Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Муқаддимаи мураттиби ин чопи кириллӣ
Воқеан ҳам «Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур менамояд ва барои мардум мисолҳо меоварад. Зеро ба ҳар чизе огоҳ аст!».1 Маърифатсолорони ин миллат дар паноҳи «нури осмонҳову замин» ҳамчун дурахши тобноке аз қалби асрҳо ба мардуми ташналабӣ илму имон роҳнамой сохта, «аз қаъри гили сиёҳ, то авҷи Зуҳал» ҳама илми гетиро аз бар карданд ва дар маърифати олами сағиру кабир гомҳои устуворе бардоштаанд.
Бидуни шак хоки поки Мовароуннаҳру Хуросони бузург, ки ватани воқеии асилзодагони тоҷиканд, аз марказҳои бузурги илму маърифат ва уламову мутафаккирони ҷаҳон маҳсуб мегардад. Фарҳангсозону маърифатсолорони бузурге, ки то имрӯз номҳои онҳоро дар саросари ҷаҳон медонанд ва қадр мекунанд аз қабили Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯмансур Мотуридии Самарқандӣ, Рӯдакӣ, Умар ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Исмоили Самарқандии Насафӣ, Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Наҷмуддини Кубро, Аҳмади Ясавӣ, Баҳовуддини Нақшбанд, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Низомии Ганҷавӣ, Фузулӣ ва ҳазорҳо бо ному нишонҳои дигаре зодаву парвардаи ин сарзамин ва ин миллати фарохдилу ҷавҳарпарвар мебошанд. Ин миллат на танҳо Зардуштро ба дунё овард ва ба ҷаҳониён нури имонро аз тариқи «Авесто» партавфишонӣ намуда, бузургтарин фарҳанги бостонро ба ёдгор монд, балки дар тавсеа ва такомули фарҳанги исломӣ низ саҳми боризи худро гузошт ва имрӯз низ мегузорад.
Возеҳ аст, ки зуҳури фалсафаи исломӣ, ки ҳосили ҷараёни фикрии мураккабе маҳсуб мегардад, ҳамчун муҳимтарин ҳодисаи таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва фикрӣ чанд, 1998. — С. 117.
1 Қуръон. Сураи Нур, ояи 35.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё