Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

(Пайдо кардани илоҷи муҳаббат)
Бидон, ки чун муҳаббат бузургтарин мақомот аст, илоҷи вай шинохтан муҳим аст ва ҳар кӣ хоҳад, ки бар некӯӣ ошиқ шавад, тадбири ӯ он бувад, ки рӯй аз ҳар чӣҷуз вай аст, бигардонад, пас бардавом дар вай назора мекунад, чун рӯи вай мебинад ва дасту пой ва мӯи вай пӯшида бувад ва он низ некӯ бувад, ҷаҳди он кунад, то он низ бибинад, то ҳар ҷамол, ки мебинад, майле зиёдат меафтад, чун бад-ин мувозибат кунад, дар вай майле падид ояд, андак ё бисёр, пас муҳаббати Худои таъоло низ ҳамчунин аст:
Шарти аввал он аст, ки рӯй аз дунё бигардонад ва дил аз дӯстии он пок кунад: ки дӯстии ҷуз ҳақ аз дӯстии вай монеъ бувад ва ин чун пок кардани замин бувад аз хору гиёҳ. Он гоҳ талаби маърифати вай кунад, ки ҳар кӣ вайро дӯст надорад, аз он бувад, ки вайро нашиносад, агарчи камолу ҷамол ба табъ маҳбуб аст, то касе, ки Сиддиқ ва Форуқро бишиносад, натавонад, ки эшонро дӯст надорад, ки муҳомид ва муноқиби эшон ба табъ маҳбуб аст ва маърифат ҳосил кардан, чун тухм дар замин ниҳодан аст, он гоҳ бардавом ба зикру фикр дар вай машғул бувад ва ин чун об додан бошад, ки ҳар кӣ ёди касе бисёр кунад, лобуд вайро бо вай унсе пайдо ояд.
Ва бидон, ки ҳеч мӯъмин аз асли муҳаббат холӣ нест, валекин тафовут аз ин се сабаб аст: яке он ки дар дӯстӣ ва машғулии дунё мутафовитанд ва дӯстии ҳар чӣ бувад, дар дӯстии дигаре нуқсон оварад ва дигар он ки дар маърифат мутафовитанд, ки оммӣ Шофеъиро дӯст дорад, бад-он ки бар ҷумла донад, ки вай олиме бузург аст, валекин фақеҳ, ки аз тафсили улуми вай баъзе хабар дорад, вайро дӯсттар дорад, ки вайро беҳтар шиносад ва дигар он ки дар зикру ибодат, ки унс бад-он ҳосил ояд, мутафовит бошанд: пас тафовути муҳаббат аз ин се сабаб хезад. Аммо он ки дӯст надорад, асло он аст, ки вайро надонад асло, ки чунон ки некӯии сурати зоҳир, ба табъ маҳбуб аст, некӯии сурати ботин, ҳамчунин аст.
Пас, муҳаббат самарати маърифат аст ва камоли маърифат ҳосил кардан ба ду тариқ бувад: яке ба тариқи суфиён ва он муҷоҳида бошад ва ботин софӣ доштан ба зикри давом, то худро ва ҳар чӣҷуз ҳақ аст, фаромӯш кунад, он гоҳ дар ботини вай корҳо падид омадан гирад, ки бад-он азамати Ҳақ таъоло равшан шавад ва чун мушоҳидате гардад ва масали вай чун фурӯ кардани дом бошад, ки то бувад, ки сайде дарафтад ва бувад, ки дарнаяфтад ва бошад, ки муше дарафтад ва бошад, ки бозе ва тафовут дар ин азим аст ва бар ҳасби давлату рӯзӣ бувад. Ва тариқи дигари омӯхтани илм маърифат аст, на илми калом ва илмҳои дигар ва аввал ин тафаккур бувад, аҷоиби сунъ, чунон ки дар китоби «Тафаккур»
ишорат кардем, баъд аз он тараққӣ кунад ва тафаккур дар ҷамолу ҷалоли зоти вай то ҳақоиқи асмо ва сифот вайро макшуф гардад ва ин илме дароз аст, валекин зиракро бад-ин расидан мумкин аст, чун устоде ориф ёбад, аммо балид1 бад-ин нарасад. Ва ин на чун дом фурӯ кардан аст, ки бошад ки сайд дарафтад ва бошад, ки наафтад, балки ин чун тиҷорату ҳиросат аст ва касб ва чунон аст, ки касе гӯспанде ба даст орад, нарру мода ва дар таносул афканад, аз ин лобуд мол зиёдат шавад, магар ба соиқа ҳалок шавад. Ва ҳаргиз маърифат талаб кунад, ҷуз аз тариқи муҳаббат талаби муҳол мекунад ва ҳар кӣ маърифат ҷуз аз ин ду тариқ талаб кунад, наёбад ва ҳар кӣ пиндорад, ки бе муҳаббати Ҳақ таъоло ба саодати охират расад, ғалат пиндорад, ки охират беш аз он нест, ки ба Худой растӣ ва ҳар кӣ ба чизе расад, агар онро аз пеш дӯст дошта бошад, валекин ба сабаби авоиқ аз он маҳҷуб бувад ва рӯзгор дар шавқи он гузошта бошад, чун бадон расид ва авоиқ бархезад, дар лаззате азим афтад ва саодат ин бувад ва агар дӯст надошта бошад, ҳеч лаззат наёбад ва агар андак дӯст дошта бошад, андак лаззате ёбад. Пас, саодат бар қадри ишқу муҳаббат бошад ва агар валийозу биллоҳ даруни хеш чунин бикарда бошад, ки ба чизе, ки он аст, зид ошно шуда ва улфу муносибат гирифта, он чи дар охират пайдо ояд, зидди вай бошад ва он ҳалоки вай бувад ва дар ранҷу алам афтад ва он чи дигарон бад-он саид шаванд, вай ба айни он шақӣ шавад ва масали вай чун он канносе бувад, ки ба бозори атторон фурӯшад, аз он ва баҳои хеш бияфтод ва аз ҳуш бишуд, омаданд ва гулобу мушк бар вай мерехтанд ва вай батар мешуд, то яке, ки вақте канносӣ карда буд, он ҷо расид, бидонист боре наҷосати одамӣ дар бинии вай молид, бо ҳуш омаду гуфт: «Ин аст хушбӯӣ!» Пас, ҳар кӣ бо лаззати дунё унс гирифт, то он маъшуқи вай гашт, ҳамчунони он каннос аст ва чунон ки дар бозори атторон, аз он наёбад, балки ҳар чӣ он ҷо бувад, зидди табъи вай бувад ва ранҷи вай аз он зиёдат шавад ва он наҷосат, ки бо он улф гирифта бувад, он ҷо наёбад, дар охират низ аз он шаҳавоти дунё ҳеч наёбад ва он чи он ҷо бошад, ҳама зидди табъ бошад. Пас, сабаби ранҷ ва шақовати вай бувад.
Пас, охират олами арвоҳ аст ва олами ҷамоли ҳазрати Илоҳият аст, ки он ҷо пайдо шавад ва саъид касе аст, ки ин ҷо табъи худро бо он муносибат дода бошад, то он мувофиқи вай бувад ва ҳама риёзатҳову ибодатҳо ва маърифатҳо барои ин муносибат аст, «Қад афлаҳа ман
1 Кундзеҳн — нофаҳм.
закаййаҳо»1 ин бувад ва ҳама маъсиятҳову шаҳватҳо ва дӯстиҳои дунё, зидди ин муносибат аст, «Ва қад хоба ман дассойаҳо»2 ин бувад. Ва аҳли басират дар мушоҳидаи ин маъонӣ аз ҳадди тақлид даргузаштаанд ва ин аз сидқи пайғомбар бишинохтаанд, балки сидқ бе мӯъҷиза ба зарурат бад-ин шинохтаанд, чунон ки касе, ки тиб донад, чун сухани табиб бишунавад, ба зарурат бидонад, ки табиб аст ва чун сухани ҳакиме бозорнишин бишунавад, бидонад, ки ҷоҳил аст, пас набиро аз мутанаббии3 дурӯғзан ба зарурат бад-ин тариқ бишиносад. Ва он гоҳ, он чи ба басирати худ битавонад донист, бештар он аст, ки аз набӣ шиносад ва ин илми зарурӣ аст на чунон илм, ки аз он ҳосил ояд, ки асосаъбон4 шавад: ки он илм дар хатари он бувад, ки бад-он, ки гусола бонг кунад, ботил шавад, ки ҷудо кардани мӯъҷиза аз сеҳр бад-ин осонӣ набувад.
(Аломоти муҳаббат)
Бидон, ки муҳаббат гавҳаре азиз аст ва даъвои муҳаббат осон аст, пас набояд ки одамӣ гумон барад, ки аз ҷумлаи муҳиббон аст, валекин муҳаббатро нишон ва бурҳон аст, бояд ки аз худ талаб кунад ва он ҳафт аст:
Аввал — он ки маргро кореҳ набошад ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар кӣ дидори Худой дӯст дорад, маргро кореҳ набошад». Буятӣ якеро аз зоҳидон гуфт: «Маргро дӯст дорӣ?» Таваққуф кард, гуфт: «Агар содиқ будӣ, дӯст доштӣ»; аммо раво бувад, ки муҳаббат бувад ва кореҳ бувад таъҷили маргро, на асли маргро: ки зоди он ҳанӯз насохта бошад, то сохта кунад ва нишон он бувад, ки дар сохтани зод беқарор бувад.
Аломати дуввум — он бувад, ки маҳбуби Ҳақ таъоло бар маҳбуби хеш исор кунад ва ҳар чӣ донад, ки сабаби қурбати вай аст, наздики маҳбуб фурӯ нагузорад ва ҳар чӣ сабаби бӯъди вай аст, аз он дур шавад ва ин касе бувад, ки Худои таъоло ба ҳамаи дил дӯст дорад, чунон ки расул салавотуллоҳу алайҳи — гуфт: «Ҳар кӣ хоҳад, ки касеро бинад, ки Худойро ба ҳамаи дил дӯст дорад, гӯ: дар Солим нигар Мавлои Ҳазифа»; пас агар касе маъсияте кунад, далел накунад бар он ки муҳиб нест, бал бар он ки дӯстии вай ба ҳамаи дил нест ва далел бар ин он, ки Наимонро чанд бор ҳад бизаданд ба сабаби шароб хӯрдан, яке вайро лаънат кард;
1 ҳар кӣ нафси худро пок кард, растагор шуд.
2 Ва ҳар кӣ нафсро паст кард, зиён бурд.
3 Пайғамбари дурӯғин.
4 Аждарҳо.
расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Лаънат макун, ки вай Худойро ва расулро дӯст дорад». Ва Фузайл гуфт, ки: агар туро гӯянд, Худои таъолоро дӯст дорӣ, хомӯш бош, ки агар гӯи на, кофир шавӣ ва агар гӯи дорам, феъли ту бо афъоли дӯстон намонад.
Аломати сеюм — он ки ҳамеша Худои таъоло бар дили вай тоза бувад ва дар он мавлаъ бувад, бе такаллуф, ки ҳар кӣ чизе дӯст дорад, зикри он бисёр кунад ва агар дӯстӣ тамом бувад, худ ҳеч фаромӯш накунад; пас агар дил ба такаллуф зикр мебояд дошт, бими он аст, ки маҳбуби вай он аст, ки зикри ӯ бар дили вай ғолиб аст, пас бошад, ки дӯстии Худои таъоло ғолиб нест, лекин дӯстии вай ғолиб аст, ки вай мехоҳад, ки дӯст дорад ва дӯстӣ дигар аст ва дӯстии дӯстӣ дигар.
Аломати чаҳорум — он ки Қуръонро, ки каломи вай1 аст ва расул вайро ва ҳар чӣ ба вай мансуб аст, дӯст дорад ва чун дӯстӣқавӣ шуд, ҳама халқро дӯст дорад, ки ҳама бандагони вайанд, балки ҳама мавҷудотро дӯст дорад, ки ҳама офаридаи вай аст: чунон ки ҳар кӣ касеро дӯст дорад, тасниф ва хати вай дӯст дорад.
Аломати панҷум — он ки бар хилват ва муноҷот ҳарис бошад ва орзуманд бошад, ки шаб дарояд, то заҳмати авоиқ бархезад ва вай ба хилват бо дӯст муноҷот кунад, чун хобу ҳадис аз хилват ба шабу рӯз дӯсттар дорад, дӯстии вай заиф бувад. Ваҳй омад ба Довуд алайҳиссалом ки: «Ё Довуд, бо ҳеч касе аз халқи Худой унс магир, ки аз ман мунқатеъ шавӣ, ба тахсис бо ду кас: яке он ки таъҷил кунад дар талаби савоб ва чун дер ба вай расад, коҳил шавад ва дигар он ки маро фаромӯш кунад ва ба ҳоли хеш қаноат намояд ва нишон он бувад, ки вайро бо худ гузорам ва дар дунёш ҳайрон медорам»; пас чун дӯстӣ тамом бувад, ба ҳеч чизи дигар унс намонад. Ва дар бани Исроил обиде ба шаб намози хеш ба зери дарахте бурдӣ, ки мурғе хушовоз он ҷо бонг мекард, ваҳй омад ба расули он рӯзгор, ки вайро бигӯй, ки ба махлуқе унс гирифтӣ, дараҷае аз ту бияфтод, ки ба ҳеч амал бад-он нарасӣ. Ва гурӯҳе дар унс ба вай дар муноҷот бад-он дараҷа расидаанд, ки оташ дар дигар ҷониби сарой афтодааст, хабар надоштаанд. Ва якеро ба сабаби иллате дар намоз пой аз вай бибуридаанд, огоҳ нашудааст. Ваҳй омад ба Довуд алайҳиссалом ки:
«Дурӯғ гуфт касе, ки даъвои дӯстии ман кард ва ҳама шаб бихуфт, на дӯст дидори дӯст хоҳад? Ва ҳар кӣ маро ҷӯяд, ман бо ваям». Ва Мӯсо гуфт: «Ё раб, куҷоӣ, то туро талаб кунам?» Гуфт: «Қасди талаб кардӣ, ёфтӣ».
Аломати шашум — он ки ибодат бар вай осон шавад ва сақали он аз вай бияфтад. Ва яке мегӯяд: бист сол хештан ба ҷон кандан фаро ибодат
1 Мақсуд аз вай зикр аст на худо.
доштам, он гоҳ бист сол бад-он танаъъум кардам. Ва чун дӯстӣқавӣ шуд, ҳеч лаззат дар ибодат нарасад, душхор чӣ гуна бошад?
Аломати ҳафтум — он ки ҳама бандагони мутеъ вайро дӯст дорад ва бар ҳама раҳиму мушфиқ бувад ва ҳамеша осиёнро ва кофиронро душман дорад, чунон ки гуфт: «Ашиддоъу ъала-л-куффори руҳамоъу байнаҳум». Ва яке аз пайғомбарон пурсид, ки: Бор Худоё, авлиё ва дӯстони ту киянд? Гуфт: «Онҳо, ки чунон ки кӯдак бар модар шефта бошад, ба ман шефта бошанд ва чунон ки мурғ паноҳ бо ошён диҳад, эшон бо зикри ман диҳанд ва чунон ки паланг хашмгин шавад, ки ба ҳеч чиз бок надорад, эшон хашмгин шаванд, ки касе маъсияте кунад».

пешина
аз 176
навбатӣ