Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ки нависанда тарафдори ба забони халқ наздик намудани забони адабӣ будааст.

Агар аз ин ду порча се-чор калимаи арабиро истисно кунем, боқӣ ҳама калимаю ибораҳо барои хонандаи имрӯза равшану фаҳмост. Аз ин рӯ, забони асари ӯ нисбат ба забони асарҳои Садри Зиё ва Гулшанӣ ҳам аз ҷиҳати лексика ва ҳам аз ҷиҳати хусусиятҳои грамматикӣ фарқи ҷиддӣ дорад. Тарзи ифодаи Мирзосироҷ назар ба ҳамсаронаш хеле содда ва равон аст. Хизмати Мирзосироҷи ҳаким барои содда ва ба халқ наздик кардани забони адабӣ дар чӣ зоҳир мегардад? Барои ба ин савол ҷавоб гардонидан лозим меояд, ки кӯшиши нависандаро дар ин бора фақат дар асоси забони асараш равшан созем.

Аҳли тадқиқ медонад, ки масъалаи содда кардани забон аз масъалаҳои хеле душвор ва мураккаби ҷамъият аст. Албатта, аз анъанаҳои пешина яку якбора даст кашидан, онро тағйир додан, ба ҷои қолабҳои кӯҳна қолабҳои нав сохтан кори басо мушкил ва давомдор аст. Сониян шаклу воситаҳои категорияҳои грамматикӣ дар давоми солҳои зиёд ба ҳукми анъана даромада, хеле оҳиста тағйир меёбанд ва ҳатто дар замони табдили формацияҳои ҷамъиятӣ ҳам барои ифодаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ истифода шудан мегиранд. Хусусан сохти грамматикии забон дар ин бобат хеле устувор аст. Ҳар дигаргуние ва тағйироте, ки дар забон пеш меояд, дар лексикаи он инъикос меёбад.

Дар соҳаи лексика хизмати нависанда оид ба соддагии забон аз инҳо иборат аст:

  1. нисбат ба ҳамзамонон унсурҳои халқиро дар асарҳояш беҳтар истеъмол намудааст. Ин калимаҳо, ибораҳои фразеологӣ ва зарбулмасалу мақолҳо дар муайян шудани услуби нависанда ва соддагии забони асари ӯ роли бағоят муҳим бозидаанд:
    а) калима ва ибораҳои гуфтугӯии халқӣ: нарик, шӯй, бӯлак, пӯро, касод, суроғ, чарчӣ, лӯнгӣ, касофат, улфат, саркашӣ, мункир, маҳтал, кафил, камсавод, бечора, чойдорӣ, райур, чок, ваъдаи хушку қоқ, хизмати бемузду миннат, хоин кардан, дам додан, хунук кардан, халос кардан, дам задан, чаътал шудан, маҳтал кардан, воз намудан, ром накардан, даррав, яксара, ҳолӣ, ҳолия ва ғайраҳо.
    б) ибораҳои фразеологӣ: дил ситонидан, (101), ашки ҳасрат аз чашми худ рехтан (105), чашм равшан шудани (113), дил сӯхтан,
пешина
аз 159
навбатӣ