Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ҷамъ баста шудаанд: яке аз ҳамшаҳриёни банда ҳоҷиабдураҳим ном дар он ҷо манзил дошт (с. 36). ... Бо соири ҷиносиен, ки бо банда ошно ва рафиқ шуда буданд, бо ҳамаи онҳо хушбошӣ намудам (с. 106).
Ин тарзи ҷамъбандиро академик Б. Н. Ниёзмуҳаммадов шарҳу зеоҳ дода, дар солҳои охир дар забони адабӣ вусъат ёфта истодани онро қайд карда буд.
Суффикси ҷамъбандии -ҳо дар забони асар бештар дар ҷамъ бастани исмҳои беҷон омадааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар услуби tasвири нависанда услуби анъанавии ҷамъбандии исмҳо бо -ҳо бештар риоя шудааст. Мисолҳо: яке аз шаҳрҳои фарғона Андиҷон аст (с. 8). Ҳар як кадом бо либосҳои махсус мусаллаҳ бо созу музук омада, дар ҷилави ин фавҷ истода шуданд (с. 50); корҳо (с. 50), дарҳо, долонҳо, дарпардаҳс, манзилҳо (с. 100) ва ғайра. Дар асар ҷамъбандии исмҳои беҷон асосан бо суффикси -ҳо сурат гирифтаанд. Дар баробари ин ба як қатор мисолҳо дучор шудем, ки дар онҳо исми ҷондор бо суффикси -ҳо ҷамъ баста шудааст. Қоиз аст махсус қайд намоем, ки исмҳои мазкур дар мавридҳои гуногун ҳам бо суффикси -он ва ҳам -ҳо ҷамъ баста шудаанд: дар як ҷо хазиначиҳо пули таҳвил мегиранд (с. 100). Ғайр аз хидматкорҳои дами дар ва солуни беруни ин хидматирони сари хидмат будагӣ либоси махсусе доштанд (с. 100). Раҳимхони мазкур аз тарафи давлат бо саворҳои злоти худша рафта ҳар қадар кард, ки машрутаро аз табрез бардорал, вале мумкин нашуда бадтар шуд (с. 301). Ин дуздҳо саворҳои гулугоҳӣ буданд (с. 320) яке аз онҳо ёвари саворҳои амир бул, бандаро синохта гуфт (с. 320). Вақте ки русҳо фарғонаро мутасарриф шуданд (с. 8). шайхҳо (с. 8), муридҳо (с. 9) ва монандӣ инҳо.
Мисолҳои болоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо -ҳо ҷамъ баста шудани исмҳои ҷондор дар ибтидои асри ХХ, назар ба давраҳои гузашта бештар мавқеъ пайдо мекунад. Ин ҳолат чӣ тавре, ки гуфтем, ба забони зинда то як дараҷа наздик шуда истодани забони адабиро нишон медиҳад, зеро дар забони зинда суффикси ҷамъбандии -ҳо ҳам дар исмҳои ҷондор ва ҳам дар исмҳои беҷон муштарак истеъмол карда мешавад. Дар асар бо суффикси -ҳо ва ҳам бо суффикси ҷамъбандии арабии -ин ҷамъ баста шудани баъзе исмҳо низ дида мешавад: муаллимҳо - муаллимон - муаллимин: муаллимҳои банда, яке эронӣ ва ду нафари он аврупоӣ буд, ки яке русӣ ва дигаре

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё