Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

1 Яке аз ҷангҳои ҳазрати расул саллаллоҳи ъалайҳи ва олиҳи ва саллам.
Гуфт: «Ҷуз ин низ ҳаст?» Гуфт: «Не».
Қоидаи чаҳорум
Он ки бинои ҳама корҳо то тавонад бар рифқ ниҳад, на ба унф. Расул гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Волӣ, ки бо раият рифқ кунад, фардо бо ӯ рифқ кунанд». Ва дуо карду гуфт: «Бор Худоё, ҳар волӣ, ки бо раият рифқ варзад, Ту бо ӯ рифқ кун; ва ҳар ки унф кунад, Ту бо ӯ унф кун». Ва гуфт: «Некӯ чизе аст вилоят касеро, ки ба ҳаққи он қиём кунад ва бад чизе аст вилоят касеро, ки дар он тақсир кунад».
Ва Ҳишом ибни Абдулмалик аз хулафо буд, аз Абӯҳозим, ки аз ҷумлаи уламои бузург буд, пурсид: «Чист тадбири наҷот дар ин кор?»
Гуфт: «Он ки ҳар дираме, ки биситонӣ, аз ҷое биситонӣ, ки ҳалол бувад ва ҷое биниҳӣ, ки ҳақ бувад». Гуфт: «Ин кӣ тавонад кард?» Гуфт: «Он, ки тоқати дӯзах надорад, биҳишт дӯсттар дорад».
Қоидаи панҷум
Он ки ҷаҳд кунад, то ҳама раият аз ӯ хушнуд бошанд, бо мувофиқати шаръ ба ҳам. Расул гӯяд алайҳиссалом «Беҳтарин аимма онанд, ки шуморо дӯст доранд ва шумо эшонро дӯст доред; ва батарин онанд, ки шуморо душман доранд ва лаънат кунанд ва шумо эшонро лаънат кунед ва душман доред». Ва бояд ки волӣ бад-он ғарра набошад, ки ҳар ки бад-ӯ расад, бар ӯ сано гӯяд, пиндорад, ки аз ӯ хушнуданд, ки он ҳам аз бим бувад, балки бояд ки мӯътамадонро фаро кунад, то таҷассус мекунанд ва аҳволи ӯ аз халқ мепурсанд, ки айби худ аз забони мардумон тавон донист.
Қоидаи шашум
Он ки ризои ҳеч кас талаб накунад бар хилофи шаръ, ки ҳар ки аз мухолифати шаръ нохушнуд бошад, он нохушнудӣӯро зиён нахоҳад дошт.
Умари Хаттоб гӯяд: «Ҳар рӯз, ки хезам, як нимаи халқ аз ман нохушнуд бошанд». Ва лобуд ҳар ки инсоф аз вай биситонанд, нохушнуд бувад, пас ҳар дуро хушнуд натавон кард. Ва ҷоҳил касе бувад, ки барои ризои халқ ризои Ҳақ фурӯ ниҳад. Муовия набишт ба Оиша ки: «Маро васият кун ва панди мухтасар деҳ». Оиша набишт, ки: «Аз расул шунидам, ки: «Ҳар ки хушнудии Худой ҷӯяд, ба нохушнудии халқ, Худой аз ӯ хушнуд шавад ва халқро аз ӯ хушнуд гардонад; ва ҳар ки хушнудии халқҷӯяд, Худой нохушнуд шавад ва халқро аз ӯ нохушнуд гардонад».
Қоидаи ҳафтум
Он ки бидонад, ки хатари вилоят доштан саъб аст ва кори халқи Худой нек кардан азим аст. Ва ҳар ки тавфиқ ёбад, ки бад-он қиём намояд, саодате ёфт, ки варои он ҳеч саодате набувад; ва агар тақсир кунад, шақовате ёфт, ки кас мисли он набинад.Ибни Аббос гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Як рӯз расул саллаллоҳу алайҳи ва салламро дидам, ки биёмад ва ҳалқаи дари Каъба бигирифт; ва дар Хона қавме буданд аз Қурайш, пас гуфт, ки: «Аимма ва салотин аз Қурайш бошанд, модом ки се кор мекунанд: чун аз эшон раҳмат хоҳанд, раҳмат кунанд; ва чун ҳукм хоҳанд, адл кунанд; ва он чи бигӯянд, бикунанд. Ва ҳар ки чунин накунад, лаънати Худой ва фариштагон ва ҷумлаи мардумон бар ӯ бод ва Худой аз ӯ на фариза қабул кунад ва на суннат!» Пас бинигар, ки чӣ гуна коре азим бувад, ки ба сабаби он ҳеч ибодат қабул накунанд. Ва расул гуфт салла-л- Лоҳу ъалайҳи ва саллам: «Ҳар ки миёни ду кас ҳукм кунад ва зулм кунад, лаънати Худой бар золим бод». Ва гуфт: «Се кас аст, ки фардо Ҳақ ба эшон нанигарад: султони дурӯғзан ва пири зонӣ ва гадои мутакаббир».
Ва гуфт ёрони худро, ки: «Зуд бувад, ки ҷониби машриқ ва мағриб фатҳ уфтад ва мулки шумо гардад, омилони он навоҳӣ дар оташ бошанд, илло он, ки аз ҳаром бипарҳезад ва роҳи тақво гирад ва амонат ба ҷой орад». Ва гуфт: «Ҳеч банда нест, ки Худои таъоло бандагони худ бад-ӯ бисупорад ва ӯ бо эшон хиёнат кунад ва шафқату насиҳат ба ҷой наёварад, ки на Худои таъоло биҳишт бад-ӯҳаром гардонад». Ва гуфт: «Ҳар он кас, ки ӯро бар мусалмонон вилоят доданд ва эшонро чунон нигоҳ надорад, ки аҳли байти хешро, гӯҷои хеш аз дӯзах фаро гир!». Ва гуфт: «Ду кас фардо аз уммати ман аз шафоат маҳрум монад: яке султони золим; ва дуввум мубтадеъ, ки ғулув (ифрот) кунад дар дин, то аз ҳад берун гузарад». Ва гуфт: «Азоби саъбтарин дар рӯзи қиёмат султони золимрост».
Ва гуфт: «Панҷ касанд, ки Худой бо эшон ба хашм бошад, агар хоҳад дар ин ҷаҳон хашми худ бар эшон биронад ва агар на, қароргоҳи эшон оташ бувад: яке амири қавме, ки ҳаққи хеш аз эшон биситонад ва инсофи эшон аз худ бинадиҳад ва зулм аз эшон бознадорад; ва дигар пешрави қавме, ки эшон ӯро тоат доранд ва ӯ миёни қавӣ ва заиф савият (баробарӣ) нигоҳ надорад ва сухан ба майл гӯяд; ва дигар марде, ки зану фарзанди хешро ба тоати Худой нафармояд ва корҳои дин бар эшон наёмӯзад ва бок надорад, ки эшонро таом аз ҳар ҷое диҳад; ва дигар марде, ки муздуре фаро гирад ва кори ӯ тамом бикунад ва музди ӯ тамом бинадиҳад; ва дигар марде, ки дар кобин ба зани худ зулм кунад».
Ва Умари Хаттоб разийаллоҳу анҳу хост, ки бар ҷанозае намоз кунад, яке фаропеш шуд ва намоз кард, чун дафн карданд, даст бар гӯри ӯ ниҳоду гуфт: «Бор Худоё, агар азобаш кунӣ, бошад ки ба Ту осӣ шуда бошад ва агар раҳмат кунӣ, мӯҳтоҷи раҳмати Туст, хунук ту (хушо ба ҳоли ту), эй мард, ки на амир будӣ ва на ариф (муарраф, коргузор) ва на котиб ва на авон (дастёр) ва на ҷобӣ (андозгир, маъмури молиёт)». Он гоҳ аз чашм нопадид шуд. Умар бифармуд, то ӯро талаб карданд, наёфтанд, гуфтанд: «Он Хизр буд».
Расул гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Вой бар амирон, вой бар арифон, вой бар аминон! Инҳо касоне бошанд, ки дар қиёмат хоҳанд, ки ба зуобаи (кокули мӯи болои сар) хеш аз осмон овехта будандӣ ва ҳаргиз амал накардандӣ». Ва гуфт: «Ҳеч касро бар даҳ кас вилоят надиҳанд, ки на рӯзи қиёмат ӯро меоранд даст ба ғул1 баркашида: агар некӯкор мурда, бошад раҳо кунанд ва агар на, ғуле дигар дарафзоянд».
Ва Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Вой бар довари замин аз Довари осмон – рӯзе, ки ӯро бинад, магар он ки дод бидиҳад; ва ҳақ бигузорад; ва ба ҳаво ҳукм накунад; ва ҷониби хешони худ нигоҳ надорад; ва ба биму умед ҳукм накунад, лекин аз Китоби Худой оина созад ва пеши чашми худ биниҳад ва бад-он ҳукм мекунад». Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Рӯзи қиёмат волиёнро биёранд, эшонро гӯянд: «Шумо шубонони гӯсфандони Ман будед ва хизонадорони вилояту мамлакати замин будед, чаро касеро, ки ҳад задед ва уқубат кардед, беш аз он кардед, ки Ман фармудам?» Гӯянд: «Бор Худоё, аз хашми он ки Туро хилоф карданд». Пас гӯянд: «Чаро хашми шумо аз хашми Ман беш бошад?» Ва дигареро биёранд ва ӯро гӯянд: «Чаро ҳадди кам задӣ». Гӯяд: «Бор Худоё, маро бар ӯ раҳмат омад». Гӯяд: «Чаро бояд ки раҳмати ту беш аз раҳмати Ман бошад?» Ва ҳар дуро бигиранд, ҳам онро, ки афзуда ва ҳам онро, ки коста ва гӯшаҳои дӯзах бо эшон биёгананд».
Ҳузайфа гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Ман бар ҳеч волӣ сано нагӯям, на он, ки нек бувад ва на он, ки бад бувад». Аз ӯ пурсиданд, ки чаро? Гуфт: «Зеро, ки аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидам, ки: Фардои қиёмат ҳама волиёнро биёранд ва ҳам он, ки золим буда бошад ва ҳам он, ки одил буда бошад ва ҳамаро бар Сирот бидоранд ва Сиротро бифармояд, то эшонро бияфшонад, як афшондан ки ҳар ки дар ҳукм ҷавр карда бошад, ё дар қазои ҳукумат ришват ситада бошад, ё гӯш зиёда фаро як хасм дошта бошад, ҳама биюфтанд ва мераванд ва то ҳафтод сол ба дӯзах фурӯ шаванд, то ба қароргоҳи худ расанд».
Ва дар хабар аст, ки: Довуд пайғамбар – ъалайҳи-с-салавоту ва-с-салом
1 Занҷире, ки бар дасти муқассирон банданд.
мутанаккир (ношинос) рафтӣ, чунон ки кас надонистӣ, ки вай аст; берун омадӣ ва ҳар киро дидӣ, аз сирату зист ва маоши Довуд мепурсидӣ. Рӯзе Ҷабраил алайҳиссалом бар сурати марде пеши ӯ омад, Довуд аз ӯ низ пурсид, ҷавоб дод, ки нек марде аст, агар на он будӣ, ки таом аз байтулмол мехӯрдӣ ва на аз дастранҷи худ». Ӯ бо меҳроб шуд ва мегиристу мегуфт: «Бор Худоё, маро пеша ва ҳирфате биёмӯз, ки аз дастранҷи худ хӯрам. Ҳақ таъоло ҷалла ҷалолаҳу ӯро зиреҳгарӣ биёмӯхт.
Ва Умари Хаттоб разийаллоҳу анҳу ба ҷои асас худ шаб мегардид, то ҳар куҷо халале бинад, ба тадоруки он машғул шавад ва гуфт: «Агар гӯсфанде гаргин бар канораи Фурот бигузоранд ва равған дар намоланд, тарсам, ки дар рӯзи қиёмат, ки рӯзи ҳисоб аст, маро аз он бозпурсанд!»
Ва боз он ки эҳтиёт ва адли ӯ чунин буд, ки ҳеч одамӣ бад-он натавонад расид, Абдуллоҳ ибни Амри Ос гӯяд: «Ман дуо карда будам, ки Худои таъоло дар хоб Умарро фаро ман намояд, пас аз дувоздаҳ сол ӯро ба хоб дидам, ки меомад чун касе, ки ғусл карда бошад ва эзор ба хештан фаро гирифта, гуфтам: «Ё амирулмӯъминин, чун ёфтӣ Худойро?» Гуфт: «Ё Абдуллоҳ, чанд аст, ки аз назидики шумо биёмадаам?» Гуфтам:
«Дувоздаҳ сол». Гуфт: «То акнун дар ҳисоб будам ва бими он буд, ки кори ман табоҳ шавад, агар на он будӣ, ки раҳмати Ӯ будӣ». Умар чунин буд, ки дар олам аз асбоби вилоят даррае беш надошт! Ва Бузурҷмеҳр (?) расуле фиристод, то бинигарад, ки ин чӣ гуна мард аст ва сирати вай чист, чун ба Мадина расид, гуфт: «Ин малики шумо куҷост?» Гуфтанд:
«Моро малик нест, моро амире аст». Ба дарвоза берун шуд, вайро дид дар офтоб хуфта бар замин ва дарра зери сар ниҳода ва арақ аз пешонии вай рафта, чунон ки замин тар шуда буд. Чун он ҳол бидид, бар дили вай азим асар кард, ки касе ҳама мулуки олам аз вай беқарор бошанд ва вай чунон бошад; пас гуфт: «Адл бикардӣ, лоҷарам эмин бихуфтӣ ва малики мо ҷавр кард, лоҷарам ҳамеша тарсон бошад; гувоҳӣ диҳам, ки дини ҳақ дини шумост ва агар на он аст, ки ба расулӣ омадаам, дарҳол мусалмон шудаме ва акнун худ пас аз ин бозоям ва мусалмон шавам».
Пас хатари вилоят ин аст. Ва илми ин дароз аст. Ва волӣ бад-он саломат ёбад, ки ҳамеша ба уламои диндор наздик бувад, то роҳи дин вайро меомӯзанд ва хатари ин кор бар вай тоза медоранд.
Қоидаи ҳаштум
Он ки ташна бошад ҳамеша ба дидори уламои диндор; ва ҳарис бувад бар шунидани насиҳати эшон; ва ҳазар кунад ҳамеша аз уламои ҳарис бар дунё, ки вайро ишва диҳанд ва бар вай сано гӯянд ва хушнудии вай талаб кунанд, то аз он мурдори ҳаром, ки дар дасти вай аст, чизе ба макру ҳила ба даст оранд. Ва олими диндор он бувад, ки ба вай тамаъ накунад ва инсофи вай бидиҳад, чунон ки Шақиқи Балхӣ ба наздики Ҳорунаррашид шуд, гуфт: «Туӣ Шақиқи зоҳид?» Гуфт: «Шақиқ манам, аммо зоҳид не!» Гуфт: «Маро панд деҳ». Гуфт: «Худои таъоло туро ба ҷои Сиддиқ (Абӯбакр) нишондааст ва аз ту сидқ дархоҳад, чунон ки аз вай; ва ба ҷои Форуқ (Умар) нишондааст ва аз ту фарқ дархоҳад миёни ҳақ ва ботил, чунон ки аз вай; ва ба ҷои Зуннурайн (Усмон) нишондааст ва аз ту шарму карам дархоҳад, чунон ки аз вай; ва ба ҷои амирулмӯъминин Алии Муртазо разийаллоҳу анҳу бинишондааст ва аз ту илму ҷуду адл дархоҳад, чунон ки аз вай». Гуфт: «Бияфзой дар панд». Гуфт: «Худои таъолоро саробе аст, ки онро дӯзах гӯянд, аз ту дарбони он сарой сохтааст ва се чиз ба ту додааст: моли байтулмол ва шамшеру тозиёна ва гуфтааст: Халқро бад-ин се чиз аз дӯзах боздор, ҳар ҳоҷатманде, ки ба наздики ту ояд, ин мол аз вай бозмагир ва ҳар ки фармони Худойро хилоф кунад, бад-ин тозиёна вайро адаб кун ва ҳар ки касеро ба ноҳақ бикушад, вайро бад-ин шамшер бикуш – ба дастурии валии вай – агар ин накунӣ, пешрав дар дӯзах ту бошӣ ва дигарон аз паи ту меоянд». Гуфт: «Зиёдат кун ва панд деҳ». Гуфт: «Чашма туӣ ва уммол дар олам ҷӯянд, агар чашма равшан бувад, тирагии ҷӯйҳо зиён надорад ва агар торик бувад, бар равшании ҷӯйҳо ҳеч умед набувад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё