Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Бигуфтанд, ки: «Шутурони Абдурраҳмонанд». Гуфт: «Рост гуфт расул алайҳиссалом». Хабар ба Абдурраҳмон расид бад-ин калима дилмашғул шуд, андар вақт пеши Оиша омад ва гуфт: «Ё Оиша, расул чӣ гуфт?»
Гуфт: «Расул гуфт биҳишт ба ман намуданд, дарвешони асҳобро дидам, ҳамешуданд ва ҳамедавиданд ба шитоб ва ҳеч тавонгарро надидам, магар Абдурраҳмони Авфро, ки наметавонист рафт, ҳамехазид ба дасту пой, то андар биҳишт шуд». Абдурраҳмон гуфт: «Ин шутурон ва ҳар чӣ бар ин шутурон аст, сабал кардам ва ҷумлаи ғуломонро озод кардам, то бошад, ки ман низ бо эшон ба ҳам битавонам рафт». Расул алайҳиссалом гуфт:
«Пешин кас аз тавонгарони уммати ман, ки ба биҳишт шаванд, ту бошӣ, андар натавонӣ шуд, магар ба ҷаҳд ва ҳила ва хазидан». Ва аз бузургон яке ҳамегӯяд, ки: «Нахоҳам, ки ҳар рӯз ҳазор динор касб кунам аз ҳалол ва андар роҳи Ҳақ таъоло нафақа кунам ва агарчи бад-он аз намоз ва ҷамоат
1 Вирд ва дуо ва афсун.
бознамонам». Гуфтам: «Чаро?» Гуфт: «То андар мавқиф суол нагӯянд:
бандаи ман аз куҷо овардӣ ва ба чӣ харҷ кардӣ ва ба чӣ нафақа кардӣ?»
Гуфт: «Тоқати он суол ва ҳисоб надорам». Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Мардеро биёваранд рӯзи қиёмат, ки мол аз ҳаром касб карда бошад ва ба ҳаром харҷ карда ва ба дӯзах баранд ва дигареро биёваранд, ки мол аз ҳалол касб карда бошад ва ба ҳаром харҷ карда ва ба дӯзах баранд ва дигареро биёваранд, ки аз ҳаром касб карда бошад ва ба ҳалол харҷ карда ба дӯзах баранд, пас чаҳорумро биёваранд, ки аз ҳаром касб карда бошад ва ба ҳалол ва ба ҳақ харҷ карда, гӯянд: инро бидоред, ки андар талаби ин мол тақсир карда буд андар таҳорате ё андар рукуъе ё андар суҷуде ва на ба вақти хеш ва на ба шарт карда бошад, гӯяд: ё раб аз ҳалол касб кардам ва ба ҳақ харҷ кардам ва андар ҳеч фариза тақсир накардам, гӯяд: бошад, ки ҷомаи абрешимин ва асб ва таҷаммул дошта бошӣ ва бар сабили фахр ва борнома бихиромида бошӣ, гӯяд, бор Худоё, андар ҳеч фариза тақсир накардам ва бад-ин мол тафохур накардам, гӯяд:
бошад, ки андар ҳаққи ятиме ё мискине ё ҳамсоя ё хеше тақсир карда бошӣ, гӯяд: бор Худоё, аз ҳалол ба даст оварам ва ба ҳақ харҷ кардам ва андар фароиз тақсир накардам ва бад-ин мол фахр накардам ва андар ҳақҳама тақсир накардам, пас ин ҳама биёянд ва дар вай овезанд ва гӯянд бор Худоё, вайро андар миёни мо мол додӣ ва неъмат, вайро аз ҳаққи мо бипурс, аз як-як бипурс, агар ҳеч тақсир накарда бошад, гӯяд: акнун биист ва шукри ин неъмат биёвар ва баҳри луқма, ки бихӯрӣ ва баҳри лаззате, ки биёфтӣ, шукри он биёвар, ҳамчунин мепурсанд ва бад-ин сабаб будааст, ки ҳеч бузургеро андар тавонгарӣ рағбат набудааст: ки агар азоб набошад, ҳисоб бошад бад-ин сифат, балки расул алайҳиссалом, ки қудваи1 уммат аст, дарвешӣ барои ин ихтиёр карда, то уммат бишиносад, ки дарвешӣ беҳтар аз тавонгарӣ».
Умрони Ҳасин гӯяд, ки маро бо расул алайҳиссалом густохӣ буд, як рӯз гуфт: «Биё, то ба аёдати Фотима шавем». Чун ба дари хонаи вай расидем, дар бизад ва гуфт: «Ассаллому алайкум, дароям?» Гуфт: «Дарой». Гуфт:
«Ману он тан, ки бо ман аст?» Гуфт: «Ё расулуллоҳ, бар ҳама андоми ман ҳеч чиз нест, магар гилеми кӯҳна». Гуфт: «Ба сар андар гиру ба хештан фаро гир». Гуфт: «Агар баргирам пои бараҳна бимонам». Изори кӯҳна ба вай дод, ки ин бар сар фаро гир, пас андар шуду гуфт: «Чӣ гунаи фарзанди азиз?» Вай гуфт: «Сахт бемор ва дардманд ва ранҷ аз он зиёдат ҳамешавад, ки гуруснаам бо ин беморӣ ва ҳеч чиз надорам ва намеёбам, ки бихарам ва тоқати гуруснагӣ намедорам». Расулуллоҳ бигирист ва 1Пешво.
гуфт: «Ҷазаъ макун, ки ба Худой, ки сеюм рӯз аст, ки ҳеч начашидаам ва ман бар Худой таъоло аз ту гиромитарам ва агар хостаме, бидодӣ, валекин охират бар дунё ихтиёр кардаам». Он гоҳ даст бар дӯши вай зад ва гуфт: «Башорат бод туро, ки саййидаи занони аҳли биҳиштӣ». Гуфт:
«Осия зани Фиръавн ва модари Исо Марям чианд?» Гуфт: «Ҳар яке аз эшон саййидаи занони олами хешанд ва ту саййидаи занони ҳама оламӣ ва шумо ҳама андар ҷонҳо бошед ба қасаб1 ороста ва андар вай на бонгу на ранҷ ва на машғала». Пас гуфт: «Басанда кун ба писарами ман ва шавҳари хеш, ки туро ҷуфти касе кардаам, кисаййид аст андар дунё ва саййид аст андар охират». Ва ривоят кардаанд, ки марде бо Исо алайҳиссалом, гуфт: «Хоҳам, ки андар сӯҳбати ту бошам». Бо вай ба ҳам бирафтанд, то ба канори ҷӯй ва се нон доштанд, мард яке базр дид ва Исо алайҳиссалом ба канораи ҷӯ шуда буд, чун бозомад, нон надид, гуфт: «Кӣ баргирифт?» Гуфт: «Надонам». Пас аз он ҷо бигузаштанд, оҳуе ҳамегузашт бо ду бачча, Исо алайҳиссалом якеро овоз дод, наздики вай омад ва вайро бикушт ва андар вақт бирён шуд ва ҳар ду сер бихӯрданд, пас гуфт: «Зинда шав, зинда бигӯ, то нон куҷо шуд?» Гуфт: «Надонам», аз он ҷо бирафтанд, ба рӯде об расиданд, Исо алайҳиссалом дасти вай бигирифт ва ҳар ду бар рӯи об бигузаштанд. Гуфт: «Бад-он Худой, ки ин мӯъҷиза ба ту намуд, бигӯ, то нон куҷо шуд?» Гуфт: «Надонам», аз он ҷо бирафтанд ва ба ҷое расиданд, ки реги бисёр буд. Исо алайҳиссалом он рег ҷамъ кард ва гуфт: «Ба фармони Худой зар кард, ҳама зар шуд». Пас се қисмат кард ва гуфт: «Як қисмат маро ва як қисмат туро ва як қисмат онро, ки нон дорад». Мард аз ҳирси зар, ки бидид муқир омад, ки нон ман дорам, Исо алайҳиссалом гуфт: «Ҳар се туро». Ва ба вай бигузошт ва бирафт. Ду мард фаро вай расиданд ва хостанд, ки вайро бикушанд ва зар бибаранд, гуфт: «Маро макушед ва ҳар яке аз мо сиккае баргирад». Пас, гуфтанд: якеро бифиристем, то моро таоме орад. Ин мард бишуд ва таом харид ва бо хеш гуфт: «Афсӯс бошад, ки ин зар бибаранд, ман заҳр андар ин таом кунам, то эшон бихӯранд ва бимиранд ва ман ҷумлаи зар баргирам». Ва он ду кас гуфтанд: чи будаст, ки зар ба вай бояд дод, чун бозояд вайро бикушем ва зарҳо баргирем, чун бозомад вайро бикуштанд ва эшон ҳар ду таом бихӯрданд ва бимурданд, зар ҷумла бимонд, Исо алайҳиссалом бар он ҷо бигузашт, зар ҷумла он ҷо дид ва ҳар се кушта, гуфт: «Ё асҳоб, дунё чунин бошад аз вай ҳазар кунед». Пас аз ин ҳикоят маълум шуд, ки агар устод бошад ва муаззим бошад, авлотар, ки андар мол нанигарад ва гирди вай нагардад, магар ба қадри ҳоҷат, ки
1 Забарҷади омехта бо ёқут (мақсуд хонаҳои биҳишт аст).
морафсоро охир ҳалок ба дасти мор бувад.
АСЛИ ҲАФТУМ
Андар илоҷи дӯстии ҷоҳ ва ҳишмат
Бидон, ки бештари халқ, ки ҳалок шудаанд, андар талаби ҷоҳ ва номи некӯ ва сано халқ шудаанд ва бад-ин сабаб андар мунофисат ва адоват ба маъсиятҳо бисёр афтодаанд ва чун шаҳват ғолиб шуд, роҳи дин бурида шуд ва дил ба нифоқу хабоиси ахлоқ олуда шуд. Расул алайҳиссалом гуфт: «Ҷоҳу мол нифоқ андар дил чунон рӯёнад, ки оби тира рӯ монад».
Ва гуфт: «Ду гурги гурусна андар рама, он табоҳӣ накунад, ки дурустии ҷоҳу мол андар дили мусулмоне кунад». Ва бо Алӣ разийаллоҳу анҳу гуфт, ки: халқро ду чиз ҳалок кард: «Фаро шудан аз паи ҳаво ва дӯст доштани сано». Ва аз ин офат халос касе ёбад, ки номи нек наҷӯяд ва ба хамул1қаноат кунад, чи Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Тилка-д-дору-л-охирати наҷъалуҳо лил-лазина ло йуридуна ъулувван фи-л-арзи... ал-ойа». Гуфт:
«Аҳли биҳишт касонеанд, хоколуда, бишулидамӯи шухгинҷома2, ки касе эшонро вазне наниҳад, агар дар сарои амирон дастуре хоҳанд, дарнагузоранд ва агар талаби никоҳ кунанд, кас духтар ба эшон надиҳад ва агар сухан гӯянд, кас сухани эшон нашунавад ва орзуҳои эшон дар синаи эшон мавҷҳамезанад ва ҷӯш, агар нури эшон дар ҳамаи халққисмат кунанд, фаро ҳама расад» ва гуфт: «Басо хоколуда ва хулқонҷома3, ки агар савганд ба Худой диҳад ва биҳишт хоҳад, ба вай диҳад ва агар дунё хоҳад, ба вай надиҳад». Ва гуфт: «Бисёр кас аст аз уммати ман, ки агар аз шумо диноре ё дираме ё ҳаббае хоҳад, ба вай надиҳед ва агар аз Ҳақ таъоло биҳишт хоҳад, ба вай диҳад ва агар дунё хоҳад, надиҳад ва на аз хории вай бошад, ки дунё ба вай надиҳад». Умар разийаллоҳу анҳу андар масҷид шуд, Муозро дид, ки ҳамегирист, гуфт:
«Чаро ҳамегирйӣ?» Гуфт: «Аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидам, ки: андаке аз риё ширк аст ва Ҳақ таъоло дӯст дорад парҳезгорони пӯшиданомро, ки агар ғоиб шуданд, касе эшонро наҷӯяд ва агар ҳозир оянд, касе эшонро бинанишонад, дилҳои эшон чароғҳои ҳудо бошад ва аз ҳама шубҳатҳо ва зулматҳо раста бошанд». Ва Иброҳими
1 Гумномӣ.
2 Чирк ва касиф.
3 Жанда ва пора.
Адҳам — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: ҳар кӣ шаҳват ва номи некӯ дӯст дорад, вай андар дини Худо содиқ нест. Ва Айюб алайҳиссалом гуфт:
«Нишони сидқ он бувад, ки нахоҳад, ки ҳеч кас вайро шиносад». Ва қавме аз паи Аби ибни Каъб фаро мешуданд аз шогирдони вай, Умар разийаллоҳу анҳу вайро ба дарра бизад, гуфт: «Бинигар ё амирулмӯъминин, то чӣ мекунӣ?» Гуфт: «Ин мазаллат бошад, бар паси рӯ ва фитна бошад, бар пеши рӯ1«. Ва Ҳасани Басрӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — мегӯяд: ҳар аҳмақе, ки ту ҳамебинӣ, аз паси вай фаро шаванд ба ҳеч ҳол дили вай бар ҷоӣ бинамонад ва Айюб ба сафаре ҳамешуд ва қавме аз паси вай фаро шуданд. Гуфт: «Агар на он астӣ, ки Ҳақ таъоло аз ман ҳамедонад, ки ман инро кореҳам аз мақти2 Худо тарсидам». Ва Суфёни Саврӣҳамегӯяд: салаф кароҳият доштаанд андар ҷомае, ки ангуштнамои халқ бувад — ё андар кӯҳнае ё андар наве, балки чунон бояд, ки ҳадиси он накунанд. Ва Бушри Ҳофӣ гӯяд, ки: ҳеч кас набошад, ки дӯст дорад, ки мардумон вайро бишиносанд, ки на дини вай табоҳ шавад ва расво гардад. Валлоҳу аълам.
Пайдо кардани ҳақиқати ҷоҳ ва ҳишмат Бидон, ки чунон ки маънии тавонгарӣ он бошад, ки аъён, мол, мулк вай бошад ва андар тасарруф ва қудрати вай бувад, маънии эҳтишом ва худованди ҷоҳ он бувад, ки дилҳои мардумон мулки вай бувад, яъне мусаххари вай бошад ва тасарруфи вай андар он равон бувад ва чун дил мусаххари касе бошад, тану мол табаъи он бошад? Ва дил мусаххари касе нашавад, то андар вай эътиқоди некӯ накунанд, бад-он ки азамати вай андар дил фуруд ояд, ба сабаби камоле, ки андар вай бувад ё ба илм ё ба ибодат ё ба хулқи некӯ ё ба қут ё ба чизе, ки мардумон онро бузург донанд, чун ин эътиқод кунад дил, мусаххар шавад ва ба тавъ ва рағбат тоати вай дорад ва забонро бар мадҳу сано дорад ва танро бар хидмат дорад ва вайро бар он дорад, ки мол фидо кунад, то ҳамчунон, ки банда мусаххари молик бошад, вай мурид ва дӯсти мусаххари ному ҷоҳ бувад, балки мусаххарии банда ба қаҳр бошад ва мусаххарии вай ба тавъу табъ! Маънии моли малик аъён аст ва маънии ҷоҳи малик дилҳои мардумон аст ва ҷоҳ маҳбубтар аст аз мол ба наздики бештари халқ, барои се сабаб: яке, он ки мол маҳбуб аз он аст, ки ҳама ҳоҷатҳо ҳосил ба вай тавон кард ва ҷоҳҳамчунин аст, балки
1 Яъне барои касоне, ки дунболи касе мераванд, хорӣ аст ва худи он кас, ки дунболи ӯ мераванд, дучори фитна ва васвасаи нафс хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё