Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

чунин мутааллиме беш аз ислоҳи ӯ бувад.

Ва чун ин тақсимот бишинохтӣ туро рӯшан шуд, ки ҳуҷҷати сутуда он аст, ки аз ҷинси ҳуҷҷатҳои Қуръон бувад, аз суханони латифи асаркунанда дар дилҳо ва хурсандгардонанда нафсҳоро, бе муболағати тақсим ва тадқиқ, ки бештари мардумон онро пай наафтанд ва чун пай афтанд эътиқод кунанд, ки он санъате ва шӯъбадаест, ки соҳиби он биёмӯхтааст [170]*¹ барои талбис ва чун касе, ки мисли ӯ бошад дар санъат, муқобала кунад муқовамати ӯ тавонад.

Ва бидонӣ, ки Шофеъӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – ва кулли салаф аз ҳавз кардан дар он ва мутаҷаррид шудан барои он бознадоштаанд, ҷуз барои он ки дар ӯ зиёне аст, ки бар он танбеҳ кардем. Ва он чи аз мунозараи Ибни Аббос бо хавориҷ ва мунозараи Алӣ дар қадар² ва мунозараи дигарон нақл кардаанд, сухане рӯшан зоҳир будааст ва дар маҳалли ҳоҷат. Ва он дар ҳама ҳолҳо сутуда аст, бале асрҳо дар бисёрӣ ва андакии ҳоҷат мухталиф бошад ва дур нест, ки ҳукм ба сабаби он мухталиф шавад. Ва ин ҳукми эътиқодӣ аст, ки халқ бад-он мутааббиданд ва ҳукми тариқи нусрат ва нигоҳдошти он.

Ва аммо изолати шубҳат ва кашфи ҳақоиқ ва маърифати чизҳо чунон ки ҳаст ва дарёфти он асрор, ки зоҳири алфози он ақида иборат аз он аст, калиди он нест магар муҷоҳада ва шикастани орзуҳо ва рӯй ба Худой овардан ба куллият ва лозим гирифтани фикрате, ки аз шавоиби муҷодалот софӣ бошад. Ва он раҳмати Илоҳӣ аст, ки бар он касе фоиз шавад, ки худро пеши нафаҳоти он дорад ба қадри он чи ризқи вай аст ва ба ҳасби он ки худро пеш дорад ва

пешина
аз 567
навбатӣ