Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

гуфт: «Бар хоб ҳукме нест ва ин зар шуморост, баргиред, гуфтанд: вай мурдааст ва саховат мекунад, мо зиндаем бахилӣ кунем?!» Ҷумла наздики он мард бурд, чунон ки гуфта буд, мард як динор баргирифт ва ба ду ним кард ва як нима аз ҷиҳати вом ба вай дод ва дигар нима худ бозгирифт ва мобақӣ гуфт: «Баргир ва ба дарвешон деҳ, ки маро ҳоҷат беш аз ин набувад». Бӯсаиди Харгӯши гуфт: «Ки аз ин ҳама намедонам, ки кадом беҳтар аст ва сахитар». Ва гуфт: «Чун ба Миср расидам, сарои он мурда талаб кардам ва кӯдакони вай монда буданд, эшонро бидидам ва барояшон симое хайр буд, ин оят маро ёд омад: Ва кона абуҳумо солеҳан»1
.
Ва аҷаб мадор аз баракоти саховат, ки паси марг бимонад ва ба тариқи хоб таъриф афтад, ки одати Халил алайҳиссалом меҳмон доштан бувад ва ин зиёфат пас аз вафоти вай, то ин ғоят бимондааст ва Рабеъ ибни Сулаймон ҳикоят кунад, ки Шофеъӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — ба Макка расид ва даҳҳазор динор бо вай буд, хайма беруни Макка бизад ва он зар бар изоре рехт ва ҳар, ки вайро салом кардӣ як каф ба вай додӣ, то намози пешин бикард, изор бияфшонд ҳеч чиз намонда буд ва яке як рӯз рикоби вай бигирифт, то барнишаст, Рабеъро гуфт: «Чаҳор сад динор ба вай деҳ ва узр хоҳ». Як рӯз Алӣ разийаллоҳу анҳу бигирист, гуфтанд: чаро ҳамегирйӣ?
Гуфт: «Ҳафт рӯз аст, то ҳеч меҳмон дар хонаи ман нарасидааст». Ва яке наздики дӯсте шуд ва гуфт: «Чаҳорсад дирам вом дорам», ба вай дод, бигирист, зани вай гуфт: «Чун хостӣ гирист, набоистӣ додан». Гуфт: «Аз он мегирям, ки аз вай ғофил мондаам, то вайро бад-он ҳоҷат омад, ки бар ман суол кард».
Пайдо кардани мазаммати бухл
Ҳақ таъоло мегӯяд: «Ва ман йуқа шуҳҳа нафсиҳи фа-авлайка ҳуму-лмуфлиҳуна — онро, ки аз шаҳҳи2 нафс нигоҳ доштанд, ба фаллоҳ расид»
ва гуфт субҳонаҳу ва тақаддасан ва таъоло: «Ва ло йаҳасабанна-л-лазина йабхалуна бимо отиҳумуллоҳа мин фазлиҳи хайру лаҳум бал ҳува шаррун лаҳум сайутаввақуна мо бахилу биҳи йавма-л-қиёмати», гуфт:
«Мапиндор, он касон, ки бахилӣҳамекунанд, боз он ки Худой эшонро додааст, ки он хайри эшон аст, балки шарри эшон аст ва зуд бошад, ки ҳар чӣ бад-он бахилӣҳамекунанд, тавқе кунанд ва дар гардани эшон афкананд андар қиёмат». Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт:
«Дур бошед аз бухл, ки он қавм, ки пеш аз шумо будаанд, ба бухл ҳалок
1 Ва падарашон марди некӯ буд.
2 Бахилии омехта ба ҳирс.
шуданд ва бухли эшонро бар он дошт, то хунҳо бирехтанд ва ҳаромро ҳалол доштанд». Ва гуфт: «Се чиз муҳлик аст: бухл чун маттоъ бувад, яъне ту ба фармони вай кор кунӣ ва бо вай хилоф накунӣ ва ҳавои ботил, ки аз паи он фаро шавӣ ва уҷби мард ба хештан». Ва Бӯсаиди Хадарӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд, ки: ду мард андар наздики расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуданд ва баҳои шутуре бихостанд, бидод, чун берун шуданд, пеши Умар шукр карданд, Умар ҳикоят кард бо расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам, пас расул гуфт: «Фулон беш аз ин биситад ва шукр накард». Пас гуфт: «Ҳар кӣ аз шумо биёяд ва ба илҳоҳ аз ман чизе фаро ситонад ва бибарад, он оташ аст». Умар гуфт: «Ва чун оташ аст, чаро медиҳӣ?» Гуфт: «Зеро, ки илҳоҳ кунад ва Ҳақ таъоло написандад, ки бахил бошам ва надиҳам». Ва гуфт: «Шумо ҳамегӯед, ки бахил маъзуртар аз золим бувад, чи зулм аст наздики Ҳақ таъоло азимтар аз бухл, савганд ёд кардаст Ҳақ таъоло ба иззат ва азамати хеш, ки ҳеч бахилро андар биҳишт нагузорад» — як рӯз расул алайҳиссалом тавоф ҳамекард, яке даст андар ҳалқаи Каъба зада буд ва ҳамегуфт: «Ба ҳурмати ин хона, ки гуноҳи маро биёмурз». Гуфт: «Гуноҳи ту чист, бигӯ?» Гуфт: «Гуноҳи ман азимтар аз он аст, ки сифат тавон кард». Гуфт: «Гуноҳи ту азимтар аст ё замин?» Гуфт: «Гуноҳи ман». Гуфт: «Гуноҳи ту азимтар аст ё осмон?»
Гуфт: «Гуноҳи ман». Гуфт: «Гуноҳи ту азимтар аст ё арш?» Гуфт: «Гуноҳи ман». Гуфт: «Гуноҳи ту азимтар аст ё Ҳақ таъоло?» Гуфт: «Ҳақ таъоло».
Гуфт: «Чист, ки чунин навмед шудаӣ аз раҳмати Ҳақ таъоло?» Гуфт:
«Моли бисёр дорам ва агар соиле падидор ояд, пиндорам, ки оташе омад, ки андар ман афтад». Расул алайҳиссалом гуфт: «Дур бош аз ман, то маро бо оташи хеш насӯзӣ, бад-он Худой, ки маро ба роҳи рост фиристод, ки агар миёни рукн ва мақом ҳазор сол намоз кунӣ ва чандон бигирйӣ, ки аз оби чашми ту ҷӯйҳо равон шавад ва дарахтҳо бирӯяд ва он гоҳ андар бахилӣ бимирӣ, ҷои ту ҷуз дӯзах набувад, вайҳак1 бухл аз куфр аст ва кофир андар оташ аст, вайҳак нашунидаӣ, ки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд:
ва ман йабхал фаиннамо йабхалу ъан нафсиҳи ва ман йуқа шубиҳҳа нафсиҳи фа-увлайка ҳуму-л-муфлиҳуна». Ва Каъб ҳамегӯяд, ки: ҳар рӯз бар ҳар касе ду фаришта муваккал аст ва мунодӣ кунад ва мегӯяд: ё раб, агар мол нигоҳ дорад, бар вай талаф кун ва агар нафақа кунад, халаф деҳ2
.
Бӯхалифа — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд, ки: бахилро таъдил накунам3 ва гувоҳӣ нашавам, ки бахил вайро бар он дорад, ки
1 Вой бар ту.
2 Ҷонишин ва иваз.
3 Одил нашиносам.
истиқсо1кунад ва зиёдати ҳаққи худ ситонад ва Яҳё ибни Закариё — алайҳимуссалом — иблисро дид, гуфт: «Кист, ки вайро душмантар дорӣ ва кист, ки вайро дӯсттар дорӣ?» Гуфт: «Порсои бахилро дӯсттар дорам, ки ҷон меканад ва бухл онро ҳабта ҳамекунад ва фосиқи сахиро душмантар дорам, ки хуш ҳамехӯрад ва ҳамеравад ва ҳаметарсам, ки Ҳақ таъоло ба сабаби саховати вай бар вай раҳмат кунад ё вайро тавба диҳад».
Пайдо кардани савоби исор
Бидон, ки исор аз сахо азимтар аст, ки сахӣ он бошад, ки он чӣ бад-он мӯҳтоҷ набошад, бидиҳад ва исор он бувад, ки бо он кӣ мӯҳтоҷ бувад бидиҳад. Ва чунон ки камоли саховат исор аст ва он бошад, ки боз он кӣ мӯҳтоҷ бувад, бидиҳад, камоли бухл бад-он бувад, ки бо ҳоҷат аз худ дареғ дорад, то агар бемор бувад, худ илоҷи он накунад, дар дили вай орзуҳо бувад ва мунтазир ҳамебошад, то аз касе бихоҳад ва аз моли худ бинатавонад харид. Ва савоби исор азим аст ва Ҳақ таъоло бар ансор бадин сано гуфт: «Ва йуъсируна ъало анфусиҳим ва лав кона биҳим хасосатун». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ чизе ёбад, ки вайро орзуи он бошад, орзуи хеш андар боқӣ кунад2 ва бидиҳад, Ҳақ таъоло вайро биёмурзад». Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд: андар хонаи расул алайҳиссалом ҳаргиз сер нахӯрдем ва тавонистем, валекин исор кардем.
Ва расул алайҳиссалом меҳмон фаро расид ва андар хона ҳеч чиз набуд, яке аз ансор дар омад ва вайро ба хона бурд ва таом андак доштанд, чароғ бикуштанд ва таом пеши вай ниҳоданд ва даст ҳамеоварданд ва ҳамебурданд ва намехӯрданд, то меҳмон бихӯрад, дигар рӯз расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳақ таъоло аҷаб дошт аз хулқи шумо ва сахои шумо бо онҳо меҳмон» ва ин оят фармуд омад: «Ва йуъсируна ъало анфусиҳим ва лав кона биҳим хасосатун». Ва Мӯсо алайҳиссалом гуфт: «Ё раб, манзалати Муҳаммад фаро ман намой». Гуфт: «Тоқати он надорӣ, лекин аз дараҷоти вай яке фаро ту намоем, чун фаро намуд, бими он буд, ки аз нури азамати он мадҳуш шавад». Гуфт: «Бор Худоё, ин ба чи ёфт?» Гуфт:
«Ба исор бо халқ». Гуфт: «Ё Мӯсо, ҳеч бандае андар умри хеш як бор исор накунад, ки на шарм дорам, ки бо ӯҳисоб кунам, савоби вай биҳишт бошад ҳар куҷо, ки хоҳад». Ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар як бор андар хурмостон фуруд омад, ғуломи сиёҳ нигоҳбони он буд, се қурс оварданд барои ғулом, саге андар омад, ғулом яке фаро вай андохт, бихӯрд, дигар
1 Мӯшикофӣ.
2 Дар боқӣ кардан: тамом кардан ва даст бардоштан.
биандохт, бихӯрд, се дигар бияндохт, бихӯрд. Абдуллоҳ гуфт: «Иҷрои1 ту чанд аст?» Гуфт: «Ин, ки дидӣ». Гуфт: «Чаро ҷумла бо саг додӣ?» Гуфт:
«Ин ҷо пагоҳ саг набуд, ин аз ҷои дур омада буд, нахостам, ки гурусна бошад». Гуфтам: «Ту имрӯз чи хӯрӣ?» Гуфт: «Сабр кунам». Субҳоналлоҳ маро аз саховат маломат ҳамекунанд, ин ғулом аз ман сахитар аст, бифармуд, то хурмостонро бихариданд ва он ғуломро бихариданд, вайро озод кард ва он хурмостонро ба вай дод. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз қасди кофирон мегурехт, Алӣ разийаллоҳу анҳу бар ҷои вай бихуфт, то агар кофирон қасд кунанд, хештанро фидо карда бошад, ҳақҷалол ҷалола ваҳй кард, ба Ҷабраил ва Микоил, ки миёни шумо бародаре афкандам ва умри яке дарозтар кардам, кист аз шумо, ки исор кунад? Ҳар яке аз эшон он умри дарозтарин мехост аз бари худ, Ҳақ таъоло гуфт: «Чаро чунон накунед, ки Алӣ кард, вайро бо Муҳаммад бародарӣ бодам ҷони хештан фидо кард ва вайро исор кард ва бар ҷои вай бихуфт, ҳар ду ба замин шавед ва вайро аз душман нигоҳ доред».
Биёмаданд, Ҷабраил наздики сари вай биистод ва Микоил наздики пои вай гуфт, бах бах2 ё писари Бӯтолиб, ки Ҳақ таъоло ба фариштагони хеш ба ту мубоҳот мекунад ва ин оят фармуд, омад, ки «Ва мина-носи ман яшри нафсаҳу абтиғоа маразотиллоҳи3...ал-ойа». Ва Ҳасани Антокӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — аз бузургони машоих буд, сиву чанд кас аз асҳоб вай гирд омада буданд ва нони тамом надоштанд, он чӣ буд, пора карданд ва ҳама андар пеш биниҳоданд ва чароғ баргирифтанд ва бинишастанд, чун чароғ бозоварданд, ҳама ҳамчунон барҷой буд ва ҳар яке ба қасди исор даст бидошта буданд ва нахӯрда, то рафиқ бихӯрад. Ва Ҳазиқаи Адавӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: рӯзи ҷанги Табук4 бисёр халқ шаҳид шуданд, ман об баргирифтам ва писарами хешро талаб кардам ва об ба наздики вай бурдам, вайро як нафас монда буд, гуфтам:
«Об хоҳӣ? Гуфт: хоҳам, дигаре гуфт: оҳ, ишорат кард, ки аввал пеши ӯ бар, он ҷо бурдам, Ҳишом ибнул-Ос буд ва баҷон додан наздик шуда буд, гуфтам: об бигир, дигаре гуфт: оҳ, Ҳишом гуфт: пештар бо вай деҳ, чун наздики вай шудам, ҷон бидода буд, боз наздики вай омадам, бимурда буд, боз наздики писарам омадам, бимурда буд». Чунин гӯянд, ки ҳеч кас аз дунё берун нашуд, чунон ки андар дунё омад, магар Бушри Ҳофӣ, ки дар вақти ҷон додан соиле даршуд ва чизе аз вай хост, ҳеч чиз надошт,
1 Музд, ҳуқуқ.
2 Хушо ба ҳоли ту.
фурӯшанд.
3 Ва аз мардумон касоне ҳастанд, ки нафси худро барои ба даст овардани хушнудии Худои таъоло
4 Табук ҷое аст, миёни Шом ва Мадина, яке аз ҷангҳои ҳазрати расул он ҷо будааст.
магар пироҳан, он низ баркашид ва ба вай дод ва ҷома ба орият хост ва андар пӯшид ва фармон ёфт1
.
Пайдо кардани ҳадди саховат ва бухли ҳар кас Бидон, ки ҳар касе хештан сахӣ пиндорад ва дигарон вайро бахил пиндоранд, пас лобуд ҳақиқат ин бибояд шинохт, ки ин бемории азим аст, то бидонанд ва илоҷ кунанд ва ҳеч кас набошад, ки ҳар чӣ аз вай хоҳанд, бидиҳад, агар бад-ин бахил шавад, ҳама бахил бошад. Ва андар ин сухан бисёр гуфтаанд, валекин бештарин бар онанд, ки: ҳар кӣ он чи шаръ бар вай воҷиб кардааст, манъ кунад, бахил бошад ва чун осон натавонад дод, бахил бошад. Ва ин басанда нест: наздики мо ҳар, ки нон бо нонбо диҳад ва гӯшт бо қассоб, ки як сер кам аст, бахил бошад ва ҳар кӣ нафақаи зан ва фарзандон чунон диҳад, ки қозӣ тақдир карда бошад ва андар як луқма варои он музоиқат кунад, бахил бошад ва ҳар кӣ нон дар пеш дорад ва чун дарвеше аз дур биёяд, пинҳон кунад, бахил бувад. Пас, дуруст он аст, ки бахил он бувад, ки он чӣ доданӣ бошад, бинадиҳад. Ва мол аз барои ҳикмате офаридаанд, чун ҳикмат додан иқтизо кунад, имсоки бахилӣ бошад ва доданӣ он бувад, ки шаръ фармояд ва ё мурувват фармояд, ки бибояд дод ва воҷиби шаръ маълум аст ва шаръ бад-он иқтисор кардааст, ки бахилон тоқати он доранд, чунон ки гуфт:
«Ан йасъалкумуҳо фуйаҳфикум табхалу ва йухриҷ азғонакум»2, аммо воҷиби муруват ба аҳволи мардумон ва ба миқдори мол ва ба касе, ки бухл бо вай бошад, бигардад: пас чизҳо бувад, ки ба одат аз тавонгарони зишт бувад ва аз дарвешон набувад ва бо аҳлу иёл зишт бувад ва бо бегона набувад ва бо дӯстон зишт бувад ва бо дигарон набувад ва аз пирон зишт бувад ва аз ҷавонон набувад ва аз мардон зишт бувад ва аз занон набувад ва аз меҳмонон зишт бувад ва мисли он дар муомила ва байъ зишт набувад, пас ҳадди ин он аст, ки: мол нигоҳ доштан мақсуд аст, валекин ғараз бошад, ки аз нигоҳ доштани мол мақсудтар бувад ва чун ғараз муҳимтар бувад, имсоки бухл бувад ва чун нигоҳ дошт муҳимтар бувад ва харҷ ба табзир бувад, ин худ мазмум бошад, пас чун меҳмон фаро расад, мурувват нигоҳ доштан аз мол нигоҳ доштан муҳимтар ва манъи вай бадин узр, ки ман закот бидодаам, зишт бувад ва бухл бошад ва чун ҳамсоя гурусна бувад ва вайро таом бисёр бувад, манъи бухл бувад. Ва аммо чун
1 Фармон ёфтан, аз дунё рафтан.

пешина
аз 176
навбатӣ