Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва ғуломе буд Бӯзарро, пои гӯсфанде бишикаст, гуфт: «Чаро кардӣ?»
Гуфт: «Амдан кардам, то туро ба хашм орам». Гуфт: «Ман акнун он касро ба хашм орам, ки туро ин биёмӯхт, яъне иблисро». Ва вайро озод кард. Ва яке вайро дашном дод, гуфт: «Эй ҷавонмард, ба миёни ман ва дӯзах ақабае аст, агар он ақаба бигузорам, бад-ин сухани ту бок надорам ва агар натавонам гузашт, худ батар аз онам, ки ту гуфтӣ».
Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Кас бувад, ки ба ҳилму афв дараҷаи соим ва қоим биёбад; ва кас бувад, ки номи вай дар ҷаридаи ҷабборон нависанд ва ҳеч вилоят надорад, магар бар аҳли хонаи хеш». Ва расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Дӯзахро даре аст, ҳеч кас бад-он роҳ нашавад, магар он, ки хашми хеш бар хилофи фармони шаръ ронад». Ва ривоят аст, ки иблис дар пеши Мӯсо омад алайҳиссалом ва гуфт: «Туро се чиз биёмӯзам, то маро аз Ҳақ таъоло ҳоҷат хоҳӣ». Мӯсо гуфт алайҳиссалом: «Он се чиз чист?» Гуфт: «Аз тезӣҳазар кун, ки ҳар ки тезсар бувад, ман бо вай чунон бозӣ кунам, ки кӯдакон бо гӯй; ва аз занон ҳазар кун, ки ҳеч дом фурӯ накардам халқро, ки бад-он эътимод дорам, чун занон; ва аз бахилӣҳазар кун, ки ҳар ки бахил бувад, ман дину дунё – ҳар ду, бар вай ба зиён орам».
Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки хашме фурӯ хӯрад ва тавонад, ки биронад, Худои таъоло дили вайро аз амн ва имон пур кунад; ва ҳар ки ҷомаи таҷаммул дарнапӯшад, то Худойро таъоло тавозӯъ карда бошад, Худои таъоло вайро ҳуллаи (порчаи гаронбаҳо) каромат дарпӯшонад». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Вой бар он, ки хашмгин шавад ва хашми Худои таъоло бар хештан фаромӯш кунад». Ва яке расулро гуфт алайҳиссалом: «Маро коре бимӯз, то бад-он ба биҳишт расам». Гуфт: «Хашмгин машав ва биҳишт турост». Гуфт: «Дигар?» Гуфт:
«Аз ҳеч кас ҳеч чиз махоҳ ва биҳишт турост». Гуфт: «Дигар?» Гуфт:
«Пас аз намози дигар ҳафтод бор истиғфор кун, то гуноҳи ҳафтодсола туро афв кунад». Гуфт: «Маро гуноҳи ҳафтодсола нест». Гуфт: «Гуноҳи модаратро». Гуфт, ки модарамро чандин гуноҳ нест. Гуфт: «Гуноҳи падаратро». Гуфт: «Падарамро чандин гуноҳ нест». Гуфт: «Бародаронатро».
Ва Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Расул алайҳиссалом моле қисмат кард, яке гуфт, ки: «Ин қисмате аст, ки на барои Худои таъоло кардаанд». Яъне, ки ба инсоф нест. Ибни Масъуд разийаллоҳу анҳу расулро ҳикоят кард: «Вай хашмгин шуд ва рӯи вай сурх шуд, беш аз ин нагуфт, ки: Худои таъоло бар бародарам Мӯсо раҳмат кунод, ки вайро беш аз ин биранҷониданд ва сабр кард».
Ин ҷумла аз ахбору ҳикоёт кифоят бувад насиҳати аҳли вилоятро, ки чун асли имон бар ҷой бошад, ин асар кунад; ва агар асар накунад, он аст, ки дили вай аз имон холӣ шудааст ва ҷуз ҳадисе бар дил ва бар забон намондааст; ва ҳадиси имон, ки дар дил бувад, дигар аст ва имони зоҳир – дигар. Ва надонам, ки ҳақиқати имон чӣ гуна бувад омилеро, ки вай соле чандин ҳазор динор ҳаром биситонад ва ба дигаре диҳад, то ҳама дар замони (кафолати) вай бувад ва дар қиёмат ҳама аз вай талаб кунанд ва манфиати он ба дигаре расад? Ва ин ниҳояти ғафлат ва номусалмонӣ бувад, ва-с-салом.
Тамом шуд рукни аввал ва дуввум аз китоби «Кимиёи саодат». Ва-лҳамду лиллоҳи Рабби-л-ъоламин; ва саллаллоҳу ъало хайри халқиҳи Муҳаммадин ва олиҳи-т-таййибина-т-тоҳирина ва саллама таслиман доиман касиран.
ҶИЛДИ ДУВВУМ
КИМИЁИ САОДАТ
Имом Ҳуҷҷатулислом Зайнуддин
Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ
Намунаи олӣ ва камназири наср ва шеваи нигориши ахлоқ дар садаи панҷуми ҳиҷрӣ Аз рӯи нусхае, ки дар садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ навишта шуда бо муқобила ба нусхаҳои муҳим ва кӯҳнаи китобхонаҳои Теҳрон Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
РУКНИ САВВУМ
Аз китоби «Кимиёи саодат», андар пайдо кардани ақаботи роҳи дин, ки онро муҳликот гӯянд, ки он чист ва чанд аст ва илоҷи он бар чӣ ваҷҳ аст ва мадори ин низ бар даҳ асл аст.
Асли аввал – Андар пайдо кардани риёзати нафс ва илоҷи хӯи бад ва тадбири ба даст овардани хӯи некӯ.
Асли дуввум – Илоҷи шаҳвати шикам ва фарҷ ва шикастани шараҳ андар ин ҳар ду.
Асли саввум – Илоҷи шараҳи бисёр гуфтан ва офатҳои забон чун дурӯғ ва ғайбат ва ғайри он.
Асли чаҳорум – Илоҷи хашм ва ҳиқд ва ҳасад ва офатҳои он.
Асли панҷум – Илоҷи дӯстии дунё ва пайдо кардани он ки ҳубби дунё сари ҳама гуноҳон аст.
Асли шашум – Илоҷи дӯстии мол ва офати бухл.
Асли ҳафтум – Илоҷи дӯстии ҷоҳу ҳишмат ва офати он.
Асли ҳаштум – Илоҷи дӯстии риё андар ибодат ва хештан ба порсоӣ намудан.
Асли нӯҳум – Илоҷи кибру уҷб ва тадбири ҳосил кардани хулқи некӯ ва тавозӯъ ва фурӯтанӣ намудан.
Асли даҳум – Пайдо кардани ғурур ва фирефтагӣ ва гумони некӯ бурдан ба хештан на ба ҷои хеш.
Ин аст усули сифоти мазмум ва ҳама шохаҳои вай боз ин даҳ вусул ояд.
ҳар кӣ ин даҳ ақаба бигузошт, таҳорати ботин кард ва аз наҷосати ахлоқи бад бираст ва дили худро шоистаи он гардонид, ки ороста шавад ба ҳақоиқи имон, чун: маърифат ва тавҳиду таваккул ва ғайри он.
АСЛИ АВВАЛ
Андар риёзати нафс ва таҳорат аз хӯи бад Ва мо дар ин асл фазли хӯи некӯ бигӯем, пас, ҳақиқати хӯи некӯ пайдо кунем, ки хӯи некӯ ба даст овардан мумкин аст ба риёзат, пас тариқи он бигӯем, ки чист, пас аломати хӯи бад бигӯем, пас тадбири он ки касе айби худ бишиносад, бигӯем, пас аломати хӯи некӯ пайдо кунем, пас тариқи парвардани кӯдакон ва тарбияти эшон бигӯем, пас роҳи муҷоҳидати мурид андар ибтидои ин кор пайдо кунем ва фазлу савоби хӯи некӯ бигӯем, иншоаллоҳи таъоло.
Пайдо кардани фазл ва савоби хӯи некӯ Бидон, ки Ҳақ таъоло бар Мустафо – саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам – сано гуфт ба хулқи некӯ ва гуфт: «Иннака лиъало хулқун азимун». Ва расул саллалоҳу ва саллам гуфт: «Маро фиристодаанд, то маҳосини ахлоқро тамом кунам». Ва гуфт: «Азимтарин чизе, ки дар тарозу ниҳанд, хӯи некӯст».
Ва яке дар пеши расул омад алайҳиссалом ва гуфт: «Дин чист?». Гуфт:
«Хулқи некӯ», аз рости вай андар омад ва аз чапи вай андар омад ва ҳамчунин мепурсид ва вай ҳамчунин мегуфт, бозпасин бор гуфт:
«Менадонӣ? Он, ки хашмгин нашавӣ!». Ва аз вай пурсиданд, ки:
«Фозилтарин аъмол чист?» Гуфт: «Хулқи некӯ».
Яке расулро гуфт алайҳиссалом: «Маро васияте кун». Гуфт: «Ҳар куҷо, ки бошӣ, аз Ҳақ таъоло бипарҳез». Гуфт: «Дигар». Гуфт: «Аз паси ҳар бадӣ, некӣ бикун, то онро маҳв кунад». Гуфт: «Дигар». Гуфт: «Мухолатат бо хулқи некӯ кун». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар киро Худои таъоло хулқи некӯ дод ва рӯи некӯ вайро арзонӣ дошт, хӯриши оташ накунад».
Ва расулро алайҳиссалом гуфтанд: «Фалон зан рӯз ба рӯза ва шаб ба намоз мебошад, валекин бадхӯй аст ва ҳамсоягонро ба забон биранҷонад». Гуфт: «Ҷои вай дӯзах аст». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Хӯи бад тоатро ҳамчунон табоҳ кунад, ки сирка ангубинро». Ва расул алайҳиссалом андар дуо гуфтӣ: «Бор Худоё, халқи ман некӯ офаридӣ, хулқи ман некӯ бикун». Ва гуфтӣ: «Бор Худоё, тандурустӣ ва офият ва хӯи некӯ арзонӣ дор». Ва пурсиданд расулро саллалоҳу алайҳи ва саллам, ки:
«Чӣ беҳтар, ки Ҳақ таъоло бандаро бидиҳад». Гуфт: «Хулқи некӯ». Ва гуфт:
«Хулқи некӯ гуноҳро ҳамчунон нест кунад, ки офтоб яхро».
Ва Абдурраҳмон ибни Самара разийаллоҳу анҳу гӯяд, ки: «Наздики расул будам алайҳиссалом». Гуфт: «Дӯш чизе аҷиб дидам: мардеро дидам аз уммати хеш андар зону афтода ва миёни вай ва миёни Ҳақ таъоло ҳиҷобе буд, хулқи некӯи вай биёмад ва ҳиҷоб баргирифт ва вайро ба Ҳақ таъоло расонид». Ва гуфт: «Банда ба хулқи некӯ дараҷа биёбад, чунонки касе ба рӯз ба рӯза ва ба шаб ба намоз ва дараҷоти бузург андар охират биёбад, агарчи заифибодат бувад». Ва некӯтарин хулқе расулро буд алайҳиссалом, ки як рӯз занон андар пеши вай бонг ҳамекарданд ва ғалаба ҳамедоштанд, Умар разийаллоҳу анҳу андар шуд, бигурехтанд, гуфт: «Эй душманони хеш аз ман ҳишмат доред1 ва аз расули Худо ҳишмат надоред?!» Гуфтанд: «Ту аз вай тундтарӣ ва дурушттар!». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ё Ибн-ул-Хаттоб, бад-он Худой, ки нафси ман ба ҳукми вай аст, ки ҳаргиз туро шайтон андар роҳе набинад, ки на он роҳ бигузорад ва ба роҳе дигар шавад аз ҳайбати ту».
Ва Фузайл раҳматуллоҳ гуфт: «Сӯҳбат бо фосиқи некӯхӯ дӯсттар дорам аз он, ки бо қуррои бадхӯ». Ибну-л-Муборак раҳматуллоҳ бо бадхӯе андар роҳ афтод, чун аз вай ҷудо шуд, бигирист, гуфтанд: «Чаро мегирйӣ?»
Гуфт: «Он бечора аз наздики ман бирафт ва он хӯи бад ҳамчунон бо вай бирафт ва аз вай ҷудо нашуд». Ва Катонӣ гӯяд раҳматуллоҳ, ки: «Сӯфиӣ хӯи некӯст: ҳар кӣ аз ту ба хӯй некӯтар, аз ту сӯфитар». Ва Яҳё ибни Муоз ар-Розӣ гӯяд раҳматуллоҳи алайҳи: «Хӯи бад маъсияте аст, ки бо вай ҳеч тоат суд надорад ва хӯи некӯ тоате аст, ки бо вай ҳеч маъсият зиён надорад».
Ҳақиқати хӯи некӯ
Бидон, ки ҳақиқати хӯи некӯ – то он чист ва кадом аст? – сухан бисёр гуфтаанд ва ҳар якеро он чи дар пеш омадааст, бигуфтааст ва тамомии он нагуфтааст: чунонки яке мегӯяд: «Рӯй кушода доштан». Ва яке мегӯяд:
«Ранҷи мардумон кашидан». Ва яке мегӯяд: «Мукофот нокардан аст». Ва амсоли ин ва ин ҳама баъзе аз шохаҳои вай аст, на ҳақиқати вай аст ва тамомии вай ва мо ҳақиқати вай ва ҳадди тамомии вай пайдо кунем.
Бидон, ки одамиро аз ду чиз офаридаанд – яке колбад, ки ба чашми сар битавон дид ва яке рӯҳ, ки ба ҷуз чашми дил андар натавон ёфт ва ҳар якеро аз ин ду зиштӣ ва некӯӣ аст: якеро ҳусни хулқ гӯянд ва якеро ҳусни халқ, ҳусни хулқ иборат аз сурати ботин аст, чунонки ҳусни халқ иборат аз сурати зоҳир аст ва чунонки сурати зоҳир некӯ набошад, бад-он ки
1 Ҳишмат доштан — мулоҳиза кардан, пос доштан.
чашми некӯ буваду бас, даҳони некӯ буваду бас, то он гоҳ, ки бинӣ ва даҳону чашм некӯ бувад, ҷумла ва андархӯри якдигар бувад, ҳамчунин сурати ботин некӯ набошад, то он гоҳ, ки чаҳор қуввати некӯ андар вай набувад: қуввати илм ва қуввати хашм ва қуввати шаҳват ва қуввати адл миёни ин ҳар се.
Аммо қуввати илм, бад-он зиракӣ мехоҳем ва некӯии вай бад-он бошад, ки ба осонӣ рост аз дурӯғ боздонад дар гуфторҳо ва некӯ аз зишт боздонад дар кирдорҳо ва ҳақ аз ботил боздонад андар эътиқодҳо, чунонки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва ман йувти–л-ҳикмата фақад увтийа хайран касиран»1
.
Ва некӯии қуввати ғазаб бад-он бувад, ки андар фармони шаръ бувад ва ба дастуре бархезад ва ба дастуре бинишинад.
Ва некӯии қуввати шаҳватҳам бад-ин бувад, ки саркаш набувад ва ба дастуре шаръу ақл бувад, чунонки тоати ақл ва шаръ бар вай осон бувад; Ва некӯии адл он бошад, ки ғазабу шаҳватро забт ҳамекунад андар таҳти ишорати дину ақл.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё