Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Адабипанҷум – он ки пой бар гардани мардумон наниҳад – агар дер омада бошад, ки дар хабар аст, ки ҳар ки чунин кунад, рӯзи қиёмат аз вай пуле созанд, ки мардумон бар вай мераванд; ва расул алайҳиссалом якеро дид, ки чунин мекунад, чун намоз бикард, гуфт: «Чаро ту ҷумъа накардӣ?» Гуфт: «Ё расулуллоҳ, бо ту ба ҳам будам». Гуфт: «Не! Чун дидам туро, ки пой бар гардани мардумон мениҳодӣ», яъне ки касе, ки чунин кунад, чунон бувад, ки намоз накарда бошад. Аммо агар сафи аввал холӣ бошад, раво бувад, ки қасд кунад ба сафи аввал, ки тақсир эшон карданд, ки он саф бигузоштанд.
Адабишашум – он ки дар пеши касе, ки намоз мекунад, нагузарад ва чун бинишинад ба девор ё ба сутун наздик нишинад, то касеро пеши вай роҳ набувад, ки наҳй аст аз гузаштан пеши касе, ки намоз мекунад. Ва дар хабар аст, ки: агар хокистаре гардад, ки бод вайро бипароканад, беҳтар аз он ки пеши мусаллӣ бигузорад.
Адабиҳафтум – он ки сафи аввал талаб кунад ва агар натавонад, ҳарчанд наздиктар беҳтар, ки фазли ин бузург аст, магар дар сафи аввал лашкариён бошанд, ки ҷомаи дебо доранд, ё ҷомаи сиёҳи хатиб абрешимин бошад ё шамшери вай ба зар бошад ё мункаре дигар бошад: он гоҳҳарчанд аз он дуртар бошад, авлотар, ки нашояд ба ихтиёр ҷое, ки мункаре бошад, нишастан.
Адабиҳаштум – он ки чун хатиб берун ояд, низ сухан нагӯяд ва ба ҷавоби муаззин машғул шавад, он гоҳ ба самоъи хутба; ва агар касе сухан гӯяд, вайро ба ишорат хомӯш кунад, на ба забон, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ҳар ки дигареро гӯяд дар вақти хутба, ки хомӯш
1 Дафтарро ҷамъ кунанд.
бош ё гӯш дор, беҳудае гуфт ва ҳар ки дар ин вақт беҳудае гуфт, вайро ҷумъа нест». Ва агар дур бошад ва хутба намешунавад, ҳам бояд ки хомӯш бошад ва ҷое, ки сухан гӯянд, нанишинад. Ва дар ин вақт ҳеч намоз накунад, магар таҳияти масҷид1
.
Адаби нӯҳум – он ки чун намоз кунад, ҳафт бор «Ал-Ҳамду» бархонад ва ҳафт бор «қул ҳуваллоҳу» ва «Муъаввазатайни»2, ки дар асар аст, ки ин аз ҷумъа ҳирзе3 бошад вайро аз шайтон; ва бигӯяд «Аллоҳумма, йо Ғаниййу, йо Ҳамиду, йо Мубдиу, йо Муъиду, йо Раҳиму, йо Вадуду, ағнинӣ би ҳалолика ъан ҳаромика ва би фазлика ъамман сивока»4, ки гӯянд ҳар ки бад-ин дуо мудовимат кунад, аз ҷое, ки наандешад, рӯзии вай падид ояд ва аз халқ бениёз гардад. Ва пас аз ин шаш ракъат намоз кунад – суннат, ки ин миқдор аз расул алайҳиссалом ҳикоят кардаанд.
Адаби даҳум – он ки дар масҷид мебошад, то намози дигар бикунад ва агар то намози шом биистад, фозилтар. Ва гӯянд, ки ин ба ҷои ҳаҷҷе ва умрае5 биистад дар савоб. Ва агар натавонад ва ба хона шавад, бояд ки зикри Ҳақ таъоло ғофил нагардад, то он соати азиз, ки дар ҷумлаи рӯзи одина аст, вайро дар ғафлат наёбад, ки аз фазли он маҳрум монад.
Одоби рӯзи одина
Дар ҷумла бояд ки дар ҷумлаи ин рӯз ҳафт фазилат талаб кунад.
Аввал – он ки бомдод ба маҷлиси илм ҳозир шавад ва аз қиссагӯёну ҳалқаи он дур бошад ва ба маҷлиси касе ҳозир шавад, ки сухан ва сирати вай рағбати дунё камтар гардонад ва ба охират даъват кунад. Ва ҳар сухане, ки на чунин бувад, он на маҷлиси илм бувад. Ва чун чунин бувад, дар хабар аст, ки ба як маҷлис чунин ҳозир омадан фозилтар аз ҳазор ракъат намоз кардан.
Дуввум – он ки дар ин рӯз соате аст азиз ва шариф, ки дар хабар аст, ки: «Ҳар ки дар ин соат ҳоҷате хоҳад, раво шавад». Ва хилоф аст, ки ин соат кадом аст: вақти баромадани офтоб аст; ё вақти завол; ё вақти ғуруб; ё вақти бонги намоз; ё вақти бар минбар шудани хатиб; ё вақти дар намоз истодан; ё вақти намози дигар; ва дуруст он аст, ки ин вақт маълум
1 Таҳият яъне салом аст ва намози таҳияти масҷид яке аз намозҳои суннат аст ҳангоми даромадан ба масҷид.
2 Ду сураи охири Қуръон, ки бо «қул аъузу» шурӯъ мешавад: сураи «ан-Нос» ва сураи «ал-Фалақ».
3 Паноҳгоҳи маҳкам, василаи нигоҳдории ҷон.
4 Эй Худои бениёз, сутуда, ба дунё оваранда, бозгардонандаи меҳрубон, дӯст, маро бо ҳалоли Худат аз ҳаром ва ба бахшоишат аз дигарон бениёз фармо.
5 Навъе ҳаҷ аст.
нест ва мубҳам аст, ҳамчун шаби қадр. Пас, бояд ки ҳама рӯз муроқиби ин бошад ва дар ҳеч вақт аз зикр ва ибодат холӣ набошад.
Саввум – он ки дар ин рӯз салавоти бисёр диҳад бар Мустафо алайҳиссалом, ки расул гуфт, ки: «Ҳар ки дар ин рӯз бар ман ҳаштод бор салавот биҳад, гуноҳи ҳаштод солаи вай биёмурзанд». Пурсиданд, ки: «Ё расулуллоҳ, бар ту салавот чӣ гуна диҳем?». Гуфт: «Бигӯяд: Аллоҳумма, салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин, салотан такуну лака ризоан ва ли ҳаққиҳи адоан ва-ътиҳи-л-василата ва-л-мақома-л-маҳмудал-лазӣ ваъадтаҳу иҷзиҳи ъанно мо ҳува аҳлуҳу ва-ҷзиҳи афзала мо ҷозайта набиййан ъан умматиҳи ва салли ъало ҷамеъи ихвониҳи минан-набиййина ва-с-солиҳина, йо арҳама-р-роҳимина»1. Чунин гӯянд, ки ҳар ки дар ҳафт одина, ин ҳафт бор бигӯяд, шафоати расул алайҳиссалом биёбад ломаҳола2. Ва агар «Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин» беш нагӯяд, кифоят бувад.
Чаҳорум – он ки дар ин рӯз Қуръон бештар хонад ва Сурату-л-Каҳф бархонад, ки дар фазли он ахбор бисёр омадааст ва обидони салаф одат доштаанд ҳазор бор «қул ҳуваллоҳу аҳад» хондан ва ҳазор бор салавот додан ва ҳазор бор «Субҳоналлоҳи» ва «ал-ҳамду лиллоҳи» ва «ло илоҳа иллаллоҳу» ва «Аллоҳу акбар» гуфтан.
Панҷум – он ки намоз бештар кунад дар ин рӯз. Ва дар хабар аст, ки:
«Ҳар ки дар ҷомеъ шавад ва дар вақт чаҳор ракъат намоз кунад ва дар ҳар ракъате «фотиҳа» як бор ва панҷоҳ бор «қул ҳуваллоҳу аҳад» бархонад, аз ин ҷаҳон берун нашавад, то ҷойгоҳи вай аз биҳишт ба вай намоянд, ё ба дигаре, ки вайро хабар диҳад». Ва мустаҳаб аст дар ин рӯз чаҳор ракъат намоз ба чаҳор сураи ал-Анъом, ал-Каҳф ва Тоҳо ва Ёсин, агар натавонад, Ёсин ва сураи Саҷда ва сураи Луқмон ва сураи ад-Духон ва сураи ал-Мулк. Ва Ибни Аббос разийаллоҳу анҳу намози тасбеҳ ба ҷой намондӣҳаргиз рӯзи одина ва ин намози маъруф; ва авлотар он аст, ки то вақти завол намоз мекунад ва пас аз намоз то намози дигар ба маҷлиси илм шавад, пас аз он то шабонгоҳ ба тасбеҳ ва истиғфор машғул шавад; Шашум – он ки ин рӯз аз садақа холӣ нагузорад, агар ҳам пораи нон бошад, ки фазли садақа дар ин рӯз зиёдат бошад. Ва ҳар соиле, ки ба вақти хутба чизе хоҳад, варо заҷр кунанд ва кароҳият бошад вайро чизе
1 Худоё, дуруд бифирист бар Муҳаммад ва оли ӯ, дуруде, ки Ту бад-он хушнуд бошӣ ва ҳаққи ӯ бад-он адо шавад ва бибахш ӯро васила (-и шафоат) ва мақоми писандидае, ки ба ӯ ваъда додаӣ ва ҷазо бидеҳ ӯро аз мо, ҷазое, ки шоистаи он аст ва беҳтарин подоше, ки аз уммате ба пайғамбари он уммат мерасад. Ва дуруд фирист бар тамоми бародаронаш – аз пайғамбарон, эй бахшандатарини бахшандагон.
2 Ногузир.
додан.
Ҳафтум – он ки дар ҷумлаи ин як рӯз аз ҳафта охиратро мусаллам дорад. Ва ҳама рӯз ба хайр машғул шавад ва кори дунёӣ дар боқӣ кунад. Ва он ки Ҳақ таъоло мегӯяд: «Фа изо қузияти-с-салоту фа-нташиру фи-ларзи ва-тағу мин фазлиллоҳи»1, Анас разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки маънии ин, хариду фурӯхт ва касби дунё нест, лекин талаби илм аст ва зиёрати бародарон ва иёдати бемор ва ташйиъи ҷаноза ва мисли ин корҳо.
Масъала
Бидон, ки он чи лобуд аст аз намоз, гуфта омад ва дигар масоил чун ҳоҷат афтад, бибояд пурсид, ки дар чунин китоб шарҳ натавон кард.
Аммо васваса дар нияти намоз бисёр мебошад, бад-ин ишорате карда ояд.
Бидон, ки васвасаи ният касеро бувад, ки дар ақли вай халале бошад ва савдое бувад, ё ба шариат ҷоҳил бошад ва маънии ният надонад, ки нияти ту он рағбат аст, ки туро рӯй ба қибла овард ва бар пой ангехт, то фармон ба ҷой орӣ. Ва чунон ки туро агар касе гӯяд: «Фалон олим ояд, вайро бар пой хез ва ҳурмат дор», нагӯӣ, ки: «Ният кардам, ки бар пой хезам фалон олимро барои илми вай ба фармони фалон кас», лекин бар пой хезӣ дарвақт ва ин ният худ дар дили ту бошад, бе он ки ба дил гӯӣ ё ба забон. Ва ҳар чи ба дил гӯӣ, ҳадиси нафс бувад, на ният бувад. Ният он рағбат бувад, ки туро бар пой ангехт. Аммо бояд ки бидонӣ, ки фармон чист ва бидонӣ ки адои намози пешин аст ё адои намози дигар; чун дил аз ин ғофил набувад, ҳаме «Аллоҳу акбар» бигӯӣ ва агар ғофил бувад, худро бо ёд диҳӣ. Ва гумон набарӣ, ки маънии адои фарз ва намози пешин ҳама ба як бор муфассал дар дил ҷамъ шавад, лекин чун наздик бошад ба якдигар, ҷамъ намояд. Ва ин миқдор кифоят бувад, чи агар касе туро гӯяд: «Фаризаи намози пешин гузорӣ?» гӯӣ: «Оре». Дар ин вақт, ки «Оре» гӯӣ, ҷумлаи он маънӣ дар дили ту бувад ва тафсил набувад.
Пас, гуфти ту бо хештан, то бо ёд диҳӣ, ҳамчун гуфти он кас бувад. Ва «Аллоҳу акбар» ба ҷои он бувад, ки гӯӣ «Оре». Ва ҳар чи бештар истиқсо кунӣ2, дил ва намоз бишӯлида шавад: бояд ки осон гирӣ, чун ин миқдор кардӣ, ба ҳар сифат, ки бувад, бидонӣ, ки намоз дуруст аст, ки нияти намоз ҳамчун нияти корҳои дигар аст. Ва бад-ин сабаб буд, ки дар рӯзгори
1 Пас чун намоз тамом шуд, дар замин пароканда шавед ва биҷӯед фазли Худовандро.
2 Кунҷковӣ кардан ва ба даруни коре фурӯ шудан.
расул алайҳиссалом ва саҳоба ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаъин ҳеч касро васвасаи ният набуд, он кас ки ин менадонад аз ҷаҳл аст.
АСЛИ ПАНҶУМ
Дар закот аст
Бидон, ки закот рукне аз аркони мусалмонӣ аст, ки расул гуфт алайҳиссалом: «Бинои мусалмонӣ бар панҷ асл аст: калимаи «ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ»; ва намоз; ва закот; ва рӯза; ва ҳаҷ».
Ва дар хабар аст, ки: «Касоне, ки зару сим доранд ва закоти он надиҳанд, ҳар якеро доғе бар сина ниҳанд, чунон ки ба пушт бурун ояд ва ҳар ки чаҳорпой дорад ва закот надиҳад, рӯзи қиёмат он чаҳорпоёнро бар вай мусаллат кунанд, то вайро суру1ҳамезананд ва дар зери пой меандозанд ва ҳар гаҳ ки ҳама бар вай бирафтанд ва охир расид, он пешин бозояд – дигар бора, ҳамчунин зери пой месипаранду мераванд, то он гоҳ ки ҳисоби ҳама халқ бикунанд». Ва ин ахбор дар «Сиҳоҳ» аст. Пас, илми закот донистан бар худованди мол фариза аст.
Анвоъи закот ва шароити он
Бидон, ки шаш навъ закот воҷиби фариза аст Навъи аввал
Закоти чаҳорпоён
Ва он шутуру гов ва гӯсфанд аст, аммо дар асбу хар ва дигар ҳайвонот закот нест. Ва ин закот ба чаҳор шарт воҷиб ояд:
Шарти аввал – он ки алафӣ набошад, балки ба чарогоҳ бувад, то бар вай муънат (харҷ) бисёр наравад; агар дар ҷумлаи сол чандоне алаф диҳанд, ки онро муънате шумуранд, закот бияфтад.
Шарти дуввум – он ки як сол дар мулки вай бимонад; агар дар миёна аз мулки вай берун шавад, закот бияфтад, аммо наслу нитоҷи2 мол – агарчи охири сол омада бошад, дар ҳисоб гирад, закот воҷиб ояд ба табаиййати асли мол.

пешина
аз 176
навбатӣ