Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

ҷумлаи мол бидод, расул гуфт: «Иёлро чӣ бозниҳодӣ?», гуфт: «Худой ва расули Худой»; ва Умар як нима биёвард, гуфт: «Иёлро чӣ гузоштӣ?».
Гуфт: «Ниме». Расул алайҳиссалом гуфт: «Байнакумо мобайна калиматайкумо» – «Тафовути дараҷаи шумо ҳамчун тафовути сухани шумост».
Табақаи дуввум некмардон буданд, ки эшон мол ба як бор харҷ накарданд ва қуввати он надоштанд, лекин нигоҳҳамедоштанд ва мунтазири ҳоҷати фуқаро ва вуҷӯҳи хайрот буданд ва худро бо дарвешон баробар медоштанд ва бар қадри закот иқтисор накарданд ва чун дарвешон расиданд, эшонро ҳамчун иёли1 худ донистанд.
Табақаи саввум сарамардон (мардони пок ва холис) буданд, ки эшон беш аз он тоқат надоштанд, ки аз дувист дирам панҷ дирам бидиҳанд, бар фариза иқтисор карданд ва фармон ба дили хуш ва ба зудӣ ба ҷой оварданд ва ҳеч миннат бар дарвешон наниҳоданд. Ва ин дараҷаи вопасин аст, ки ҳар ки аз дувист дирам, ки Худои таъоло бад-ӯ диҳад, дилаш надиҳад, ки панҷ дирам ба фармони ӯ боздиҳад, ӯро дар дӯстии Ҳақ бас насибе набувад ва чун беш аз ин натавонад дод, дӯстии ӯ сахт заиф (бисёр суст) бувад ва аз ҷумлаи дӯстони бахил бошад.
Сирри дуввум татҳири дил аст аз олоиш ва наҷосати бухл, ки бухл дар дил чун наҷосате аст, ки сабаби ношоистагии ӯст қурби ҳазрати Ҳақро, чунон ки наҷосати зоҳир сабаби бӯъди ӯст аз намоз. Ва он наҷосати бухл пок нашавад, илло ба харҷ кардани мол. Ва бад-ин сабаб закот, ки наҷосати бухлро бибарад, чун обест, ки бад-ӯ наҷосат шуста ояд. Ва барои ин аст, ки закот ва садақа бар расул ва аҳли байти ӯҳаром аст, ки мансаби вайро аз авсохи (касофатҳо ва чиркҳо) амволи мардумон сиёнат (нигоҳдорӣ) кардаанд.
Сирри саввум шукри неъмат аст, ки мол неъмате аст, чун дар ҳаққи мӯъмин сабаби роҳати дунё ва охират бошад, пас чунон ки намозу ҳаҷ ва рӯза шукри неъмати тан аст, закот шукри неъмати мол аст: то чун худро бениёз бинад бад-ин неъмат ва мусалмоне дигарро ҳамчун худ дармонда бинад, бо худ гӯяд: «Ӯ низ бандаи Худой аст ҳамчун ман, шукри онро, ки маро аз вай бениёз кард ва ӯро мӯҳтоҷи ман кард, бо ӯ рифқе (мудоро ва меҳрубонӣ) кунам, ки набояд, ки ин аз ман ба шабе биравад – агар тақсир кунам – ва маро ба сифати ӯ гардонанд ва ӯро ба сифати ман».
Пас ҳар касе бояд, ки ин асрор бидонад, то ибодати ӯ, сурати бемаънӣ набошад.
Одоб ва дақоиқи закот додан
1 Касе, ки таҳияи васоили зиндагонии ӯ вазифаи шахс мебошад.
Агар касе хоҳад, ки ибодати ӯ зинда бошад ва берӯҳ набувад ва савоби ӯ музоаф бошад, бояд ки ҳафт вазифа нигоҳ дорад:
Вазифаи аввал он, ки таъҷил кунад дар закот додан ва пеш аз он ки воҷиб шавад дар ҷумла сол медиҳад ва бад-ин се фоида ҳосил ояд:
Яке он ки асари рағбати ибодат бар ӯ зоҳир шавад, ки додан пас аз вуҷуб зарурат бошад, чи агар надиҳад, муоқаб бошад ва он аз бим бувад, на аз дӯстиву шафқат.
Дуввум он ки шодӣ ба дили дарвешон расонад ба зудӣ, то дуо баихлостар кунанд, ки шодӣ ногоҳ бинанд; ва дуои эшон ҳисоре бувад аз ҷумлаи офот.
Саввум он ки аз авоиқи (монеъҳо) рӯзгор эмин шавад, ки дар таъхир офоти бисёр аст ва бувад, ки оиқе афтад ва аз ин хайр маҳрум монад ва чун дар дил рағбати чизе падид омад, ба ғанимат бояд дошт, ки он назарро ду ҷиҳат бувад ва зуд бувад, ки иблис ҳамла оварад, фа инна қалба-л-мӯъмини байна исбаъайни мин асобиъи-р-Раҳмони1
.
Якеро аз бузургон дар таҳорат ҷой дар дил афтод, ки пираҳан ба дарвеш диҳад: муридеро овоз дод ва пироҳан баркашид ва ба вай дод, гуфт:
«Чаро сабр накардӣ, то берун омадӣ?», гуфт: «Тарсидам хотире дигар дарояд, ки маро аз ин боздорад».
Вазифаи дуввум он, ки агар закот ба ҷумла хоҳад дод, дар моҳи муҳаррам диҳад, ки аввали сол аст ва моҳи ҳаром аст, ё моҳи рамазон, ки вақт ҳар чанд шарифтар, савоб музоафтар.
Расул алайҳиссалом сахитарини халқ буд ва ҳар чи доштӣ, медод ва дар рамазон ҳеч нигоҳ надоштӣ.
Вазифаи саввум он, ки закот дар сирр диҳад ва бармало (ошкоро) надиҳад, то аз риё дуртар бошад ва ба ихлос наздиктар бувад, ки садақаи сирр хашми Худойро бинишонад. Ва дар хабар аст, ки: «Ҳафт кас фардо дар сояи Арш бошанд: яке аз он имоми одил бувад ва яке садақадиҳандае, ки дасти чапи ӯ хабар надорад аз он чи дасти рост дод».
Ва бинигар ки чӣ дараҷае бувад, ки бо дараҷаи имоми одил баробар бувад!. Ва дар хабар аст, ки: «Ҳар ки садақа дар сирр диҳад, ӯро дар аъмоли сирр нависанд ва агар зоҳир диҳад, дар аъмоли зоҳир нависанд ва агар бозгӯяд, ки ман чунин чизе кардаам, аз ҳар ду ҷарида (рӯзнома, рӯзномаи амал) маҳв кунанд ва дар ҷаридаи риё нависанд». Ва бад-ин сабаб салаф дар пинҳон доштани садақа чандон муболиғат кардаанд, ки
1 Пас, ҳароина дили мӯъмин миёни ду ангушт аз ангушти Парвардигор аст.
касе будӣ, ки нобино талаб кардӣ ва бар дасти ӯ ниҳодӣ ва сухан нагуфтӣ, ки то бинадонад, ки кист; ва касе будӣ, ки дарвеши хуфта талаб кардӣ ва бар дасти ӯ ниҳодӣ ва бар ҷомаи ӯ бастӣ, ки то чун бедор шавад, надонад кӣ додааст; ва касе будӣ, ки бар роҳи дарвеш афкандӣ; ва касе будӣ, ки ба вакил додӣ, ки бирасонад. Ин ҳама барои он ки дарвеш надонад. Аммо аз дигаре пинҳон доштан муҳимтар доштандӣ, барои он ки чун бармало диҳанд, риё дар ботин падид ояд ва агарчи бухл дар ботин шикаста шавад, риё парварда гардад ва ин сифоти ҷумла мӯҳлик аст. Лекин бухл бар мисоли каждуме аст ва риё бар мисоли море, ки вай қавитар аст: чун каждумро қуввати мор кунад, то дар қуввати мор бияфзояд, аз як мӯҳлик раста бошад ва дар дигаре аз он саъбтар афтода. Ва захми ин сифот бар дил – чун дар гӯр шавад – бар мисоли захми каждуму мор хоҳад буд, чунон ки дар унвони мусалмонӣ пайдо кардем: пас зарари он ки бармало диҳад, аз нафъ беш аст.
Вазифаи чаҳорум он, ки агар ба зоҳир аз риё эмин бошад ва дили худро аз он пок карда бошад ва донад, ки агар бармало диҳад, дигарон бад-ӯ иқтидо кунад ва рағбатҳо зиёдат шавад: бармало додан инчунин касро фозилтар. Ва ин касе бувад, ки мадҳу замми мардумон наздики вай баробар бувад ва дар корҳо ба илми Ҳақ таъоло кифоят карда бошад.
Вазифаи панҷум он, ки садақа ҳабт (ботил, ба ҳадаррафта) нагардонад ба миннат ва ваҳшат. Қолаллоҳу таъоло: «Ло тубтилу садақотикум би-л-манни ва-л-азо»1 ва маънии «азо» озурдани дарвеш бувад бад-он, ки рӯй турш кунад ва пешонӣ фароҳам кунад ва сухан ба унф (дуруштӣ) гӯяд ва ӯро ба сабаби дарвешӣ ва суол хор дорад ва ба чашми ҳақорат бад-ӯ нигарад; ва ин аз анвоъи ҷаҳл ва ҳамоқат хезад:
Яке он, ки душвор бувад бад-ӯ мол аз даст бидодан ва бад-ин сабаб дилтанг шавад ва сухан ба заҷр гӯяд. Ва ҳар ки бад-ӯ душвор бувад, ки дираме бидиҳад ва ҳазор бор ситонад, ҷуз ҷоҳил набувад. Ва ӯ бад-ин закот фирдавси аъло ва ризои борӣ таъоло хоҳад кард ва худро аз дӯзах бираҳонад, чаро бар ӯ душвор бувад, агар бад-ин имон дорад?
Ва дигар ҳамоқат он, ки мепиндорад, ки ӯро бар дарвеш шараф аст ба тавонгарӣ, худ надонад, ки касе, ки ба понсад сол пеш аз ӯ дар биҳишт хоҳад рафт, ӯст ва дараҷаи ӯ бузургтар ва наздики Худои таъоло шараф ва фахр дарвешрост на тавонгарро. Ва нишони шарафи ӯ дар ин ҷаҳон он аст, ки тавонгарро ранҷ ва машғалаи дунёву вазру (кашидани бори сангин) ваболи (сахтӣ, сангинӣ, бадфарҷомӣ) он машғул бикардааст ва
1 Табоҳ накунед садақоти худро бо миннат гузордан ва озурдан.
насиби вай аз он ҳама қадри ҳоҷат беш нест ва бар ӯ воҷиб кардааст, ки қадри ҳоҷат ба дарвеш мерасонад. Пас, ба ҳақиқат тавонгар сухраи (дар фармони) дарвеш аст дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон ба понсад сол пеш аз ӯ ба биҳишт хоҳад рафт.
Вазифаи шашум он, ки миннат наниҳад. Ва асли миннат аз ҷаҳл аст ва он сифати дил аст. Ва он аст, ки пиндорад, ки бо дарвеш некӯӣ кард ва неъмате бад-ӯ дод, дарвеш зери дасти ӯ шуд. Ва чун чунин пиндорад, нишон он бувад, ки чашм дорад, ки дарвеш ӯро хидмат зиёдат кунад ва дар корҳои вай биистад ва салом ибтидо кунад ва дар ҷумла ҳурмате зиёдат чашм дорад. Ва агар дар ҳаққи вай тақсире кунад, тааҷҷуб беш аз он кунад, ки аз пеш кардӣ ва бошад, ки боз гӯяд, ки ман бо вай чунин некӯӣ кардам; ва ин ҳам аз ҷаҳл бувад. Балки ҳақиқат он аст, ки дарвеш бо ӯ некӯӣ кард, ки садақа аз ӯқабул кард ва ӯро аз оташи дӯзах бираҳонид ва дили ӯро аз наҷосати бухл таҳорат дод. Ва агар ҳаҷҷоме ӯро ройгон ҳиҷомат кунад, миннат дорад: чи он худ сабаби ҳалоки ӯ хост бувад; бухл низ дар ботини ӯ ва моли закот дар дасти ӯ сабаби ҳалок ва палидии ӯст; чун ба сабаби дарвеш ӯро таҳорат ҳосил шуд ва наҷот ёфт, бояд ки аз ӯ миннат дорад.
Дигар он, ки расул саллаллоҳу алайҳи мегӯяд: «Садақа аввал дар дасти лутфи борӣ афтад, пас дар дасти дарвеше». Пас чун ҳаққи закот ба Худой медиҳад ва дарвеш ноиби Худой аст дар қабзи (гирифтан, ситадан) ҳаққи Вай, бояд ки аз дарвеш миннат дорад, на миннат бар дарвеш ниҳад.
Ва чун дар он се сирр аз асрори закот бияндешад, бидонад, ки миннат ниҳодан аз ҷаҳл бувад. Ва барои ҳазар кардан аз миннат салаф муболиғат кардаанд ва бар пой истодаанд пеши дарвеш ва ба тавозӯъе тамом пеши ӯ ниҳодаанд; он гоҳ суол кардаанд, ки аз ман қабул кун. Ва гурӯҳе даст фаропеш доштаанд, то дарвеш баргирад ва дасти дарвеш бар забар бошад, ки: «Ал-йаду-л-ъулйо хайрун минал-йади-с-суфло»1 касеро сазад, ки миннат барниҳад.
Ва Оишаву Умми Салама дарвешеро чизе фиристодандӣ, гуфтандӣ:
«Ёд гир, то чӣ дуо кунад». То ҳар дуоеро ба дуое мукофот кунанд, то садақа холис бимонад – мукофот нокарда; ва тамаъи дуо ба дарвеш раво надоштандӣ, ки гумон бар он буд, ки эҳсоне карда бошанд. Ва мӯҳсин ба ҳақиқат дарвеш бувад, ки ин ӯҳда аз ту баргирифт.
Вазифаи ҳафтум он, ки аз мол он чи беҳтар ва некӯтар ва ҳалолтар бувад, он бидиҳад, ки он чи ба шубҳат бувад, тақаррубро нашояд, ки Ӯ
1 Дасти забарин некӯтар аз дасти зерин аст.
пок аст, ҷуз пок қабул накунад. Ва қад қола: «Ва ло тайаммаму-л-хабиса минҳу тунфиқуна ва ластум би охизиҳи илло ан туғмизу фийҳи», яъне:
«Он чиз, ки агар ба шумо диҳанд, ба кароҳат ситонед, чаро дар насиби Худой харҷ кунед?» Ва агар касе он чи батар бувад, пеши меҳмон ниҳад, истихфофе тамом бувад, чӣ гуна раво бувад, ки батарин ба Худованд диҳад ва беҳтарин бандагони вайро бигузорад? Ва батарин додан далели он бувад, ки ба кароҳият медиҳад. Ва ҳар садақа, ки ба дилхушӣ набувад, бими он бошад, ки қабул наяфтад. Расул ъалайҳи-с-салавоту ва-с-салом гӯяд: «Як дирам садақа, бошад, ки бар ҳазор сабқат гирад. Ва ин он бувад, ки беҳтарин диҳад ва ба дилхушӣ диҳад».

пешина
аз 176
навбатӣ