Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва гурӯҳе дигар роҳи зӯҳд гиранд ва либоси дурушт пӯшанд ва таом андак хӯранд ва андар мол зоҳид бошанд ва андар ҷоҳ ва қабул зоҳид набошанд, халқ бад-эшон табаррук ҳамекунанд ва бад-он шод ҳамебошанд ва ҳоли хеш андар чашми халқ ороста ҳамекунанд ва ин қадар бидонанд, ки ҷоҳ зиёнкортар аз мол аст ва тарки вай гуфтан душвортар аст, ки ҳама ранҷҳо кашидан ба умеди ҷоҳ осон бувад ва зоҳид он бошад, ки ба тарки ҷоҳ бигӯяд ва бошад, ки вайро касе чизе диҳад фаро напазирад, ки набояд ки гӯянд зоҳид нест. Ва агар вайро гӯянд, ки андар зоҳир фаро ситон ва андар сар фаро дарвеши мустаҳақ деҳ, бар вай саъбтар бувад аз куштан, агарчи аз ҳалол бувад, ки он гоҳ мардумон пиндоранд, ки вай зоҳид нест бо ин ба ҳам, ки ҳурмати тавонгарон пеш дорад аз ҳурмати дарвешон ва эшонро муроот кунад ва ин ҳама ғурур бошад.
Ва гурӯҳе дигар ҳама аъмоли зоҳир ба ҷой оваранд, то рӯзе ба мисли ҳазор ракъат намоз кунанд ва чандин ҳазор тасбеҳ кунанд ва шаб бедор доранд ва рӯз ба рӯза бошанд, валекин мурооти дил накунанд, то аз ахлоқи бад пок шавад ва ботини эшон пуркибру ҳасад ва риёву уҷб бошад ва бо халқи Ҳақ таъоло ба хашм сухан гӯянд ва гӯӣ бо ҳар яке хашме ва ҷанге доранд ва ин надонанд, ки хӯи бад ҳама ибодотро ҳабта кунад ва ботил гардонад ва сари ҳама ибодатҳо хулқи некӯ аст ва ин мудбир гӯӣ, ки миннате аз ибодати худ бар халқҳамениҳад ва ба чашми ҳақорат ҳаменигарад ба ҳамгинон ва хештан аз халқ фароҳам гирад, то касе хеш ба вай боз назанад ва ин қадар надонад, ки сари ҳама зоҳидон ва обидон пайғамбар бувад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва аз ҳама ҷаҳон кушодарӯтар ва хушхӯтар бувад ва ҳар кӣ шӯхгинтар будӣ, ки ҳама хештан аз вай фаро гирифтӣ, расул алайҳиссалом ӯро ба наздики хеш бинишондӣ ва даст фаро вай додӣ ва кадом аҳмақ бувад аҳмақтар аз он, ки бартар аз устод дӯкон гирад?! Ин салимдилон чун шаръи пайғамбар варзанд ва сирати вайро хилоф кунанд, чи аҳмақӣ бошад аз ин бештар?!
Табақаи саввум — сӯфиёнанд ва андар миёни ҳеч қавм чандон ғурур набошад, ки андар миёни эшон, ки ҳарчанд роҳ бориктар бошад ва мақсуд азизтар бувад, ғурур бештар роҳ ёбад:
Ва аввали тасаввуф он аст, ки се дараҷа ҳосил карда бувад, яке он, ки нафси вай мақҳур шуда бошад ва андар вай на шаҳват монда бувад ва на хашм. На он ки аз асли бишуда бувад, валекин мағлуб шуда бошад ва аҳли он қалъаро накушанд, валекин мунқод шаванд, қалъаи синаи вай ҳам чунин бар дасти султони шаръ фатҳ афтода бувад; дуввум он, ки ин ҷаҳон ва он ҷаҳонро аз пеш бархоста бувад ва маънии ин он аст, ки аз олами ҳиссу хаёл баргузашта бувад, ки ҳар чӣ андар ҳиссу хаёл ояд, баҳоимро андар он ширкат аст ва ҳама насиби шаҳвату шикам ва фарҷ аст ва биҳишт низ насиби он олами ҳиссу хаёл берун нест, ки ҳар чӣҷиҳатпазир бувад ва хаёлро бо вай кор бошад, наздики вай ҳамчунон шуда бувад, ки гиёҳ наздики касе, ки лавзина ва мурғбирён ёфта бувад, чи бидониста бувад, ки ҳар чӣ андар ҳиссу хаёл ояд, хасис аст ва насиби аблаҳон бошад: ва аксару аҳли-л-ҷаннати-л-булҳу1 , саввум он, киҳамагӣ вайро Ҳақ таъоло ва ҷалоли ҳазрати вай гирифта бувад ва ин он бошад, ки ҷиҳатро ва маконро ва ҳисрову хаёлро бо вай ҳеч кор набувад, балки хаёл ва ҳис ва илмеро, ки аз ин хезад, бо вай ҳамчунон кор бошад, ки чашмро бо овоз ва гӯшро бо алвон, ки ба зарурат аз он бехабар бувад, чун бад-ин ҷо расид, ба сари кӯи тасаввуф расид ва варои ин мақомот ва аҳвол бошад вайро бо Ҳақ таъоло, ки аз он иборат душвор тавон кард: то гурӯҳе иборат аз он бегонагӣ ва иттиҳод кунанд ва гурӯҳе ба ҳулул2 кунанд ва ҳар киро қадам андар илм росих набошад ва он ҳол ӯро пайдо ояд, тамомии он маънӣ иборат натавон кард ва ҳар чӣ гӯяд, сареҳи куфр намояд ва он андар нафси хеш
1 Бештари мардуми биҳишт нодононанд.
2 Дохил шудани чизе дар чизи дигар. Ҳулулиён он касонанд, ки Худоро дар шахсе ё шайъи муайян дохил медонанд.
ҳақ бувад, валекин вайро қудрати иборат набувад аз он, ин аст намудоре аз кори тасаввуф ва акнун нигоҳ кун, то ғурур ва пиндори дигарон бинӣ:
Гурӯҳе аз эшон беш аз мураққаъ ва саҷҷода ва сухани томот надиданд, он бигирифта бошанд ва ҷомаи тасаввуф ва сирати зоҳири эшон бигирифта ва ҳамчун эшон бар сари саҷҷода ҳаменишинанд ва сар ҳамефурӯ баранд ва бошад, ки васвасаи хаёле, ки андар пеш ҳамеояд, сар ҳамеҷунбонанд ва ҳамепиндоранд, ки кори эшон худ он аст, ин чун пиразани оҷиз бувад, ки кулоҳ бар сар ниҳад ва қабо дар банди ду силоҳ андар пӯшад ва биёмӯхта бошад, ки муборизон андар масоф ҷанг чун кунанд ва шеър ва раҷаз чун гӯянд ва ҳама ҳаракоти эшон бидониста бувад, чун пеши султон шавад, то номи вай андар ҷарида бинависанд, султон бувад, ки ба ҷома ва сурат нанигарад, бурҳон хоҳад вайро бараҳна кунад ё касе муборизе фармояд, пирзане заиф мудбир бинад, бифармояд, то вайро фаро пои пил афкананд, то низ ҳеч кас заҳраи он надорад, ки ба ҳазрати чунин подшоҳе истихфоф кунад.
Ва гурӯҳе бошанд, ки аз ин низ оҷиз оянд, ки заййи1 зоҳири эшон нигоҳ доранд: ҷомаи халақ напӯшанд ва мураққаъҳои некӯранг ва куҳлӣ2 ба даст оваранд ва худ пиндоранд, ки чун ҷома ранг карданд, ин кифоят бувад, надонанд, ки эшон ҷомаи удӣ3 аз он карданд, ки андар мусибате буданд андар дин, ки кабуд бар он лоиқ бувад, ин мудбир чун чунон мустағриқ нест, ки ба ҷома шустан напардозад ва чунон мусибатзада нест, ки ҷомаи сӯг4 дорад ва чунон оҷиз нест, ки ҳар куҷо ҷома бидарад, хирқа андар вай диҳад, то мураққаъ5 шавад, балки фӯтаҳои нав ба қасд пора кунад, то мураққаъ дӯзад, андар зоҳири сурат низ ба эшон мувофиқат накарда бошад, ки аввал мураққаъдор Умар бувад разийаллоҳу анҳу, ки бар ҷомаи вай чаҳордаҳ пора бардӯхта бувад ва баъзе аз он адим бувад.
Ва гурӯҳе дигар аз ин қавм батар бошанд, ки чунон ки тоқати ҷомаи ҷарида6 ва мухтасар надоранд, тоқати гузоридани фароиз ва тарки маъсият низ надоранд, барги он надоранд, ки ба фақр бар хештан иқрор диҳанд, ки андар дасти шайтон ва шаҳавот асиранд, гӯянд: кори дил дорад ва ба сурат назар нест ва дили мо ҳамеша андар намоз аст бо Ҳақ таъоло ва моро бад-ин ибодат ва аъмол ҳоҷат нест, ки барои муҷоҳидат касоне фармудаанд, ки эшон асиранд ва моро нафс бимурдааст ва дини
1 Ҳайъат ва шакли зоҳир.
2 Сурмаӣ.
3 Ба ранги кадар ва тор.
4 Азо ва мотам.
5 Васладор, дарбеҳдор.
6 Муҳаққар ва мухтасар.
мо ду қулла шудааст, ки ба чунин чизҳо олуда нашавад ва мутағаййир нагардад ва чун ба обидон нигаранд, гӯянд ин муздурони бемузданд ва чун ба уламо нигаранд, гӯянд инон андар банди ҳадисанд ва роҳ фаро ҳақиқат надонанд ва чунин қавм куштанианд ва кофиранд ва хуни эшон бо ҷимоъи уммат мубоҳ аст.
Ва гурӯҳе дигар ба хидмати сӯфиён бархезанд ва ҳақиқати хидмат он бувад, ки касе худро фидои ин қавм кунад ва ба ҷумлагӣ худро фаромӯш кунад андар ишқи эшон, чун касе аз эшон машғалае созад, то ба сабаби эшон моле ба даст орад ва эшонро табъи хеш созад, то номи вай ба хидмат берун шавад ва мардумон вайро ҳурмат доранд ва аз ҳар куҷо бошад, меситонад ҳалол ва ҳаром ва бад-эшон ҳамедиҳад, то бозори вай табоҳ нашавад ва пӯшида бимонад, ки мағрур ва фирефта бувад.
Ва гурӯҳе ҳастанд, ки эшон роҳи риёзат тамом бираванд ва шаҳвати худро мақҳур кунанд ва ҳамагӣ хештан ба Ҳақ таъоло диҳанд ва бар сари зикр андар завоя бинишинанд ва аҳволи эшонро намудан гирад, то аз чизе, ки хоҳанд, хабар ёбанд ва агар тақсир кунанд, танбеҳе бинанд ва бошад, ки пайғамбарон ва фариштагон ба сурати некӯ дидан гирад ва бошад, ки хештанро ба масал дар осмон бинад ва фариштагон бинад ва ҳақиқати ин кор, агарчи дуруст бувад, ҳамчун хобе бошад, ки дурусту рост бувад, валекин ин хуфтаро андар хаёл ояд ва он бедорро андар хаёл ояд ва вай бад-ин чунон ғарра шавад, ки гӯяд: ҳар чӣ андар ҳафт осмону замин бувад, чандин бор бар ман арза карданд ва пиндорад, ки ниҳояти кори авлиё худ ин аст ва вай ҳанӯз сари як мӯй аз аҷоиби сунъи Ҳақ таъоло андар офариниш надониста бошад, пиндорад, ки худ тамом шуд, ба шодӣ ин машғул шавад ва андар талаб фаротар нашаванд, бошад, ки он нафс, ки мақҳур шуда буд, андак андак падидор омадан гирад ва вай худ пиндорад, ки чун чунон чизҳо ба вай намуданд, вай худ аз нафси хеш эмин шуд ва ба камол расид ва ин ғуруре азим аст, балки бар ин ҳам эътимод набувад, эътимод бар он бувад, ки ниҳоди вай бигардад ва мутеъи шаръ шавад, ки ҳеч сифат вайро андар вай ҳеч тасарруф намонад.
Шайх Абулқосим Гургонӣқадасаллоҳа рӯҳаҳу — гуфтааст, ки: бар об рафтан ва андар ҳаво шудан ва аз ғайб хабар додан ин ҳеч каромот набувад, ки каромот он бувад, ки касе ҳама умр гардад, яъне ҳамагии вай тавъ ва фармони шаръ шавад, ки бар вай ҳаром наравад ва ин эътимодро шояд; аммо ин дигар ҳама мумкин бувад, ки аз шайтон бувад; ки шайтонро низ аз ғайб хабар аст ва касоне, ки эшонро коҳин гӯянд, аз бисёрии корҳо хабар диҳанд ва чизҳое аҷиб бар эшон биравад. Ва эътимод бар ин аст, ки вай ва боисти вай бархезад ва шаръ ба ҷои он бинишинад, агар бар шер натавонӣ нишаст, бок мадор, он саги ғасб, ки дар синаи ту аст, вайро чун дар зери пой овардӣ ва мақҳур кардӣ, бар шер нишастӣ; ва агар аз ғайб хабар натавонӣ дод, бок мадор, ки чун ғайб ва ғурури нафс бидонистӣ ва аз офат ва талбиси вай огоҳ шудӣ, ғайби ӯғайби туст, чун ғайби худ шинохтӣ, аз ғайб хабар ёфтӣ ва агар бар об натавонӣ рафт ва дар ҳаво натавонӣ парид, бок мадор, чун аз водиҳои дунёпарастӣ ва машғалаи дунё бозпас андохтӣ, бодия бигузоштӣ ва агар ба як бор пой бар забари кӯҳ натавонӣ ниҳод, бок мадор, ки агар пой бар як дирам шубҳат биниҳодӣ, ақабае бигузоштӣ, ки Ҳақ таъоло дар Қуръон ақаба инро гуфтааст: «Фало ақтаҳама-л-ъақабату ва мо адрока мо-лъақабату» ин аст баъзе аз анвоъи ғурур дар ин қавм ва тамом гуфтани он дароз шавад.
Табақаи чаҳорум — тавонгарон ва арбоби амволанд ва аҳли пиндор ва ғурур андар ин бисёранд: гурӯҳе мол бар масҷид ва работ ва пул харҷҳамекунанд ва бувад, ки аз ҳаром харҷ карда бошанд ва фариза он аст, ки бо Худованд диҳанд, андар иморат ҳамекунанд, то маъсият зиёдат шавад ва пиндоранд, ки коре бикарданд ва гурӯҳе аз ҳалол харҷ кунанд бар иморати хайр, валекин мақсуди эшон риё бошад, агар як динор харҷ кунанд, чунон хоҳанд, ки номи хеш бар хишти пухтае бар ҷо нависанд ва агар гӯянд манавис ё номе дигар бинавис, ки Худои таъоло хоҳад донист, ки ин ки кардааст, натавонад шунид ва нишони ин он бошад, ки андар қаробот ва ҳамсоягии вай касе бошад, ки ба як нон мӯҳтоҷ бувад ва дарвешон бошанд ва он бад-эшон фозилтар бувад ва натавонад дод, ки бар хишти пухта андар пешонии вай натавонад навишт: «Баноҳу-шшайху фалонун атолаллоҳу бақоҳу»1
.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё