Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва бидон, ки ин ҳама ҳақиқат аст ва аҳли басиратро ба мукошифаи зоҳир маълум шудааст ва ин маънӣ бидонистаанд ба ҳақиқат, ки:
Инналлоҳа ъазза ва ҷалла халақа Одама ъало суратиҳи1
.
Ва ба ҳақиқат бидон, ки подшоҳрову подшоҳиро, ҷуз подшоҳон надонанд: агар на он будӣ, ки туро подшоҳӣ дода будандӣ бар мамлакати хеш ва нусхате мухтасар аз мамлакат ва подшоҳии Худованди олам ба ту дода будандӣ, ҳаргиз Худованди олам натавонистӣ шинохт. Пас шукр кун он Подшоҳеро ки туро биёфарид ва подшоҳӣ дод ва мамлакате дод бар намудгори мамлакати Хеш ва аз дил арши ту сохт ва аз рӯҳи ҳайвонӣ, ки манбаъи он дил аст, Исрофили ту сохт ва аз димоғ курсии ту сохт ва аз хизонаи хаёлот лавҳ-ул-маҳфузи ту сохт ва аз чашму гӯш ва аз ҷумлаи ҳавос фариштагони ту сохт ва аз қуббаи димоғ, ки манбаъи аъсоб аст, осмону ситораи ту сохт ва аз ангушту қалам ва мидод табоеъи мусаххари ту сохт ва туро ягонаву бечуну бечигуна биёфарид ва бар ҳама подшоҳ кард; он гоҳ туро гуфт: «Зинҳор! Аз хештану подшоҳии хештан ғофил набошӣ, ки он гоҳ аз Офаридгори хеш ғофил шуда бошӣ, ки: «Фа инналлоҳа халақа Одама ъало суратиҳи, фа-ъриф нафсака, ё инсону, таъриф Раббака».
ФАСЛИ (ЧАҲОРУМ)
[Дунболаи фасли пеш] Пас, аз ин ҷумла, ки шарҳи мувозина гуфта омад, миёни ҳазрати подшоҳии одамӣ ва миёни подшоҳии ҳазрати Моликулмулк, ба ду илми азим ишорат афтод: яке илми нафси одамӣ ва кайфияти тааллуқи аъзои вай ба қувватҳо ва сифоти вай ва кайфияти тааллуқи сифот ва қувватҳои вай ба дил ва ин илме дароз аст, ки таҳқиқи он дар чунин ки-
1 Ҳароина Худои азза ва ҷалла офарид Одамро бар сурати Худ.
тоб натавон гуфт; ва дигар тафсили иртиботи мамлакати Подшоҳи олам ба фариштагон ва иртиботи фариштагон ба якдигар ва иртиботи самовот (осмонҳо) ва Курсиву Арш бо эшон ва ин илме дарозтар аст.
Ва мақсуд аз ин ишорат он аст, то он, ки зирак бувад, ин ҷумла эътиқод кунад ва азамати Ҳақ – азза ва ҷалла бад-ин ҷумла бишиносад; ва он, ки балид (кундзеҳн, камҳуш) бувад, ин миқдор бидонад, ки чӣ гуна ғофил аст ва чӣ гуна мағбун, ки аз мутолиати чунин ҳазрате – бо ин ҳама ҷамол – маҳрум мондааст. Ва аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият, худи халқ чӣ хабар дорад ва ин миқдор, ки гуфта омад, аз он ҷумла, ки халқ битавонад шинохт, худ чист!?
ФАСЛИ (ПАНҶУМ)
[Ташбеҳи табиӣ ва мунаҷҷим ба мӯрча] Ин бечора табиии маҳрум ва мунаҷҷими маҳрум корҳо бо табоеъ ва нуҷум ҳаволат карданд. Мисоли эшон чун мӯрчае аст, ки бар коғаз меравад ва коғазе мебинад, ки сиёҳ мешавад ва бар вай нақше пайдо меояд.
Нигоҳ кунад сари қаламро бинад, шод шавад ва гӯяд: «Ҳақиқати ин кор бишинохтам ва фориғ шудам: ин наққошӣқалам мекунад». Ва ин масали табиӣ аст, ки ҳеч чиз надонист аз таҳаррукоти олам ҷуз дараҷаи бозпасин.
Пас, чун мӯрчаи дигар биёмад, ки чашми вай фарохтар буд ва масофати дидори вай бештар, гуфт: «Ғалат кардӣ, ки ман ин қалам мусаххар мебинам ва варои вай чизе дигар ҳамебинам, ки ин наққошӣ вай мекунад». Ва бад-ин шод шуд ва гуфт: «Ҳақиқат ин аст, ки ман донистам, ки наққош ангушт аст, на қалам ва қалам мусаххар аст». Ва ин мисоли мунаҷҷим аст, ки назари вай бештар бикашид ва бидид, ки табоеъ мусаххари кавокибанд, валекин надонист, ки кавокиб мусаххари фариштагонанд ва ба дараҷоте, ки варои он бувад, роҳ наёфт.
Ва чунон ки ин тафовут миёни табиӣ ва мунаҷҷим аз олами аҷсом афтод ва аз вай хилофе хост, миёни касоне, ки ба олами арвоҳ тараққӣ карданд, ҳам ин хилоф аст, ки бештари халқ, чун аз олами аҷсом тараққӣ карданд ва чизе беруни аҷсом бозёфтанд, бар аввал дараҷа фуруд омаданд ва роҳи меъроҷ ба олами арвоҳ бар эшон баста шуд. Ва дар олами арвоҳ, ки он олами анвор аст, ҳамчунин ақаботу ҳуҷуб бисёр аст, баъзе дараҷаи вай чун кавкаб ва баъзе чун қамар ва баъзе чун шамс. Ва ин мароқӣ (нардбонҳо) меъроҷи касоне аст, ки малакуту-с-самавот ба эшон намоянд, чунон ки дар ҳаққи Халил алайҳиссалом хабар дод, Ҳаққ азза ва ҷалла: «Ва казолика нурий Иброҳима малакута-с-самовоти ва-ларзи»1, то он ҷо, ки гуфт: «Иннӣ ваҷҷаҳту ваҷҳӣ ли-л-лазӣ фатара-ссамовоти ва-л-арза»2
.
Ва барои ин буд, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Инна лиллоҳи азза ва ҷалла сабъина ҳиҷобан мин нурин лав кашафаҳо ла-ҳтарақат сабоҳоту ваҷҳиҳи кулла ман адрака басараҳу»3. Ва шарҳи ин дар китоби «Мишкоту-л-анвор ва мисфоту-л-асрор» гуфтаем, аз он ҷо талаб бояд кард.
Ва мақсуд он аст, ки бидонӣ, ки табиии бечора, ки чизе бо ҳарорату рутубат ва бурудату юбусат ҳаволат кард, рост гуфт, ки агар эшон дар миёнаи асбоби илоҳӣ набудандӣ, илми тиб ботил будӣ; валекин хато аз он ваҷҳ кард, ки чашми вай мухтасар буд, ба аввал манзил фуруд омад ва аз ӯ асле сохт, на мусаххаре ва худованде сохт, на чокаре. Ва вай худ аз ҷумла чокарони бозпасин аст, ки дар саффу-н-ниъол (пойгаҳ) бошад. Ва мунаҷҷим, ки ситораро дар миёни асбоб оварад, рост гуфт, ки агар на чунин будӣ, шабу рӯз баробар будӣ, ки офтоб ситорае аст, ки рӯшноӣ ва гармӣ дар олам аз вай аст. Ва зимистону тобистон баробар будӣ, ки гармии тобистон аз он аст, ки офтоб ба миёни осмон наздик шавад ва дар зимистон дур шавад. Ва он Худой, ки дар қудрати Вай ҳаст, ки офтобро гарму равшан офарид, чӣ аҷаб агар Зуҳалро сарду хушк офаринад ва Зӯҳраро гарму тар офаринад: ин дар мусалмонӣҳеч қадҳ (айб, сарзаниш) накунад. Мунаҷҷим аз он ҷо ғалат кард, ки аз нуҷум аслу ҳаволатгоҳ сохт ва мусаххарии эшон набидид ва надонист, ки: «Ва-ш-шамса ва-л-қамара ва-н-нуҷума мусаххаротин би амриҳи»4. Ва мусаххар он бошад, ки вайро ба кор доранд, пас эшон коргаронанд, на аз ҷиҳати хеш, балки бакордоштагонанд, аз ҷиҳати уммоли фариштагон, чунон ки аъсоби мустаъмал (ба кор водошташуда) аст дар таҳти таҳрики атроф, аз ҷиҳати қуввате, ки андар димоғ аст. Ва кавокиб ҳам аз чокарони бозпасинанд, агарчи дар дараҷаи нақибонанд (сардорон, раисон) ва ба саффу-н-ниъол наянд, чун чаҳор табъ, ки эшон мусаххарони бозпасинанд, чун қалам дар китобат.
ФАСЛИ (ШАШУМ)
1 Ва инчунин намудем ба Иброҳим мулки осмонҳову заминро.
2 Ҳароина мутаваҷҷеҳ сохтам рӯи худро ба Касе, ки офарид осмонҳо ва заминро.
3 Ҳароина барои Худо – азза ва ҷалла – ҳафтод парда нур аст, ки чун онро баркушояд, бузургии рӯяш ҳар бинандаеро бисӯзонад.
4 Ва офтобу моҳу ситорагон мусаххари фармони Ӯянд.
[Ташбеҳи халқ ба гурӯҳе нобино] Бештари хилоф дар миёни халқ чунин аст, ки ҳама аз ваҷҳе рост гуфта бошанд, валекин баъзе набинанд, пиндоранд, ки ҳама бидиданд. Ва масали эшон чун гурӯҳе нобиноёнанд, ки шунида бошанд, ки ба шаҳри эшон пил омадааст, хоҳанд, ки вайро бишиносанд, пиндоранд, ки ба даст вайро битавон шинохт: дастҳо дар вай бипармосиданд (палмосиданд), якеро даст бар гӯши вай омад ва якеро бар пой ва якеро бар рон ва якеро бар дандон; чун бо дигар нобиноён расиданд васфи пил аз эшон пурсиданд. Он, ки даст бар пой ниҳода буд, гуфт: монандаи сутуне аст; ва он, ки даст бар дандон ниҳода буд, гуфт: монандаи амуде аст; ва он, ки бар гӯш ниҳода буд, гуфт: монандаи гилеме аст. Ҳама рост гуфтанд ва ҳама хато карданд, ки пиндоштанд, ки ҷумлаи пилро дарёфтаанд ва наёфта буданд. Ҳамчунин мунаҷҷим ва табиб, ҳар якеро чашм бар яке аз чокарони даргоҳи ҳазрати Илоҳӣ афтод, аз салтанат ва истилои вай аҷаб доштанд, гуфтанд: «Подшоҳ худ ин аст»: «Ҳозо Рабби»1. То касеро, ки вайро роҳ боздоданд, нуқсони ҳама бидид ва варои он диду гуфт: «Ин дар зери дигаре аст ва он чи дар зер бувад, худоиро нашояд: ло уҳиббу-лофилина»2
.
ФАСЛИ (ҲАФТУМ)
[Ташбеҳи кавокиб ва буруҷ ба дастгоҳи подшоҳӣ] Кавокиб ва табоеъ ва буруҷи фалаки кавокиб, ки ба дувоздаҳқисмат аст ва Арш, ки варои ҳама аст, аз ваҷҳе чун мисоли подшоҳе аст, ки вайро ҳуҷрае хос бошад, ки вазири вай он ҷо нишинад; ва гирдогирди он ҳуҷра равоқе бувад, ба дувоздаҳ полгона (дарича, панҷара) ва ба ҳар полгонае ноибе аз они вазир нишаста ва ҳафт нақиби савор, беруни он полгонаҳо, гирди он дувоздаҳ полгона мегарданд, аз берун ва фармони ноибон вазир, ки аз вазир бад-эшон расида бошад, мешунаванд; ва чаҳор каманд дар дасти ин чаҳор пиёда ниҳода, то меандозанд ва гурӯҳеро ба ҳукми фармон ба ҳазрат мефиристанд ва гурӯҳеро аз ҳазрат дур мекунанд ва гурӯҳеро хилъат медиҳанд ва гурӯҳеро уқубат мекунанд ва арш ҳуҷраи хос аст ва мустақарри вазири мамлакат аст, ки вай фариштаи муқаррабтарин аст. Ва фалаку-л-кавокиб он равоқ аст. Ва дувоздаҳ
1 Ин Парвардигори ман аст.
2 Дӯст намедорам пинҳоншавандагонро.
бурҷон дувоздаҳ полгона аст. Ва ноибони вазир фариштагони дигаранд, ки дараҷаи эшон дараҷаи фурӯтари фариштаи муқаррабтарин аст. Ва ба ҳар яке амале дигар муфавваз аст. Ва ҳафт ситора ҳафт савор аст, ки чун нақибон, ҳамеша гирди он полгонаҳо мебароянд ва аз ҳар полгона фармоне аз навъи дигар бад-эшон мерасад. Ва он ки вайро чаҳор унсур гӯянд, чун: оташу об ва боду хок, чун чаҳор чокари пиёдаанд, ки аз ватани хеш сафар накунанд. Ва чаҳор табоеъ ҳарорат ва бурудат ва рутубат ва юбусат, чун чаҳор каманд аст дар дасти эшон, масалан, чун ҳол бар касе бигардад, ки рӯй аз дунё бигардонад ва андӯҳу бим бар вай муставлӣ шавад ва неъматҳои дунё дар дили вай нохуш гардад, вайро андӯҳ оқибати кори хеш бигирад, табиб гӯяд, ки ин бемор аст ва ин иллатро молихулиё гӯянд ва илоҷи вай табихи (ҷӯшонида) афтимун аст. Ва табиӣ гӯяд: «Асли ин иллат аз табиати хушкӣ хезад, ки бар димоғ муставлӣ шавад ва сабаби ин хушкӣҳавои зимистон аст ва то баҳор наёяд ва рутубат бар ҳаво ғолиб нашавад, вай салоҳ напазирад». Ва мунаҷҷим гӯяд: «Ин савдоест, ки вайро пайдо омадааст ва савдо аз Уторид хезад, ки вайро бо Миррих мушокилате1 афтад номаҳмуд; то он гоҳ ки Уторуд ба муқоринаи саъдайн ё ба таслиси2 эшон нарасад, ин ҳол ба салоҳ наёяд».
Ва ҳама рост мегӯянд, валекин: Золика маблағуҳум мина-л-ъилми3
.
Аммо ин, ки дар ҳазрати Илоҳият ва Рубубият ба саодати вай ҳукм карданд ва ду нақиби ҷалду кордонро, ки эшонро Уториду Миррих гӯянд, аз он фиристоданд, то пиёдае аз пиёдагони даргоҳ, ки вайро ҳаво гӯянд, каманди хушкиро бияндозад ва дар сару димоғи вай афканад ва рӯи вай аз ҳама лаззоти дунё бигардонад ва ба тозиёнаи биму андӯҳ ва ба зимоми (лаҷом ва афсор) иродат ва талаб вайро ба ҳазрати Илоҳият даъват кунад, ин на дар илми тиб ва на дар табиат ва на дар нуҷум бошад, балки аз баҳри илми нубувват берун ояд, ки муҳит аст ба ҳама атрофи мамлакат ва ба ҳама уммолу нуқабо ва чокарони ҳазрат ва шинохтааст, ки ҳар яке барои чӣ шуғланд ва ба чӣ фармон ҳаракат кунанд ва халқро ба куҷо мехонанд ва аз куҷо бозмедоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё