Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

(Пайдо кардани ҷумлаи ақсоми неъмат ва дараҷоти он) Бидон, ки неъмати ҳақиқӣ саодати охират аст, ки он матлуб аст дар нафси хеш, на барои неъмати дигар варои он ва он чаҳор чиз аст: бақое, ки фаноро ба вай роҳ набувад ва шодие, ки бо андӯҳ омехта набувад ва илмеву кашфе, ки андар вай кудурат ва зулмати ҷаҳл набувад ва бениёзие, ки фақру ниёзро ба вай роҳ набувад ва фазолика2 ин бо лаззат
1 Ҷимоъ кардан.
2 Хулоса.
мушоҳидаи ҳазрати Илоҳият ояд, ки малолро ва зиёнро ба вай роҳ набувад; неъмати ҳақиқӣ ин аст, ки василат ва роҳ ин аст ва дар нафси хеш матлуб нест ва неъмати тамом ин бувад, ки аз вай вайро хоҳанд, на чизи дигарро ва барои ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Ал–айшу айшу-л-охирати»1. Ва ин калима як роҳ расул салавотуллоҳу алайҳи дар ғояти шиддат бувад, гуфт: «То худро аз ранҷи дунё салват2 диҳад ва як роҳ дар ғояти шодӣ дар ҳаҷҷи видоъ, ки дин ба камол расида бувад ва ҳама халқ рӯй ба вай оварда буданд, вай бар пушти уштур буд ва аз вай аъмоли ҳаҷ мепурсиданд, чун он камол бидид, ин калима бигуфт, то дили вай ба лаззати дунё бознанигарад». Ва яке гуфт: «Бор Худоё, «Асъалука тамомун-неъмати»3, расул салавотуллоҳу алайҳи бишунид, гуфт: «Донӣ, ки тамоми неъмат чӣ бошад?» Гуфт: «На». Гуфт: «Он ки дар биҳишт шавӣ»; аммо он неъматҳо, ки дар дунё бошад, ҳар чӣ василати охират нест, ба ҳақиқат он неъмат нест, аммо он чи василати охират аст, тафориқи4 он бо шонздаҳ чиз ояд: чаҳор дар дил ва чаҳор дар тан ва чаҳор беруни тан ва чаҳор ҷамъ бувад, миёни ин дувоздаҳ; аммо он чи дар дил аст, илми мукошифа аст ва илми муомилат аст ва иффату адл: аммо илми мукошифа он аст, ки Худойро таъоло ва сифоти Ӯ ва малоика ва расули вай бишиносад; ва илми муомилат он аст, ки дар ин китоб бигуфтаем, ки ақаботи роҳро, чунон ки дар рукни муҳликот аст ва зоди роҳ чунон ки дар рукни ибодот ва муомилот аст ва манозили роҳ, чунон ки дар рукни мунҷиёт аст, ҳама бишиносад ба тамомӣ, аммо иффат он аст, ки тамоми ҳусни халқҳосил кунад дар шикастани қуввати шаҳват ва қуввати ғазаби ҳар ду ва адл он аст, ки шаҳват ва хашмро аз миён барнагирад, ки ин хусрон бувад ва мусаллат нагузорад, то аз ҳад бишавад, ки ин туғён бувад, балки ба тарозу рост месанҷад, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Алло татғу фи-л-мизони ва ақиму-л-вазни билқисти ва ло тухсиру ва-л-мизона»5 ва ин ҳар чаҳор тамом нашавад, илло ба неъматҳо, ки дар тан бошад ва он чаҳор аст: тандурустӣ ва қувват ва ҷамол ва умри дароз: аммо ҳоҷати саодати охират ба тандурустӣ ва қувват ва умри дароз пӯшида нест, ки илму амал ва хулқи некӯ ва он фазоил, ки дар дили одамӣ бигуфтем, ба камол бе ин ба даст наёяд, аммо ҷамол ба вай ҳоҷат камтар афтад, валекин ҳоҷати некӯрӯй равотар бувад ва ҷамол низ ҳамчун молу ҷоҳ
1 Зиндагӣ зиндагии он ҷаҳон аст.
2 Тасаллӣ ва осоишхотир.
3 Аз ту мехоҳам тамоми неъматро.
4 Тақсимот.
медоред.
5 Барои он ки аз андоза нагузаред ва тарозу рост санҷед ва аз рӯи инсоф ва дар он нуқсон ва зиён раво бувад бад-ин маънӣ ва ҳар чӣ дар ҳоҷоти муҳими дунё ба кор ояд, дар охират ба кор омада бошад: ки муҳимоти дунё сабаби фароғи охират аст ва дунё мазраъаи охират аст ва дигар некӯии зоҳир унвони некӯии ботин бувад: он нури инояте аст, ки дар вақти валодат биёбад ва ғолиб он бувад, ки чун зоҳир биёрост, ботин низ ба хулқи некӯ биёрояд ва аз ин гуфтаанд, ки: ҳеч зишт набинӣ, ки на аз ҳар чӣ дар вай бувад, рӯи некӯтар бувад! Ва расул — салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳоҷат аз некӯрӯён хоҳед». Ва Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Чун расулӣҷое фиристед, некӯрӯй ва некӯном бояд ки бошад. Ва фуқаҳо гуфтаанд: чун сифоти аимма дар намоз баробар бувад, дар илм ва қироат ва вараъ некӯрӯй авлотар бувад ба имомат ва бад-он, ки бад-ин он мехоҳем, ки шаҳватро биҷунбонад, ки он сифати занон бувад — лекин балое тамом кашида ва сурати рости муттаносиб, чунон ки дилҳо ва чашмҳо аз вай нафрат нагирад».
Ва аммо неъматҳое, ки беруни тан аст ва вайро бад-он ҳоҷат аст, молу ҷоҳ ва аҳлу ашират ва бузургии насаб аст: аммо ҳоҷати охират ба мол аз он ваҷҳ аст, ки касе, ки чизе надорад ва ҳама рӯз ба талаби қут машғул бувад, ба илму амал, кай пардозад? Пас, қадри кифоят аз мол неъмати динӣ аст ва аммо ҷоҳ бад-он ҳоҷат аст, ки ҳар кӣҷоҳ надорад, ҳамеша дар дил ва истихфоф бошад ва эмин набувад аз душманон, лекин офат дар зиёдатии молу ҷоҳ аст ва барои ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи:
«Ҳар кӣ бомдод бархезад ва тандуруст бувад ва эмин ва қуввати рӯз дор, чунон аст, ки ҳамаи дунё вай дорад». Ва ин бе молу ҷоҳ рост наёяд. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ниъма-л-амну ало тақваллоҳи-л-молу
— нек ёваре аст мол бар парҳезгоре». Аммо аҳл ва фарзанд неъмат аст дар дин, ки аҳл сабаби фароғат бувад аз машғалаи бисёр ва сабаби эминӣ аз шарри шаҳват ва аз ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Нек ёвар аст дар дин зани шоиста». Ва Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Чӣҷамъ кунем аз моли дунё?» Гуфт: «Забони зокир ва дили шокир ва зани мӯъмина». Ва фарзанд сабаби дуои некӯ бувад, пас аз марг ва дар ҷумлаи зиндагонӣ ёвар бувад ва фарзандони нек, чун дасту пой ва парру боли мард бошанд, ки корҳоро кифоят кунанд ва ин неъмат бошад, агар аз офати эшон рӯй бо дунё наёварад. Ва аммо насаби мӯҳтарам аз неъмат аст, ки имомат ба насаби Қурайш махсус аст ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфтааст: «Тахаййара ва-н-нутафикуму-л-акфоъа ва иййокум ва ҳазроъа-д-дамана». Гуфтаст, ки: «Тухм ҷои шоиста ниҳед ва аз сабза, ки бар сари мазбала бошад, бипарҳезед». Гуфтанд: «Ин чист?» Гуфт: «Зани некӯ аз насаби беасл ва бад-он, ки бад-ин насаб, насаби хоҷагии дунё намехоҳем, балки насаби дин, ки бо аҳли салоҳ ва аҳли илм шавад ва ин низ неъмате аст ва ахлоқ бештар сироят кунад аз асл ва салоҳи асл, далели салоҳи фаръ бувад». Чунон ки Худои таъоло гуфт: «Ва кона абуҳумо солеҳан»1
.
Ва аммо он чаҳор неъмат, ки миёни ин дувоздаҳҷамъ кунад; ҳидоят аст ва рушд ва таъйид ва тасдид, ки ҷумлаи инро тавфиқ гӯянд ва ҳеч неъмат бе тавфиқ неъмат нест ва маънии тавфиқ, мувофиқат афкандан аст миёни қазои Худой ва миёни иродати банда ва ин ҳам дар шарр бувад ва ҳам дар хайр, валекин ба ҳукми одат ба ибодат хос гаштааст ва он ҷамъ кардан аст миёни иродати банда ва қазои Худой дар он чиз, ки хайри банда бувад ва ин ба чаҳор чиз тамом шавад: аввалҳидоят, ки ҳеч кас аз ҳидоят мустағнӣ нест, ки агар касе толиби саодати охират бошад, чун роҳи он надонад ва бероҳӣ аз роҳ нашиносад, чи фоидае бувад? Пас, офаридани асбоб бе ҳидоят рост наёяд ва барои ин миннат ниҳод ба ҳар ду ва гуфт: «Аллази аъто кулла шайъин халқаҳу сумма ҳадо»2. Ва гуфт: «Қаддара фа ҳадо»3. Ва бидон, ки ин ҳидоят бар се дараҷа аст: аввал он аст, ки фарқ кунад миёни шарру хайр ва ин ҳама оқилонро додааст, баъзеро ба ақл ва баъзеро ба забони пайғамбарон ва ин, ки гуфт: «Ва ҳадайноҳу-н-наҷдайни»; ин хостааст, ки роҳи хайру шарр ба вай намуд ва ин ки гуфт: «Ва аммо самуда фа ҳадайноҳум фа астаҳаббу-л-ъамо ъала-л-ҳудо»4; ин хост; ва ҳар кӣ аз ин ҳидоят маҳрум аст ё ба сабаби ҳасаду кибр аст ё ба сабаби шуғли дунё, ки гӯш ба анбиё ва авлиё ва уламо надиҳанд, агар на, ҳеч оқил аз ин оҷиз нест. Дараҷаи дуввум — ҳидояти хос аст, ки дар миёни муҷоҳидат ва муомилати дин андак-андак пайдо меояд ва роҳи ҳикмат кушода мегардад ва ин самарати муҷоҳидат аст, чунонки гуфт: «Ва-л-лазина ҷоҳиду фино ланҳадийаннаҳум субулану». Гуфт: «Чун муҷоҳидат кунанд, эшонро ба роҳи худ ҳидоят кунем ва нагуфт ба худ ҳидоят кунем». Ва ин ки гуфт: «Ва-л-лазина аҳтаду зодаҳум ҳудан»5ҳам ин бошад. Дараҷаи саввум — ҳидояти хоси хос аст ва ин нур дар олами нубувват ва вилоят пайдо ояд ва ин ҳидоят бувад ба Ҳақ таъоло ва ин бар ваҷҳе бувад, ки ақлро қуввати он набувад, ки ба худ ба вай расад ва ин ки гуфт: «Қул инна ҳудаллоҳи ҳува-л-ҳудо»6 ин хост, ки ҳудои мутлақ ин аст ва инро ҳаёт хонду гуфт: «Афаман кона маййитан фааҳйайноҳу ва ҷаъално лаҳу нуран
1 Падари онон нек буд.
2 Худованд ба ҳар чиз офариниши хосе бахшид, Пас онро ба роҳ овард.
3 Ба андоза кард ва роҳ намуд.
4 Мо ба қавми Самуд роҳ намудем, вале худашон кӯриро ба ҷои ҳидоят гузиданд.
5 Касоне, ки дунболи роҳ гаштанд, Худованд бар ҳидояти эшон афзуд.
6 Бигӯ, ки ҳидояти Худоӣ ҳидоят аст.
йамши биҳи фи-н-носи»1. Аммо рушд он бувад, ки бо ҳидоят дар вай тақозои рафтани роҳе, ки бад-он аст, падид ояд, чунон ки гуфт: «Ва лақад отайно Иброҳима рушдаҳу»2 ва кӯдак, ки болиғ шавад, агар донад, ки мол чун нигоҳ дорад ва надорад, вайро рашид нагӯянд, агарчи ҳидоят ёфтааст.
Ва аммо тасдид он бувад, ки ҳаракоти аъзои вайро аз ҷониби савоб ба осонӣҳаракат диҳанд, то ба зудӣ ба мақсуд мерасад, пас аз самарати ҳидоят дар маърифат аст ва самарати рушд дар доъия ва иродат ва самарати тасдид, дар қудрат ва олоти ҳаракат. Ва аммо таъйид иборат аст аз мадад фиристодан аз ғайб дар ботин ба тезии басира ва дар зоҳир ба қуввати батш3 ва ҳаракат, чунон ки гуфт: «Ва аййадака бируҳи-л-қудуси»4 ва исмат бад-ин наздик бувад; ва аз он бошад, ки дар ботини вай монеъе падид ояд аз роҳи маъсият ва ширк, аммо монеъ надонад ба тамомӣ, ки аз куҷо омад, чунон ки гуфт: «Ва лақад ҳаммат биҳи ва ҳумма биҳо лав ло ан роъа бурҳона раббиҳи».5 Ин аст неъматҳои дунё, ки зоди роҳи охират аст ва инро ба асбоби дигар ҳоҷат аст ва он асбобро, асбоби дигар, то он гаҳ, ки ба охир ба далелулмутаҳайирин ва рабуларбоб расад, ки мусаббабуласбоб аст ва шарҳи ҷумла ҳалқаҳои силсилаи асбоб дароз аст ва ин қадар ин ҷо кифоят аст.
Пайдо кардани сабаби тақсири халқ дар шукр Бидон, ки тақсири халқ дар шукр аз ду сабаб аст, яке ҷаҳл аст ба бисёрии неъмат, ки неъматҳои Худои таъолоро кас ҳад ва андоза ва шумор надонад, чунон ки гуфт: «Ва ин таъадду неъматаллоҳи ло туҳсуҳо»6 ва мо дар китоби «Эҳё» баъзе аз он неъматҳо, ки Ҳақ таъолоро аст бигуфтаем, то ба қиёси он бидонанд, ки мумкин нест, ки ҳама неъматҳо тавонанд шинохтан ва ин китоб он эҳтимол накунад. Ва сабаби дигар он аст, ки одамӣҳар неъмат, ки ом бошад, ба неъмат нашиносад ва ҳаргиз шукр накунад: ки ин ҳавои латиф, ки ба нафас мекашад ва рӯҳро, ки дар дил аст, мадад медиҳад ва ҳарорати дилро мӯътадил мегардонад ва агар як нафас мунқатеъ шавад, ҳалок гардад, балки ин худ неъмате нашиносад ва чунин
1 Оё касе, ки мурда бувад ва ӯро зинда кардем ва ба ӯ нуре додем, ки бо он дар миёни мардум меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё