Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва шарҳи он низ дароз аст.
Ва мақсуд аз ин он аст, ки бидонӣ, ки чанд омилҳост мухталиф ва дар ботини ту; ҳар яке ба коре машғул ва ту дар хоби хуш бошӣ ва эшон ҳеч аз хидмати ту наёсоянд ва ту на эшонро бидонӣ ва на шукри он ки эшонро ба хидмати ту ба пой кардаанд, ба ҷой оварӣ!
Агар касе як рӯз ғуломи хешро ба хидмати ту фиристад, ҳама рӯз, балки ҳама умр ба шукри вай машғул бошӣ ва Онро, ки чунин чандин ҳазор пешаварро дар даруни ту ба хидмати ту фиристодааст, ки дар ҳама умри ту як лаҳза аз хидмати ту фурӯ нанишинанд, аз Вай худ ёд наёварӣ!
Ва донистани таркиби тан ва манфиати аъзои вайро илми ташреҳ хонанд. Ва он илме аст азим ва халқ аз он ғофил бошанд ва нахонанд. Ва он, ки хонад, барои он хонад, то дар илми тиб устод шавад. Ва тиббу илми тиб худ мухтасар аст ва агарчи ба вай ҳоҷат аст, ба роҳи дин тааллуқ надорад.
Аммо касе, ки назар дар тан барои он кунад, то аҷоиби сунъи Худои таъоло бинад, вайро се сифат аз сифоти Илоҳият зарурӣ шавад: яке он ки бидонад бинокунандаи ин қолаб ва Офаринандаи ин шахс, Қодире аст баркамол, ки ҳеч нуқс ва аҷзро ба қудрати Вай роҳ нест, ки аз қатраи об чунин шахс тавонад офарид ва Он, ки ин тавонад кард, зинда кардан аз паси марг бар Ӯ осонтар бувад; дуввум он, ки Олиме аст, ки илми вай муҳит аст ба ҳама корҳо, ки ин чунин аҷоиб бо чунин ҳикматҳои ғариб мумкин нагардад, илло ба камоли илм; саввум он ки лутфу раҳмат ва инояти Вайро ба бандагон ҳеч ниҳоят нест, ки аз ҳар чи дар мебоист, Офаридгор дар офаридани ҳеч чиз боз нагирифтааст, балки он чи ба зарурат мебоист, чун: дилу ҷигар ва димоғу усули ҳайвон бидод; ва он чи ба вай ҳоҷат бувад, агарчи зарурате набувад, чун: дасту пой ва чашму забон, ҳама бидод; ва он чи на бад-он ҳоҷат бувад ва на зарурат, валекин дар вай зиёдат зинат бувад ва бар он ваҷҳ некӯтар бувад, он низ бидод, чун: сиёҳии мӯй ва сурхии лаб ва кӯжии абрӯй ва ҳамвории мижгони чашм ва ғайри он.
Ва ин лутфу иноят на бо одамӣ танҳо карду бас, балки бо ҳама офаридаҳо, то сорхак (пашша) ва занбӯру магас, ки ҳар яке эшонро ҳар чи боист, бидод ва ҳама шакли эшон ва зоҳири эшонро ба нақшҳо ва рангҳои некӯ биёрост.
Пас назар дар тафсили офариниши тани одамӣ, калиди маърифати сифоти Илоҳият аст бар ин ваҷҳ ва бад-ин сабаб ин илм шариф аст, на бад-он сабаб, ки табибонро бад-он ҳоҷат аст.
Ва ҳамчунон ки ғароиби шеъру тасниф ва санъат, ҳарчанд ки бештар донӣ, азамати шоиру мусанниф ва сонеъ дар дили ту зиёдат бувад, аҷоиби сунъи Эзади таъоло ҳамчунин мифтоҳи илм аст ба азамати Сонеъ – ҷалла ҷалолуҳу – ва ин низ бобе аз маърифати нафс аст, валекин мухтасар аст ба изофат бо илми дил, ки ин илми тан аст ва тан чун маркаб аст ва дил чун савор. Ва мақсуди офариниш савор аст на маркаб, ки маркаб барои савор аст, на савор барои маркаб. Валекин ин миқдор низ гуфта омад, то бидонӣ, ки бад-ин осонӣ хештанро ба тамомӣ натавон шинохт, бо он ки ба ту ҳеч чиз наздиктар аз ту нест ва касе, ки худро нашинохта бошад ва даъвои шинохти чизи дигар кунад, ҳамчун муфлисе бошад, ки худро таом натавонад дод ва даъвои он кунад, ки дарвешони шаҳр ҳама нони вай мехӯранд: ва ин ҳам зишт бувад ва ҳам муҳол.
ФАСЛИ (ҲАҶДАҲУМ)
[Одамӣ дар ин олам дар ғояти аҷзу нуқсон аст] Чун шарафу аҷз ва бузургии гавҳари дили одамӣ аз ин ҷумла бидонистӣ, бидон, ки ин гавҳари азизро ба ту додаанд ва он гоҳ вайро бар ту бипӯшидаанд! Чун талаби вай накунӣ ва вайро зоеъ кунӣ ва аз вай ғофил бошӣ, ғабне ва хусроне азим бошад. Ҷаҳди он кун, ки дили худро бозҷӯӣ ва аз миёни машғалаи дунё берун орӣ ва вайро ба камоли хеш расонӣ, ки шарафу иззи вай дар он ҷаҳон пайдо хоҳад шуд, ки шодие бинад беандӯҳ ва бақое бефано ва қудрате беаҷз ва маърифате бешубҳат ва ҷамоли Ҳазрате бекудурат.
Аммо дар ин ҷаҳон, шарафи вай бад-он аст, ки вайро истеъдод ва шоистагӣ бошад, ки бад-он шарафу иззи ҳақиқӣ расад, вагарна аз вай ноқистар ва бечоратар имрӯз кист? Ки асири гуруснагӣ ва ташнагӣ ва гармову сармо ва бемориву дард ва андӯҳу ранҷ ва хашму оз аст ва ҳар чи вайро дар он роҳат асту лаззат, зиёни кори вай аст; ва ҳар чи вайро манфиат кунад, бо талхию ранҷ аст.
Ва касе, ки азизу шариф бувад, ба илм бувад, ё ба қуввату қудрат, ё ба ҳиммату иродат, ё ба ҷамоли сурат.
Агар дар илми вай нигарӣ, аз вай ҷоҳилтар кист? Ки агар як раг дар димоғи вай каж (каҷ) шавад, вай дар хатари ҳалок ва девонагӣ афтад ва вай надонад, ки аз чӣ хост ва илоҷи вай чист? Ва бошад, ки илоҷи он дар пеши вай бошад ва ҳамебинад ва надонад.
Ва агар дар қудрату қуввати вай нигоҳ кунӣ, аз вай оҷизтар кист? Ки бо магасе барнаёяд ва агар сорхакеро бар вай мусаллат кунанд, дар дасти вай ҳалок шавад; ва агар занбӯре сари неш фаро вай кунад, бехоб ва беқарор шавад.
Ва агар дар ҳиммати вай нигарӣ, ба як донг сим ё зар, ки аз вай ба зиён ояд, мутағаййир шавад ва ранҷур гардад ва агар як луқма аз вай даргузарад – ба вақти гуруснагӣ мадҳуш шавад. Ва аз ин хасистар чӣ бошад?
Ва агар дар ҷамоли сурати вай нигарӣ, пӯсте аст бар рӯи мазбалае даркашида ва агар ду рӯз хештанро нашӯяд, расвоиҳо бар вай пайдо шавад, ки аз хештан сер ояд ва ганд аз вай бархезад. Ва расвотару гандатар аз он чи чиз аст, ки вай ҳамеша дар ботини хеш дорад ва ҳаммоли вай аст, рӯзе чанд бор ба дасти хеш аз хештан бишӯяд?!
Рӯзе шайх Абӯсаиди Абулхайр раҳматуллоҳи алайҳи мегузашт бо сӯфиён, фаро ҷое расид, ки таҳоратҷой (чоҳи мустароҳ) пок ҳамекарданд ва наҷосат бар роҳ буд. Сӯфиён ҳама ба як сӯй гурехтанд ва бинӣ бигирифтанд. Ва шайх биистоду гуфт: «Эй қавм, донед, ки ин наҷосат фаро ман чӣ мегӯяд?» Мегӯяд, ки: «Дӣ дар бозор будам, ҳама кисаҳои хеш бар ман ҳамеафшондед, то маро ба даст овардед; як шаб бо шумо сӯҳбат беш накардам, бад-ин сифат гаштам! Маро аз шумо мебояд гурехт ё шуморо аз ман?».
Ва ба ҳақиқат чунин аст, ки одамӣ дар ин олам дар ғояти нуқсон ва аҷзу нокасӣ аст ва рӯзи бозори вай фардо хоҳад буд. Агар «кимиёи саодат» бар гавҳари дил афканад, то аз дараҷаи баҳоим ба дараҷаи фариштагон расад. Ва агар рӯй ба дунёву шаҳвати дунё орад, фардо сагу хукро бар вай фазл бувад, ки эшон ҳама хок шаванд ва аз ранҷ бираҳанд ва вай дар азоб бимонад. Пас чунон ки шарафи худ бишинохт, бояд ки нуқсон ва бечорагии худ бишиносад, ки маърифати нафс аз ин ваҷҳҳам мифтоҳе аст аз мафотеҳи маърифати Ҳақ таъоло.
Ва ин миқдор кифоят бувад дар шарҳи хештаншиносӣ, ки чунин китоб беш аз ин, ки гуфта омад, эҳтимол накунад. Ва биллоҳи-т-тавфиқ.
УНВОНИ ДУВВУМ
Дар шинохтани Ҳақ таъоло [Ва дар он даҳ фасл аст] Фасли аввал – Маърифати нафс калиди маърифати Ҳақ таъоло аст.
Фасли дуввум – Шинохтани танзеҳ ва тақдиси Ҳақ таъоло аз танзеҳ ва тақдиси хеш.
Фасли саввум – Маърифати подшоҳӣ рондани Ҳақ таъоло.
Фасличаҳорум – Дунболаи фасли пеш.
Фаслипанҷум – Ташбеҳи табиӣ ва мунаҷҷим ба мӯрча.
Фаслишашум – Ташбеҳи халқ ба гурӯҳе нобино.
Фаслиҳафтум – Ташбеҳи кавокиб ва буруҷ ба дастгоҳи подшоҳӣ.
Фасли ҳаштум – Шинохтани маънии тасбеҳоти чаҳоргона.
Фасли нуҳум – Мутобиати шариат роҳи саодат аст.
Фасли даҳум – Роҳҳои ғалат ва ҷаҳли аҳли ибоҳат.
ФАСЛИ (АВВАЛ)
[Маърифати нафс калиди маърифати Ҳақ таъоло аст] Бидон, ки дар кутуби паёмбарони гузашта маъруф аст ин лафз, ки бо инсон гуфт: «ё инсону-ъриф нафсака таъриф Раббака»1; ва дар ахбору осор маъруф аст, ки «ман ъарафа нафсаҳу фа қад ъарафа Раббаҳу»2. Ва ин калима далели он аст, ки нафси одамӣ чун оина аст, ки ҳар ки дар вай нигарад, ҳақро мебинад! Ва бисёр халқ дар худ менигарад ва ҳақро намебинад, пас лобуд аст шинохтани он ваҷҳ аз назар3, ки он оинаи маърифат аст. Ва ин бар ду ваҷҳ аст, яке аз он он аст, ки ғомизтар аст ва бештари фаҳмҳо он эҳтимол накунад ва шарҳи он ба авом натавон кардан; савоб набувад гуфтани он. Аммо он ваҷҳ, ки ҳама кас фаҳм тавонад кард, он аст, ки одамӣ аз зоти хеш ҳастии зоти Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бишиносад ва аз сифоти хеш сифоти Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бишиносад ва аз тасарруф дар мамлакати хеш – ва он тану аъзои вай аст – тасарруфи Ҳақ дар ҷумлаи олам бишиносад.
Ва шарҳи ин он аст, ки чун худро авло4 ба ҳастӣ бишинохт ва медонад, ки пештар аз ин ба соле чанд, нест буд ва аз вай на ном буду на нишон, чунон ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло гуфт: «Ҳал ато ъало-л-инсони ҳийнун мина-д-даҳри лам йакун шайъан мазкуро. Иннохалақно-л-инсона мин нутфатин амшоҷин набталийҳи фа ҷаъалноҳу самиъан басиро5».
Ва он чи одамӣ бад-он роҳ барад аз асли офариниши хеш, он аст, ки донад, ки пеш аз ҳастии хеш нутфае буд: қатраи оби ганда, дар вай ақл на ва самъу басар на ва сару дасту пой ва забону чашм на ва рагу паю устухону пӯсту гӯшт на; бал обе буд сапеди яксифат.
Пас ин ҳама аҷоиб дар вай падид омад; иммо вай худро падид овард, ё вайро касе падид овард. Ва чун ба зарурат бишиносад, ки акнун, ки бар дараҷаи камол аст, аз офаридани як сари мӯй оҷиз аст, донад, ки он вақт, ки қатраи об буд, оҷизтар ва ноқистар буд; пас, ба зарурат вайро аз ҳаст шудани зоти хеш ҳастии зоти Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло маълум шавад.
Ва чун дар аҷоиби тани хештан нигарад, аз рӯи зоҳир ва аз рӯи ботин
1 Эй инсон худатро бишинос, то Худоятро бишносӣ.
2 Ҳар кас худро бишинохт, ҳароина Худои хешро бишинохтааст.
3 Яъне бояд шинохт, ки маърифати нафс аз чӣ роҳ метавонад василаи маърифати Худо бошад.
4 Яъне дар ибтидои амру қабл аз ҳар чиз.
5 Ҳароина омад бар одамӣ муддате аз замона, ки набуд чизи ёд карданӣ, ба дурустӣ, ки Мо офаридем инсонро аз нутфаи дар ҳам омехта, ки биёзмоем ӯро. Пас гардонидем ӯро шунаво ва бино.
чунон ки баъзе шарҳ карда шуд, қудрати Офаридгори хеш бибинад ва бишиносад, ки қудрате баркамол аст, ки ҳар чи хоҳад, чунон ки хоҳад, тавонад офаридан, ки қудрате комилтар аз он, чӣ бошад? Ки аз чунон қатраи оби ҳақиру муҳин (хору ночиз), чунин шахси бокамол ва боҷамоли пурбадоеъ ва аҷоиб биёфаринад.
Ва чун дар ғароиби сифоти хеш ва манофеъи аъзои хеш нигарад, ки ҳар якеро барои чӣҳикмат офаридаанд, аз аъзои зоҳир, чун дасту пой ва чашму забону дандон ва аз аъзои ботин, чун сипурзу ҷигар ва заҳраву ғайри он, илми Офаридгори хеш бишиносад, ки ба ниҳояти камол аст ва ба ҳама чизе муҳит ва бидонад, ки аз чунин олим ҳеч чиз ғоиб натавонад бувад, ки агар ҳама ақли уқало дар ҳам зананд ва эшонро умрҳои дароз диҳанд ва андеша мекунанд, то як узв аз ҷумлаи ин аъзо ваҷҳе дигар дар офариниши он берун оранд, беҳтар аз ин, ки ҳаст, натавонанд! Агар хоҳанд, масалан, ки сурате дигар тақдир кунанд дандонро, ки дандонҳои пешро сарҳо тез аст, то таом бибуррад ва дигаронро сар паҳн аст, то таомро ос кунад ва забон дар бари вай чун миҷрафаи (ҷорӯби) осиёбон, ки таом ба осиё андозад ва қуввате, ки дар зери забон аст, чун чашмае, ки об резанд бад-он вақт, ки бояд чандон, ки об мерезад, то таом тар шавад ва ба гулӯ фурӯ хазад ва дар гулӯ намонад, ҳама уқалои олам ҳеч сурати дигар натавонанд андешидан бакамолтар аз ин ва некӯтар аз ин. Ва ҳамчунин дастро панҷ ангушт, чаҳор дар як саф ва ибҳом аз эшон дуртар ва ба боло кеҳтар, чунон ки бо ҳар яке аз эшон кор мекунад ва бар ҳама мегардад ва ҳар якеро се банди зоҳир ва вайро ду банди зоҳир, чунон сохта, ки агар хоҳад қабз кунад ва агар хоҳад аз вай миҷрафае созад ва хоҳад миғрафа (чумча ва кафча) созад ва хоҳад гирд кунад ва силоҳ созад ва хоҳад паҳни боз кунад ва кафчалез (кафгир) ва табақ созад ва аз вуҷӯҳи бисёр ба кор дорад. Агар ҳама уқалои олам хоҳанд, ки ваҷҳи дигар андешанд ва дар ниҳоди ин ангуштҳо, ки ҳама дар як саф, ё се аз як сӯй ва ду аз як сӯ, ё ин ки панҷ аст, шаш боист ё чаҳор, ё ин ки се банд боистӣ ё чаҳор, чунин ҳар чи андешанд ва гӯянд, ҳама ноқис бувад ва комилтарин ин аст, ки Худои таъоло офаридааст. Ва бад-ин маълум шавад, ки илми Офаридгор бар ин шахс муҳит аст ва бар ҳама чизе мутталеъ аст.

пешина
аз 176
навбатӣ