Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва ҳар чи дар олам аст, зери Арш аст. Ва Арш зери қудрати Вай мусаххар аст ва Вай фавқи Арш аст, на чунон ки ҷисме фавқи ҷисме бошад, ки Вай ҷисм нест. Ва Арш ҳомил ва бардорандаи Вай нест, балки Аршу ҳамалаи Арш ҳама бардошта ва маҳмули лутф ва қудрати Вайанд. Ва имрӯз ҳам бад-он сифат аст, ки дар азал буд – пеш аз он ки Аршро биёфарид – ва то абад ҳамчунон хоҳад буд, ки тағайюр ва гардишро ба Вай ва сифоти Вай роҳ нест, ки агар градиш ба сифати нуқсонӣ бувад, Худойро нашояд ва агар ба сифати камолӣ бошад, аз пеш ноқис буда бошад ва ҳоҷатманди ин камол буда бошад ва мӯҳтоҷи офарида бувад ва худоиро нашояд. Ва боз он ки аз ҳама сифоти офаридагон муназзаҳ аст, дар ин ҷаҳон донистанӣ аст ва дар он ҷаҳон диданӣ аст ва чунон ки дар ин ҷаҳон бечуну бечигуна донанд Вайро, дар он ҷаҳон низ бечуну бечигуна бинанд Вайро, ки он дидор аз ҷинси дидори инҷаҳонӣ нест.
Қудрат. Ва боз он ки монанди ҳеч чиз нест, бар ҳама чизҳо қодир аст.
Ва тавоноии Вай бар камол аст, ки ҳеч аҷзу нуқсон ва заъфро ба Вай роҳ нест, балки ҳар чи хост, кард ва ҳар чи хоҳад кунад. Ва ҳафт осмону ҳафт замин ва Аршу Курсӣ ва ҳар чи ҳаст, ҳама дар қабзаи қудрати Вай мақҳур ва мусаххар аст ва ба дасти ҳеч кас – ҷуз Вай – ҳеч чиз нест. Ва Вайро дар офариниш ҳеч ёру анбоз нест.
Илм. Ва Вай доност ба ҳар чи донистанӣ аст ва илми Вай ба ҳама чизҳо муҳит аст. Ва аз ало (баландӣ) то саро (хок) ҳеч чиз бе дониши Вай наравад, чи ҳама аз Вай равад ва аз қудрати Вай падид ояд, балки адади реги биёбон ва барги дарахтон ва андешаи дилҳо ва зарраҳои ҳаво дар илми Вай чунон макшуф аст, ки адади осмонҳо.
Иродат. Ва ҳар чи дар олам аст, ҳама ба хосту иродати Вай аст. Ҳеч чиз аз андаку бисёр ва хурду бузург ва хайру шар ва тоату маъсият ва куфру имон ва суду зиён ва зиёдату нуқсон ва ранҷу роҳат ва бемориву тандурустӣ наравад, илло ба тақдиру машиати Вай ва ба қазову ҳукми Вай. Агар ҳама олам гирд оянд – аз ҷинну инс ва шаётину малоик, то як зарра аз олам биҷунбонанд, ё бар ҷой бидоранд, ё беш кунанд, ё кам кунанд, бе хости Вай ҳама оҷиз бошанд ва натавонанд, балки ҷуз он ки Вай хоҳад, дар вуҷуд наёяд. Ва ҳар чи Вай хост, бибошад, ҳеч чизу ҳеч кас дафъи он натавонанд. Ҳар чи ҳасту ҳар чи буду ҳар чи бошад, ҳама ба тадбиру тақдири Вай аст.
Самъ ва басар. Ва чунон ки доност ба ҳар чи донистанӣ аст, бино ва шунавост ба ҳар чи диданӣ ва шуниданӣ аст. Ва дуру наздик дар шунавоии Вай баробар бувад ва торику равшан дар биноии Вай баробар бувад. Ва овози пои мӯрчае, ки дар торикии шаб биравад, аз шунавоии Вай берун набувад; ва рангу сурати кирме, ки дар таҳтуссаро (зери хок) бувад, аз дидори Вай берун набувад. Ва дидори Вай ба чашм набувад ва шунавоии Вай ба гӯш набувад, чунон ки дониши Вай ба тадбиру андеша набувад ва офаирдани Вай ба олат набувад.
Калом. Ва фармони Вай бар ҳама халқ воҷиб аст. Ва хабари Вай аз ҳар чи хабар дод, рост аст ва ваъдаву ваиди Вай ҳақ аст. Ва фармону хабар ва ваъдаву ваид ҳама сухани Вай аст. Ва Вай чунон ки зиндаву доно ва тавонову бино ва шунавост, гӯёст. Ва бо Мӯсо алайҳиссалом сухан гуфт – бевосита. Ва сухани Вай ба кому забону лабу даҳон нест. Ва чунон ки сухан, ки дар дили одамӣ бувад, ҳарфу савт нест, яъне овоза нест, сухани Ҳақ таъоло поктару муназзаҳтар аст аз ин сифат; ва Қуръону Таврот ва Инҷилу Забур ва ҳама кутуби пайғамбарон сухани Вай аст. Ва сухани Вай сифати Вай аст. Ва ҳама сифоти Вай қадим аст ва ҳамеша будааст.
Ва чунон ки зоти Эзад субҳонаҳу ва таъоло дар дили мо маълум аст ва ба забон мазкур аст ва илми мо офарида ва маълуми қадим ва зикри мо офарида ва мазкури қадим, зоти сухан ҳамчунин қадим аст ва дар дили мо маҳфуз аст ва ба забони мо – мақрӯ ва дар Мусҳаф (Қуръон) мактуб; маҳфуз – номахлуқ ва ҳифз – махлуқ ва мақрӯ – номахлуқ ва қироат – махлуқ ва мактуб – номахлуқ ва китобат – махлуқ.
Афъол. Ва ҳар чи дар олам аст, офаридаи Вай аст. Ва ҳар чи офарид, чунон офарид, ки аз он беҳтару некӯтар набошад. Ва агар ақли ҳамаи уқало дар ҳам зананд ва андеша кунанд, то ин мамлакатро сурате дигари некӯтар бияндешанд ё беҳтар аз ин тадбире кунанд ё чизе нуқсон кунанд ё зиёдат кунанд, натавонанд. Ва он чи андешанд, ки беҳтар аз ин мебояд, хато кунанд ва аз сирри ҳикмату маслиҳати он ғофил бошанд, балки масали эшон чун нобиное бувад, ки дар сарое бошад ва ҳар қумоше1 бар ҷои хеш бошад ва Вай набинад; чун бар он ҷо меафтад, мегӯяд, ки: «Ин чаро бар роҳ ниҳодаанд» ва он худ бар роҳ набошад, валекин Вай худ роҳ набинад.
Пас, ҳар чи офарид, ба адлу ҳикмат офарид ва чунон офарид, ки мебоист. Ва агар ба камолтар аз ин мумкин будӣ ва наёфаридӣ, аз аҷз будӣ ё аз бухл ва ин ҳар ду бар Вай муҳол аст. Пас, ҳар чи офарид аз ранҷу беморӣ ва дарвешӣ ва ҷаҳлу аҷз, ҳама ба адл аст. Ва зулм худ аз Вай мумкин нест, ки зулм он бошад, ки дар мамлакати касе дигар тасарруф кунанд ва аз Вай тасарруф кардан дар мамлакати дигаре мумкин набувад, ки бо Вай молики дигар муҳол бошад, чи ҳар чи буду ҳасту тавонад буд, ҳама мамлуканд ва молик Вай асту бас – беанбозу беҳамто.
Охират. Ва олам, ки офарид, аз ду ҷинс офарид: олами аҷсод ва олами арвоҳ. Ва аз олами аҷсом манзилгоҳи рӯҳи одамиён сохт, то зоди охират аз ин олам баргиранд. Ва ҳар касеро муддате тақдир кард, ки дар ин олам бошад ва охират муддати аҷали Вай бошад, ки зиёдат ва нуқсонро ба Вай роҳ набошад: чун аҷал дарояд, ҷонро аз тан ҷудо кунад. Ва дар қиёмат, ки рӯзи ҳисоб ва мукофот аст, ҷонро ба колбад диҳад ва ҳамаро барангезад.
Ва ҳар касе кирдорҳои хеш бинад, дар номае бинавишта, ки ҳар чи карда бошад, ҳамаро бо ёди Вай диҳад. Ва миқдори маъсияту тоати Вай Вайро маълум гардонанд ба тарозуе, ки шоистаи он кор бошад; ва он тарозу бо тарозуи инҷаҳонӣ намонад.
Сирот. Ва он гоҳҳамаро бар сирот гузар фармоянд. Ва сирот бориктар
1 Қумош – чизҳои хурду реза, асбоби хона.
аз мӯй ва тезтар аз шамшер бувад. Ҳар ки дар ин олам бар сироти мустақим (роҳи рост) рост истода бошад, ба осонӣ бар он сирот бигузарад.
Ва ҳар ки роҳи рост надошта бошад, бар сирот роҳ наёбад ва ба дӯзах афтад.
Ва бар сари сирот ҳамаро бидоранд ва бипурсанд аз ҳар чи карда бошанд ва ҳақиқати сидқ аз содиқ талаб кунанд ва мунофиқон ва муроиёнро (риёкоронро) ташвир диҳанд ва фазиҳат кунанд.
Ва гурӯҳеро беҳисоб ба биҳишт фиристанд ва гурӯҳеро ҳисоб кунанд ба осонӣ ва гурӯҳеро ба душворӣ. Ва ба охир ҷумлаи куфорро ба дӯзах фиристанд, ки ҳаргиз халосӣ наёбанд ва мутеъони мусалмононро ба биҳишт фиристанд ва осиёнро ба дӯзах фиристанд. Ҳар ки шафоати анбиё ва бузургони дин вайро дарёбад, афв кунанд ва ҳар киро шафоат набувад, ба дӯзах баранд ва бар миқдори гуноҳ уқубат кунанд ва ба охир ба биҳишт баранд.
Пайғомбар. Ва чун Эзади таъоло ин тақдир карда буд ва аъмоли одамӣ чунон ронда буд, ки баъзе сабаби саодати вай бувад ва баъзе сабаби шақоват ва одамӣ аз хештан он натавонад шинохт, ба ҳукми фазлу раҳмати хеш паёмбаронро биёфарид ва бифармуд, то касонеро, ки дар азал ба камоли саодати эшон ҳукм карда буд, аз ин роз огоҳ кунанд; ва эшонро пайғом дод ва ба халқ фиристод, то роҳи саодат ва шақовати эшонро ошкоро кунанд, то ҳеч касро бар Худои таъоло ҳуҷҷат намонад.
Пас, ба охири ҳама расули моро – Муҳаммадун алайҳи-с-салавоту ва-ссалом ба халқ фиристод. Ва нубуввати вай ба дараҷаи камол расонид, ки ҳеч зиёдатро ба вай роҳ набуд ва бад-он сабаб вайро хотами анбиё кард, ки пас аз вай ҳеч пайғомбар набошад. Ва ҷумлаи халқро аз ҷинну инс ба мутобиати вай фармуд. Ва вайро саййиди ҳама пайғамбарон кард ва ёрон ва асҳоби вайро беҳтарин ёрон ва асҳоби пайғомбарон кард, салавотуллоҳи алайҳи ва ъала соири-н-набиййина ва ъала олиҳи ва асҳобиҳи-т-тоҳирина аҷмаъин.
АСЛИ ДУВВУМ
Дар талаби илм
Бидон, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин гуфтааст, ки: «Талабу-л-ъилми фаризатун ъала кулли муслимин» – «Ҷустани илм фариза аст барои ҳама мусалмонон». Ва ҳама уламо хилоф кардаанд, ки ин чӣ илм аст?
Мутакаллимон мегӯянд, ки ин илми калом аст, ки маърифати Худои таъоло бад-ин ҳосил ояд.
Ва фуқаҳо мегӯянд, ки ин илми фиқҳ аст, ҳалол аз ҳаром бад-ин ҷудо бувад.
Ва муҳаддисон (олимони ҳадис) мегӯянд, ки ин илми Китоб ва суннат (ҳадис) аст, ки асли илми шаръ ин аст.
Ва сӯфиён мегӯянд, ки илм аҳволи дил аст, ки роҳи банда ба Ҳақ таъоло дили вай аст.
Ва ҳар касе аз ин қавм илми хешро таъзим ҳамекунанд. Ва ихтиёри мо он аст, ки ба як илм махсус нест ва ин ҳама илмҳо низ воҷиб нест. Валекин инро низ тафсиле ҳаст, ки ин ишкол бад-он бархезад:
Бидон, ки ҳар ки чоштгоҳ, масалан, мусалмон шавад, ё болиғ шавад, ин ҳама илмҳо бар вай омӯхтан воҷиб нагардад, валекин дарвақт (фавран) воҷиб шавад, ки маънии калимаи «ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун расулуллоҳи»1 бидонад. Ва ин бад-он бувад, ки он эътиқоди аҳли суннат, ки дар асли аввал гуфтем, ҳосил кунад, на бад-он маънӣ, ки ба далел бидонад, ки он воҷиб нест. Валекин бар ҷумлаи сифоти Ҳақ таъоло ва сифоти паёғомбар саллаллоҳу алайҳи ва сифоти охират ва биҳишту дӯзах ва ҳашру нашр эътиқод кунад ва бидонад, ки вайро Худой аст бад-ин сифат ва аз ҷиҳати Вай матолиб аст бар забони расули Вай, ки агар тоат кунад ба саодате расад пас аз марг ва агар маъсият кунад, ба шақовате расад.
Чун ин бидонист, пас аз ин ду навъ аз илм воҷиб шудан гирад: яке ба дил тааллуқ дорад ва яке ба аъмоли ҷавореҳ (аъзои бадан).
Ва он ки ба аъмоли ҷавореҳ тааллуқ дорад, ду қисм бошад: яке карданӣ ва яке нокарданӣ. Ва аммо илми карданӣ чунон бувад, ки чун чоштгоҳ мусалмон шавад, он вақтро ки намози пешин ояд, воҷиб бувад бар вай илми таҳорат ва намоз омӯхтан он миқдор, ки фариза аст аз ин ду илм. Ва аммо он чи суннат аст, илми он суннат аст, на фариза. Агар масалан, ба намози шом расад, он гоҳ илми намози шом воҷиб шавад, ки бидонад, ки он се ракъат аст ва пеш аз он воҷиб нашавад. Чун ба моҳи рамазон расад, илми рӯзаи рамазон воҷиб шавад: ин қадар, ки бидонад, ки ният кардан воҷиб аст ва аз вақти субҳ то фурӯ шудани офтоб хӯрдан ва мубошират (ҷимоъ) кардан ҳаром аст. Ва агар бист динор зар дорад, илми закот дарвақт воҷиб нашавад, лекин он вақтро, ки соле тамом шавад, воҷиб гардад, ки бидонад, ки закоти он чанд аст ва ба кӣ бояд додан ва шарти он
1 Нест маъбуде ҷуз Худо ва Муҳаммад фиристодаи Худост.
чист. Ва илми ҳаҷ воҷиб нашавад, то он гоҳ ки ҳаҷ хоҳад кард, ки вақти он дар ҷумлаи умр аст. Ва ҳамчунин ҳар кор, ки пеш меояд, бад-он вақт илми он воҷиб мешавад: масалан, чун никоҳ хоҳад кардан, илми он воҷиб шавад, чунон ки бидонад, ки ҳаққи зан бар шӯй чист ва дар ҳоли ҳайз мубоҳ нест сӯҳбат кардан ва пас аз ҳайз, то таҳорат накунад ва ҳамчунин он чи бад-он тааллуқ дорад. Ва агар ба масал пешае дорад, илми он пеша бар вай воҷиб шавад. То агар бозаргон бувад, илми рибо бар вай воҷиб шавад, балки воҷиб шавад, ки ҷумла шурути байъ (хариду фурӯш) бидонад, то аз байъи ботил ҳазар тавонад кард. Ва барои ин буд, ки Умар разийаллоҳу анҳу аҳли бозорро дарра ҳамезад ва ба талаби илм мефиристод ва мегуфт, ки «ҳар ки фиқҳи байъ надонад, набояд, ки дар бозор бувад, ки он гоҳ ки ҳаром хӯрад ва рибо хӯрад, вайро хабар набувад». Ва ҳамчунин ҳар пешаеро илме аст, то агар ҳаҷҷом1 бувад, масалан, бояд ки бидонад, ки чӣ чиз шояд аз одамӣ бибурад ва чӣ дандон шояд, ки биканад ва то чӣғоят шояд, ки дар доруи ҷароҳатҳо иртикоб кунад ва амсоли ин.

пешина
аз 176
навбатӣ