Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

калом иҳотате тамоМ доштааст ва пас аз камоли иҳотат ва мутобаат намудан дар он ва ба ақсо дараҷоти мутакаллимон расидан ва даргузаштан аз он ва дар илмҳое дигар, ки муносиби навъи калом аст, тааммуқ намудан, онро душман гирифтааст ва ба ҳақиқат дониста, ки роҳи ҳақоиқи маърифат аз ин ваҷҳ масдуд аст.

Ва лаамрӣ, калом аз кашфу таъриф ва рӯшан гардонидани баъзе чизҳо холӣ нест, валекин ба нодир дар чизҳое рӯшан, ки пеш аз тааммуқ дар санъати калом наздик бошад, ки мафҳум шавад. Бал фоидаи он як чиз аст ва он ҳаросати ақидаи авомм аст, ки онро баён кардем ва нигоҳдошт аз ташвишоти мубтадеон ба анвои ҷадал, чи оммӣ заиф аст ва ҷадали мубтадеон агарчи фосид бошад, вайро аз ҷой бибарад ва чун фосидро ба фосид муораза кунӣ, дафъ шавад. Ва мардумон ба ин ақида мутааббиданд, чи шаръ бад-он ворид шудааст, барои он ки салоҳи дину дунёи [167] эшон дар он аст ва салаф бар он иҷмоъ кардаанд. Ва уламо маъмуранд ба ҳифзи эътиқоди авомм аз талбисоти мубтадеон, чунон ки салотин маъмуранд ба ҳифзи молҳои эшон аз чанги золимон ва ғосибон.

Ва чун бар мазаррат ва манфаати он муҳит шудӣ, бояд ки чун табиби ҳозиқ бошӣ дар истеъмоли доруи бохатар. Чи онро ҷуз ба мавзеи дард нарасонад ва он дар вақти ҳоҷат бошад ва ба миқдори ҳоҷат.

Ва тафсили ин сухан он аст, ки оммиёne, ки ба ҳирфатҳо ва синоатҳо машғуланд, ду қисманд:

Яке он ки ақидаи ҳаққро, ки ёд кардаем, эътикод карда бошанд, эшонро бар саломати ақидаҳои эшон бибояд гузошт, чи омӯхтани калом дар ҳаққи эшон зиёни маҳз бошад, чи бисёр бувад, ки шакке ангезад ва эътиқодро мутазалзил гардонад ва ислоҳи он пас аз он мумкин нагардад.

Ва дуввум он ки мӯътақиди бидъат бошанд, эшонро ба талаттуф сӯи ҳаққ даъват бояд кард, на ба таАССУБ ва ба

пешина
аз 567
навбатӣ