Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

бад-он имон надоред, кофиред ва агар имон доред ва осон фаро гирифтаед, аҳмақед ва шуморо барои ҷовид будан офаридаанд, валекин аз сарое ба сарое хоҳанд бурд.
Пайдо кардан ҳақиқати дунёи мазмум Бидон, ки ин фасл дар унвони «маърифати дунё» бигуфтаем ва ин ҷо ин миқдор бибояд гуфт, ки: расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтааст, ки:
«Дунё ва ҳар чӣ дар дунёст, малъун аст, илло он чи аз вай барои Худой субҳонаҳу ва таъоло аст». Ва бибояд донист, ки он чист, ки барои Худост, ки он мазмум нест ва он чҲ берун аз он аст, ҳама малъун аст ва дӯстии вай аст, ки сари ҳама гуноҳон аст?
Пас, бидон, ки ҳар чӣ андар дунёст, се қисм аст:
Қисми аввал — он аст, ки зоҳир ва ботини вай аз дунёст, ки натавонад буд, ки он барои Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бувад ва он аз ҷумлаи маъосӣ аст, ки ба нияту қасд Ҳақ таъолоро нашавад ва танаъъум дар мубоҳот аз ин ҷумла аст: ки он маҳзи дунё аст ва тухми батару ғафлату мояи ҳама маъсиятҳост.
Қисми дуввум — он аст, ки ба сурат худоеро бошад, лекин мумкин бувад, ки ба ният аз ҷумлаи дунё бувад ва он се аст, фикр асту зикр асту ба мухолифати шаҳват; агар ин се ба сабаби дӯстии охират ва дӯстии Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бувад — агарчи андар дунёст — барои Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бувад ва агар ғараз аз фикр талаби илм аст, то қабулу ҷоҳу мол ҳосил шавад ва ғараз аз зикр он аст, то мардумон ба чашми порсоӣ ба вай нигаранд ва ғараз аз даст бидоштани дунё он аст, ки то вайро ба чашми зоҳидӣ нигаранд, ин аз дунёи мазмум ва малъун аст, агарчи ба сурат чунон намояд, ки Худойрост.
Қисми саввум — он аст, ки ба сурат барои ҳаззи нафс аст, валекин мумкин бошад, ки ба қасду ният Худойро бувад ва аз дунё набошад, чун таом хӯрдан, ки қасд бад-он бошад, то қуввати ибодат бувад ва никоҳ кардан, чун қасд бад-он фарзанд ва фармони Ҳақ таъоло ба ҷой овардан бувад ва андаке мол талаб кардан, чун қасд бад-он фароғати тоат бувад ва бениёзӣ аз рӯи халқ бошад ва расул алайҳиссалом фармуд: «Ҳар кӣ дунёро барои лоф ва тафохур талаб кунад, Худой субҳонаҳу ва таъоло бар вай ба хашм бошад ва агар барои он кунад, то аз халқ бениёз бошад, раво бошад».
Ва ҳар чӣ охиратро бад-он ҳоҷат аст, чун барои охират бошад, на аз дунёст, ҳамчунон ки алафи сутур андар роҳи ҳаҷҳам аз ҷумла зоди ҳаҷаст ва ҳар чӣ дунёст, Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло онро ҳаво гуфтааст; ки: «Ва наҳа-н-нафса ъани-л-ҳаво фаинна-л-ҷанната ҳийа-л-маъво»1 ва як ҷои дигар ҷумла андар панҷ чиз ҷамъ карду гуфт: «Иъламу иннамо-л-ҳаёту-ддунё лаъбун ва лаҳбун ва зинатун ва тафохурун байнакум ва такосурун фи-л-амволи ва-л-авлоди — дунё ҳама андар панҷ чиз аст: бозӣ асту нишоти шаҳватҳо ва оростани хештан ва бешӣҷустан дар мол ва фарзандон». Ва он чизҳо, ки ин панҷ дар он бастааст, дар як ояи дигар ҷамъ кард ва фармуд: «Зуййина линноси ҳуббу-ш-шаҳавоти... ал-ойа», яъне андар дили халқ дӯстии ин ҳафт аст: зану фарзанд ва зару сим ва асбу зиё ва анъом ва гову гӯсфанд ва шутур, ки ин ҳар серо анъом гӯянд — Золика матоъу-л-ҳаёти-д-дунё, ин аст бархӯрдории халқ андар дунё.
Пас, бидон, ки ҳар чӣ барои кори охират аст, ҳам аз охират аст ва ҳар чӣ танаъъум ва зиёдат кифоят аст, барои охират набувад; балки дунё бар се дараҷа аст: миқдори зарурат аст андар таом ва ҷома ва маскан ва варои он миқдор ҳоҷат аст варои он миқдор зинат ва зиёдати таҷаммул аст ва он охир надорад: ҳар кӣ ба дараҷаи зиёдат ва таҷаммул шуд, афтод дар ҳовияе, ки охир надорад, ҳар кӣ бар миқдори ҳоҷат иқтисор кард, аз хатаре холӣ нест, ки ҳоҷатро ду тараф аст: яке он аст, ки ба зарурат наздик аст ва яке он аст, ки ба танаъъум наздик ва миёни ҳар ду дараҷае аст, ки он ба гумон ва иҷтиҳод тавон донист ва бошад, ки зиёдате, ки бад-он ҳоҷат набувад, аз ҳисоби ҳоҷат гирад ва андар хатари ҳисоб афтад ва бузургон ва аҳли ҳазм бад-ин сабаб будааст, ки бар қадри зарурат иқтисор кардаанд. Ва имоми муқтадӣ Увайси Қаранӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — чунон танг фаро гирифта буд, ки ба як сол ва ду сол будӣ, ки кас вайро надидӣ: ба вақти намоз берун шудӣ ва пас аз намози хуфтан бозомадӣ ва таоми вай ҳастаи хурмо будӣ, ки аз роҳ барчидӣ, агар чандон хурмо ёфтӣ, ки бихӯрдӣ, ҳаста ба садақа додӣ ва агар на бо ҳаста чандон хурмо харидӣ, ки рӯза кушодӣ ва ҷомаи вай хирқа будӣ, ки аз роҳ барчидӣ ва бишустӣ ва кӯдакон санг бар вай ҳамеандохтандӣ, ки девона аст ва ӯҳамегуфтӣ: санги хурд андозед, то соқ нашиканад ва аз намоз ва таҳорат бознамонам ва барои ин буд, ки расул алайҳиссалом ӯро надида буд ва бар вай сано гуфтӣ ва Умари Хаттобро разийаллоҳу анҳу васият карда буд андар ҳаққи вай, чун Умар аҳли Арафотро ҷамъ ёфт, бар минбар буд, гуфт: «Ё мардумон, ҳар кӣ ироқӣ аст бинишинад», бинишастанд, як мард бимонд, гуфт: «Ту аз Қаранӣ2?» Гуфт: «Оре. Гуфт:
«Увайсро донӣ?» Гуфт: «Донам». Вай ҳақиртар аз он аст, ки ту аз вай сухан
1 Ва ҳар кӣ нафсро аз хоҳишҳо боз дошт, ҷойгоҳ дар биҳишт дорад.
2 Қаран ҷоест наздики Куфа.
гӯӣ, андар миёни мо ҳеч кас аз вай аҳмақтар ва девонатар ва дарвештару нокастар нест», Умар — разийаллоҳу анҳу — чун он бишунид, бигирист, гуфт вайро барои он талаб ҳамекунам, ки аз расул алайҳиссалом шунидаам ба адади қабилаи рабиъа ва музар аз мардумони ба шафоати вай дар биҳишт шаванд — ва ин ду қабила бузург буд, чунон ки адади эшон падидор набуд — пас, Ҳурм ибни Ҳайён — раҳматуллоҳи алайҳи — гуфт: «Чун ин бишунидам ба Куфа шудам, вайро талаб кардам, то бар канори Фурот вайро ёфтам, вузӯҳамекард ва ҷома ҳамешуст, вайро боздонистам, ки сифати ӯ бигуфта буданд, салом кардам, ҷавоб дод ва андар ман нигарист, хостам, ки дасти вайро фаро гирам, ба ман надод, гуфтам: раҳимакаллоҳу ва ғафира лака, ё Увайс, чӣ гунаӣ?» Ва гиристан бар ман афтод аз дӯстии вай ва аз заифии вай раҳмат омад бар вай, вай низ дар ман нагирист ва гуфт ҳаёкаллоҳу, ё Ҳурм ибни Ҳайён, чӣ гунаӣ, ё бародар? Ман гуфтам: номи ман ва номи падари ман чун донистӣ ва маро ба чӣ шинохтӣ, ҳаргиз нодида? Гуфт: «Набаъни-л-ъалиму-лхабиру», он кас, ки ҳеч чиз аз илми вай ва хибрати вай берун нест, маро хабар дод ва рӯҳи ман рӯҳи туро бишинохт ва рӯҳи мӯъминонро аз якдигар хабар бувад ва бо якдигар ошно бошанд, агарчи якдигарро надида бошанд, гуфтам: маро хабаре ривоят кун аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам то ёдгори ман бошад. Гуфт: «Тану ҷони ман фидои расул алайҳиссалом ман вайро дарнаёфтам ва ахбори вай аз дигарон шунидам ва нахоҳам, ки роҳи ривояти ҳадис аз он меҳтар бар худ кушода бигардонам ва нахоҳам, ки муҳаддис ва музаккир ва муфтӣ бошам, ки маро худ шуғле ҳаст, ки бад-ин напардозам, гуфтам: ояте ба ман хон, то аз ту бишунавам ва маро дуо кун ва васияте кун, то бад-он кор кунам, ки ман туро ба ғоят дӯст ҳамедорам барои Худой субҳонаҳу ва таъоло, пас дасти ман бигирифт ва дар канори Фирот бурд ва гуфт: «Аъузу биллоҳи минаш-шайтони-р-раҷим». Ва бигирист ва он гаҳ гуфт: «Чунин ҳамегӯяд Худованди ман — ва ҳақтарин ва росттарин суханони вай аст — вай ҳамегӯяд: «Ва мо халақно-с-самовоти ва-л-арзи ва мо байнаҳумо ло ъабин.
Мо халақно ҳумо илло би-л-ҳаққи ва локинна аксараҳум ло йаъламуна.
Инна йавма-л-фазли миқотуҳум аҷмаъина. Йавма ло йуғни мавлан ъан шайъан ва ло ҳум йансаруна. Илло ман раҳималлоҳу иннаҳу ҳува-л-азизур-раҳим»1, бархонд ва он гоҳ як бонг бикард, ки пиндоштам, ки аз ҳуш бишуд, гуфт: «Ё писари Ҳайён, падарат Ҳайён бимурд ва наздик аст, ки ту
1 Наёфаридем осмонҳо ва заминро ба бозӣ, онҳоро ба ҳақ офаридем, валекин бештари мардум инро намедонанд ваъдаи ҳамаи онон ба рӯзи ҷудоӣ аст, рӯзе ки дӯст ба дӯст намерасад ва ёрӣ даркор нест, ҷуз он ки Худояш бибахшад, ки ӯ тавоно ва бахшанда аст.
низ бимурӣ ё ба биҳишт шавӣ ё ба дӯзах ва падарат Одам бимурд ва модарат Ҳавво бимурд ва Нӯҳ бимурд ва Иброҳим халили Худой субҳонаҳу ва таъоло бимурд ва Мӯсо ҳамрози Худой бимурд ва Довуд бимурд, ки халифаи Худой буд ва Муҳаммад расул ва баргузидаи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бимурд ва Абӯбакр халифа буд, бимурд ва Умар бародарам бимурд ва дӯсти ман буд, пас гуфт: «Ё Умар», гуфтам раҳимакаллоҳу Умар намурдаст, гуфт: «Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло маро хабар дод аз марги вай». Пас, ин бигуфт ва гуфт: «Ману ту низ мурдагонем». Ва салавот дод ва дуои сабук бикарду гуфт: «Васият он аст, ки китоби Худои таъоло ва роҳи аҳли салоҳ пеш гирӣ ва як соат аз ёд кардани марг ғофил набошӣ: ва чун ба наздики қавм расӣ, эшонро панд деҳ ва насиҳат аз халқи Худой бозмагир ва як қадам пой аз ҷамоати уммат бозмагир, ки он гоҳ бе дин шавӣ ва бад-он андар дӯзах афтӣ». Ва дуое чанд бикарду гуфт: «Рафтам ё Ҳурм ибни Ҳайён, низ на ту маро бинӣ ва на ман туро ва маро ба дуо ёд дор, ки ман туро ба дуо ёд дорам ва ту аз ин ҷониб бирав, то ман аз ҷониби дигар биравам», хостам, ки як соат бо вай биравам, нагузошт ва бигирист ва маро ба гиристан овард ва андар қазои вай ҳаменигаристам ба кӯй андар шуд ва беш аз он низ хабари вай наёфтам.
Пас, касоне, ки офати дунё бишинохтанд, бидонед, ки сирати эшон чунин будааст ва роҳи анбиё ва авлиё ин аст ва Худовандон ҳазми эшонанд, агар бад-ин дараҷа тарсӣ, камтар аз он набувад, ки бар қадри ҳоҷат иқтисор кунӣ ва ба якбор тариқи танаъъум фаро пеш нагирӣ, то андар хатари азим наяфтӣ. Пас, ин миқдор кифоят бувад аз ҳукми дунё, боқӣ андар унвони мусулмонӣ гуфтаем.
АСЛИ ШАШУМ
Илоҷи бухл ва ҷамъ кардани мол
Бидон, ки шохаҳои дунё бисёр аст ва яке аз шохаҳои вай молу неъмат аст ва яке ҷоҳу ҳишмат ва ҳам шохаҳое дорад; аммо фитнаи мол азим аст ва азимтарин фитна вай аст ва Худой субҳонаҳу ва таъоло ва ақаба хондааст ва гуфтааст: «Фало ақтаҳама-л-ъақабата ва мо адрока мо алъақабату факку рақабатин, ав итъомун фӣ йавмин зӣ масғабатин»1 ва ҳеч
1 Пас аз гузаргоҳ ва гарданаи сахт нагузарад ва намедонӣ, ки гардана чист. Танеро озод кардан ё дар рӯзи гуруснагӣ ятими хешовандеро нон додан.
ақаба сахттар аз ин нест: аз он, ки аз вай чора нест, ки вай бо он ки сабаби қазои шаҳват аст, зоди охират аст, ки аз қуту либосу маскан чора нест ва ин айни мол аст ва ба мол ба даст тавон овард, пас ноёфти вай сабр нест ва андар ёфти вай саломат нест: агар набошад дарвеше бувад, ки аз вай бӯй ва бими куфр аст ва агар бошад, тавонгаре бошад, ки андар вай хатари батар аст. Ва дарвешро ду ҳол аст: яке ҳирс ва яке қаноат ва қаноат маҳмуд аст ва ҳарисро ду ҳолат аст: яке тамаъ ба мардумон ва яке касб ба дасти хеш ва ин маҳмуд аст ва тавонгарро низ ду ҳолат аст: яке бахилу имсок ва дигар додан ва саховат кардан ва диҳандаро ду ҳолат аст: яке исроф ва дигар иқтисор ва аз ин ду ҳолат яке мазмум аст ва бад-он дигар омехтааст ва шинохтани ин ҳам муҳим аст. Андар ҷумла мол аз фоида ва аз офот холӣ нест ва фариза аст ҳар дуро ба шинохтан, то аз офоти вай ҳазар кунанд ва талаби вай ба қадри фоидаи вай кунанд.

пешина
аз 176
навбатӣ