аҳли тадқиқи ин давр роҳи муайянеро нишон дода метавонад.
Ҳамин тавр, ин ду забоншиноси машҳур бо мақсадҳои ҷудогонаашон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё