Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва агар касе хоҳад, ки ба ҳасади вай неъмате ботил шавад, ҳам зиён бо вай гардад, ки он гоҳ ба ҳасади дигаре неъмати вай низ ботил шавад; ва ба ҳасади куффор низ неъмати имони вай ботил шавад, чунон ки Ҳақ таъоло мегӯяд: «Ваддат тоифатун мин аҳли-л-китоби лав йузиллунакуму»1 пас ҳасад азоби ҳосид аст ба нақд, аммо зарари охират бештар, ки хашми вай аз фазои Худост ва инкори вай бар қисмате, ки вай ба камоли ҳикмати худ кардааст ва касеро ба сирри он роҳ надодааст ва чӣҷиноят бувад дар тавҳид беш аз ин ва он гоҳ шафқат ва насиҳати мусулмонӣ даст бидошта бувад, ки эшонро бад хоста бувад ва бо иблис дар ин хост ҳамбоз2 бошад ва чӣ шумӣ бувад беш аз ин?! Ва аммо он, ки маҳсудро суд дорад, дар дунё он аст, ки чӣ хоҳад ҷуз он ки ҳосиди вай дар азоб бувад ҳамеша ва чӣ азоб бувад беш аз ҳасад, ки ҳеч золим нест, ки бо мазлум монад3, ҷуз ҳосид ва маҳсуд, агар аз марги ту хабар ёбад, бояд бидонад, ки аз азоби ҳасад растӣ, ранҷур шавад, ки ҳамеша он хоҳад, ки вай дар неъмат маҳсуд бошад ва ту дар ранҷи ҳасад; ва аммо манфиати динии маҳсуд он бошад, ки: вай мазлум бошад ба зулми ҳосид ва бошад, ки ҳосид ба забон ва муомилат низ ба сабаби ҳасад таъаддӣ кунад ва ба он ҳасаноти ҳосид бо девон маҳсуд шавад ва саййиъоти маҳсуд бо гардани ҳосид ниҳанд, пас хостӣ, ки неъмати дунё аз вай бишавад, бинашуд ва неъмати ӯ дар охират низ биафзуд ва туро азобу ранҷи дунё нақд шуд ва азоби охиратро бунёд афкандӣ, пас пиндоштӣ, ки дӯсти худӣ ва душмани вай. Чун бидидӣ, баракс омад: душмани худӣ ва дӯсти вайӣ ва худро ранҷур медорӣ ва иблисро, ки душмани меҳини туст, шод медорӣ, ки иблис чун дид, ки туро неъмати илму вараъ ва ҷоҳу мол нест, тарсид, ки агар бад-он розӣ бошӣ, савоби охират ҳосил ояд, хост, ки савоби охират аз ту фавт шавад ва кард, ки ҳар кӣ аҳли илму дин дӯст дорад ва ба ҷоҳу ҳишмати эшон розӣ бувад, фардо вай бо эшон бошад, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ки: ҳар кӣ касеро дӯст дорад, фардо бо вай бувад, чи гуфтаанд: мард он аст, ки ё олим аст ё мутааллим ё дӯстдори эшон аст ва ҳосид аз ин ҳар се маҳрум аст ва мисли ҳосид чун касе аст, ки санге бар
1 Орзу кардаанд гурӯҳе аз дорандагони китоб, ки шуморо гумроҳ созанд.
2 Анбоз — шарик.
3 Ба мазлум шабеҳ ва монанд бошад.
боло андозад, то ба душмани худ занад: бар вай наёяд ва бозгардад ва бар чашми рости вай ояд ва кӯр шавад ва хашм зиёда шавад, дигар бор сахттар андозад ва ҳам бозгардад ва бар чашми дигараш ояд, пас дигар бор сахттар андозад ва боз барафтад ва сари вай бишканад ва ҳамчунин мекунад ва душман ба саломат, душманон вайро мебинанд ва механданд ва ин ҳоли ҳосид аст ва сухрияти шайтон бувад: ин ҳама офати ҳасад аст, пас агар бад-он кашад, ки ба дасту забон таъаддӣ кунад ва ғайбат кунаду дурӯғ гӯяд ва аз ҳақ инкор кунад, мазлимаи он худ бисёр бувад. Пас, ҳар кӣ бидонад, ки ҳасад заҳри қотил аст, агар ақл дорад, он ҳасад аз вай бишавад.
Ва аммо илоҷи амалӣ он аст, ки ба муҷоҳидат исботи ҳасадро аз ботини худ биканад, ки сабаби ҳасад кибр аст ва уҷбу адоват ва дӯстии ҷоҳ ва хашму ғайри он, чунон ки андар хашм гуфтем, бояд ки ин усул ба муҷоҳида аз дил қалаъ кунад ва мусаҳҳали ин бувад, то худ ҳасад набувад, аммо чун ҳасад падид омад, таскин кунад, бад-он ки ҳар чӣҳасад фармояд, ба хилофи он кунад: чун андар вай таън кунед, сано гӯяд ва чун такаббур кунад, тавозӯъ кунад ва чун фармояд, ки андар изолати неъмати вай саъй кунад, ӯ ёрӣ диҳад; ва ҳеч илоҷ чунон набувад, ки андар ғайбати вай сано гӯяд ва кори вайро боло ҳамедиҳад, то чун ҳамешунавад, дили вай хуш ҳамегардад ва адоват мунқатеъ шавад, чунон ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло фармудааст: «Идфаъ биллати ҳийа аҳсану фаиз аллази байнака ва байнаҳу адоватун каиннаҳу валийун ҳамимун»1 ва шайтон ин ҷо гӯяд, агар тавозӯъ кунӣ ва биравӣ сано гӯӣ, он бар аҷзи ту ниҳанд, пас ту мухайярӣ, хоҳ фармони Ҳақ таъоло бар ва хоҳ фармони иблис ва бидон, ки ин дору азим нофеъ аст, валекин талх аст ва сабр натавон кард бар вай, илло ба қуввати илм, ки бишиносад, ки наҷоти вай дар дину дунё дар ин аст ва ҳалоки ӯ дар дину дунё дар ҳасад аст ва ҳеч дорубе сабр бар талхӣ ва ранҷ мумкин нест, тамаъ аз ин бибояд бурид, пас чун эҳтиёҷи беморӣ омад, ба умеди шифо бо ранҷ ва талхӣ дору ҳамебояд сохт ва илло ҳалоки бемор бошад.
– ФАСЛ –
(Офати ҳасадро чи гуна аз дил бояд канд) Бидон, ки агар бисёр муҷоҳидат бикунӣғолиб он бувад, ки миёни касе, ки туро ранҷонида бошад ва касе, ки дӯст бошад, фарқ ёбӣ, дар дилу
1 Бадиро ба некӣ сазад, ки он беҳтар аст, то он кас, ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст, чун дӯсту хешованди ту шавад.
неъмату меҳнат ҳар ду наздики ту баробар набошад, балки неъмат ва роҳати душманро кореҳ бошӣ ба табъ; ва ту мукаллаф наӣ бад-он ки табъро бигардонӣ, ки ин андар қудрати ту нест, аммо ба ду чиз мукаллафӣ: яке он, ки ба қавлу феъл ин изҳор накунӣ ва дигар он, ки ба ақл ин сифатро кореҳ бошӣ ва хоҳони он бошӣ, ки ин сифати мазмум аз ту бишавад, чун ин бикардӣ аз вуболи ҳасад бирастӣ ва агар ба қавлу феъл изҳор накунӣ ва андар ботини ту кароҳияте набошад, ин сифатро, ки дар худ меёбӣ, гурӯҳе гуфтаанд, ки: бад-он маъхуз набошӣ, дуруст он аст, ки маъхуз бошӣ, ки ҳасад ҳаром аст ва ин амали дил аст на амали тан ва ҳар кӣ ранҷи мусулмоне хоҳад ва ба шодии ӯ андӯҳгин бошад, лобуд бояд маъхуз бувад, магар ки ин сифатро кореҳ бошад, он гоҳ аз вуболи ин халос ёбад. Аммо аз ҳасад ба куллӣ касе халос ёбад, ки тавҳид бар вай ғолиб бошад ва вайро дӯсту душман набувад ва ҳамаро ба чашми бандагии Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бинад ва ин ҳолате нодир бошад, чун барқ, ки дарояд ва бишавад ва ғолиб он бувад, ки субот накунад.
АСЛИ ПАНҶУМ
Дар илоҷи дӯстии дунё ва пайдо кардани он, ки ҳубби дунё сари ҳама гуноҳон аст Бидон, ки дунё сари ҳама шарҳост ва дӯстии вай асли ҳама маъсиятҳост ва чӣ бошад аз он батар, ки душмани Ҳақ таъоло ва душмани дӯстони Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бувад ва дӯсти душманони Худой бувад: аммо душманӣ ба Ҳақ таъоло бад-он кунад, ки роҳи Ҳақ таъоло бар бандагон бизанад, то ба вай нарасад ва душманӣ бо дӯстони Худо ба он кунад, ки хештанро ҷилва ҳамекунад ва дар чашми эшон ҳамеорояд, то дар сабр аз вай шарбатҳои талх ҳамехӯранд ва ранҷи он ҳамекашанд; ва аммо дӯстӣ бо душманони Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бад-он кунад, ки эшонро ба макр ва ҳилат ба дӯстии хеш мекашад ва чун ошиқи вай шуданд, аз эшон дур ҳамешавад ва ба дасти душманони эшон мешавад ва масали ӯ чун зани нобакор аст, ки мард ба мард ҳамегардад, то дар ин ҷаҳон гоҳе дар таҳаммули ранҷ бо вай будан ва тартиби асбоби вай бошанд ва гоҳе андар фироқ ва ҳасрати вай ва дар охират хашми субҳонаҳу ва таъоло ва азоби вай ҳамебинанд ва аз дом ва балои дунё нараҳад, илло касе, ки ба ҳақиқат вайро ва офоти вайро бишиносад ва аз вай бипарҳезад, чунон ки аз ҷодувон бипарҳезанд, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт:
«Бипарҳезед аз дунё, ки ӯҷодутар аз Ҳоруту Морут аст». Ва мо ҳақиқати дунё ва офоти вай ва амсоли талбисҳои вай андар унвони саввум, дар аввали китоб бигуфтаем ва ин ҷо ахборе, ки дар мазаммати вай омадааст, бигӯем. Оёти Қуръон дар он бисёр аст ва мақсуди Қуръон ва кутуби анбиё ва фиристодани эшон ҳама он аст, то халқро аз дунё ба охират хонанд ва то офату балоҳо ва меҳнати дунё бо халқ бигӯянд, то аз он ҳазар кунанд.
Пайдо кардани мазаммати дунё ба ахбор Бидон, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам рӯзе ба гӯсфанди мурдае бигузашт, гуфт: «Бибинед, ки ин мурдор чи гуна хор аст, ки касе ба вай нанигарад! Бад-он Худой, ки нафси Муҳаммад ба дасти қудрати вай аст, ки дунё бар Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло хортар аз ин аст ва агар наздики вай дунёро ба пари пашшае маҳал будӣ, ҳеч кофирро шарбате об надодӣ». Ва гуфт: «Дӯстии дунё сари ҳама гуноҳон аст». Ва гуфт: «Дунё малъун аст ва ҳар чӣ дар вай аст, маълун аст. Илло он чи барои Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бошад». Ва гуфт: «Ҳар кӣ дунё дӯст дорад, охират ба зиён оварад ва ҳар кӣ охиратро дӯст дорад, дунёро ба зиён оварад, пас он чӣ бимонад ихтиёр кунед бар он чӣ намонад». Ва Зайд ибни Арқам ҳамегӯяд: бо Абӯбакр разийаллоҳу анҳу будам, вайро об оварданд, бо ангубин ширин карда, чун ба даҳон наздик бурд, бозгирифт ва бигирист бисёр, чунонки ҳама бигирстем, чун хомӯш шуд, далерӣ наёфт касе, ки пурсидӣ, чун чашм бисутурд, гуфтанд: ё халифаи расулуллоҳ, чӣ буд? Гуфт: «Як рӯз бо расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам – нишаста будем, дидам, ки ба даст чизеро аз худ ҳамекард ва ҳеч чиз надидам — гуфтам: ё расулоолоҳ, он чист?
Гуфт: «Дунёст, ки хештанро бар ман арза ҳамекунад, бозомад ва гуфт:
«Агар ту ҷастӣ аз ман касоне, ки пас аз ту бошанд, наҷаҳанд, акнун тарсидам, ки дунё маро ёфт, тарк кардам ва бигиристам» ва гуфт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам: « Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳеч чиз наёфарид бар рӯи замин душмантар бар вай аз дунё ва то дунё офарид ҳаргиз ба вай нанигарист». Ва гуфт: «Дунё сарои бесароён аст ва моли бемолон аст ва ҷамъ касе кунад, ки андар вай ақл нест; ва душмане андар талаби вай кунад, ки бе илм бошад ва ҳасад бар вай касе барад, ки бе фиқҳ бошад ва талаби вай касе кунад, ки бе яқин аст». Ва гуфт: «Ҳар кӣ бомдод бархезад ва бештар ҳиммати вай бар дунё бошад, вай на аз дӯстони Худои таъоло аст ва чаҳор хислат мулозими дили вай бошад: андӯҳе, ки бурида нашавад ва шуғле, ки аз он фориғ нагардад ва дарвеше, ки ҳаргиз ба тавонгарӣ нарасад ва умеде, ки ҳаргиз ба ниҳоят нарасад». Ва Бӯҳурайра гӯяд: як рӯз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Хоҳӣ, ки дунё ба ҷумлагӣ ба ту намоям?» Ва маро даст бигирифт ва ба сари саргиндоне бурд, ки андар вай устухони мардум ва устухони чаҳорпой ва хирқапораҳо ва палидиҳои мардум буд ва гуфт: «Ё Абоҳурайра, ин сарҳои пурҳирсу оз будаст, ҳамчун сарҳои шумо ва имрӯз каллаи сар аст бепӯст ва зуд хокистар шавад ва ин наҷосатҳо таомҳои алвон аст, ки ба ҷаҳди бисёр ба даст оварданд ва чунин биандохтанд, ки ҳам аз вай мегурезад ва ин хирқаҳо ҷомаи таҷаммули эшон аст, ки бод мебарад ва ин устухони сутурону маркаби эшон аст, ки бар пушти эшон гирди ҷаҳон ҳамегардиданд, ин аст ҷумлаи дунё, ҳар кӣ бар дунё ҳамегиряд, ҷои гиристан аст, пас ҳар кӣҳозир буданд, ҳама бигиристанд ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Дунёро то биёфаридаанд, миёни осмону замин биёвехтаанд, ки Ҳақ таъоло дар вай нангаристааст ва дар қиёмат гӯяд: маро ба камтарин бандагони хеш деҳ; гӯяд: хомӯш эй ночиз, написандидам дар дунё, ки ту касеро бошӣ, имрӯз писандам?!». Ва гуфт алайҳиссалоту вассалом: «Рӯзи қиёмат гурӯҳе ҳамеоянд, кирдорҳои эшон чанд кӯҳҳои Таҳома1, ҳама ба дӯзах фиристанд», гуфтанд: ё расулуллоҳ, ҳама аҳли намоз бошанд! Гуфт: «Намоз кунанд ва рӯза доранд ва шаб низ бехоб бошанд, валекин чун аз дунё чизе ёбанд, дар вай ҷаҳанд».

пешина
аз 176
навбатӣ