Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пас, тафаккур барои се чиз аст, маърифате ва ҳолате ва амале, валекин амал табаъи ҳолат аст ва ҳолат табаъи маърифат аст ва маърифат табаъи тафаккур аст; пас тафаккур асл ва калиди ҳамаи хайрот аст ва фазилати вай бад-ин пайдо шавад.
Пайдо кардани майдони фикрат, ки дар чӣ бошад ва куҷо равад Бидон, ки маҷол ва майдони фикрат бениҳоят аст, ки улумро ниҳоят нест ва фикрат дар ҳама равост, валекин ҳар чӣ на барои дин тааллуқ дорад, моро шарҳи он мақсуд нест, аммо он чи ба роҳи дин тааллуқ дорад, агарчи тафсили он бениҳоят аст, валекин фазолика он битавон гуфт ва бидон, ки ба роҳи дин муомилати банда мехоҳем, ки миёни вай ва миёни Ҳақ таъоло аст, ки он роҳи вай аст, ки бад-он ба ҳақ расад. Ва тафаккури банда ё дар худ бувад ё дар ҳақ, дар худ тафаккур кунад ё дар сифоте аст, ки он макруҳи ҳақ аст ва вайро аз ҳақ дур кунанд ва он маъосӣ ва муҳликот аст ва ё дар он чи маҳбуби ҳақ аст, ки вайро наздик гардонад ба вай ва он тоат ва мунҷиёт аст, пас фазолика ин чаҳор медонист1. Ва масали банда ҳамчун ошиқ аст, ки андешаи вай ё дар ҷамоли маъшуқ ва ҳусни сурати вай бувад ва ё дар афъолу ақвол ва ахлоқи вай бувад ва агар дар худ андешад ё аз он андешад, ки вайро наздики маъшуққабул зиёдат кунад, ё дар он ки вайро аз он кароҳият ояд, то аз он ҳазар кунад; ҳар андеша, ки ба ҳукми ишқ бувад, аз ин чаҳор берун набувад, андешаи ишқи дин ва дӯстии Ҳақ таъоло ҳам чунин бувад.
Майдони аввал
Он бувад, ки аз худ андешад, то сифот ва аъмоли макруҳи вай чист, то хештан аз он пок кунад ва ин маъосии зоҳир бошад ё хабоиси ахлоқ бошад дар ботин ва ин бисёр аст: ки маъосии зоҳири баъзе ба ҳафт андом тааллуқ дорад, чун забону чашму даст ва ғайри он ва баъзе ба ҷумла тан ва хабоиси ботин ҳамчунин; ва дар ҳар яке аз ин андешаро се ҳол бувад:
яке он ки фулон кор ва фулон сифат макруҳ аст, ё на, ки ин ҳама ҷойҳо равшан набувад ва ба тафаккур тавон шинохт, дуввум он ки чун макруҳ аст, ман бад-ин сифат ҳастам ё на, ки сифати нафс низ осон натавон шинохт, илло ба тафаккур; ва саввум он ки, агар бад-он сифат мавсуф аст, тадбири халос аз ин чист. Пас, ҳар рӯз бомдод, бояд ки як соат дар тафаккури ин кунад ва андеша аввал дар маъосӣ зоҳир кунад: аз забон андеша кунад, ки андар ин рӯз ба сухан мубтало хоҳад шуд ва бошад, ки дар ғайбат ва дурӯғ афтад, тадбири он биандешад, ки аз ин чун ҳазар кунад, чун кунад ва ҳамчунин аз ҳамаи андомҳои хештан тафаҳҳус кунад ва дар ҳамаи тоот бияндешад ва чун аз ин фориғ шуд, дар фазоил андеша кунад, то ҳама ба ҷой орад: масалан гӯяд ин забон барои зикр ва роҳати мусулмонон аст ва барои он офаридаанд. Ва ман қодирам, ки фулон зикр кунам ва фулон сухани хуш гӯям, то касе биёсояд ва чашм барои он офаридаанд, то доми вай бошад, ки бад-он саодати сайд кунам ва бад-ин чашм дар фулон олим нигарам ба чашми таъзим ва дар фулон фосиқ нигарам ба чашми таҳқир ва агар маро ҳоҷат аст, сабр кунам ва исор кунам, ин ва амсоли ин ҳар рӯз андеша кунад, пас аз ин аст, ки тафаккури як соат аз тооти яксола беҳтар аст, ки фоидаи вай ҷумла умрро бошад. Ва чун аз тафаккур ва маъосии зоҳир бипардохт, ба ботин шавад ва аз ахлоқи бад бияндешад, то дар ботини вай аз он чист ва аз мунҷиёт, ки вайро нест, то талаб кунад ва он низ дароз аст, валекин асли муҳликот даҳ аст: бухлу кибр ва уҷбу риё ва ҳасад ва тезии чашм ва шараҳи таом ва
1 Ин чаҳор майдонро пас аз ин дар ду майдон овардааст.
шараҳи сухан ва дӯстии молу дӯстии ҷоҳ ва аз мунҷиёт низ даҳ аст:
пушаймонӣ бар гуноҳ ва сабр бар бало ва ризо ба қазо ва шукр бар неъмат ва баробар доштани хавфу риҷо ва зӯҳд дар дунё ва ихлос дар тоат ва хулқи некӯ бо халқ ва дӯстии Худои таъоло ва дар ин ҳар яке маҷоли тафаккур бисёр аст ва он бар касе кушода бувад, ки улуми ин сифот, чунон ки дар ин китоб гуфтаем, бишиносад ва бояд ки банда ҷаридае дорад, хештанро ин сифот бар вай набишта, чун аз муолиҷаи яке фориғ шавад, хат бар вай кашад ва ба дигар машғул гардад ва бошад, ки ҳар касеро баъзе аз ин андешаҳо муҳимтар бувад, масалан олими бовараъ, ки аз ин ҳама бираста бошад, ғолиб он бувад, ки холӣ набошад аз он, ки ба илми хеш менозад ва ному ҷоҳ меҷӯяд ба изҳори он ва ибодат ва сурати хеш дар чашми халқ ороста медорад ва ба қабули халқ шод мебошад ва агар касе дар вай таън кунад, бо вай ҳақ дар дил мегирад ва ба мукофот машғул мешавад ва ин ҳама хабоис аст, валекин пӯшидатар ва ҳама тухми фасоди дин аст. Пас, ҳар рӯз, бояд ки дар ин фикрат мекунад, то аз ин чун гурезад ва будану нобудани халқ наздики хеш баробар кунад, то назари вай ҳама ба ҳақ бувад ва андар ин маҷол фикрати бисёр аст.
Пас, аз ин ҷумла маълум шуд, ки тафаккурро, ки банда дар сифоти хеш кунад, дар ин ду ҷинс ниҳоят нест, аммо тафсили он мумкин набувад гуфтан.
Майдони дуввум
Фикрат дар ҳаққи таъоло аст
Ва таффаккур ё дар зот ва сифоти вай бувад ё дар афъол ва маснуоти вай ва мақоми бузургтарини тафаккур дар зот ва сифоти вай аст, валекин чун халқ тоқати он надоранд ва уқул бад-он нарасад, шариат наҳй кардааст ва гуфта, ки: дар вай тафаккур макунед, «Фаиннакум лан тақдиру қадраҳум». Ва ин душворӣ на аз пӯшидагии ҷалоли Ҳақ аст, балки аз равшанӣ аст: ки бас равшан аст ва ба сирати одами заиф аст, тоқати он надорад, балки андар он мадҳуш ва мутаҳаййир шавад, ҳамчунон ки хаффош ба рӯз напарад: ки чашми вай заиф аст ва тоқати нури офтоб надорад ва ба рӯз фаро набинад, аммо ба охири рӯз, ки нури офтоб андаке монда бошад, фаро бинад ва авоми халқ дар ин дараҷаанд, аммо сиддиқон ва бузургонро тоқати назар бошад, валекин бардавом на, ки ҳам бетоқат шаванд, чун мардум, ки дар чашмаи офтоб тавонанд нигарист, лекин агар мудовимат кунанд, бими нобиноӣ бувад, ҳамчунин андар ин назар ҳам бими беақлӣ бошад, пас он чи бузургон аз ҳақоиқи сифоти Ҳақ таъоло бидонанд, ҳам рухсат нест бо халқ гуфтан, илло ҳам ба лафзе, ки ба сифоти халқ наздик бошад, чунон ки гӯӣ олим ва мурид ва мутакаллим ва ӯ аз ин чизе фаҳм кунад, ҳам ҷинси сифоти хеш ва он ташбеҳе бувад; валекин миқдор бибояд гуфт, ки сухани вай на чун сухани туст, ки ҳарфу савт бувад ва дар вай пайвастагӣ ва гусастагӣ бувад ва чун ин бигӯӣ, бошад, ки надорад ва инкор кунад; чунон ки чун бо вай гӯӣ, ки зоти вай на ҷавҳар бувад ва на арз ва на дар ҷой бувад ва на бе ҷой ва на дар ҷиҳат ва на ба олам муттасил ва на мунфасил ва на беруни олам ва на дар даруни олам, бошад, ки ин низ инкор кунад ва гӯяд ин худ мумкин нест, ба сабаби он ки бар хештан қиёс кунад ва аз ин ҳеч азамат фаҳм накунад, чи азамате, ки эшон дида бошанд, азамати султонон донанд, ки бар тахте нишинанд ва ғуломон пеши эшон биистанд, ҳамчунин дар ҳаққи вай тақдир кунанд, то бошад, ки гӯянд лобуд вайро низ дасту пой ва чашму даҳон ва забон бошад ва агар магасро ҳам чунин ақле будӣ, ки ин қавмро ҳаст, гуфтӣ: бояд ки офаридгори маро пару бол бошад, ки муҳол бошад, ки маро чизе бошад, ки он қудрат ва қуввати ман бувад ва вайро набувад, пас одамӣ низ ҳамчунин ҳама корҳо бар хештан қиёс кунад ва аз ин сабаб шаръ манъ кард аз ин фикрат ва салаф манъ кардаанд аз калом ва раво надоштанд, сареҳ ба гуфтани ин, ки дар олам нест ва беруни олам нест ва пайваста нест ва мунфасил нест, балки бад-ин карданд, ки: «Лайса камислиҳи шайъун», ки бо ҳеч чиз намонад ва ҳеч чиз бо вай намонад». Ва ин бар ҷумла гуфтанд бе тафсил ва тафсили бидъат аст ба сабаби он ки уқули бештарини халқ эҳтимол накунад ва барои ин бувад, ки ваҳй омад ба баъзе анбиё, ки: бандагони маро аз сифоти ман хабар мадеҳ, ки инкор кунанд, бо эшон он бигӯй, ки фаҳм тавонанд кард.
Пас, авлотар он бувад, ки аз ин сухан нагӯянд ва дар ин тафаккур накунанд, магар касе, ки ба камол бошад ва он гоҳӯ ба охири кор низ ба даҳшат ва ҳайрат афтад лобуд.
Пас, азамати вай бояд, ки аз аҷоиби вай талаб кунад, ки ҳар чӣ дар вуҷуд аст, ҳама нуре аст аз анвори қудрат ва азамати вай, агар касе тоқати он надорад, ки дар офтоб нигарад, тоқати он дорад, ки дар нур нигарад, ки бар замин афтодааст.
Пайдо кардани тафаккур дар аҷоиби халқи Худои таъоло Бидон, ки ҳар чӣдар вуҷуд аст, ҳама сунъи Вай аст ва ҳама аҷибу ғариб аст ва ҳеч зарра нест аз зарраҳои осмон ва замин, ки на бар забони ҳол тасбеҳ ва тақдис ҳамекунанд офаридгори худро мегӯянд: инат қудрати бар камол ва инат илме бениҳоят ва ин бисёртар аз он аст, ки тафсил пазирад, балки агар ҳамаи дарёҳо мидод шавад ва дарахтон қалам ва ҷумла офаридагон китоб шаванд ва ба умрҳои дароз менависанд, он чи гӯянд, андаке бошад аз он чи ҳаст, чунон ки гуфт: «Қул лав кона-л-баҳру мидодан ли калимоти рабби... ал-ойа», валекин бар ҷумла бидон, ки офаридаҳо бар ду қисм аст: як қисм худ моро аз он ҳеч хабар нест, дар вай тафаккур натавонем кард, чунон ки гуфт: «Субҳона-л-лази халақа-лазвоҷа куллаҳо танбуту-л-арзу ва мин анфусиҳим ва миммо ло йаъдамуна»1 ва аммо он чи моро аз он хабар аст, ду қисм аст: яке он ки ба чашм натавон дид чун аршу курсӣ ва малоика ва деву парӣ ва аҷноси ин ва тафаккур низ дар ин мухтасар бувад ва душхор, пас бар он ихтисор кунем, ки диданӣ аст ва он осмон ва офтобу моҳ ва ситорагон ва замин аст ва он чи бар вай аст, чун кӯҳу биёбон ва шаҳрҳо ва дарёҳо ва он чи дар кӯҳҳо аст, аз ҷавоҳиру маъодин ва он чи бар рӯи замин аст, аз анвоъи наботот ва он чи дар барру баҳр аст, аз анвоъи ҳайвонот, ҷуз одамӣ, то ба одамӣ расад ва вай аз ҳама аҷибтар аст; ва он чи миёни осмону замин аст, чун меғу борон ва барфу тагарг ва раъду барқ ва қавси қузаҳ ва аломоте, ки дар ҳаво падид ояд, пас ба баъзе аз ин ишорате мухтасар бикунем ва ин ҳама оёти Ҳақ таъоло аст, ки туро фармудааст, то дар он назар кунӣ ва тафаккур кунӣ, чунон ки гуфт: «Ва кааййин мин ойатин фи-с-самовоти вал-арзи йамурруна ъалайҳо ва ҳум ъанҳо муғризуна»2. Ва гуфт: «Ав лам йанзуру фи малакути-с-самовоти ва-л-арзи ва мо халақаллоҳу мин шайъин»3. Ва гуфт: «Инна фи халқи-с-самовоти ва-л-арзи ва ихтилофи-ллайли ва-н-наҳори». Ва чунин оёт бисёр аст, пас андар ин оёт тафаккур кун: ояти аввал, ки ба ту наздиктар аст, туӣ ва аз ту аҷабтар бар рӯи замин ҳеч нест ва ту аз худ ғофил ва мунодӣҳамеояд, ки: «Ба хештан фурӯ нигаред, то азамат ва ҷалол бибинанд «Ва фи анфусикум афало тубсируна», пас дар ибтидои хеш тафаккур кун, ки аз куҷоӣ, ки аввал туро аз қатрае биёфариданд ва он обро қароргоҳ аввал пушти падар ва синаи модар кард, пас он тухм офариниши ту сохт, пас шаҳватро бар нару мода муваккал кард ва аз раҳми модар замин ва аз оби пушти мард тухм сохт ва шаҳватро бар ҳар ду муваккал кард, то тухм дар замин афканад, пас аз хуни ҳайз оби он тухм сохт ва туро аз нутфа ва хуни ҳайз биёфарид, аввал пораи хун баста гардонид, ки онро алақа гӯянд, пас гӯшт гардонид, ки онро мазға гӯянд, пас ҷон дар вай дамид, пас аз он хуну об
1 Пок аст он ки офарид, анвоъи офаридагонро аз рӯиданӣ ва аз мардумон ва аз он чи, ки намедонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё