Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Бо вай гуфтанд: «Эшон муште мурдоранд, бо эшон чаро сухан мегӯӣ?»
Гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: « Бад-он Худой, ки нафси Муҳаммад ба дасти қудрати Вай аст, ки эшон ин суханро шунавотаранд аз шумо, валекин аз ҷавоб оҷизанд». Ва ҳар ки тафаҳҳус кунад аз ахбор, ки дар дар ҳаққи мурдагон омадааст ва огоҳ будани эшон аз аҳли мотаму зиёрат; ва он чи дар ин олам равад, ба қатъ донад, ки нестии эшон дар шаръ наёмадааст, балки он омадааст, ки сифат бигардад ва манзил бигардад (тағйир кунад, иваз шавад) ва гӯр, ё ғоре аст аз ғорҳои дӯзах, ё равзае аз равзаҳои биҳишт.
Пас, ба ҳақиқат бидон, ки ба марг ҳеч чиз аз зоти ту ва аз хавоси сифоти ту ботил нашавад, лекин ҳавосу ҳаракот ва тахйилоти ту, ки он ба воситаи димоғ аст ва ба васоити аъзо, ботил шавад ва ту он ҷо бимонӣ фарду муҷаррад, ҳамчунон ки аз ин ҷо бирафтаӣ. Ва бад-он ки асб бимирад, агар савор ҷавлоҳ бувад, фақеҳ нагардад ва агар нобино бувад, бино нагардад, балки пиёда гардаду бас. Ва қолаб маркаб аст – чун асб –
1 Ҳамоно ки гӯӣ – ба ҷои «ин қулта»-и арабӣ аст, ки собиқан зиёд истеъмол мешуда.
2 Яке аз ҷангҳои ҳазрати пайғамбар саллаллоҳи ъалайҳи ва олиҳи ва саллам.
ва савор туӣ.
Ва бад-ин сабаб аст, ки касоне, ки аз худ ва аз маҳсусот ғоиб шаванд ва ба худ фурӯ шаванд ва ба зикри Худои таъоло мустағрақ шаванд, чунон ки бидоятро тасаввуф аст, аҳволи охират эшонро ба завқ мушоҳида бибошад, ки он рӯҳи ҳайвонии эшон агарчи аз эътидоли мизоҷ барнагардида бошад, лекин тосида шуда бошад ва чун хадаре1 дар вай падид омада бошад, то аз ҳақиқати зот эшонро ба худ ҳеч машғул надорад, пас, ҳоли эшон ба ҳоли мурда наздик бошад. Пас, он чи дигаронро ба марг макшуф хоҳад шуд, эшонро ин ҷо макшуф шавад. Он гаҳ чун бо хештан оянд ва бо олами маҳсусот афтанд, бештар он бошад, ки аз он чизе бар ёди вай бинамонда бошад, валекин асаре аз он бо вай бимонда бошад.
Агар ҳақиқати биҳишт бо вай намуда бошанд, равҳу (осоиш, шодӣ) роҳат ва нишоту шодии он бо вай бошад; ва агар дӯзах бар вай арз карда бошанд, кӯфтагиву хастагии он бо вай бошад ва агар чизе аз он дар зикри (ёд, хотир) вай бимонда бошад, аз он хабар боз диҳад; ва агар хизонаи хаёл он чизро муҳокоте (тақлид) карда бошад, бар мисоле бошад, ки он мисол беҳтар дар ҳифз бимонда бошад ва он хабар боз диҳад. Чунон ки расул алайҳиссалом дар намоз даст фарохту гуфт: «Хӯшае аз ангури биҳишт бар ман арза карданд, хостам, ки бад-ин ҷаҳон оварам»; ва гумон мабар, ки ҳақиқате, ки хӯшаи ангур муҳокоти он карда бошад, бад-ин ҷаҳон тавон овардан; балки ин худ муҳол бошад ва агар мумкин будӣ, биёвардӣ, валекин вайро кашф афтода буд ба мушоҳида. Ва ҳақиқати истиҳолати (муҳол будани) ин шинохтан дароз аст ва туро талаб кардани ин ҳоҷат нест.
Ва тафовути мақомоти уламо чунин бувад, ки якеро ҳамагӣ он гирад, то бидонад, ки он хӯшаи ангур аз биҳишт чӣ буд ва чаро буд, ки вай бидид ва дигарон надиданд. Ва дигаронро насиб аз ин воқеа, беш аз он набуд, ки вай даст биҷунбонид:2 «Ал-фиълу-л-қалилу ло йубтилу-с-салота»
– «кирдори андак ботил накунад намозро». Ва андар тафсили ин назар дароз кунад ва пиндорад, ки илми аввалину охирини худ ин аст. Ва ҳар ки ин бидонист ва бад-он қаноат накард ва бад-он дигар машғул шуд, вай худ муаттал аст ва аз илми шариат муъриз (дурикунанда). Ва мақсуд он аст, ки гумон мабарӣ, ки расул алайҳиссалом аз биҳишт хабар боздод, ба тақлиду ба самоъ аз Ҷабраил, чунон ки ту маънии самоъ донӣ аз Ҷабраил, ки он маънӣ низ ҳамчун дигар корҳо шинохтаӣ! Лекин расул
1 Сустиву беҳаракатӣ ва бехудӣ; хоб рафтани дасту по.
2 Мақсуд ин аст, ки дигарон аз ин амали ҳазрати пайғамбар натиҷа гирифтанд, ки ҳаракат додани даст намозро ботил нахоҳад кард.
алайҳиссалом, биҳиштро бидид ва биҳиштро ба ҳақиқат дар ин олам натавон дид, балки вай бад-он олам шуд ва аз ин олам ғоиб шуд ва ин як навъ аз меъроҷи вай бувад. Лекин ғоиб шудан бар ду ваҷҳ аст: яке ба мурдани рӯҳи ҳайвонӣ ва дигар ба тосидани рӯҳи ҳайвонӣ. Аммо дар ин олам биҳиштро натавон дид. Чунон ки ҳафт осмону ҳафт замин дар пӯсти пистае нагунҷад, заррае аз биҳишт дар ин ҷаҳон нагунҷад, бал чунон ки ҳоссаи самъ маъзул аст аз он ки сурати осмону замин дар вай падид ояд, чунон ки дар чашм, ҳама ҳавоси инҷаҳонӣ аз ҳама лаззоти биҳишт маъзул аст ва ҳавоси онҷаҳонӣ худ дигар аст.
ФАСЛИ (ҲАФТУМ)
[Маънии азоби қабр] Акнун вақти он аст, ки маънии «азобу-л-қабр» бишиносӣ ва бидонӣ, ки азобу-л-қабр ҳам ду қисм аст: рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ. Аммо ҷисмонӣҳама касе бишиносад ва рӯҳонӣ нашиносанд, илло касе, ки худро бишинохта бошад ва ҳақиқати рӯҳ вай бидониста, ки вай қоим аст ба зоти хеш ва аз қолаб мустағнӣ аст дар қавоми хеш ва пас аз марг вай боқӣ аст, ки марг вайро нест нагардонад, чашму даст ва пою гӯш ва ҷумлаи ҳавос аз вай марг бозситонад. Ва чун ҳавос аз вай бозситад, зану фарзанд ва молу зиёъ (мулк, дороӣ) ва сарой ва бандаву сутур ва хешу пайванд, балки осмону замин ва ҳар чи онро ба ҳавос метавон ёфт, аз вай бозситад. Агар ин чизҳо маъшуқ буд ва ҳамагии хеш бад-он дода буд, дар азоби фироқ бимонад, ба зарурат; ва агар аз ҳама фориғ буд ва ин ҷо ҳеч маъшуқ надошт, балки орзуманди марг буд, ба роҳат афтод; ва агар дӯстии Худои таъоло ёфта буд ва унс ба зикри Вай ҳосил карда ва ҳамагии хеш бад-Ӯ дода буд ва асбоби дунё он бар вай мунағғас (мукаддар, зоеъ) ва шӯлида (парешон) медошт, чун бимурд, ба маъшуқ расид ва музоҳиму мушаввиш (асбоби ташвишу парешонӣ) аз миён бархост ва ба саодат расид.
Акнун андеша кун, то мумкин шавад, ки касе худро бидонад ва бишиносад, ки вай боқӣ хоҳад буд, ки ҳама мурод ва маъшуқи вай дар дунёст ва он гоҳ дар шак бошад, ки чун аз дунё бишуд, дар ранҷу азоб хоҳад буд
– дар фироқи маҳбуботи хеш – чунон ки расул алайҳиссалом гуфт:
«Аҳбиб мо аҳбабта фа иннака муфориқуҳу»1. Ва ё чун бидонад, ки маҳбуби вай ҳама Ҳақ таъоло аст ва дунёро ва ҳар чи дар вай аст, душман дорад, илло он миқдор, ки зоди вай аст, дар шак тавонад буд, ки чун аз
1 Ҳар чиро мехоҳӣ, дӯст бидор, ҳароина бояд аз он дурӣ гузинӣ.
дунё биравад, аз ранҷ бираҳад ва ба роҳат афтад. Пас, ҳар ки ин шиносад, вайро дар азобу-л-қабр ҳеч шак намонад, ки ҳаст ва муттақиёнро нест, балки дунёдоронрост ва касоне, ки ҳамагии хеш ба дунё додаанд ва бадин маънӣ ин хабар маълум шавад, ки: «Ад-дунйо сиҷну–л-муъмини ва ҷаннату-л-кофири»1
.
ФАСЛИ (ҲАШТУМ)
[Ҳақиқат ва дараҷоти азоби қабр] Чунон ки асли азобу-л-қабр бишинохтӣ, ки сабаби вай дӯстии дунёст, бидон, ки ин азоб мутафовит аст: баъзеро беш бувад ва баъзеро кам бувад, бар қадри он, ки шаҳвати дунё бошад. Пас, азоби он, ки дар ҳама дунё бештар аз як чиз надорад, ки дил дар он бастааст, на чунон бошад, ки азоби касе, ки зиёъу асбоб ва бандаву сутур ва ҷоҳу ҳишмату ҳама неъматҳои дунё дорад ва дил дар ҳама баста бошад. Балки агар дар ин ҷаҳон касеро хабар оваранд, ки асбе аз они вай бурданд, азобу ранҷ бар дили вай камтар аз он бошад, ки гӯянд: даҳ асб бурданд; ва агар ҳама моли вай биситонӣ, ранҷ бештар аз он бувад, ки як ним ва камтар аз он бувад, ки бо мол ба ҳам зану фарзандро ба ғорат баранд ва аз вилоят маъзул кунанд ва вайро танҳо бигузоранд. Ва марг он аст, ки молу зану фарзанду ҳар чи дар дунёст, ҳамаро ғорат кунад ва вайро танҳо бигузорад; ва маънии марг ин бувад.
Пас уқубат ва роҳати ҳар касе бар қадри гусастагӣ ва бастагии вай ба дунё бувад. Ва он ки асбоби дунё вайро аз ҳама ҷиҳате мусоидат кунад ва ҳамагии худ ба вай диҳад, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Золика би аннаҳуму-стаҳаббу-л-ҳайота-д-дунйо ъала-л-охирати»2, азоби вай сахт азим бувад ва иборат аз он чунин омад, ки расул алайҳиссалом гуфт:
«Донӣ, ки дар чӣ маънӣ фуруд омад ин оят: «Фа инна лаҳу маъишатан занкан»3. Гуфтанд, ки «Худой азза ва ҷалла ва расул алайҳиссалом беҳтар донад». Гуфт: «Азоби кофир дар гӯр аст, ки наваду нӯҳ аждарҳо ба вай мусаллат кунанд. Донӣ, ки аждарҳо чӣ бувад? Наваду нӯҳ мор бувад, ҳар мореро нӯҳ сар! Ва вайро мегазанд ва мелесанд ва дар вай медаманд, то он рӯз, ки вайро ҳашр кунанд». Ва аҳли басират ин аждарҳоро ба чашми
1 Дунё зиндони мӯъмин аст ва фирдавси кофир.
2 Ин бар он аст, ки эшон ин ҷаҳон баргузиданд бар он ҷаҳон.
3 Пас барои ӯст рӯзии тангӣ. Ҳамон тавр ки дар ин ҷо низ мушоҳида мешавад, мақсуд аз «маишати занк»-ро азоби қабр донистаанд.
басират бидидаанд ва аҳмақони бебасират гӯянд, ки мо дар гӯри вай нигоҳ кардем, аз ин ҳеч намебинем ва агар будӣ – чашми мо дуруст аст – мо низ бидидеме. Ин аҳмақ бояд ки бидонад, ки ин аждарҳо дар зоти рӯҳи мурда аст ва аз ботини ҷони вай берун нест, то дигаре бибинад, балки ин аждарҳо дар даруни вай буд – пеш аз марг – ва вай ғофил буд аз он ва намедонист. Ва бояд бидонад, ки ин аждарҳо мураккаб аст аз нафси сифоти вай ва адади сарҳои вай ба қадри адади он шохҳои ахлоқи мазмуми вай аст ва асли тинати он аждарҳо аз ҳубби дунёст; ва он гоҳ сарҳо аз вай муншаиб мешавад ба адади он ахлоқи бад, ки аз дӯстии дунё муншаиб шавад, чун: ҳиқду ҳасад ва кибру шараҳ ва макру хидоъ ва адовату дӯстии ҷоҳу ҳишмат ва ғайри он. Ва асли он аждарҳо ва бисёрии сарҳои вай ба нури басират метавон шинохт; аммо миқдори адади он ба нури нубувват тавон шинохт, ки бар қадри адади ахлоқи мазмум муҳит аст ва моро адади ахлоқ маълум нест. Пас, ин аждарҳо, андар миёни ҷони кофир мутамаккин аст ва пӯшида, на ба сабаби он ки ҷоҳил аст ба Худой ва ба расулу бас, бал ба сабаби он ки ҳамагии хеш ба дунё додааст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Золика би аннаҳуму-стаҳаббу-л-ҳайота-ддунйо ъала-л-охирати» ва гуфт: «Азҳабтум таййиботикум фӣҳайотикуму-д-дунйо ва-стамтаътум биҳо»1
.
Ва агар чунон будӣ, ки ин аждарҳо беруни вай будӣ, чунон ки мардумон пиндоранд, осонтар будӣ, зеро ки будӣ, ки як соат даст аз вай бидоштӣ, лекин чун мутамаккин аст дар миёни ҷони вай, ки он худ аз айни сифоти вай аст, аз вай чӣ гуна бигурезад?
Ва чунон ки касе канизаке бифурӯшад ва он гоҳ ошиқ ояд, он аждарҳо, ки дар миён ҷони вай ҳамегазад, ҳам ишқи вай аст, ки дар дили вай пӯшида буд ва намедонист, то кунун, ки фаро захм афтод. Ҳамчунин ин наваду нӯҳ аждарҳо дар даруни вай буд, пеш аз марг ва вайро хабар набуд, то акнун, ки захми вай падид омад. Ва чунон ки айни ишқ сабаби роҳати вай буд, то бо маъшуқ ба ҳам буд, ҳамон сабаби ранҷ гашт ба вақти фироқ, ки агар ишқ набудӣ, дар фироқ ранҷ набудӣ. Ҳамчунин ҳубби дунё ва ишқи вай, ки сабаби роҳат аст, ҳамон сабаби азоб шавад:
ишқи ҷоҳ дили вайро мегазад чун аждарҳое ва ишқи мол чун море ва ишқи сарою хона чун каждуме; ва ҳам бар ин қиёс медон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё