Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

ФАСЛИ (ДУВОЗДАҲУМ)
[Ҳар одамӣ бар фитрат зоида мешавад] Гумон мабар, ки ин ба паёмбарон махсус аст, ки гавҳари ҳама одамиён дар асли фитрат шоистаи ин аст, чунон ки ҳеч оҳане нест, ки ба асли фитрат шоистаи он нест, ки аз вай оинае барояд, ки сурати оламро ҳикоят кунад, магар он ки зангор дар ҷавҳари вай ғавс кунад ва вайро табоҳ кунад; ҳамчунин ҳар дил, ки ҳирси дунё ва шаҳвату маосӣ бар вай ғолиб шавад ва дар вай мутамаккин гардад, бад-ин нарасад ва ба дараҷаи райну табъ (чирку касофат ва занг) расад ва ин шоистагӣ аз вай ботил шавад, «Ва куллу мавлудин йуладу ъала-л-фитрати фа абавоҳу йуҳаввидониҳи ва йунассирониҳи ва юмаҷҷисониҳи»1
.
Ва аз умуми ин шоистагӣҲақ таъоло хабар дод бад-ин иборат, ки гуфт:
«А ласту би Раббикум? Қолу бало»2. Чунон ки агар касе гӯяд: ҳар оқил, ки бо вай гӯйӣ: «На ду аз яке бештар аст?» Гӯяд, ки: «Бале рост бувад».
Агар ҳар оқиле ин ба гӯши сар нашунида бошад ва ба забон нагуфта бошад, валекин ҳама даруни вай бад-ин тасдиқ оганда бошад. Ҳамчунон ки ин фитрати одамиён аст, маърифати Рубубият низ фитрати ҳама аст, чунон ки гуфт: «Ва лаин саалтаҳум ман халақа-с-самовоти ва-л-арза ла йақулунналлоҳу»3 ва дигар гуфт: «Фитраталлоҳи-л-латӣ фатара-н-носа ъалайҳо»4; ва ба бурҳони ақлӣ ва ба таҷрибат маълум шудааст ва ин ба пайғамбарон махсус нест, чи пайғамбар ҳам одамӣ аст: «қул иннамо ано башарун мислукум»5
.
Лекин касе, ки вайро ин роҳ кушода шуд, агар салоҳи ҷумла халқ вайро бинамоянд; ва бад-он даъват кунанд, ончи вайро намуданд, онро шариат гӯянд ва вайро паямбар гӯянд ва ҳолати вайро мӯъҷиза гӯянд; ва
1 Ҳар мавлуде бар фитрат (ислом) зоида мешавад, пас падару модараш вайро яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ мегардонанд.
2 Оё нестам Парвардигори шумо? Гуфтанд: оре.
3 Агар аз эшон бипурсӣ: осмонҳо ва заминро кӣ офарид? Хоҳанд гуфт: Худо.
4 Фитрат ва кеши Худо, ки халқро бар он фитрат офарид.
5 Бигӯ: ман одамӣ ҳастам чун шумо.
чун ба даъвати халқ машғул нашавад вайро валӣ гӯянд ва ҳолоти вайро каромот гӯянд. Ва воҷиб нест, ки ҳар киро ин ҳол падид ояд, ба халқ ва ба даъват машғул шавад, балки дар қудрати Ҳақ таъоло ҳаст, ки вайро ба даъвати халқ машғул накунад: иммо бад-он сабаб ки ин ба вақте бувад, ки шариат тоза бувад ва ба даъвати дигар ҳоҷат набувад ва ё бад-он сабаб, ки даъватро шарте дигар бувад, ки дар ин валӣ мавҷуд набувад.
Пас бояд ки имон дуруст дорӣ ба вилоят ва каромати авлиё ва бидонӣ, ки аввали кор ба муҷоҳидат тааллуқ дорад ва ихтиёрро ба вай роҳҳаст, валекин на ҳар ки корад, даравад ва на ҳар ки равад, расад, на ҳар ки ҷӯяд, ёбад. Валекин ҳар кор, ки азизтар бувад, шароити он бештар бувад ва ёфти он нодиртар бувад. Ва ин шарифтарин дараҷоти одамӣ аст дар мақоми маърифат ва талаб кардани ин, бе муҷоҳидат ва бе пире роҳ рафта ва пухта, рост наёяд ва чун ин ҳар ду бошад, то тавфиқ мусоидат накунад ва то дар азал вайро бад-ин саодат ҳукм накарда бошанд, ба мурод нарасад. Ва ёфтани дараҷати имомат, дар илми зоҳир ва дар ҳама корҳои ихтиёрӣҳамчунин аст.
ФАСЛИ (СЕЗДАҲУМ)
[Шарафи дил аз рӯи қудрат] Намудгоре (намуна ва мисол) аз шарафи гавҳари одамӣ, ки онро дил гӯянд – дар роҳи маърифат бишинохтӣ. Акнун бидон, ки аз рӯи қудрат вайро низ шарафе аст, ки он ҳам аз хосияти малоика аст ва ҳайвоноти дигарро он набошад. Ва он он аст, ки ҳамчунон ки олами аҷсом мусаххар аст малоикаро, то ба дастурии Эзади таъоло, чун савоб бинанд ва халқро бад-он мӯҳтоҷ бинанд, борон оваранд ба вақти баҳор ва бод ангезанд ва ҳайвонотро дар раҳим ва наботро дар замин сурат кунанд ва биёроянд.
Ва ба ҳар ҷинсе аз ин корҳо гурӯҳе аз малоика муваккаланд. Дили одамӣ низ, ки аз ҷинси гавҳари малоика аст, вайро низ қудрате додаанд, то баъзе аз аҷсоми олам мусаххари вайанд.
Ва олами хоси ҳар касе тани вай аст ва тан мусаххари дил аст, ки маълум аст, ки дил дар ангушт нест ва илму иродат дар ангушт нест ва чун дил бифармояд, ангушт биҷунбад; ва чун дар дил сурати хашм падид ояд, арақ аз ҳафт андом кушода шавад. Ва ин чун борон аст. Ва чун сурати шаҳват дар дил падид ояд, боде падид ояд ва ба ҷониби олати шаҳват шавад. Ва чун андешаи таом хӯрдан кунад, он қуввате ки дар зери забон аст, ба хидмат бархезад ва об рехтан гирад, то таомро тар кунад, чунон ки битавон хӯрд.
Ва ин пӯшида нест, ки тасарруфи дил дар тан равон аст ва тан мусаххари дил аст, валекин бибояд донист, ки раво бувад, ки баъзе аз дилҳо шарифтар ва қавитар бувад ва ба ҷавоҳири малоика монандатар бувад, ки аҷсоми дигари беруни тани вай мутеъи вай гардад, то ҳайбати вай, масалан, бар шере афтад, шер мутеъ ва забуни вай гардад ва ҳиммат дар беморе бандад, беҳтар шавад ва ваҳм бар тандурусте афканад, бемор шавад ва андеша дар касе афканад, то ба наздики вай ояд, ҳаракате дар ботини он кас падидор ояд ва ҳиммат дар он бандад, ки борон ояд, биёяд.
Ин ҳама мумкин аст ба бурҳони ақлӣ ва маълум аст ба таҷрибат ва он ки ӯро чашмзадагӣ гӯянд ва сеҳр гӯянд, ҳам аз ин боб аст ва аз ҷумлаи таъсири нафси одамӣ аст дар аҷсоми дигар, то нафсе, ки ҳасуди хабис бошад, масалан, сутуре некӯ бибинад, ба чашми ҳасад дар он сутур нигарад ва ҳалоки вай таваҳҳум кунад, он сутур дар вақт ҳалок шавад, чунон ки дар хабар аст: «Ал-ъайну тудхилу-р-раҷула-л-қабра ва-л-ҷамалал-қидра»1
.
Пас, ин низ аз аҷоиби қудратҳои дил аст ва ин чунин хосият чун касеро падид ояд, агар доъии халқ бошад, мӯъҷиза гӯянд ва агар доъӣ набошад, каромот гӯянд, агар дар кори хайр бошад, он касро набӣ гӯянд ё валӣ ва агар дар кори шарр бошад, он касро соҳир гӯянд ва сеҳру каромоту мӯъҷизот аз хавоси қудрати дили одамӣ аст, агарчи миёни эшон фарқҳои бисёр аст, ки ин китоб баёни он эҳтимол накунад2
.
ФАСЛИ (ЧАҲОРДАҲУМ)
[Ҳақиқати нубувват ва вилоят] Агар касе ин ҷумла, ки рафт, надонад, аз ҳақиқати нубувват вайро ҳеч хабар набувад, илло ба сурату самоъ, ки нубуввату вилоят яке аз дараҷоти шарафи дили одамӣ аст ва ҳосили он се хосият аст: яке он чи умуми халқро дар хоб кашф шавад, вайро дар бедорӣ кашф афтад; дуввум он ки нафси умуми халқҷуз дар тани эшон асар накунад ва нафси вай дар аҷсоме, ки хориҷ аз тани вай аст, асар кунад, бар тариқе, ки салоҳи халқ дар он бошад, ё фасоде набувад дар он; саввум он ки он чи аз улум, ки умуми халқро ба таълим ҳосил шавад, вайро бе таълим аз ботини хеш ҳосил шавад. Ва чун раво бошад, ки касе зирак ва софидил
1 Чашм мардро дохили гӯр ва шутурро дохили дег мекунад.
2 Эҳтимол кардан ба маънии таҳаммул кардан ва кифоят кардан аст.
бошад, баъзе аз илмҳо ба хотири хеш ба ҷой орад бе тааллум, раво бошад, ки касе софитар ва қавитар бошад, ҳама илмҳо ё бештари он, ё бисёре аз он, худ бишиносад ва онро илми ладунӣ гӯянд, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва ъалламноҳу мин ладунно ъилман»1
.
Ҳар киро ин се хосият ҷамъ бувад, вай аз пайғамбарони бузург бошад, ё аз авлиёи бузург. Ва агар яке бувад аз ин ҳар се, ҳамин дараҷа ҳосил бошад. Ва дар ҳар яке низ тафовути бисёр аст, ки касе бошад, ки аз ҳар яке вайро андаке бошад ва касе бувад, ки бисёре. Ва камоли расули мо – саллаллоҳу алайҳи ва саллам – бад-он бувад, ки вайро ин ҳар се хосият ба ғояти камол бувад. Ва Эзад субҳонаҳу ва таъоло чун хост, ки халқро ба нубуввати вай роҳ диҳад, то мутобиати вай кунанд ва роҳи саодат аз вай биёмӯзанд, аз ин ҳар се хосият намудгоре ҳар касеро бидод: хоб намудгори як хосият аст.
Ва фиросати рост2 намудгори он дигар ва хотири рост (зеҳну ҳуш) дар улум намудгори он дигар.
Ва одамиро мумкин нест, ки ба он чизе имон орад, ки вайро ҷинси он набошад, ки ҳар чи вайро намудгори он набувад, худ вайро сурати он мафҳум нашавад. Ва барои ин аст, ки ҳеч кас ҳақиқати Илоҳият ба камол нашиносад, илло Аллоҳ таъоло. Ва шарҳи ин таҳқиқ дароз аст ва дар китоби «Маъонӣ асмоиллоҳ» бурҳони равшан бигуфтаем.
Ва мақсуд он аст: акнун, ки мо раво дорем, ки берун аз ин се хосият, анбиё ва авлиёро хосиятҳо бошад, ки моро аз он хабар нест, ки бо мо намудгори он нест. Пас, чунон ки мегӯем, ки Худойро таъоло кас ба камол нашиносад, магар Худои азза ва ҷалла, мегӯем, ки расулро алайҳиссалом кас ба камол нашиносад, магар расул ва он, ки ба дараҷаи фавқи вай аст. Пас, аз одамиён қадри паямбар ҳам паямбар шиносад. Ва моро ин миқдор беш маълум нест, чи агар моро хоб набудӣ ва касе моро ҳикоят кардӣ ки: «Касе бияфтад ва ҳаракат накунад ва набинад ва нашунавад ва бидонад, ки фардо чӣ хоҳад буд ва чун шунавову бино бувад, ин наметавонист донист» ҳаргиз мо инро бовар надоштеме. Ва одамӣҳар чи надида бошад, бовар накунад! Ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Бал каззабу бимо лам йуҳиту би ъилмиҳи ва ламмо йаътиҳим таъвилуҳу»3. Ва гуфт:
«Ва из лам йаҳтаду биҳи фа сайақулуна ҳозо ифкун қадимун»4
.
Ва аҷаб мадор, ки анбиёву авлиёро сифате бошад, ки дигаронро аз он
1 Ва омӯхтем ӯро аз пеши Худамон донише.
2 Фиросат: доноӣ ва зиракиву қувваи истеъдоди дарёфти ҳаводис ба кумаки ҳадс ва гумони саҳеҳ.
3 Балки такзиб карданд он чиро ба донистани он иҳота надоштанд ва ба хотири эшон наёмад маънӣ ва таъвили он.
4 Ва чун ба он роҳ наёфтанд, мегӯянд: ин дурӯғи кӯҳнае аст.
ҳеч хабар набошад. Ва эшон аз он лаззатҳо ва ҳолатҳои шариф ёбанд, ки мебинӣ ки касе, ки вайро завқи шеър нест, бад-он сабаб лаззат вазни самоъ наёбад ва агар касе хоҳад, ки вайро маънии он тафҳим кунад, натавонад, ки вай аз ҷинси ин хабар надорад. Ҳамчунин акмаҳ (кӯри модарзод) ҳаргиз маънии алвон ва лаззати дидори он фаҳм накунад. Пас аҷаб мадор дар қудрати Худои таъоло, ки баъзе аз идрокот пас аз дараҷаи нубувват офаринад. Ва беш аз ин касе аз он хабар надорад.
ФАСЛИ (ПОНЗДАҲУМ)
[Илм чӣ гуна ҳиҷоби роҳ аст] Аз ин ҷумла, ки рафт, шарафи гавҳари дили одамӣ маълум шуд ва роҳи сӯфиён маълум гашт, ки чист. Ва ҳамоно ки шунида бошӣ аз сӯфиён, ки гӯянд: «Илм ҳиҷоб аст аз ин роҳ» ва инкор карда бошӣ. Ин суханро инкор макун, ки ин ҳақ аст, чи маҳсусот ҳосил шавад, чун бад-он машғул ва мустағрақ бошӣ, аз ин маҳҷуб бошӣ.
Ва масали дил чун ҳавзе аст ва масали ҳавос чун панҷҷӯй аст, ки об аз вай ба ҳавз ояд, аз берун. Агар хоҳӣ, ки оби софӣ аз қаъри ҳавз барояд, тадбир он аст, ки ин об ҷумла аз вай берун кунӣ. Ва гили сиёҳ, ки аз асари ин об аст, ҳам берун кунӣ ва роҳи ҳама ҷӯйҳо бибандӣ, то низ об наёяд ва қаъри ҳавз ҳамеканӣ, то оби софӣ аз даруни ҳавз падидор ояд ва то ҳавз бад-он об, ки аз берун даромадааст, машғул бошад, мумкин нашавад аз даруни вай об барояд. Ҳамчунин ин илм, ки аз даруни дил берун ояд, ҳосил наёяд, то аз ҳар чи аз берун даромадааст, холӣ нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё