Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
беш аз ӯ. Ва ин ҳама тақдирест, ки дар он ба миқдор ҳоҷат бувад. Ва Холиқи мудаббир аз он мустағнӣ бошад.
Ва аммо даст бардоштан вақти суол сӯи осмон бад-он сабаб аст, ки осмон қиблай дуост. Ва низ дар он ишоратест бад-он чи сифати Ҳаққ таъоло аст аз ҷалолу кибриё ва танбеҳе ба қасди ҷиҳати боло бар сифати маҷд ва ало, ки Борӣ таъоло фавқи ҳамаи мавҷудот аст ба қаҳру истило.
Асли ҳаштум
Донистани он чи Борӣ таъолоро бар арш истиво аст ба маъние, ки онро хостааст ба лафзи «истиво». Ва маънии ӯ он аст, ки васфи кибриёро мунофӣ нест ва аломоти ҳудус ва фаноро дар он мадхал не. Ва он он аст, ки ба истиво сӯи осмон онро хостааст. Он ҷо ки дар Қуръон гуфта: «Сумма-с-таво ила-с-самои ва ҳия духонун»1. Ва он ҷуз ба тариқи қаҳр ва истило нест, чунон ки шоир гуфтааст:
Қади-с-таво Бишрун ала-л-Ироқ,
Мин ғайри сайфин ва дамин муҳроқин2.
Ва аҳли ҳаққро бад-ин таъвил ҳамон чиз музтарр гардонидааст, ки аҳли ботилро ба таъвили «Ва ҳува маъакум айнамо кунтум»3. Чи ба иттифоқ бар иҳотат ва илм ҳамл афтодааст. Ва қавли Пайғамбар – алайҳи-с-салом: «Қалбул-мӯъмини байна усбуъайни мин асобиъи-р-Раҳмон», бар қудрат ва қаҳр. Ва қавли ӯ – алайҳи-с-салом: «ал-Ҳаҷарул-асвади ямину-л-Лоҳи фи арзиҳӣ» бар ташриф ва икром, чи агар бар зоҳир гузошта шавад, муҳол лозим ояд. Пас, истиво низ агар бар истиқрор ва тамаккуни зоҳир гузошта шавад, лозим ояд, ки мутамаккин ҷисме мумосси Арш бо-
1 Фуссилат, 41:11.
2 Бишр бар Ироқ мусаллат шуд бе шамшеру хунрезӣ.
3 Ҳадид, 57:4.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор