Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бӯҳурайра мегӯяд: – разийаллоҳу анҳу: «ҳаргиз се рӯз муттасил нони гандумӣ нахӯрданд дар хонае – расул алайҳиссалом». Бӯсулаймони Доронӣ – раҳматуллоҳи алайҳи – мегӯяд, ки: «як луқма аз шом камтар хӯрам, дӯсттар дорам, ки ҳама шаб то рӯз намоз кунам». Ва Фузайл раҳматуллоҳи алайҳи бо хештан ҳамегуфт: «аз чи ҳаметарсӣ? Аз он метарсӣ, ки гурусна бимонӣ? Ҳайҳот, ки Ҳақ таъоло гуруснагӣ ба Муҳаммад ва асҳоби вай диҳад ва аз ту ва амсоли ту дареғ дорад».
Каҳмаш раҳматуллоҳи алайҳи гуфт: «Бор Худоё, маро гурусна ва бараҳна ҳамедорӣ, ин манзалат наздики ту ба чӣ ёфтам, ки ин бо авлиёи хеш кунӣ».
Молики Динор гуфт: «Хунук касеро, ки чандон ғалла бувад, ки кифояти вай бувад, то аз халқ бениёз шавад». Муҳаммад ибни Восеъ гуфт – раҳматуллоҳи алайҳи: «Не! Хунук касеро бувад, ки бомдод гурусна бувад ва шабонгоҳ гурусна ва аз Ҳақ таъоло бад-он хушнуд бувад» ва Саҳли Тустарӣ раҳматуллоҳи алайҳи гуфт: «Бузургон ва зиракони дин нигоҳ карданд дар дин ва дунё ҳеч чиз нофеътар аз гуруснагӣ надиданд дар дунё ва ҳеч чиз дар охират зиёнкортар аз серӣ надиданд». Ва Абдулвоҳид гуфт, ки: «Ҳақ таъоло ҳеч касро ба дӯстӣ нагирифт, магар ба гуруснагӣ ва ҳеч кас бар об нарафт, магар ба гуруснагӣ ва аз баҳри ҳеч кас замин андарнанаваштанд2, то шабе чандин бирафт, илло ба гуруснагӣ». Ва
1 Пайғамбарони бузург ва соҳиби шариат.
2 Дарнаваштан, роҳ паймудан.
андар хабар аст, ки – «Мӯсо алайҳиссалом – андар он чиҳил рӯз, ки Ҳақ таъоло бо вай сухан гуфт, ҳеч чиз нахӯрд».
Пайдо кардани фавоиди гуруснагӣ ва офоти серӣ Бидон, ки фазли гуруснагӣ на аз он аст, ки андар вай ранҷ аст, чунонки фазли дору на аз он аст, ки талх аст, лекин андар гуруснагӣ даҳ фоида аст.
Фоидаи аввал – он, ки дил софӣ кунад ва равшан гардонад ва серӣ мардро кӯрдилу кундандеша кунад ва бухоре, ки аз вай ба димоғ шавад, мардро колив1 кунад, то андеша бишӯлида шавад ва аз ин гуфт расул – алайҳиссалом – ки: «Дилҳои хеш зинда гардонед бо андак хӯрдан ва пок гардонед ба гуруснагӣ, то софӣ ва сабук шавад». Ва гуфт: «Ҳар кӣ хештанро гурусна дорад, дили вай зирак шавад ва андешаи вай азим шавад».
Шиблӣ – раҳматуллоҳи алайҳи – ҳамегӯяд: «Ҳеч рӯз гурусна нанишастам Аллоҳро, ки андар дили хеш ҳикмате ва ибрате тоза наёфтам». Ва расул – саллаллоҳу алайҳи ва саллам – гуфт: «Сер махӯред, ки нури маърифат андар дили шумо кушта шавад». Пас, чун маърифат роҳи биҳишт аст ва гуруснагӣ даргоҳи маърифат аст, гурусна будан, дари биҳишт кӯфтан аст, чунонки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам – гуфт:
«Адиму ақраъа боба-л-ҷаннати би-л-ҷуъи».
Фоидаи дуввум – он, ки дил рақиқ шавад, чунонки лаззати зикр ва муноҷот биёбад ва аз серӣқисват ва сахтии дил хезад, то ҳар зикр, ки ҳамекунад, бар сари забон бошад ва андаруни дил нашавад. Ҷунайд – раҳматуллоҳи алайҳи – ҳамегӯяд, ки: ҳар кӣ миёни худ ва миёни Ҳақ таъоло тубраи таом ниҳодааст ва он гоҳ мехоҳад, ки лаззати муноҷот биёбад, ҳаргиз ин нашавад.
Фоидаи севвум – батар шодӣ ва ғафлат дари дӯзах аст ва шикастагиву бечорагӣ ва оҷизӣ дари биҳишт аст ва серӣ батару ғафлат оварад, гуруснагӣ, оҷизӣ ва шикастагӣ оварад: то бандае худро ба чашми аҷз набинад, ки ба як луқма, ки аз вай даргузарад, ҷаҳон бар вай тангу торик шавад, қудрати Худованд набинад ва барои ин бувад, ки калиди хазоини рӯи замин бар расул арз карданд, гуфт: «Нахоҳам, балки рӯзе гурусна ва рӯзе сер дорам, чун гурусна шавам, сабр кунам ва чун сер шавам, шукр кунам.
Фоидаи чаҳорум — он, ки чун сер бувад гуруснагонро фаромуш кунад ва бар халқи Худои таъоло шафқат набарад ва азоби охират фаромӯш
1 Нодон, беҳуш.
кунад ва чун гурусна шавад аз гуруснагии аҳли дӯзах ёд оварад ва чун ташна шавад аз ташнагии аҳли қиёмат ёд оварад ва хавфи охират ва шафқат бар халқ аз даргоҳҳои биҳишт аст ва бад-ин бувад, ки Юсуф алайҳиссаломро гуфтанд, ки: хизонаи рӯи замин дорӣ, чаро гурусна бошӣ? Гуфт: «Тарсам, ки агар сер шавам, дарвешони гуруснаро фаромӯш кунам.
Фоидаи панҷум — он аст, ки сирри ҳама саодатҳо он аст, ки нафсро зери дасти худ кунад ва шақоват он аст, ки хештанро зери дасти нафс — кунад ва чунон ки сутури саркашро ҷуз ба гуруснагӣ ром натавон кард, одамӣҳамчунин бошад ва ин на як фоида аст, ки кимиёи фавоид аст: чи ҳамаи маъсиятҳо аз шаҳват хезад ва ҳамаи шаҳват аз серӣ хезад.
Зуннуни Мисрӣ — раҳматуллоҳи алайҳи мегӯяд, ки «Ҳаргиз сер нахӯрдам, ки на маъсият кардам ё қасди маъсият кардам» Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд, ки: «Аввал бидъате, ки аз паси расул алайҳиссалом падид омад, серӣ буд: ки чун қавм сер шуданд ва сер бихӯрданд, нафси эшон саркашӣ кардан гирифт».
Ва агар ба сабаби гуруснагӣ фоидае набуд, магар он ки шаҳвати сухан бувад ва шаҳвати фарҷ заиф шавад, тамом аст: ки ҳар кӣ сер бихӯрад, ба фузул гуфтан ва айб ҷустан машғул шавад ва шаҳвати фарҷғолиб шавад ва агар фарҷ нигоҳ дорад, чашм нигоҳ надорад ва агар чашм нигоҳ дорад, андешаи дил нигоҳ натавон дошт ва гуруснагӣҳамаро кифоят кунад ва барои ин гуфтанд бузургон, ки: «Гуруснагӣ гавҳарест дар хизонаи Ҳақ таъоло, бад-он диҳад, ки дӯсташ дорад ва ба ҳар касе надиҳад». Ва яке аз ҳукамо гуфтааст, ки: «Ҳар мурид, ки як сол нони тиҳӣ хӯрад — ва нимаи он хӯрад, ки одати вай бошад, Худои таъоло андешаи занон аз дили вай барканад».
Фоидаи шашум — андак хуфтан аст: бидон, ки кам хӯрдан асли ҳама ибодатҳост ва асли муноҷот ва зикру тафаккур аст, хосса ба шаб ва ҳар, ки сер бихӯрад хоб ба шаб бар вай ғолиб шавад ва чун мурдоре биафтад ва умри вай зоеъ шавад. Яке аз пирон ҳар шаб бар суфра мунодӣ кардӣ, ки:
эй муридон сер махӯред: ки об бисёр хӯред ва он гоҳ бисёр хусбед, он гоҳ дар қиёмат ҳасрат бисёр хӯред ва ҳафтод кас иттифоқ кардаанд, ки бисёр хуфтан аз об бисёр хӯрдан аст.
Ва сармояи одамӣ умр аст ва ҳар нафасе аз ту гавҳарест: ки бад-он саодати охиратро сайд тавон кард ва хоб умр зоеъ кунад ва ба зиён оварад ва чи чиз азизтар бувад аз он ки хобро дафъ кунад?
Ва ҳар кӣ таҳаҷҷуд кунад бар серӣ, лаззати муноҷот наёбад ва чун хоб ғалаба кунад, бошад, ки эҳтилом афтад ва ба шаб ғусл натавонад кард ҷунуб бимонад ва аз ибодат бозмонад ва андар ранҷи ғусл афтад ва агар дар гармоба шавад бошад, ки сим надорад ва бошад, ки дар гармоба чашм бар аврот афтад ва бисёре офатҳо аз он таваллуд кунад.
Бусулаймони Доронӣ мегӯяд: эҳтилом уқубат аст ва аз ин сабаб мегӯяд, ки он аз серӣ бошад.
Фоидаи ҳафтум — он, ки рӯзгор бар вай фазох шавад ва ба илму амал пардозад ва чун бисёр хӯрад, хӯрдану пухтан ва харидану сохтан ва интизор ҳама рӯзгор хоҳад ва он гоҳ ба таҳоратҷой шудан ва таҳорат кардан ин ҳама рӯзгор бибарад: ва ҳар нафасе сармояест гавҳари одамиро ва зоеъ кардани он бе зарурате аблаҳӣ бошад.
Сиррии Сақатӣ мегӯяд — раҳматуллоҳи алайҳи, ки: Алии Ҷурҷониро дидам писти ҷав1 ба даҳон ҳамеандохт, гуфтам: чаро нон нахӯрӣ? Гуфт:
«Миёни ину миёни он, ки нон хӯрам ҳафтод тасбеҳ тафовут аст дар рӯзгор2 бад-ин сабаб чиҳил сол аст нон нахӯрдам, то набояд ба хойидани3 ин суд аз ман фавт шавад. Ва шак нест, ки ҳар кӣ гуруснагӣ одат кунад, рӯза бар вай осон шавад ва андар масҷид эътикоф тавонад дошт ва ҳамеша ба таҳорат тавонад буд: ва чунин фоидаҳо наздики касоне, ки тиҷорати охират кунанд ҳақир набувад.
Бусулаймони Доронӣҳамегӯяд, ки: «Ҳар кӣ сер бихӯрад, шаш чиз ба вай дарояд: ҳаловати ибодат наёбад ва ҳифзи вай андар Қуръон бад шавад ва аз шафқат бар халқ маҳрум монад, ки пиндорад, ки ҳама ҷаҳон сер аст — ва ибодат бар вай гарон шавад ва шаҳватҳои вай зиёдат шавад ва ҳама мӯъминон гирди масҷидҳо гарданд ва вай гирди таҳоратҷой ва мазбала гардад».
Фоидаи ҳаштум — он, ки андак хӯрад тандуруст бошад ва аз ранҷи беморӣ ва дору ва нози табиб ва ранҷи раг задан ва ҳиҷомат кардан ва доруи талх хӯрдан раста бувад. Ва ҳакимон ва табибон иттифоқ кардаанд, ки: ҳеч чиз нест, ки ҳама нафъ аст ва андар вай ҳеч зиён нест магар андак хӯрдан.
Ва яке аз ҳукамо гуфтааст, ки беҳтарин чизе, ки одамӣ хӯрад ванофеътарин, нор аст ва музиртарин гӯшти қадид аст ва чун қадид4 андак хӯрад, беҳтар аст аз нор, ки бисёр хӯрад ва андар хабар аст, ки: рӯза дор, то тандуруст бошӣ.
Фоидаи нӯҳум — он, ки ҳар кӣ андак хӯрад харҷи вай андак бувад ва
1 Орди ҷав.
2 Аз ҳайси муддат.
3 Ҷавидан.
4 Гӯшти хушкида.
ба моли бисёр ҳоҷатманд нашавад; ва ҳама офатҳо ва маъсиятҳо ва дилмашғулиҳо аз ҳоҷат хезад ба моли бисёр, ки чун хоҳад, ки ҳар рӯз чизҳои хуш хӯрад ва бисёр хӯрад, ҳама рӯз дар ранҷи он бошад, ки то чун ба даст орад: ва бошад, ки андар шубҳат ва андар тамаъ ва андар ҳаром афтад.
Яке аз ҳукамо мегӯяд, ки: чун ман аз касе вом хоҳам кард, аз шиками хеш вом кунам ва тарки вом бигӯям, дигаре мегӯяд: ман бештар ҳоҷатҳои хеш бад-он раво кунам, ки ба тарки он орзу бигӯям. Иброҳими Адҳам бипурсидӣ аз нархи чизе, гуфтандӣ гарон аст, гуфтӣ «архизуҳу биттарки» — арзон бикунед бад-он, ки тарк бигӯед.
Фоидаи даҳум — он, ки чун бар шиками хеш қодир шуд, бар садақа додан ва исор кардан ва карам варзидан қодир шуд; чи ҳар чӣ андар шикам шуд ҷои вай касиф1 бувад ва ҳар чӣ ба садақа дод, ҷои вай дасти лутфи Ҳақ таъоло бувад.
Расул алайҳиссалом андар яке нигарист: шиками фарбеҳ дошт, гуфт агар ин ки дар ин ҷо кардаӣ, андар ҷои дигар кардӣ, беҳтар будӣ, яъне андар садақа ва роҳи Ҳақ таъоло.
Пайдо кардани адаби мурид андар андак хӯрдан Бидон, ки дар таом — пас аз он ки ҳалол бувад — бар мурид фариза бувад, ки се эҳтиёт нигоҳ дорад.
Эҳтиёти аввал
Андар андак хӯрдан
Ва нашояд, ки ба як бор аз бисёр хӯрдан ба андак хӯрдан шавад, ки тоқати он надорад ва зиёнкор бувад, балки ба тадриҷ бояд масалан чун як нон аз таом камтар хоҳад кард, як рӯз бояд як луқма камтар кунад ва дигар рӯз ду луқма ва сеюм рӯз се луқма, то дар муддати як моҳ аз ноне даст бидорад, чун чунин кунад осон бувад ва аз он нуқсон набинад ва табъ бар он рост биистад, он гоҳ он миқдор, ки бар он қарор гирад, чаҳор дараҷа дорад.
Дараҷаи аввал азимтарин дараҷаи сиддиқон аст ва он он аст, ки ба миқдори зарурат қаноат кунад ва ин ихтиёри Саҳли Тустарӣ аст, ки вай гуфт ибодат ба ҳаёт аст ва ба ақлу қувват, то аз нуқсони қувват натарсӣ таом махӯр, ки намознишастаи касе, ки аз гуруснагӣ заиф бувад,
1 Мустароҳ.
фозилтар аз намозбарпои касе, ки сер бувад, аммо чун тарсӣ, ки нафсро ё ақлро халале бувад, набояд хӯрдан, ки бе ақл бандагӣ натавон кард ва ҷони худ асл аст. Ва вайро пурсиданд, ки ту чун хӯрӣ, гуфт ҳар сол се дирам харҷи ман будааст. Ба як дирам биринҷ ва ба як дирам равған ва ба як дирам ангубин ҷамъ кардаме ва ба сесаду шаст гуруҳа1 кардаме ва ҳар шабе яке ифтор кардаме, гуфтанд акнун чун ҳамекунӣ? Гуфт чандонки афтад ва андар миёни раҳмонон ҳастанд, ки дар рӯзе як дирам санг таом беш нахӯранд ва хештан ба тадриҷ боз он овардаанд.

пешина
аз 176
навбатӣ