Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дои асри XX) ва даҳҳо амсоли инҳо барои омӯхтани ҳаёти нависандагон ва гоҳо барои муайян кардани баъзе хусусиятҳои эҷодии онҳо аҳамияти калон дорад.
Вале тазкираҳо, чунон ки гуфта шуд, дар бораи нависандагон хеле мухтасар маълумот дода, бо овардани як-ду намуна қаноат мекунанд ва аз масъалаҳои эҷодию назарӣ қариб тамоман баҳс наменамоянд.
Таълифи асарҳои назарӣ низ дар адабиёти форсу тоҷик таърихи дуру дарозе дорад. Олимони мо назарияи адабиётро ба се илми мустақил тақсим мекарданд: илми арӯз, ки аз масъалаҳои вазн ва қонуну қоидаҳои он баҳс мекунад; илми қофия, ки қонунҳои қофия ва ҳалҳои онро шарҳ медиҳад; илми балоғат (илмҳои ёвари балоғат — маъонӣ, баён ва бадеъ), ки санъатҳои бадеъ, жанрҳо ва шаклҳои жанриро меомӯзад. Масъалаҳои умумии адабиёт низ бештар дар илми бадеъ зикр мешаванд. Рисолаҳое ҳастанд, ки дар яке аз ин илмҳои сегона таълиф ёфтаанд, аммо баъзе китобҳо ҳарсеи онҳоро якбора дарбар гирифтаанд.
Аввалин рисолае дар назарияи адабиёт, ки то имрӯз омада расидааст, «Тарҷумон-ул-балога» номи асари олими бузурги форсу тоҷик Муҳаммад бини Умари Родуёнӣ мебошад, ки дар асри XI навишта шудааст 1. Ин асари муҳим ба ҳамин наздикиҳо (соли 1949 дар Истамбул) ба эҳтимоми Аҳмади Оташ чоп шуд ва то ин вақт ҳатто номи муаллифи он маълум набуда, баъзеҳо онро ба қалами шоири маъруфи асри XI Абулҳасани Фаррухӣ нисбат медоданд.
«Тарҷумон-ул-балога» ба илми бадеъ оид аст. Чунон ки муаллиф дар муқаддима таъкид намудааст, пеш аз ӯ аз поэтика фақат Абуюсуф ва Абулӯлуҳои Шуштарӣ барин олимон дар бораи арӯз ба забони дарӣ рисола навишта буданд, аммо дар қофия ва бадеъ чизе навишта нашуда будааст. Пас «Тарҷумон-ул-балога»-и Родуёнӣ аввалин асарест, ки ба забони дарӣ дар илми бадеъ таълиф ёфтааст. Родуёнӣ мегӯяд: «Чунни гӯяд Муҳаммад Умар-ур-Родуёнӣ, ки таснифҳо бисёр дидам мардонишинери ҳар рӯзгоре андар шарҳи балоғат ва баёни аҳли саноат ва он чи аз он хезад ва ба вай омезад, чун арӯз ва маърифати алқоб ва қавофӣ (қофияҳо) ҳама ба тозӣ (арабӣ) дидам ва фондай вай як гурӯҳ мардумонро махсус дидам ва магар арӯз, ки Абуюсуф ва Абулӯлуҳои Шуштарӣ ба форсӣ карданд. Ва аммо андар донистани аҷнос ва ақсоми саноат ва шинохтани суханони бопероя ва маънии баландпоя китобе
_________________ 1. Соли таълифи «Тарҷумон-ул-балога» маълум нест. Вале Абдулҳайи Ардашери Дайламсипор ном шоир онро дар соли 1113 — 1114 китобат кардааст ва ӯ яке аз шоирон ва пешовидони наздикаи Асадияи Тӯсӣ будааст. Аз рӯи ин харипало маълум мегардад, ки ин асар маҳсули асри XI нестбошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё