Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

аст, ки аз маъно ба сурате, ки мутазаммини айни он маъно ё мисли он бошад, иборат карда ояд. [175] Ва ҳам аз ин ҷумла аст қавли Пайғамбар – алайҳи-с-салом: «Инна-л-масҷида лаянзавӣ мина-н-наҳомати камо танзави-л-ҷилдату ани-н-нори». Ай, масҷид аз оби даҳан худро дарҳамкашад, чунон ки пӯст аз оташ. Ва мушоҳида мешавад, ки соҳати масҷид аз оби даҳан инқибоз намепазирад. Ва маънии ӯ он аст, ки рӯҳи масҷид ва маънии он муъаззам будани ӯст барои Худой – азза ва ҷалла – ва оби даҳан дар ӯ андохтан таҳқир аст ва таҳқирро бо таъзим зиддият аст, чунон ки зиддияти оташ бо иттисоли аҷзои пӯст.

Ва ҳам аз ин қисм аст қавли Ӯ: «Амо яхшо ман яр-фаъу раъсаҳу қабла-л-имоми ан юҳаввала раъсуҳу раъса ҳимор?». Ва ин аз роҳи сурат ҳаргиз набудааст ва набошад, валекин аз рӯи маъно буданӣ аст, чи ҳақиқати сари дарозгӯш ба лавну шакли ӯ нест, бал ба хосияти ӯст ва он балодат ва ҳумқ аст. Ва ҳар кӣ пеш аз имом сар бароварад, сари ӯ аз рӯи балодат ва ҳамоқат сари дарозгӯш шуда бошад, чи аз ғояти ҳамоқат бувад, ки бо он чи иқтидо кунад, тақаддум намояд, чи иқтидо муноқизи тақаддум аст. Ва ин асрор – ба хилофи завоҳир – натавон шинохт магар ба далели ақлӣ ё шаръӣ.

Аммо ақлӣ он ки ҳамли ӯ бар зоҳир мумкин набошад, чунон ки Пайғамбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Қалбу-л-мӯъмини байна усбуъайни мин асобиъи-р-Раҳмон». Ва чун аз дилҳои мӯъминон тафтиш карда шавад ва ангушт дар он мавҷуд набудааст, маълум гардад, ки он киноят аст аз қудрат, ки сирри ангушт ва рӯҳи пӯшидаи он аст. Ва аз қудрат ба ангушт бад-он киноят фармудааст, то вақъи он дар тафҳими камоли қудрат азимтар бошад.

Ва қавли Ҳаққ таъоло «Иннамо қавлуно лишайин изо арадноҳу ан нақула лаҳу кун фаякун»1 дар киноят аз камоли

пешина
аз 567
навбатӣ