Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

холиқ бошад ва маснӯъ шарифтар ва тамомтар аз сонеъ бувад? Ва ҳуҷҷати Иброҳим – алайҳи-с-салом – бар падари ӯ, ки аз нодонӣ ва гумроҳӣ бут мепарастид, ва Иброҳим вайро мегуфт: «Лима таъбуду мо ло ясмаъу ва ло юбсиру ва ло юғнӣ анка шайан?»1, чӣ гуна мустақим шавад? Ва агар ин ҳуҷҷат дар маъбуди Иброҳим инқилоб пазируфтӣ, ҳуҷҷати ӯ ботил шудӣ ва далолати он соқит гаштӣ ва қавли Ҳаққ таъоло «Ва тилка ҳуҷҷатуно отайноҳо Иброҳима ало қавмиҳӣ»2 рост наомадӣ. Ва чунон ки дар ақл мегунҷад, ки бе ҷориҳа фозил бувад ва бе дил [187] ва димоғ олим, ҳамчунон гунҷад, ки бе ҳадақа3 бино бошад ва бе гӯш шунаво, чӣ дар миёни ин ҳукмҳо фарқ нест.

Асли шашум Он ки Ӯ мутакаллим аст ба калом ва он сифатест қоим ба зоти Ӯ ва ҳарфу савт нест, балки сухани Ӯ сухани ғайри Ӯро намонад. Чунон ки ҳастии Ӯ ҳастии ғайри Ӯро намонад. Ва сухан ба ҳақиқат сухани нафс аст. Ва овозҳоро ҷуз барои далолат ба тақтеи ҳуруф накардаанд, чунон ки гоҳе ба ҳаракот ва ишорот бар он далолат карда шавад. Ва ин маъні чӣ гуна бар тоифаи ағбиё пӯшида шудааст, ки бар ҷоҳилони шуаро пӯшида нест?4 То яке аз эшон мегӯяд:

Инна-л-калома лафи-л-фуоди ва иннамо,
Ҷуъила-л-лисону ала-л-фуоди далилан5.

Ва ҳар киро ақли ӯ монеъ набошад ва хиради ӯ боз
надорад, ки гӯяд забони ман ҳодис аст ва он чи дар вай ба

1 Марям, 19:42.
2 Анъом, 6: 83.
3 Ҳадақа – мардумаки чашм, сиёҳии чашм.
4 То, ҳатто.
5 Ҳамоно калом дар дил ҷой дорад ва забонро роҳнамои дил қарор додаанд.

пешина
аз 567
навбатӣ