Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
равем ва намозу рӯзаву закот иқомат намоем ва гуноҳон дорем, агар бидонем, ки он омурзида шавад, бидонем, ки аз аҳли биҳишт бошем. Барои он мегӯем, ки мӯъминем ва намегӯем, ки аҳли биҳиштем». Ибни Масъуд гуфт: «Рост гуфтӣ, ба Худой, ки ин сухан аз ман заллат буд».
Ва чун мунозароти салаф маълум шуд, ҳеҷ боқӣ намонад магар он ки хавзи эшон дар калом андаку кӯтоҳ буд, на бисӯру дароз. [165] Ва ба вақти ҳоҷат мунозара кардандӣ, на бар сабили таснифу тадрис ва онро пеша насохтандӣ. Ва ҷавоби ин он аст, ки андакии хавз ба сабаби андакии ҳоҷат буд, чӣ дар замони эшон бидъат зоҳир набуд.
Ва аммо кӯтоҳӣ ба сабаби кӯтоҳии ишкол буд, чӣ мақсуд ифҳоми хасм аст ва эътирофи ӯ ва маълум шудани ҳаққ. Ва агар ишкол ва лаҷоҷи хасм дароз будӣ, илзоми эшон ҳам дароз шудӣ, чӣ пас аз шурӯъ дар мунозара миқдори ҳоҷат ба мизоневу миқёле муқаддар нест.
Ва аммо он чӣ ба таснифу тадрис машғул нашудаанд, дар фиқҳу тафсиру ҳадис низ ҳамчунин будааст. Пас агар таснифи фиқҳ ва вазъи суратҳо, ки воқеъ нашавад магар бар сабили нудур раво бошад — иммо барои захираи рӯзи вуқӯъ ва иммо барои ташҳизи хотир — мо низ тариқҳои ҳуҷҷат гуфтан мураттаб мекунем ба сабаби эҳтимоли вуқӯи ҳоҷат бад-он чӣ шубҳате зоид ва мубтадеъе пайдо ояд, ё барои ташҳизи хотир, ё барои захира кардани ҳуҷҷат, то ба вақти ҳоҷат бар бадеҳа ва иртиҷол тақрир тавонем кард ва оҷиз нашавем, чунон ки касе пеш аз ҷанг силоҳ сохта дорад. Ва ин он аст, ки барои ҳар ду фариқ тақрир тавон кард.
Суол: Ҳуҷҷати ҳар ду фариқ тақрир афтод, мухтор кадом аст?
Ҷавоб: Бидон, ки ҳаққ он аст, ки каломро мутлақан дар ҳама аҳвол маҳмуд ё мазмум гуфтан хатост, бал аз
1 Ташҳиз — тез кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор