Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳотам ин буд, ки ҳаргиз гиря накардӣ ва дар вақти танҳоӣ шир нахӯрди ва дар хоби ғафлат нарафтӣ.

То ҳангоми ширхӯрда1 будан гузашт, об, нон ва таом хӯрдӣ. Ва гаҳе ки берун рафтӣ, агар ғарибу шикастаро дидӣ, бо дасти худ ишорат кардӣ: «ба ин чизе бидиҳед». Ва нишоная саховату эҳсон аз кирдукору гуфтори ӯ зоҳир мешуд, то ин ки дар синни чаҳорсолагӣ расид. Падараш Ҳотамро бо шаш ҳазор аз барои таълими илми ҳикмат ва адаб дар назди мактабдор гузошт.

Вақте ки олим ба илми он замон гардида, ба синни дувоздаҳ расид, шуғлаш саховат буд. Падараш хазинаи бисёр ҷамъ карда буд, Ҳотам он хазинаҳоро гирифта ба ғарибону фақирон садақаву эҳсон мекард. Аммо падараш Ҳотамро бисёр дӯст медошт, ҳама кардаҳои ӯро ба ҷону дил қабул мекард.

Ҳотам гоҳе ба шикор мерафт, сайдро ба найзаву тир намезад, ба дом мегирифт, то чандон озор наёбад.

Ҳар мусофиру ғариб, ки манзури назараш мешуд, оварда обу таом медод ва суханҳои нарму ширин ба ӯ мегуфт ва ба ҳеҷ кас сухани дурушт нагуфтӣ, бағоят фасеҳу ширинкалом будӣ ва соҳиби ҳусну ҷамол будӣ, ҳазорон ҳазор мардону занон ошиқи рӯи ӯ будандӣ. Ва ҳар касе бар сари роҳи ӯ истода, арзи аҳволи худ кардӣ, сари тақовар кашида кайфияти ҳол пурсидӣ ва арзи доди ӯро шунидӣ. Агар аз золиме зулму аламе ба ӯ расидӣ, дасти золимро аз сари ситамрасида кӯтоҳ кардӣ. Агар даъвою муомила доштӣ, ба забони ширину ба муқаддимаи каломи рангин муддаиро2 розӣ кардӣ. Зулму ситам бо касе раво надоштӣ.

Ҳам дар ин муддат овони туфулияташ3 гузашту вақте ки хатти райҳонӣ ба гирди оражи чун моҳаш дамид, ҳусни ӯ даҳчандон аз аввал зиёда шуд. Чунончи аксар мардону занон барои дидани ҷамоли бокамоли Ҳотам неомаданд. Овозаи ҳусну ҷамол ва ҷавонмардию саховати Ҳотам қоф то қоф машҳур гардид.

ҲИКОЯТИ ПОДШОҲИ ХУРОСОН
ВА ДУХТАРИ БАРЗАХИ БОЗАРГОН

Ривоят мекунанд, ки дар мулки Хуросон подшоҳе буд ном Курдоншоҳ, панҷ лак сипоҳи савора ва панҷ

1 Ширхӯрда — ширхор, синамак.
2 Муддаӣ — додхоҳ.
3 Туфулият — кӯдакӣ, бачагӣ.

пешина
аз 269
навбатӣ