Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

1 Ва ҳароина қасд кардани он зан ба вай қасд кард вай ба он зан.
Бор Худоё, агар донӣ, ки он ҷуз ба ризои ту набувад, моро фарҷ деҳ! Чун ин бигуфт, санг биҷунбид ва сӯрох пайдо шуд, валекин берун натавонистанд шудан; он дигар гуфт: «Бор Худоё, донӣ, ки маро духтарамме буд ва ман бар вай фитна будам ва маро итоат намедошт, то соли қаҳт падид омад, андар монд ва бо ман густохӣ кард, саду бист динор ба вай додам, ба шарти он, ки маро тоат дорад, чу бад-он кор наздик расидем гуфт: «Натарсӣ, ки меҳри Худои таъоло бишиканӣ, бе фармони Ҳақ? Тарсидам ва зар бигузоштам ва қасд накардам — ва дар ҳама ҷаҳон бар ҳеч чиз ҳаристар аз он набудам — бор Худоё, донӣ, ки ҷуз барои ту набуд, фарҷ фирист! Пас, санг биҷунбид, пораи дигар кушода шуд ва ҳанӯз мумкин набуд берун шудан; пас он дигар гуфт: «Бор Худоё, донӣ, ки ман як бор муздурон доштам ва музди ҳама бидодам, магар як кас, ки бишуд ва музд бигузошт, бад—он музди вай гӯсфанде харидам ва бад—он тиҷорат ҳамекардам, то мол бисёр шуд, вақте он мард ба талаби музд омад, як дашт пур аз гову гӯсфанд ва уштуру банда буд, гуфтам ин ҳама музди туст, гуфт бар ман ҳамехандӣ, гуфтам на, ки ҳама аз моли ту ҳосил шудааст, ҷумла ба вай супурдам ва ҳеч чиз боз нагирифтам, бор Худоё, агар донӣ, ки ҳама аз баҳри ту буд, фарҷ фирист! Пас, санг ҳаракат кард ва роҳ кушода гашт, ки берун омаданд».
Бикр ибни Абдуллоҳ Алмазанӣ гӯяд: марде қассоб буд ва бар канизаки ҳамсоя ошиқ шуда буд, як рӯз канизакро ба русто фиристоданд, вай аз паси вай бишуд ва андар вай овехт, канизак гуфт: «Эй ҷавонмард, ман бар ту фитнатарам, ки ту бар ман, валекин аз Худой ҳаметарсам, гуфт: «Ту ҳаметарсӣ, ман чаро натарсам?» Тавба кард ва бозгашт, андар роҳ ташнагӣ бар вай афтоду ғалаба кард ва бими ҳалок буд, вайро марде фаро расид, ки яке аз паямбарони рӯзгор вайро ҷое фиристода буд, ба расулӣ, гуфт: «Туро чи расид? Гуфт: «Ташнагӣ». Гуфт: «Биё, то дуо кунем, то Ҳақ таъоло меғе фиристад, чунон ки бар сари мо биистад, то ба шаҳр равем», гуфтам: «Ман ҳеч надорам аз тоат, ту дуо кун, то ман омин кунам», чунон карданд, то меғ1 биёмад ва бар сари эшон биистод, ҳамерафтанд, то он ҷо, ки аз якдигар ҷудо шуданд, меғ бо қассоб ба ҳам бирафт ва он расул дар офтоб монд, вай гуфт: «эй ҷавонмард! Нагуфтӣ, ки ман тоате надорам ва акнун худ меғ барои ту будааст, ҳоли худ маро бигӯй, гуфт: «Ҳеч чиз намедонам, магар ин тавба, ки бикардам, ба қавли он канизак, гуфт: «Ҳамчунин аст он қабул, ки тоибро бувад наздики Ҳақ таъоло ҳеч касро набувад».
1 Абр.
Пайдо кардани офати нигаристан ба занон ва он чи ҳаром аст аз он Бидон, ки ин нодир бувад, ки касе қудрат ёбад андар чунин кор ва хештан нигоҳ тавонад дошт, авлотар он бувад, ки ибтидои кор нигоҳ дорад: ва ибтидои кор чашм аст. Ало ибни Зиёд ҳамегӯяд, ки: чашм бар чодари ҳеч зан маяфкан, ки аз он шаҳвате дар дили ту афтад. Ва ҳақиқат воҷиб бувад, ҳазар кардан аз назар кардан дар ҷомаи занон ва шунудани бӯи хуши эшон ва шунидани овози эшон, балки пайғом фиристодану шунидан ва ба ҷое гузаштан, ки мумкин бувад, ки эшон туро бибинанд — агарчи ту эшонро набинӣ, ки ҳар куҷо, ки ҷамол бошад, ин ҳама тухми шаҳват ва андешаи бад андар дил афкандан бувад.
Ва занро низ аз марди боҷамол ҳазар бояд кард ва ҳар назар, ки ба қасд бошад, ҳаром бувад, аммо агар чашм беихтиёр барафтад, базаҳ набувад, валекин дуввумин назар ҳаром бувад. Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Аввал назар турост ва дигар бар туст». Ва гуфт: «Ҳар кӣ ошиқ шавад ва хештан нигоҳ дорад ва пинҳон дорад ва аз он ранҷ бимирад, шаҳид бувад». Ва хештан нигоҳ доштан он бувад, ки чун аввал назар ба иттифоқ афтода бошад, дуввум нигоҳ дорад ва нанигараду талаб накунад ва он дар дил нигоҳ медорад.
Ва бидон, ки ҳеч тухми фасод чун нишастан бо занон андар маҷлисҳо ва меҳмониҳову назораҳо набувад, чун миёни эшон ҳиҷоб набувад. Ва бидон, ки занон чодар ва ниқоб доранд, кифоят набувад, балки чун чодари сафед доранд ва андар ниқоб низ такаллуф кунанд, шаҳват ҳаракат кунад ва бошад, ки некӯтар намоянд аз он, ки рӯй боз кунанд, пас ҳаром аст бар занон ба чодари сапед ва рӯйбанди покиза ба такаллуф андар баста берун шудан ва ҳар зан, ки чунин кунад, осист ва падару модар, бародару шавҳар, ки дорад ва бад-он розӣ бувад, андар он маъсият бо вай шарик бошад: ки бад-он ризо дода бувад.
Ва раво нест ҳеч мардеро ҷомаи зане, ки дошта бувад андарпӯшад ба қасди шаҳват, ё даст фаро он кунад ё бибӯяд, ё шосипарам1 ё себ ё чизе, ки бад-он мулотифат кунанд, фаро зане диҳад ва фаро ситонад ё сухани нарм ва хуш гӯяд. Ва раво нест занеро, ки сухане бо мард гӯяд, илло дурушт ва ба заҷр, чунон ки Ҳақ таъоло гӯяд: «Ини аттақайтунна фало тахзаъна билқавли фаятмаъа аллази фи қалбиҳи маразун ва қулна қавлан маъруфан» занони пайғамбарро ҳамегӯяд, ки: «Бо овози хуш бо мардон сухан магӯед». Ва аз кӯзае, ки занон об хӯранд, нашояд ба қасд аз ҷои
1 Навъи гул аст.
даҳони эшон об хӯрдан ва аз боқии мева, ки вай дандон фурӯ бурда бошад, хӯрдан.
Ва ҳакиме ҳамегӯяд, ки: аҳли Абӯайюби Ансорӣ разийаллоҳу анҳу ва фарзандони вай ҳар косае, ки аз пеши расул баргирифтандӣ ва ангушту даҳони вай бад-он расида будӣ, ангушт фуруд овардандӣ ба табаррук — чун андар ин савоб бошад ва дар он чи қасд талаззузу хушӣ кунад, базаҳ бошад.
Ва аз ҳеч чиз ҳазар кардан муҳимтар аз он нест, ки аз он чи ба занон тааллуқ дорад ва бад-он, ки ҳар зан ва кӯдак, ки ба роҳ пеш ояд, шайтоне тақозо кардан гирад, ки андар нигар, то чӣ гуна аст: бояд ки бо шайтон мунозира кунад ва гӯяд: чӣ нигарам? Агар зишт бошад, ман ранҷур шавам ва базаҳкор гардам, ки ман қасди он карда бошам, то некӯ бувад ва агар некӯ бувад чун ҳалол нест, базаҳкор шавам ва визру базаҳҳосил ояд ва ҳасрату ранҷ бо ман бимонад, агар аз паси вай фаро шавам, дину умр бар сари он ниҳам ва бошад, ки ба мақсуд нарасам.
Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва салламро — як рӯз андар роҳ чашм бар зане афтод некӯ, бозгашт ва боз хона шуд ва бо аҳл сӯҳбат кард, ҳам дарҳол ғусл кард ва берун омад ва гуфт: «Ҳар киро зане пеш ояд, чун шайтон ҳаракати шаҳват кунад, бо хона шавад ва бо аҳли хеш сӯҳбат кунад, ки он чи бо аҳли шумост, ҳамчунон аст, ки бо он зани бегона».
АСЛИ СЕЮМ
Аз рафъи муҳликоти шараҳи сухан ва офати забон аст Бидон, ки забон аз аҷоиби сунъи Ҳақ таъоло аст, ки ба сурати порае гӯшт аст ва ба ҳақиқат ҳар чӣ андар вуҷуд аст, андар зери тасарруфи вай аст, балки он чи андар адам аст, низ ҳам, ки вай ҳам аз адам иборат кунад, ҳам аз вуҷуд; балки ноиби ақл аст ва ҳеч чиз аз иҳотати ақл берун нест ва ҳар чӣ андар ақл ва андар ваҳм ва андар хаёл ояд, забон аз он иборат кунад; ва дигар аъзо на чунин аст, ки ҷуз алвон ва ашкол дар вилояти чашм нест ва ҷуз овоз дар вилояти гӯш нест; ва дигар аъзоро ҳамчунин вилояти ҳар яке бар як гӯшаи мамлакат беш нест ва вилояти забон андар ҳама равон аст, ҳамчун вилояти дил: чун вай андар муқобилаи дил аст, ки суратҳо аз дил ҳамегирад ва иборат ҳамекунад, ҳамчунин суратҳо низ ба дил мерасонад ва аз ҳар чӣ вай бигӯяд, дил аз он сифате мегирад.
Масалан чун ба забон тазаррӯъу зорӣ кунад ва калимоти он гуфтан гирад ва алфози навҳагирӣ рондан гирад, дил аз вай сифати риққату сӯзу андӯҳ гирифтан гирад ва бухори оташи дил қасди димоғ кардан гирад ва ба чашм берун омадан истад; ва чун алфози тараб ва сифати некӯвон кардан гирад, дар дил ҳаракоти нишот ва шодӣ падид омадан гирад ва шаҳват ҳаракат кардан гирад; ва ҳамчунин аз ҳар калимае, ки бар вай биравад, сифате бар вифқи он дар дил пайдо ояд, то чун суханҳои зишт гӯяд, дил торик шавад ва чун сухани ҳақ гӯяд, дил ба равшан шудан истад ва чун сухани дурӯғу каж гӯяд, дил низ каж гардад, то чизҳо рост набинад ва ҳамчун оина кӯж шавад: ва бад-ин сабаб хоби шоир ва дурӯғзан бештар он бувад, ки рост наёяд: ки даруни вай кӯж шуда бошад аз сухани дурӯғу каж ва ҳар кӣ рост одат гирад, хоби вай рост ва дуруст бувад; ва ҳамчунин ҳар кӣ дар хоб рост набинад, чун бад-он ҷаҳон шавад, ҳазрати Илоҳият, ки мушоҳидати он ғояти ҳама лаззатҳост, андар дили вай каж намояд ва рост набинад ва аз саодати он лаззат маҳрум монад; балки чунон ки рӯи некӯ андар оинаи каж зишт шавад, чунон ки андар паҳно ва дарознои шамшер нигарад, лаззати ҷамоли сурат ботил шавад, корҳои он ҷаҳон ва кори илоҳӣҳам чунин бувад. Пас, ростиву кажжии дил табаъи ростиву кажжии забон аст ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Имон мустақим ва рост набувад, то дил рост набошад ва дил рост набувад, то забон рост набувад».
Пас, аз шараҳ ва офати забон ҳазар кардан, аз муҳиммоти дин аст ва мо андар ин асл фазли хомӯшӣ бигӯем ва он гоҳ офати бисёр гуфтану фузул гуфтан ва офати ҷадал гуфтан ва хусумат кардан ва офати фаҳшу дашном ва дароззабонӣ ва офати лаънат кардану мазоҳу сухрият кардан ва офати дурӯғ гуфтан ва ғайбату сухан чидан ва дурӯӣ кардан ва офати мадҳу ҳаҷв ва он чи бад-ин тааллуқ дорад, ҷумла шарҳ кунем ва илоҷи он бигӯем, иншоаллоҳи таъоло.
Пайдо кардани савоби хомӯшӣ
Бидон, ки чун офати забон бисёр аст ва худро аз он нигоҳ доштан душвор аст, ҳеч тадбир некӯтар аз хомӯшӣ нест, чандон ки битавон кард, пас бояд, ки одамиро сухан ҷуз ба қадри зарурат набошад ва чунин гуфтаанд, ки: абдол он бошанд, ки гуфтан ва хӯрдану хуфтани эшон ба қадри зарурат бошад ва Ҳақ таъоло баён кардааст, ки «Ло хайра фи касирин мин наҷвоюҳум илло ман амара бисадақатин ав маъруфин ав ислоҳин байна-нноси» гуфтааст: «Дар сухан хайр нест, магар фармудан ба садақа ва фармудан ба хайр ва сулҳ додан миёни мардумон». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ман самата наҷо — ҳар кӣ хомӯш биистод, бираст»
ва гуфт расул алайҳиссалоту вас-салом: «Ҳар киро аз шарри шикаму фарҷ ва забон нигоҳ доштанд, нигоҳдоштаи тамом аст». Муози Ҷабал разийаллоҳу анҳу пурсид: ки ё расулуллоҳ, кадом амал фозилтар аст?
Забон аз даҳон берун кашид ва ангушт бар вай ниҳод, яъне хомӯшӣ ва Умар разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд, ки: Абӯбакрро дидам, ки забон ба ангушт бигрифта буд ва мекашид ва мемолид, гуфтам: ё халифаи расул инро чӣ мекунӣ? Гуфт: «Ин маро андар корҳо афкандааст».
Ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Бештар хатоҳои бани Одам андар забони вай аст». Ва гуфт: «Хабар диҳам шуморо аз он осонтарин ибодатҳо: забон хомӯш доштан ва хӯи некӯ». Ва гуфт: «Ҳар кӣ ба Ҳақ таъоло ва ба қиёмат имон дорад, гӯҷуз некӯӣ магӯ ё хомӯш бош». Ва Исо алайҳиссаломро гуфтанд: моро чизе биёмӯз, ки бад-он ба биҳишт расем.

пешина
аз 176
навбатӣ