Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа
Соли нав омад
Барфию Бобо омадаст
Аз роҳи дур пиёда,
Ӯро пешвоз гирифтем
Мо бо дили кушода.
Тӯҳфаҳои арзанда
Оварда ӯ ба моён,
Бахту саодатро ҳам,
Хурсандии бепоён.
Вай арчае овардаст,
Сабзу баланду зебо,
Шодӣ фаро гирифтаст
Саросар қалби моро.
Ба мо дар ин Соли Нав
Сарафрозӣ мезебад!
Ҳамроҳи Барфию Бобо
Рақсу бозӣ мезебад!
Ифтихор
Аз саҳар то шом
Машғули корам,
Барои бозӣ
Фурсат надорам.
Ҳамроҳи додом
Ду-се ҳафта боз
Ниҳол шинондем
Дар боғи колхоз.
Акнун аз пагоҳ
Мо бо трактор
Замини бисёр
Мекунем шудгор.
Пахта мекорем
Додову писар,
Меҳнат мекунем
Ҳар ду баробар.
Аз саҳар то шом
Машғули корам,
Аз меҳнати худ
Дар ифтихорам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё