Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
хуб баромадааст, ки подшоҳи ҳафт кишвар мешавад ва дар кори бериё барои муҳиббон ҷонбозӣ месозад ва номи неки ӯ то қиёмат дар олам машҳур ва равшан мемонад.
Тай, падари Ҳотам, аз шунидани толеи писари худ хушҳол шуда, инъому эҳсони бешумор ба ҳакимону мунаҷҷимон намуд. Мардуми хосу ом дар шодии Ҳотам омада обу таом тановул намуда, дуои шоҳу фарзанди ӯро карданд. Ҳеҷ кас аз хони ӯ ноумед нахост.
Ҳамон рӯзе ки Ҳотам аз модар ба дунё омада буд, шаш ҳазор писар дар ҳамин шаҳр ба олами вуҷуд омада буданд ва падари Ҳотам, ки Тай аст, дар шаҳр мунодӣ1 кунонид, ки «имрӯз ҳар фарзанди писаре, ки дар шаҳр таваллуд шуда бошад, ҳамаро дар назди ман ҳозир созанд». Дарҳол мулозимон шаш ҳазор писарро дар пеши ӯ ҳозир карданд.
Тай шаш ҳазор доя барои тарбияти онҳо муқаррар гардонид. Дояҳо ба тарбияти бачаҳо мукайяд гардиданд ва чаҳор дояи хушрӯи соҳибҷамолро аз байни шаш ҳазор доя баргузида Ҳотамро ба онҳо супурд. Онҳо низ ба тарбияти Ҳотам мукайяд шуданд. Вақте ки дояҳо пистони худҳоро ба даҳони Ҳотам ниҳоданд, Ҳотам пистони дояҳоро дар даҳони худ нагирифт ва шир аз пистони дояҳо нахӯрд.
Ин воқеаро ба самъи Тай расониданд, ки эй шоҳи олампаноҳ, писари шумо аз пистони доягони хеш шир намехӯрад ва пистони дояҳоро ба даҳони худ намегирад. Шоҳ фармуд, ки мунаҷҷимону ҳакимонро биёред.
Дарҳол оварданд.
Тай фармуд, ки:
— Эй ҳакимон ва мунаҷҷимон, писари мо шир намехӯрад ва пистони дояҳоро ба даҳони худ намегирад.
Сабаби ин чӣ бошад?
Мунаҷҷимон қуръа андохта гуфтанд:
— Эй шоҳи олампаноҳ, дар дунё Ҳотам аз бобати саховат бисёр шуҳрат хоҳад гирифт ва як донаву як лукмае бе ширкат дар даҳони худ нахоҳад андохт. Бояд, ки ҳама писарҳою дояҳоро ба хидмати Ҳотам ҳозир карда, дар пеши назари ӯ шир бидиҳанд, ӯ низ шир хоҳад хӯрд ва пистони дояҳоро ба даҳон хоҳад гирифт.
Ҳамчунон карданд. Ҳотам пистони дояҳоро ба даҳон гирифта шир хӯрдан гирифт. Ва хислати дигари
1 Мунодӣ — ҷорчӣ.
2 Самъ — гӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё