Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Тиловати1ғофилон
Бидон, ки ҳар ки Қуръон омӯхт, дараҷаи вай бузург аст; бояд ки ҳурмати Қуръон нигоҳ дорад ва худро аз корҳои ношоист сиёнат кунад ва дар ҳама аҳволи хеш ба адаб бошад ва агар на, бими он бувад, ки Қуръон хасми вай бошад.
Ва расул алайҳиссалом гуфтааст: «Бештари мунофиқони уммати ман Қуръонхонон бошанд». Ва Бӯсулаймони Доронӣ мегӯяд, ки: «Забония дар Қуръонхони муфсид зудтар овезад, аз он ки дар бутпарастон». Ва дар Таврот Ҳақ таъоло мегӯяд: «Ё бандаи ман! Шарм надорӣ, ки агар номаи бародаре ба ту расад ва ту дар роҳ бошӣ, биистӣ ва бо як сӯ шавӣ ё бинишинӣ ва як ҳарф бархонӣ ва тааммул кунӣ; ва ин Китоби Ман номаи Ман аст, ки ба ту навиштаам, то тааммул кунӣ ва бад-он кор кунӣ.
Ва ту аз он эъроз ҳамекунӣ ва бад-он кор накунӣ ва агар бархонӣ тааммул накунӣ, то чист!?»
Ва Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Касоне, ки пеш аз шумо буданд, Қуръонро номае донистанд, ки аз Ҳақ таъоло бад-эшон расидааст; ба шаб тааммул кардандӣ ва рӯз бад-он кор кардандӣ. Ва шумо дарс кардани вайро амал сохтаед: ҳарфу эъроби (зеру забари ҳуруф) вай дуруст мекунед ва фармонҳои вайро осон ҳамегиред!».
Ва дар ҷумла бибояд донист, ки: мақсуд аз Қуръон – хондани вай нест, балки мақсуд кор кардан ба вай аст. Ва хондан барои ёд доштан мебояд ва ёд доштан барои фармон бурдан. Касе, ки фармон набарад ва мехонад, чун бандае бувад, ки номаи Худованди вай ба вай расад ва вайро корҳо фармуда бувад, вай бинишинад ва ба алҳон (овозҳо) номаро мехонад ва ҳарф дуруст мекунад ва аз фармон ҳеч ба ҷой наёрад: бе шакк, мустаҳиққи машаққат ва уқубат гардад.
Одоби тиловат
Бояд ки шаш чиз нигоҳ дорад, дар зоҳир:
Адаби аввал
Он ки ба ҳурмат хонад; ва нахуст таҳорат кунад; ва рӯй ба қибла орад; ва мутавозеъвор нишинад, чунон ки дар намоз. Алӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд: «Ҳар ки Қуръон дар намоз хонад, вайро ба ҳар ҳарфе сад ҳасана нависанд ва агар нишаста хонад – дар намоз – панҷоҳ нависанд ва агар
1 Хондани Қуръон.
бар таҳорат бувад – на дар намоз – бисту панҷ; ва агар бе таҳорат хонад, даҳҳасана беш нанависанд». Ва он чи ба шаб хонад ва дар намоз, фозилтар, ки дил фориғтар бувад.
Адаби дуввум
Он ки оҳиста хонад ва тадбир (андешаву тафаккур) мекунад дар маонии вай ва дар он набошад, то зуд хатм кунад. Ва гурӯҳе шитоб кунанд, то ҳар рӯзе хатме бошад! Ва расул алайҳиссалом мегӯяд: «Ҳар ки Қуръон пеш аз се рӯз хатм кунад, фиқҳи Қуръон наёбад». Ва Ибни Аббос мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Изо зулзилат» ва «Ал-қориъату» бархонам – ба оҳистагӣ ва тааммул кунам, дӯсттар дорам аз «ал-Бақара» ва «Оли Имрон» – ба шитоб». Ва Оиша разийаллоҳу ъанҳо касеро дид, ки Қуръон ба шитоб мехонд, гуфт: «На хомӯш аст ва на Қуръон мехонад!». Ва агар касе аҷамӣ (ғайриараб) бошад, ки маънии Қуръон надонад, ҳам оҳиста хонад, фозилтар, нигоҳдошти ҳурматро.
Адаби саввум
Гиристан аст; расул мегӯяд алайҳиссалом: «Қуръон бархонед ва бигирйед, агар гиристан фароз наёядатон, ба такаллуф фароз оваред». Ва Ибни Аббос гуфт разийаллоҳу анҳу: «Чун саҷдаи Субҳон бархонед, шитоб макунед дар суҷуд, то бигирйед; агар касеро чашм нагиряд, бояд ки дилаш бигиряд». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Қуръон барои андӯҳ фуруд омадааст: чун бархонед, хештан андӯҳгин кунед». Ва ҳар ки ваъдаву ваъид ва фармонҳои Қуръон тааммул кунад ва аҷзи хеш мебинад, ночор андӯҳгин шавад, агар ғафлат бар вай муставлӣ набувад.
Адабичаҳорум
Он ки ҳаққи ҳар ояте бигузорад, ки расул алайҳиссалом чун ба ояти азоб расидӣ, истиозат (аз Худо паноҳ мехост) кардӣ; ва чун ба ояти раҳмат расидӣ, суол кардӣ; ва дар ояти танзеҳ тасбеҳ кардӣ; ва дар ибтидо «аъузу» кардӣ, чун фориғ шудӣ, бигуфтӣ: «Аллоҳумма-рҳамнӣ би-л- Қуръони, ва-ҷъалаҳу лӣ имоман ва нуран ва ҳудан ва раҳматан, Аллоҳумма заккирнӣ минҳу мо насийту ва ъаллимнӣ минҳу мо ҷаҳилту, ва-рзуқнӣ тиловатаҳу оноа-л-лайли ва-н-наҳори ва-ҷъалҳу ҳуҷҷатан лӣ йо Рабба-л ъоламина»1. Ва чун ба оёти суҷуд расад, суҷуд кунад: аввал
1 Парвардигоро маро ба Қуръон раҳмат кун ва онро пешрав ва роҳнамо ва раҳмати ман гардон, Худоё он чиро аз он фаромӯш кардам, ба ёди ман ор. Ва ба он чи аз он надонистаам, доноям фармо ва хондани онро дар шабу рӯз рӯзии ман фармо ва онро барои ман бурҳон ва ҳуҷҷате фармо, эй такбир кунад, он гоҳ суҷуд; ва шартҳои намоз аз таҳорат ва сатри аврат дар вай нигоҳ дорад. Ва такбиру суҷуд кифоят бувад, бе ташаҳҳуд.
Адабипанҷум
Он ки агар аз маънии риё дар вай чизе бошад, ё касе дигарро намоз шӯрида хоҳад кардан, оҳиста хонад, ки дар хабар аст: фазли қироати сирр бар ҷаҳр, чун фазли садақаи сирр аст бар алония. Ва агар аз ин эмин бошад, авлотар он бошад, ки овоз бардорад, то дигареро, ки бишунавад, аз самоъ насиб бувад ва то вай низ огоҳии беш ёбад ва ҳиммати вай ҷамътар бошад ва то нишот бияфзояд ва хоб бирамад ва хуфтагони дигар бедор шаванд. Ва агар ин ҳама ниятҳо ҷамъ шавад, бар ҳар яке савобе ёбад. Ва агар аз Мусҳаф хонад, фозилтар, ки чашмро кор фармуда бошад. Ва гуфтаанд: хатме аз Мусҳаф ба ҳафт хатм бувад. Ва яке аз фуқаҳои Миср дар наздики Шофеӣ шуд ва вайро дар суҷуд дид – Мусҳафе ниҳода – гуфт: «Фиқҳ шуморо аз Қуръон машғул бикард».
Гуфт: «Ман, ки намози хуфтан кунам, Мусҳаф бар даст гирам ва то рӯз фароз накунам».
Ва расул алайҳиссалом бар Абӯбакр разийаллоҳу анҳу баргузашт, намоз мекард ба шаб ва Қуръон оҳиста мехонд, гуфт: «Чаро оҳиста мехонӣ?». Гуфт: «Он ки бо Вай мегӯям, мешунавад». Ва Умарро разийаллоҳу анҳу дид ба овоз мехонд. Гуфт: «Чаро бо овоз мехонӣ?»
Гуфт: «Хуфтаро бедор мекунам ва шайтонро дур кунам». Гуфт: «Ҳар ду некӯ кардед». Пас чунин аъмол табаъи ният бувад ва чун ният дар ҳар ду некӯ бувад бар ҳар ду савоб бувад.
Адабишашум
Он ки ҷаҳд кунад, то ба овози хуш хонад, ки расул алайҳиссалом мегӯяд, ки: «Қуръонро ба овозҳои хуш биёроед». Ва расул алайҳиссалом мавлои Бӯҳузайфаро дид, Қуръон ба овози хуш мехонд, гуфт: «Алҳамдулиллоҳи-л-лазӣҷаъала фӣ умматӣ мислаҳу»1. Ва сабаб ин аст, ки ҳарчанд овоз хуштар бувад, асари Қуръон дар дил беш бувад. Ва суннат он аст, ки меҳробӣ хонад, аммо агар алҳони бисёр дар миёни калимот ва ҳуруф афканад – чунон ки одати қавволон (мутрибон ва овозхонон) аст, макрӯҳ аст.
Парвардигори ҷаҳониён.
1 Сипос Худойро, ки дар уммати ман касе чун ӯ ниҳод.
ОДОБИ БОТИН
Аммо одоби ботин дар тиловат низ шаш аст:
Адаби аввал
Он ки азамати сухан бидонад, ки сухани Худои таъоло аст ва қадим аст ва сифати Вай аст; қоим ба зоти Вай; ва он чи бар забон меравад, ҳуруф аст. Ва ҳамчунон ки оташ ба забон гуфтан осон аст ва ҳар касе тоқати он дорад, аммо тоқати нафси оташ надорад, ҳамчунин ҳақиқати маонии ин ҳуруф агар ошкоро шавад, ҳафт осмон ва ҳафт замин тоқати таҷаллии он надорад. Ва аз ин бувад, ки Ҳақ таъоло гуфт: «Лав анзално ҳоза-л- Қуръона ъало ҷабалин лараайтаҳу хошиъан мутасаддиъан мин хашйатиллоҳи»1. Валекин ҷамолу азамати Қуръонро ба кисвати (пӯшиш, либос) ҳуруф пӯшидаанд, то забонҳо ва дилҳо тақати он бидорад ва ҷуз дар ин кисвати ҳуруф ба одамӣ расонидан сурат набандад. Ва ин далели он накунад, ки варои ҳуруф коре азим нест!. Ҳамчунон ки баҳоимро рондан ва об додан ва кор фармудан ба сухани одамӣ мумкин нест, ки вайро тоқати фаҳми он нест, лоҷарам, овозҳо ниҳодаанд наздик ба овози баҳоим, то эшонро бад-он огоҳӣ диҳанд. Ва эшон овоз бишунаванд ва кор бикунанд ва ҳикмати он надонанд, ки гов ба бонге, ки бар вай мезананд, замин нарм мекунад ва ҳикмати замин нарм кардан надонад, ки мақсуд он аст, то ҳаво дар миёни хок шавад ва об ба ҳар ду омехта шавад, то чун ҳар се ҷамъ шаванд, онро шояд ки ғизои тухм гардад ва вайро тарбият кунад. Насиби бештари одамиён аз Қуръон ҳам овозе ва зоҳири маънӣ беш нест, то гурӯҳе пиндоштанд, ки Қуръон худ ҳуруф ва асвот аст. Ва ин ғояти заъфу салимдилӣ аст. Ва ин ҳамчунон бувад, ки касе пиндорад, ки ҳақиқати оташ «алиф» ва «то» «шин» аст ва надонад, ки оташ агар коғазро бинад, бисӯзад ва тоқати вай надорад, аммо ин ҳуруф ҳамеша дар коғаз бошад ва ҳеч асар накунад дар вай. Ва чунон ки ҳар колбадеро рӯҳе аст, ки бо вай бимонад. Маънии ҳуруф чун рӯҳ аст ва ҳуруф чун колбад ва шарафи колбад ба сабаби рӯҳ аст ва шарафи ҳуруф ба сабаби рӯҳи маонӣ аст. Ва пайдо кардани тамомии таҳқиқи ин дар чунин китоб мумкин нагардад.
1 Агар фурӯ мефиристодем ин Қуръонро бар кӯҳе, ҳароина онро медидӣ тарснок ва аз ҳам фурӯ рехта аз тарси Худой.
Адаби дуввум
Он ки азамати Ҳақ таъоло, ки ин сухани Вай аст, дар дил ҳозир кунад – пеш аз Қуръон хондан; ва бидонад, ки сухан, ки мехонад ва дар чӣ хатар менишинад, ки Вай мегӯяд: «Ло йамассуҳу илла-л-мутаҳҳаруна»1. Ва чунон ки зоҳири Мусҳафро набисовад (даст намолад), илло дасте пок, ҳақиқати сухани Ҳақро дарнаёбад илло диле пок аз наҷосати ахлоқи бад ва ороста ба нури таъзиму тавқир. Ва аз ин буд, ки ҳар гоҳ Икрима Мусҳаф боз кардӣ, вайро ғашй афтодӣ ва гуфтӣ: «Ҳува калому Раббӣ, ҳува калому Раббӣ»2. Ҳеч кас азамати Қуръон надонад, то азамати Ҳақ таъоло нашиносад. Ва ин азамат дар дил ҳосил наёяд, то аз сифот ва афъоли Ӯ боз наандешад, чун: Арш ва Курсӣ ва ҳафт осмону ҳафт замин ва ҳар чи дар миёни эшон аст аз малоика ва ҷинну инс ва баҳоиму ҳашарот ва ҷамодоту наботот ва аснофи халоиқ дар дил ҳозир кунад ва бидонад, ки ин Қуръон каломи Он аст, ки ин ҳама дар қабзаи қудрати Ӯст, ки агар ҳамаро ҳалок кунад, бок надорад ва дар камоли Вай ҳеч нуқс набувад. Ва офаринанда ва доранда ва рӯзидиҳандаи ҳама Ӯст. Он гоҳ бошад, ки шаммае аз азамат дар дили вай ҳозир шавад.
Адабисеюм
Он ки дил ҳозир дорад дар хондан ва ғофил нашавад. Ва ҳадисуннафс вайро ба ҷониби пароканда берун набарад. Ва ҳар чи ба ғафлат хонад, нохонда донад ва дигар бор боз сар шавад (аз нав ва аз сар шурӯъ кунад), ки ин ҳамчунон бувад, ки касе ба тамошо дар бӯстоне шавад ва он гоҳғофил бошад аз аҷоиби бӯстон, то берун ояд, ки ин Қуръон тамошогоҳи мӯъмин аст. Ва дар вай аҷоиби ҳикматҳост, ки касе, ки дар он тааммул кунад, ба ҳеч чизи дигар напардозад. Пас, агар касе маънии Қуръон надонад, насиби вай андак бошад, лекин бояд ки азамати он дар дили вай ҳозир бувад, то пароканда андеша набувад.
Адабичаҳорум
Он ки дар маонии ҳар калимате андеша мекунад, то фаҳм кунад. Ва агар ба як бор фаҳм накунад, иодат мекунад ва агар аз вай лаззате ёбад, иодат мекунад, ки он авлотар аз бисёр хондан. Ва Абӯзар мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки расул алайҳиссалом як шаб то рӯз дар намоз ин як оят иодат мекард: «Ин туъаззибҳум фа иннаҳум ъибодука ва ин тағфир лаҳум фа инна-
1 Набояд онро ба даст гиранд, ҷуз покон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё