Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа
Қолини зебо
Омад фасли тирамоҳ,
Мевазад бодаки сард,
Шуда барги дарахтон
Норинҷиву сурху зард.
Аз баргҳои ранга
Тирамоҳ қолин бофтаст,
Зери дарахтони боғ
Пойандоз партофтаст.
Қолини ранга - зебо,
Мо рӯ-рӯяш метозем,
Давра гирифта бо ҳам
Мерақсему мебозем.
Оча ва зоча
Яке ба осмон
Намо назора:
Фазо - кушода,
Пури ситора.
Моҳи мунаввар
Ана, баромад,
Бо насими шӯх
Бӯи хуш омад.
Хоб кун, аллаё,
Эй ҷони оча!
Оқилу доно,
Меҳрубон зоча!
Пагоҳӣ бо ҳам
Бархезем аз хоб,
Баҳри шустушӯ,
Медиҳамат об.
Тоза мешӯем
Рӯҳоямонро.
Шона мекунем
Мӯҳоямонро.
Хоб кун, аллаё,
Барночаи ман!
Оқилу доно,
Зебоҷаи ман!
Мо шоду масрур
Аз боғу майдон.
Чинем бо ҳам
Гулҳои хандон.
Гулдаста карда,
Онро ба модар
Ҳадя мекунем
Ҳар ду баробар.
Хоб кун, аллаё,
Нозанини ман!
Оқилу доно,
Ҳамнишини ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё