Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

рукни севвум

ДАР ДОНИСТАНИ АФЪОЛИ ҲАҚҚ ТАЪОЛО

Ва мадори он бар даҳ асл аст:

Асли аввал

Донистани он ки ҳар чӣ дар олам ҳодис аст, феъл ва халқ ва ихтирои Ӯст, ҷуз Ӯ холиқ ва муҳдис нест. Халқ ва санъати эшон биёфарида ва қудрат ва ҳаракати эшон ҳаст гардонида ва ҳамаи афъоли бандагон маҳлуқи Ӯст ва мутааллиқ ба қудрати Ӯ. Чунон ки гуфтааст: «Холику кулли шайин»1. Ва дар ояти дигар гуфта: «Ва-л-Лоҳу халақакум ва мо таъламуна»2. Ва ҷои дигар гуфта: «Ва асирру қавлакум авичҳару биҳи иннаҳу алимун бизоти-с-судур. Ало яъламу ман халақа ва ҳува-л-латифу-л-хабир»3. Бандагонро дар қавлу феъл ва ниҳону ошкор ба эҳтироз амр кардааст, барои он ки олим аст ба мавориди афъоли эшон ва ба халқ ва илм истидлол фармуда. Ва чӣ гуна холиқи феъли банда набошад? Ва4 қудрати Ӯ том аст ва дар он кусур не ва [он] мутааллиқ аст ба ҳаракоти танҳои бандагон. Ва ҳаракот мутаомил аст ва тааллуқи қудрат бад-он барои зоти он. Пас, тааллуқи онро аз баъзе ҳаракати дуни баъзе чӣ чиз монеъ аст, бо он чи ҳама мутамосиланд? Ва чӣ гуна ҳайвон ба ихтироъ мустабид5 бошад? Ва аз анкабуту занбур ва дигар ҳайвонот аз латоифи синоот он содир мешавад, ки ақлҳои хирадмандон дар он ҳайрон монад. Ва чӣ гуна Ӯ ба ихтирои он мутафаррид бувад бе раббу-л-арбоб, ки Ӯ таф-

1 Зумар, 39:62.
2 Соффот, 37:96.
3 Мулк, 67:13-14.
4 Ва ҳол он ки.
5 Мустабид – сари худ, мустақил.

пешина
аз 567
навбатӣ