Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданАз он шаби ишқи нахуст
Маҳтоб монда ёдгор.
Ба ин васила шоираи нозукандешу ширинсухан ба остонаи баланди адабиёт хиромон-хиромон қадами муборак мениҳад. Иншои ӯ ифшои орзуҳост:
Эй шеъри ман, ту чун гули армони ман шукуф,
Ҳамчун кашидадӯзии домони ман шукуф!
Умедворем, ки зебоии дили Зебои Хатлонӣ дар домани поки сухани волои тоҷикӣ бо риштаҳои бирешимии нуронӣ кашидадӯзӣ хоҳад шуд.
Кушоиши кору осоиши рӯзгор насиби шоираи соҳибистеъдод ва ҳаводорони соҳибэътиқодаш бод!
Раҳмат Назрӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё