Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
«ЭҲЁУ УЛУМИ-Д-ДИН»-И
МУҲАММАД ҒАЗЗОЛӢ ВА МАҚОМИ ОН
ДАР ТАЪРИХИ ФАЛСАФАИ ТОҶИК
Миллати пурифтихор ва фарзонаи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш тавассути донишмандон ва фарҳангсозони асилаш дар фазои паҳновари давру замонҳо ба мисли нури ҷонбахш бар торикиву зулмати асрҳо дурахшида, ҳамчун чароғдоне аз баракати «нури осмонҳо ва замин» ситораҳои бешумореро дар самои илму маърифат афрӯхтааст. Родмардони ин миллат дар муқобили ҷаҳолату разолат ҷоннисорӣ намуда, «ба ҳайси чароғҳое ҳастанд, ки охарин бақоии рамақи худро мемаканд ва онро ба унвони аргумон дар гузаргоҳи раҳгузарон месӯзонанд ва нобуд месозанд ва ҳамчун шамъе, ки вопасин нишоне аз бенишониҳои худ ва дурахши интиҳои рамақи хешро бар торикии қалбҳо равшан сохта, худ нобуд мегарданд. Ин риҷол монандӣ сутунҳое ҳастанд, ки фосилаи миёни онҳо дар замону макон майдонҳои васеи ибодатгоҳҳоро шӯъла медиҳанд ва тоқи сангини кохи пуршукӯҳи маърифату ирфонро ба дӯш мекашанд, то куббаи машъалҳо аз фарози онҳо дурахшида, нурафшонӣ кунад. Ин мардон дар киштзорҳои баҳсу мунозира охарин сарманзили марзҳоянд ва дар сари ҳар давру замони таърихи рушди инсоният нишонаҳое ҳастанд, ки насли одамиро аз инҳироф аз хати машъии волои ӯ боз медоранд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё