Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

на пас аз он – ба зарурат аз мухассасе тавонад буд.

Ва аммо ин сухан, ки олам ҳодис аст, бурҳони ӯ он аст, ки аҷсоми олам аз ҳаракат ва сукун холӣ нест ва эшон ҳодисанд. Ва ҳар чӣ аз ҳаводис холӣ набушад, ӯ ҳам ҳодис бувад. Ва дар ин бурҳон се даъво аст:

Аввал он ки ҷисмҳо аз ҳаракату сукун холӣ нестанд. Ва ин ба бадеҳа ва зарурат метавон донист ва ба тааммул ва фикрат ҳоҷат надорад, чӣ ҳар кӣ ҷисмеро аз ҳаракат ва сукун холӣ донад, аз доираи ақл берун шуда бошад ва дар вартаи ҷаҳл монда.

Дуввум он ки ҳаракату сукун ҳодис аст. Ва далели он таоқуби эшон аст ва ҳаст шудани баъзе пас аз баъзе. Ва он дар ҳама ҷисмҳои ҳозир мушоҳид аст ва он чӣ ҳозир нест1. [Пас], ҳеҷ сокине нест, ки на дар ақл ҳаракати вай боқӣ аст ва ҳеҷ мутаҳаррике нест, ки дар ақл сукуни вай равост. Пас, он чӣ аз сукун ва ҳаракат торӣ2 аст, ҳодис бошад, ба далели тараёни3 ӯ ва он чӣ собиқ аст, ҳам ҳодис аст, чӣ агар қадим будӣ, нест шудани ӯ мустаҳил будӣ. Чунон ки дар исботи бақои сонеъ бурҳони ин гуфта хоҳад шуд.

Севвум он ки ҳар чӣ аз ҳаводис холӣ набушад, [ӯ ҳам ҳодис бувад. Ва бурҳони ин он аст, ки агар на чунин бошад, ҳаройина пеш аз ҳар ҳодисе ҳаводиси] номутаноҳӣ бувад ва то он ҷумла нагузарад, навбати ҳастӣ бад-ин ҳодиси муайян, ки дар ҳол аст, нарасад. [182] Ва гузаштани номутаноҳӣ муҳол аст. Ва низ агар фалакро даврҳои номутаноҳӣ бошад, адади он ё ҷуфт бувад ё ток ё ҳам ҷуфту ҳам ток ё на ҷуфту на ток. Ва ҳам ҷуфт ва ҳам ток ва на ҷуфт ва на ток муҳол аст, чӣ иҷтимои нафй ва исбот мебошад, ки дар исботи яке нафии дигарест ва дар нафии яке исботи

1 Дар матни арабӣ: ва золика мушоҳад фӣ ҷамиъи-л-аҷсом мо шуҳид минҳо ва мо лам юшоҳад.
2 Торӣ – ориз ва зоҳиршаванда, дар оянда.
3 Тараён – нав даромадан, ҳодис шудан.

пешина
аз 567
навбатӣ