Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

донистани он чӣ зинда аст ва олим ва қодир ва мурид ва самеъ ва басир ва мутакаллим ва муназзаҳ аз хулули ҳаводис; ва калом ва илм ва иродати Ӯ қадим аст.

Рукни севвум дар афъоли Ӯ ва он ҳам даҳ асл аст: донистани он [180], ки афъоли бандагон махлуқи Худой аст ва муктасаби эшон ва мурод Ҳаққ таъоло аст ва Ӯ ба офаридан мутафаззил1 аст ва таклифи «мо ло ютоқ ва иломи бариъ»2 Ӯро равост ва риояти асЛаҳ бар Вай воҷиб нест ва вуҷуб ҷуз ба шаръ набошад ва баъси анбиё ҷоиз аст ва нубуввати пайғамбари мо Муҳаммад – салла-л-Лоҳу алайҳ – собит аст ва муайяд ба мӯъҷизот.

Рукни чаҳорум дар самъиёт [ва он ҳам даҳ асл аст]: ва он исботи ҳашру нашр ва азоби гӯр ва суоли Мункар ва Накир ва тарозу ва сирот ва офариниши биҳишту дӯзах ва аҳкоми имомат аст3.

1 Мутафаззил - некӯкунанда.
2 Илом – дардманд кардан; иломи бариъ – озурдани бегуноҳ.
3 Дар «Эҳё» ду асли дигар омадааст: фазлу-с-саҳоба ало ҳасби тартибиҳим ва шуруту-л-имома.

пешина
аз 567
навбатӣ