Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Навъи дуввум — он, ки ба мардумон диҳанд ва ин чаҳор қисм бувад:
Қисми аввал — садақа бувад ва савоби он ва баракоти дуои дарвешон ва ҳиммати эшон ва хушнудии эшон андар дину дунё бузург бувад ва касе, ки мол надорад, аз ин оҷиз бувад; Қисми дуввум — мурувват бошад: ки мизбонӣ кунад ва бо бародарон
— агарчи тавонгар буванд, некӯӣ кунад ва ҳадя диҳад ва мувосот кунад ва ба ҳаққи мардумон қиём кунад ва расмҳо ба ҷой оварад: ки ин агарчи бо тавонгарон бувад, маҳмуд бошад ва сифати сахо бад-ин ҳосил ояд ва сахо бузургтарин ахлоқ аст, чунон ки мадҳи вай биёяд.
Қисми сеюм — он, ки арзи хеш бад-он нигоҳ дорад, чунон ки масалан, ба шоир диҳад ва ба авон диҳад ва ба касоне, ки ба вай тамаъ доранд ва агар надиҳад, забон дароз кунанд ва ғайбат гӯянд ва фуҳш диҳанд. Ва расул алайҳиссалом гуфтааст: «Ҳар чӣ бад-он арзи хеш аз забони бадгӯён нигоҳ доранд, он садақае бувад, ки роҳи ғайбат ва фуҳш бар эшон баста бувад ва офати дилмашғулӣ бад-он аз хештан боздошта бувад, ки агар накунад бошад, ки вай низ андар мукофот ояд ва адоват низ дароз шавад ва ин низ ҷуз ба мол натавон кард».
Қисми чаҳорум — он, ки ба касоне диҳад, ки хидмати вай кунанд, ки ҳар кас ки ҳама корҳои хеш ба дасти хеш кунад, чун рафтан ва шустан ва пухтан ва харидан ва сохтан ва ғайри он, ҳама рӯзгори вай бишавад; ва фарзи айни ҳар касе он аст, ки дигаре бад-он қиём натавонад кард ва он зикру фикр аст ва ҳар чӣ ниёбатро бад-он роҳест, рӯзгор бад-он бибурдан дареғ бувад: ки умр мухтасар аст ва аҷал наздик ва роҳи сафари охират дароз ва зоди вай бисёр бояд ва ҳар нафасе ғанимате бузург аст. Ба ҳеч кор, ки аз он гузир бувад, машғул набояд буд ва ин ҷуз ба мол рост наёяд, ки андар ваҷҳи хидматгорон кунад, то ин ранҷҳо аз вай боздоранд ва корҳо ба нафси хеш кардан, сабаби савоб бувад, валекин ин кори касе бувад, ки дараҷаи вай чунон бошад, ки тоати вай ба тан бошад, на ба дил, аммо касе, ки аҳли муомилат бувад ва тариқи илм, кори вай бояд, ки дигаре кунад, то сабаби фароғати вай бувад ба коре, ки азиз аз он бувад, ки ба тан кунад.
Навъи сеюм — он бувад, ки ба касе муъин надиҳад, валекин хайроти ом кунад: чун пулҳо ва работҳо ва масоҷид ва бемористон ва вақф бар дарвешон ва ғайри ин, хайроти ом бувад ва рӯзгори дароз бимонад ва дуо ва баракат аз паси марги вай ҳамерасад ва ин низ ҷуз ба мол натавон кард:
ин аст фавоиди мол андар дин.
Аммо фавоиди вай андар дунё пӯшида нест: ки бад-он азиз бувад ва мукаррам шавад аз халқ бениёз бувад ва халқ ба вай ҳоҷатманд бошанд ва дӯстон ва бародарони бисёр ба даст оварад ва дар дили ҳамагон маҳбуб ва ба чашми ҳақорат ба вай нангаранд ва амсоли ин.
(Офоти мол)
Ва офоти вай баъзе дар дунёст ва баъзе дар дин; аммо динӣ се навъ аст:
Навъи аввал — он, ки роҳи маъсият ва фисқ бар вай осон кунад ва шаҳавот андар ботини одамӣ мутақозии маъосӣ аст, валекин аҷз яке аз асбоби исмат аст, чун қудрат падид ояд, агар дар маъсият афтад, ҳалок шавад ва агар сабр кунад, сабр бо қудрат душвортар бувад.
Навъи дуввум — он, ки агар мард андар дин қавӣ бошад ва аз маъсияти хештан нигоҳ тавонад дошт, аз танаъъум андар мубоҳот нигоҳ натавонад дошт: ва киро ин тавоноӣ бошад, ки бо қудрати тавонгарӣ нони ҷавин хӯрад ва ҷомаи дурушт пӯшад, чунон ки Сулаймон алайҳиссалом ҳамекард, андар мамлакат ва фармонравоӣ, ки аз касби даст бо андак таоми мухтасар ва ҷомаи дурушт қонеъ буд ва ин кас чун дар танаъъум афтод ва тан бар он рост истод ва одат фаро танаъъум кард, аз он сабр натавон кард ва дунё биҳишти вай шавад ва маргро кореҳ бошад ва ҳамеша асбоби танаъъум аз ҳалол ба даст натавонад овард ва аз шубуҳот ба даст овардан гирад ва бе қуввати султон ба даст натавонад овард, андар мудоҳанат ва риё ва нифоқ ва хиёнати салотин афтад, чун бо эшон наздик шавад, андар хатари қасду кароҳияти эшон афтад ва чун муқарраб гардад, мар ӯро ҳасад кунанд ва душманон падид оянд ва қасди вай кунанд ва биранҷонанд ва вай низ дар мукофоти он истад ва ба адоват бархезад ва мунофисат ва муҳосидат падид ояд ва ин ахлоқ сабаби ҳама маъсиятҳост, ки дурӯғ ва ғайбат ва бад хостани халқ ва ҷумла маъосии дил ва забон аз он падид ояд ва маънии дӯстии дунё, ки сари ҳама гуноҳон аст, ин аст, ки ин ҳама шохаҳо фурӯъи вай аст ва ин на як офат аст ва на даҳ ва на сад, балки худ андар адад наёяд, ки ин ҳовияест, ки қаъри он пайдо нест, чунон ки ҳовияи дӯзах, ки барои ин қавм офаридаанд.
Навъи сеюм — ва аз ин ҳеч кас халос наёбад — илло ман исматиллоҳи1: он, ки агар маъсият накунад ва танаъъум накунад ва аз шубуҳот дур бошад ва роҳи вараъ нигоҳ дорад, то аз ҳалол ситонад ва ба ҳақ биниҳад, охир ба нигоҳдошти он дилмашғул бувад ва он дилмашғулӣӯро аз зикри Худой субҳонаҳу ва таъоло ва аз фикр дар ҷалол ва азамати Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло боздорад, ки сирр ва лубоби ҳама ибодот он аст, ки зикри Ҳақ таъоло бар вай ғолиб шавад, чунон ки унс ба вай гирад ва аз ҳар чӣҷуз вай аст, мустағнӣ шавад ва ин диле фориғ хоҳад, ки ба ҳеч чизи дигар машғул набувад ва молдор, агар зиёъ дорад, бештари авқот андар фикри иморат ва хусумати шурако ва гузоридани хироҷ ва муҳосибати барзигарон бошад ва агар тиҷорат дорад, андар хусумати анбоз ва тақсири вай ва тадбири сафар ва муомилате талаб кардан, ки суди он бисёр бувад, ҳамеша дар ин ва мисли ин машғул бувад ва агар гӯсфанд ва дигар чаҳорпой дорад, ҳамин сабил бувад ва ҳеч мол бемашғалатар аз он набувад, ки ба масал ганҷе дорад андар зери замин ва ба қадри ҳоҷат харҷ мекунад, ҳамеша ба нигоҳ доштани он ва бими он, ки касе набарад ва тамаъ кунад ё бидонад, машғул бояд буд ва водиҳои андешаи аҳли дунёро ниҳоят набувад ва ҳар кӣ хоҳад, ки бо дунё бошад ва фориғ бувад, ҳамчунон бошад, ки касе хоҳад, ки дар об шавад ва тар нашавад ва ин мумкин нашавад.
Ин аст фавоид ва офоти мол, чун зиракон дар ин нигоҳ карданд, бидонистанд, ки қадри кифоят аз вай тарёқ аст ва зиёдати он ҳама заҳр
1 Магар он ки Худояш нигоҳ дорад.
аст ва расул — алайҳисаллам — аҳли байти хешро қадри кифоят хост ва гуфт: «Ҳар кӣ аз кифоят зиёдат фаро гирифт, ҳалоки хеш ҳамегирад ва намедонад; аммо ба як бор барандохтан, то ҳеч намонад ва ба ҳоҷати хеш дилмашғул бошад, ин макруҳ аст ва нашояд дар шаръ, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: ва ло табсутҳо кулла-л-басти фатақъуда малуман маҳсуран»1
.
Пайдо кардани офоти тамаъ ва ҳирс ва фоидаи қаноат Бидон, ки тамаъ аз ҷумлаи ахлоқи мазмум аст ва мазаллат андар ҳоли нақд бувад ва хиҷлат ба охири кор — чун тамаъ барнаёяд — ва бисёр ахлоқи бад аз вай таваллуд кунад: ки ҳар кӣ ба касе тамаъ дорад бо вай мудоҳанат кунад ва нифоқ кунад ва ба иборат риё кунад ва бар истихфоф ва ботили вай сабр кунад. Ва одамиро ҳарис офаридаанд, ки бад-он ки дорад, ҳаргиз қаноат накунад ва ҷуз ба қаноат аз ҳирсу тамаъ нараҳад. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Агар одамиро ду водии2 пурзар бувад, водии сеюм хоҳад ва ҷуз хок андаруни одамӣ пур нагардонад». Ва гуфт — алайҳиссалоту вассалом: «Ҳама чиз аз одамӣ пир гардад, илло ду чиз: умеди зиндагонӣ ва дӯстии мол». Ва гуфт: «Хунук он касе, ки роҳи ислом ба вай намуданд ва қадри кифоят ба вай доданд ва бад-он қаноат кард». Ва гуфт: «Рӯҳулқудс дар ман дамид, ки ҳеч бандае намирад, то рӯзии вай ба тамом нарасад, аз Худои таъоло битарсед ва талаби дунё ба оҳистагӣ кунед», яъне муболиғат бар ҳирс макунед ва аз ҳад мабаред ва гуфт: «Аз шубҳатҳо ҳазар кун, то обидтарини халқ бошӣ ва бо он чи дорӣ, қаноат кун, то шокиртарини халқ ту бошӣ ва халқро он писанд, ки худро писандӣ, то мӯъмин бошӣ». Ва Авф ибни Молик разийаллоҳу анҳу гуфт: «Наздики расул алайҳиссалом будем ҳафт ё ҳашт кас, гуфт: байъат бикунед бо расули Худой». Гуфтем: «Бар чӣ байъат кунем?» Гуфт: «Байъат бикунед, ки Худойро бипарастед ва панҷ намоз ба пой доред ва ҳар чӣ фармояд ба самъу тоат пеш равед ва як сухан оҳиста гуфт — ва аз ҳеч кас суол макунед». Ва ин қавм пас аз он чунон буданд, ки агар тозиёнае аз дасти эшон биафтодӣ, фаро кас нагуфтандӣ: ки ба ман деҳ ва Мӯсо алайҳиссалом гуфт: «Ё раб, аз бандагони ту кӣ тавонгартар?»
Гуфт: «Он, ки қаноат бикунад бад-он чи ман бидиҳам». Гуфт: «Кӣ одилтар?» Гуфт: «Он, ки инсоф аз худ бидиҳад». Ва Муҳаммад ибни Восеъ
— раҳматуллоҳи алайҳи — нони хушк дар об кардӣ ва мехӯрдӣ ва мегуфтӣ, ки: ҳар кӣ бад-ин қаноат кунад, аз ҳама халқ бениёз бувад. Ибни
1 Ва онро (яъне дастро дар бахшиш) макушо, то маломатзада ва ҳасратхӯрда нанишинӣ.
2 Водӣ — дара.
Масъуд гуфт разийаллоҳу анҳу: ҳар рӯз фаришта мунодӣ кунад, ки: ё писари Одам, андаке, ки туро кифоят бувад, беҳтар аз бисёре, ки туро кифоят набувад ва аз он батар ва ғафлат бувад; ва Самит ибни Аҷлон гӯяд, ки: шиками ту бадасте дар бадасте1 беш нест, чаро бояд ки туро ба дӯзах бурд? Ва дар хабар аст, ки: Ҳақ таъоло мегӯяд: ё ибни Одам, агар ҳама дунё туро диҳам, насиби ту аз он ҷуз қуте нахоҳад буд. Чун беш аз қут надиҳам ва машғала ва ҳисоб бар дигарон ниҳам, чи некӯие беш аз он бувад, ки бо ту карда бошам. Ва яке аз ҳукамо мегӯяд: ҳеч кас ба ранҷ сабуртар аз ҳариси мутаммеъ набувад ва ҳеч касро айше хуштар аз қонеъ набувад ва ҳеч кас андӯҳгинтар аз ҳасуд набувад ва ҳеч кас сабукбортар аз он кас набувад, ки ба тарки дунё бигӯяд ва ҳеч кас пушаймонтар аз олими бадкирдор набувад. Шаъбӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд, ки:
сайёде гунҷишке бигирифт, гуфт: «Маро чи хоҳӣ кард?» Гуфт: «Бикушам ва бихӯрам». Гуфт: «Аз хӯрдани ман чизе наёяд, агар маро раҳо кунӣ, се сухан ба ту омӯзам, ки туро беҳтар аз хӯрдани ман». Гуфт: «Бигӯй», мурғ гуфт: «Як сухан дар дасти ту бигӯям ва яке дар он вақт, ки маро раҳо кунӣ ва яке он вақт, ки бар кӯҳ шавам». Гуфт: «Аввал бигӯй», гуфт: «Ҳар чӣ аз дасти ту бишуд, бад-он ҳасрат махӯр», раҳо кард ва бар дарахт нишаст.
Гуфт: «Дигаре бигӯй», гуфт: «Муҳол ҳаргиз бовар макун». Ва париду бар сари кӯҳ нишаст ва гуфт: «Эй бадбахт, агар маро бикуштӣ, андар шиками ман ду дона марворид буд, ҳар яке бист мисқол, тавонгаре шудӣ, ки ҳаргиз дарвеше ба ту роҳ наёфтӣ». Мард ангушт дар дандон гирифт ва дареғ ва ҳасрат ҳамехӯрд. Гуфт: «Боре сеюм бигӯй». Гуфт: «Ту он ду сухан фаромӯш кардӣ, сеюм чи кунӣ?» Туро гуфтам: «Бар гузашта андӯҳ махӯр ва гуфтам, муҳол бовар макун, бад-он ки пару бол ва гӯшти ман даҳ мисқол набошад, андар шиками ман ду марвориди чиҳил мисқол чӣ гуна сурат бандад? Ва агар будӣ, чун аз дасти ту бишуд, ғам хӯрдан чӣ фоида?» Ин бигуфт ва бипарид ва ин масал барои он гуфта ҳамеояд, то маълум шавад, ки чун тамаъ падид ояд, ҳама муҳолот бовар кунад. Ва Ибнус-Самок — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: тамаъ расанест бар гардан ва бандест бар пой, расан аз гардани худ берун кун, то банд аз пой бархезад.

пешина
аз 176
навбатӣ