Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас агар касе зикри бисёр мекунад ва ӯро он аҳвол, ки сӯфиёнро бошад, пайдо наёяд, ки нафур (гурезону парешонҳол ва афсурда) гардад, ки саодат бар он мавқуф нест, ки чун дил ба нури зикр ороста гашт, камоли саодатро муҳайё шуд, ҳар чи дар ин ҷаҳон пайдо наёяд, пас аз марг пайдо ояд. Бояд ки ҳамеша мулозим бошад муроқибати дилро, то бо Ҳақ таъоло дорад ва ҳеч ғофил набошад, ки зикри бардавом калиди аҷоиби малакути ҳазрати Илоҳият аст; ва маънии ин ки расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар ки хоҳад дар равзаҳои биҳишт тамошо кунад, зикри Худой бисёр бояд кард» ин аст.
Ва аз ин ишорат, ки кардем, маълум шуд, ки лубоби ҳама ибодот зикр аст. Ва зикри ҳақиқӣ он бувад, ки ба вақти амру наҳй, ки дар пеш ояд, Худойро ёд кунад ва ба вақти маъсият даст бидорад ва ба вақт фармон ба ҷой орад: агар зикр вайро бад-ин надорад, нишони он бошад, ки ҳадиси нафс будааст ва ҳақиқате надоштааст.
Фазилати таҳлилу тасбеҳ ва таҳмиду салавот ва истиғфор Расул алайҳиссалом мегӯяд: «Ҳар некӯие, ки банда кунад, дар тарозу ниҳанд рӯзи қиёмат, магар калимаи «ло илоҳа иллаллоҳу»: агар варо дар тарозу ниҳанд, баробари ҳафт осмону ҳафт замин ва он чи дар вай аст, зиёдат ояд». Ва гуфт: «Гӯяндаи «ло илоҳа иллаллоҳу» агар содиқ бувад дар он ва бисёрии хоки замин гуноҳ дорад, аз вай даргузоранд». Ва гуфт:
«Ҳар ки «ло илоҳа иллаллоҳу» ба ихлос гуфт, дар биҳишт шавад». Ва гуфт: «Ҳар ки бигӯяд: «ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу; лаҳул-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ъало кулли шайъин қадирун»1ҳар рӯз сад бор, баробари даҳ банда бошад, ки озод карда бувад, сад некӣ дар девони вай бинависанд ва сад бадӣ пок кунанд, ҳирзе бувад ин калима вайро аз шайтон то шабонгоҳ».
Ва дар «Саҳеҳ» аст, ки: «Ҳар ки ин калима бигӯяд, чунон бувад, ки чаҳор банда аз фарзандони Исмоил озод карда бувад аз бандагӣ». Расул мегӯяд алайҳиссалом, ки: «Ҳар ки дар рӯзе сад бор бигӯяд:
«субҳоналлоҳи ва би ҳамдиҳи», ҳама гуноҳони вай афв кунанд, агарчи бисёрии кафи дарё бувад». Ва гуфт: «Ҳар ки паси ҳар намозе сиву се бор бигӯяд, ки «субҳоналлоҳи» ва сиву се бор «ал-ҳамду лиллоҳи» ва сиву се бор «Аллоҳу акбар» ва хатм кунад сад бор бад-ин калима: «ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу; лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ъало кулли шайъин қадирун», ҳама гуноҳони вай биёмурзанд ва агар бисёрии кафи дарё бувад».
Ривоят кунанд, ки: «Марде ба наздики расул алайҳиссалом омаду гуфт: «Дунё маро фурӯ гузошт, тангдасту дарвеш шудам ва дармондам, тадбири ман чист?» Гуфт: «Куҷоӣ ту аз салавоти малоика ва тасбеҳи халоиқ, ки рӯзӣ бад-он ёбанд?» Гуфт: «Он чист, ё расулуллоҳ?» Гуфт:
«Субҳоналлоҳи-л-азим, субҳоналлоҳи ва би ҳамдиҳи ва астағфируллоҳа, ҳар рӯзе сад бор бигӯ – пеш аз намози бомдод ва пас аз субҳ – то дунё рӯй ба ту ниҳад: агар хоҳӣ ва агар не; ва Ҳақ таъоло аз ҳар калимае фариштае офаринад, ки тасбеҳ мекунанд, то қиёмат ва савоби он туро бошад». Ва расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Боқийоти солеҳот ин калимот аст: Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ман ин калимот бигӯям, дӯсттар дорам аз ҳар чи дар зери гардиши офтоб аст». Ва гуфт: «Дӯсттарин калимот назди Худои таъоло ин чаҳор калима аст». Ва гуфт: «Ду калима аст, ки он сабук аст бар забон ва гарон аст дар мизон ва маҳбуб аст назди Раҳмон: Субҳона-л-Лоҳи ва би ҳамдиҳи, субҳоналлоҳи-лъазими ва би ҳамдиҳи».
Ва фуқаро расул алайҳиссаломро гуфтанд, «Тавонгарон савоби охират ҳама бурданд ҳар ибодате, ки мо мекунем, эшон низ мекунанд ва эшон садақа медиҳанд ва мо наметавонем». Гуфт: «Шуморо ба сабаби дарвешӣ, ҳар тасбеҳе ва таҳлиле ва такбире садақа аст ва ҳар амри маъруфе ва наҳйи
1 Нест Худое ҷуз Парвардигори воҳид, ки шарик надорад, подшоҳӣ ва сипоси шоистаи Ӯст ва бар ҳар коре тавоност.
мункаре садақа аст ва агар яке аз шумо луқмае дар даҳони аҳли хеш ниҳад, садақа аст». Ва бидон, ки фазилати тасбеҳ ва таҳмид дар ҳаққи дарвешон, зиёдат бад-он аст, ки дили дарвеш ба зулмоти дунё торик набошад ва софитар бувад: як калима, ки вай бигӯяд, ҳамчун тухме бошад, ки дар замини пок афкананд, асари бисёр кунад ва самараи бисёр диҳад. Ва зикр дар диле, ки ба шаҳвати дунё оганда бувад, ҳамчун тухме бошад, ки дар шӯристон – асар камтар кунад.
Салавот
Як рӯз расул алайҳиссалом берун омад ва асари шодӣ дар вай пайдо буд, гуфт: «Ҷабраил омад алайҳиссалом ва гуфт: Худои таъоло мегӯяд:
басанда накунӣ бад-ин ки ҳар ки аз уммати ту бар ту салавот диҳад, Ман даҳ бор бар вай салавот диҳам ва чун бар ту салом кунанд, даҳ бор бар вай салом кунам?» Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки бар ман салавот медиҳад, малоика ҷумла бар вай салавот медиҳанд, гӯ: хоҳ бисёр деҳ, хоҳ андак». Ва гуфт: «Авлотар ба ман он кас бувад, ки салавот бештар диҳад бар ман». Ва гуфт: «Ҳар ки бар ман салавот диҳад, даҳ некӯӣ варо бинависанд ва даҳ зиштӣ аз вай бисутуранд». Ва гуфт: «Ҳар ки дар чизе, ки менависад, салавот бар ман нависад, малоика вайро истиғфор мекунанд, то номи ман дар он китоб навишта мондааст».
Истиғфор
Ибни Масъуд мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Дар Қуръон ду оят аст, ки ҳеч кас гуноҳе накунад ва ин ду оят бархонад ва истиғфор кунад, илло гуноҳи вай биёмурзанд:
«Ва-л-лазина изо фаъалу фоҳишатан ав заламу анфусаҳум, закаруллоҳа фа-стағфиру ли зунубиҳим»1 ал-ойату: «Ва ман йаъмал сӯан ав йазлим нафсаҳу, сумма йастағфириллоҳа, йаҷидуллоҳа ғафуран раҳимо»2
.
Ва Худои таъоло расулро мегӯяд алайҳиссалом: «Фа саббиҳ би ҳамди Раббика ва-стағфирҳу, иннаҳу кона таввобан»3. Ва бад-ин сабаб расул алайҳиссалом бисёр гуфтӣ: «Субҳонакаллоҳума ва биҳамдика. Аллоҳума-
1 Ва касоне, ки чун кори зишт кунанд ё ба нафси худ ситам раво доранд, ба ёди Худо афтанд, Худованд гуноҳонашон биёмурзад...
2 Ва ҳар кас кори бад кунад ё бар худ ситам раво дорад ва пас аз он аз Худо талаби мағфират кунад, Худовандро омурзанда ва бахшанда хоҳад ёфт.
3 Тасбеҳ ва ситоиш кун Парвардигоратро ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ, ки тавбаро мепазирад.
ғфир лӣ; иннака Анта-т-тавобу-р-раҳим»1. Ва расул гуфт алайҳиссалом:
«Ҳар ки истиғфор бисёр гӯяд, дар ҳар андӯҳ, ки бошад, фараҳ ёбад ва дар ҳар тангӣ, ки бошад, халос ёбад ва рӯзии вай аз он ҷо, ки наандешад, ба вай расад». Ва гуфт: «Ман рӯзе ҳафтод бор истиғфор ва тавба мекунам».
Ва чун вай чунин бошад, дигаронро маълум бошад, ки ҳеч вақт аз ин холӣ набояд буд! Ва гуфт: «Ҳар ки дар он вақт ки бихусбад, се бор бигӯяд:
«Астағфируллоҳа-л-ъазима-л-лази ло илоҳа илло ҳува-л-ҳаййу-лқаййуму»2, ҳама гуноҳони вай биёмурзанд, агар ба бисёрии кафи дарё бувад ва реги биёбон ва барги дарахтон ва рӯзҳои дунё». Ва гуфт: «Ҳеч банда гуноҳе накунад, ки таҳорате бикунад некӯ ва ду ракъат намоз кунад ва истиғфор кунад, илло он гуноҳи вай биёмурзанд».
Одоби дуо
Бидон, ки дуо кардан ба тазаррӯъ ва зорӣ аз ҷумлаи қурубот (наздиккунанда ба Худованд) аст. Ва расул мегӯяд алайҳиссалом, ки: «Дуо муххи ибодат аст». Ва ин барои он аст, ки мақсуд аз ибодати убудият аст. Ва убудият бад-он бувад, ки шикастагии худ ва азамати Ҳақ таъоло ҳар ду ба ҳам бинад ва донад. Ва дар дуо ин ҳар ду пайдо ояд; ва ҳарчанд батазаррӯътар бошад, авлотар. Ва бояд ки ҳашт одоб нигоҳ дорад.
Аввал – он ки ҷаҳд кунад, то дар вақти шариф афтад, чун: арафаву рамазон ва одинаву вақти саҳаргоҳ ва дар миёни шаб.
Дуввум – он ки аҳволи шариф нигоҳ дорад, чун: вақти масоф кашидани (ба ҷанг рафтан) ғозиён ва боз омадан; ва вақти намози фариза, ки дар хабар аст, ки дарҳои осмон дар ин вақт бикушоянд; ва ҳамчунин дар миёни бонги намоз ва иқомат; ва вақте ки рӯза дорад; ва вақте ки дил рақиқтар бошад, ки риққати дил далели кушодани дари раҳмат бувад.
Саввум – он ки ҳар ду даст бардорад, ба охир ба рӯй фурӯ орад, ки дар хабар аст, ки: «Худои таъоло каримтар аз он аст, ки дасте, ки ба вай бардоштанд, тиҳӣ бозгардонад». Ва расул ъалайҳи-с-салавоту ва-с-салом гуфт: «Ҳар ки дуо кунад, аз се чиз холӣ намонад: ё гуноҳе биёмурзад, ё дарҳол хайре ба вай расонад, ё дар мустақбал хайре ба вай расад».
Чаҳорум – он ки дуо бо тараддуд накунад, балки дил дар он дорад, ки лобуд аҷобат ояд, ки расул алайҳиссалом мегӯяд: «Удъуллоҳа ва антум муқинуна би-л-иҷобати»3
.
1 Пок ҳастӣ Ту, эй Худо ва Туро меситоем. Худоё, маро биёмурз, Ту пазирандаи тавба ва бахшандаӣ.
2 Талаби омурзиш мекунам аз Худои бузурге, ки Парвардигоре ҷуз Ӯ нест ва бузургу поянда аст.
3 Худоро бихонед дар ҳоле, ки пазируфта шудани онро бовар дошта бошед.
Панҷум – он ки дуо ба зорӣ ва хушӯъи дил кунад, ки дар хабар аст, ки:
«Аз дили ғофил ҳеч дуо нашунаванд».
Шашум – илҳоҳ кунад дар дуо ва такрор мекунад ва меовезвд ва нагӯяд: «Анд (чанд) бор дуо кардам ва иҷобат набуд», ки вақти иҷобат ва маслиҳати он Эзади таъоло беҳтар донад. Ва чун иҷобат ёбад, суннат он аст, ки бигӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣ биниъматиҳи, татамму-ссолиҳот»1 ва чун иҷобат дертар бувад, гӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳи ъала кулли ҳолин»2
.
Ҳафтум – он ки нахуст тасбеҳ кунад ва салавот диҳад. Ва расул алайҳиссалом пеш аз дуо бигуфтӣ: «Субҳона Раббийа-л-ъалиййи-лаъло-л-ваҳҳоб»3. Ва гуфтааст: «Ҳар ки дуо хоҳад кард, нахуст бояд ки бар ман салавот диҳад, ки ин дуоро иҷобат бувад ночор; ва Худои таъоло каримтар аз он аст, ки аз ду дуо яке иҷобат кунад ва яке манъ кунад».
Ҳаштум – он ки тавба кунад ва аз мазолим берун ояд ва дил ба куллият ба Ҳақ таъоло барад, ки бештари дуо, ки рад афтад, аз ғафлати дилҳо бувад ва зулмати маъсиятҳо.
Ва Каъбулахбор мегӯяд: «Қаҳтӣ буд дар замини банӣ Исроил, Мӯсо алайҳиссалом бо ҷумлаи уммат ба истисқо4 шуданд се бор; ва иҷобат наяфтод. Пас ваҳй омад ба Мӯсо алайҳиссалом, ки: «Дар миёни шумо наммоме аст ва то вай тавба накунад, иҷобат накунам». Гуфт: «Бор Худоё, он кист, то ӯро аз миён берун кунем». Гуфт: «Ман аз наммомӣ манъ мекунам, наммомӣ чун кунам?!» Мӯсо гуфт: «Тавба кунед аз суханчинӣ».
Ҳама тавба карданд ва борон омадан гирифт». Ва Молик ибни Динор гӯяд: «Дар банӣ Исроил қаҳтӣ буд, ду бор ба истисқо шуданд, иҷобат наяфтод. Пас ваҳй омад ба пайғамбари эшон, ки: эшонро бигӯй, ки берун омадаанд ва дуо мекунанд бо колбадҳои палид ва шикамҳои пури ҳаром ва дастҳои ба хуни ноҳақ олуда: бад-ин берун омадан хашми Ман зиёдат шуд ва аз Ман дур гаштед».
Даавоти пароканда
Бидон, ки дуоҳои маъсур бисёр аст, ки расул алайҳиссалом гуфта ва фармудааст ва суннат аст хондани он бомдоду шабонгоҳ ва пас аз намозҳо ва дар авқоти мухталиф. Ва бисёре аз он ҷамъ кардаем дар ки-
1 Сипос Худойро, ки ба сабаби неъмати Ӯ корҳои нек тамом мешавад.

пешина
аз 176
навбатӣ