Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мол миёни эшон тафовут аст. Ва дар қуввати башар нест магар он ки Ҳаққ таъолоро сифате исбот кунад, ки нафси вайро собит аст, аз феъл ва қудрат ва илм ва ғайри он аз сифот, бо он чи тасдиқ намояд, ки сифати Ҳаққ таъоло комилтар ва шарифтар. Пас, бештари сухани мардум дар сифоти нафси ӯ бувад, на дар он чи махсус аст ба Ҳаққ таъоло аз ҷалол.

Ва барои ин Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Ло уҳсо саноан алайка камо аснайта ало нафсика»¹. Ва мурод аз ин он нест, ки иборат наметавонам кард аз чизе, ки дарёфтаам, бал эътироф аст ба қусур аз дарёфти кунҳи ҷалоли Ӯ. Ва барои ин баъзе орифон гуфтаанд, ки Худойро ба ҳақиқат ҷуз Худой нашиносад. Ва Сиддиқ – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «Алҳамдули-л-Лоҳи-л-лази лам яҷъал сабилан ило маърифатиҳи илло би-л-аҷзи ан маърифатиҳи». Сипос мар Худойро, ки ба шинохти Ӯ роҳе нест, магар ба аҷз аз шинохти Ӯ.

Ва чун ба-дин мақом расидем, инони сухан аз ин намат даркашем ва ба ғараз бозгардем. Ва ғараз он аст, ки як қисм аз ҷумлаи панҷ қисми он аст, ки фаҳмҳо аз дарёфти он оҷиз аст ва аз он ҷумла, рӯҳ аст ва баъзе аз сифоти Ҳаққ таъоло. Ва шояд, ки ишорат ба мисли он аст дар қавли Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом: «Инна ли-л-Лоҳи сабъина ҳиҷобан мин нурин лав кашафаҳо лааҳрақат субуҳоту ваҷҳиҳи кулла мо адракаҳу басарун». Ай, Борӣ – субҳонаҳу ва таъоло – ро ҳафтод ҳиҷоб аст аз нур, агар онро кашф кунад, ҷалоли ваҷҳи Ӯ бисӯзад ҳар чизе, ки басаре онро дарёфтааст.

Қисми дуввум аз пӯшидаҳо, ки пайғомбарон ва сиддиқон аз зикри он имтиноъ намоянд, он аст, ки дар нафси худ мафҳум аст ва фаҳм аз идроки он оҷиз нест, валекин

__________________ ¹ Ман наметавонам туро ситоиш кунам, ҳамчунон ки ту худро сутудай.

пешина
аз 567
навбатӣ