Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аммо илоҷи тафсилӣ он аст, ки нигоҳ кунад, ки чӣ вайро бар ғайбат ҳамедорад ва он аз ҳашт чиз берун набувад:
Сабаби аввал он бувад, ки аз вай хашмнок бувад ба сабабе, бояд ки бидонад, ки барои хашм касе хештанро ба дурӯғ набарад, ки аз ҷумлаи ҳамоқат бувад ва ин ситеза бо хештан карда бошад ва расул алайҳиссалом мегӯяд: «Ҳар кӣ хашме фурӯ хӯрад, Ҳақ таъоло рӯзи қиёмат вайро бар сари мало бихонад ва гӯяд: ихтиёр кун аз ҳурони биҳишт он чи тавонӣ».
Сабаби дуввум — он бувад, ки мувофиқати дигарон талаб кунад, то ризои эшон ҳосил кунад; ва илоҷи ин он аст, ки бидонад, ки сахати Ҳақ таъоло ҳосил кардан ба ризои мардумон ҳамоқат ва ҷаҳл бувад, бал бояд ки ризои Ҳақ таъоло биҷӯяд бад-он, ки бо эшон хашм гирад ва бар эшон инкор кунад.
Сабаби сеюм – он, ки вайро ба ҷинояте гирифта бошанд, вай бо дигарон ишорат кунад, то хештанро халос диҳад, бояд ки балои хашми Худои таъоло, ки андар вақт беяқин ҳосил ояд, азимтар аз он аст, ки аз вай ҳазар мекунад: ки халоси худ ба гумон аст ва хашми Худои таъоло беяқин дар вақт ҳосил ояд, бояд ки он аз хештан дафъ кунад ва ба дигаре ҳаволат накунад; ва бошад, ки гӯяд, агар ман ҳаром мехӯрам ё моли султон фаро меситонам, фулон низ мекунад ва ин ҳамоқат бувад, ки ба маъсият ба касе иқтидо нашояд кард ва вайро андар гуфтани ин чӣ узр бувад? Ва агар касеро ҳамебинӣ, ки андар оташ ҳамесӯзад, ту аз паси вай фаро нашавӣ, мувофиқат накунӣ, андар маъсият ҳамчунин бошад, пас ба сабаби он, ки узр ботил бувад, чаро бояд ки маъсияти дигар бикунӣ ва ғайбат бикунӣ?!
Сабаби чаҳорум — он бувад, ки касе хоҳад, ки худро биситояд ва натавонад, дигаронро ғайбат кунад, то бад-он фазл ва бузургии хеш ва покии хеш фаро намояд, чунон ки гӯяд: фулон чизе фаҳм накунад ва фулон аз риё ҳазар накунад, яъне ки ман ҳамекунам, бояд ки бидонад он ки оқил бувад, бад-ин фисқу ҷаҳли вай эътиқод накунад ва фазлу порсоии вай ва он ки бе ақл бувад, эътиқоди вай чӣ фоида дорад? Балки фоида он бувад, ки худ ба назди Ҳақ таъоло ноқиз накунад, то ба назди бандаи оҷизе, ки ба дасти вай ҳеч нест, зиёдат кунад!
Сабаби панҷум — ҳасад бувад: ки касеро ҷоҳеву илмеву моле бувад ва мардумон андар вай эътиқоди некӯ доранд, бинатавонад дид, айби вай ҷустан гирад, то бо вай ситеза карда бошад ва надонад, ки ин ситеза бо худ ҳамекунад, ба таҳқиқ: ки андар ин ҷаҳон дар азоби ранҷу ҳасад бувад; мехоҳад, ки он ҷаҳон низ андар азоби ғайбат бувад, то аз неъмати ҳар ду ҷаҳон маҳрум монад ва ин қадар надонад, ки: ҳар киро қисмату ҷоҳе тақдир карда бошанд, ҳасади ҳосидон он ҷоҳро зиёдат кунад.
Сабаби шашум — истеҳзо бошад ва ё хандаву бозӣ, ки касеро фазиҳат гардонад ва надонад, ки худ ба назди Ҳақ таъоло бештар фазиҳат ҳамекунад, он гоҳ вайро ба наздики мардумон ва агар андеша кунӣ, ки рӯзи қиёмат вай гуноҳони худ бар гардани ту ниҳад ва чунон ки харро ронанд, ба дӯзах ронад, донӣ ки ту авлотарӣ, ки бар ту ханданд ва донӣ, ки ҳоли касе, ки ин хоҳад буд, агар оқил бувад ба бозиву ханда напардозад.
Сабаби ҳафтум — он бувад, ки бар вай гуноҳе равад, андӯҳгин шавад, барои Ҳақ таъоло, чунон ки одати аҳли дин аст ва рост ҳамегӯяд, дар он андӯҳ, валекин дар ҳикоят онноми вай бар забони вай биравад ва ғофил монад аз он, ки ин ғайбат аст ва надонад, ки иблис вайро ҳасад кард: ки донад, ки вайро савоб хоҳад будан, бад-он андӯҳ; номи вай бар забон биронад, то базаҳи он ғайбат он муздро ҳайта кунад.
Сабаби ҳаштум — он, ки вайро хашм ояд барои Ҳақ таъоло аз маъсияте, ки карда бошад, ё аҷабаш ояд дар он тааҷҷуб ё дар он хашм номи вай бигӯяд, то мардумон бидонанд ва ин савобро хашм ҳайта бикунад, балки бояд ки ҳадиси хашм ва тааҷҷуб кунад ва номи вай ёд накунад, албатта.
Пайдо кардани рухсат ба ғайбатҳо ба узрҳо Бидон, ки ғайбат ҳаром аст, ҳамчун дурӯғ; ва ҷуз барои ҳоҷат мубоҳ нашавад ва ин шаш узр аст:
Узри аввал — тазаллум, ки пеши қозӣ ва султон бикунад ва ин раво бошад; ва ё андар пеши касе, ки аз вай муованат ҳаме ё аммо хоҳад мазлумро нашояд, ки андар пеши касе, ки аз вай фоидае нахоҳад буд, зулми золим ҳикоят кунад. Яке андар пеши Ибни Сирин зулми Ҳаҷҷоҷҳикоят кард, вай гуфт: «Ҳақ таъоло инсофи Ҳаҷҷоҷ аз касе, ки вайро ғайбат ҳамекунад, ҳамчунон бистонад, ки инсофи мардумон аз Ҳаҷҷоҷ.
Узри дуввум — он, ки ҷои фасод ҳамебинад фаро касе бигӯяд, ки қодир бувад, ки ҳасбат кунад ва аз он боздорад. Умар разийаллоҳу анҳу бар Талҳа ё Усмон бигузашт ва салом кард, ҷавоб надод, бо Абӯбакри Сиддиқ разийаллоҳу анҳу гила кард, то вайро андар он сухан гуфт ва инро ғайбат надоштанд.
Узри сеюм — фатво пурсидан, ки гӯяд: зан ё падар ё фулон кас чунин мекунад ё мегӯяд бо ман ва авлотар он бувад, ки гӯяд чӣ гӯи, агар касе чунин кунад? Валекин агар ном барад рухсат аст, чи бошад, ки муфтиро андар он воқеа чун биайниҳи бидонад, хотир фароз ояд. Ҳинд фаро расул алайҳиссалом гуфт, ки: Бӯсуфён марде бахил аст, кифояти ман ва фарзандон тамом надиҳад, агар чизе баргирам, бе илми вай раво бошад?
Гуфт: «Чандон, ки кифоят бошад, баргир» ва зулм бар фарзандону бахилӣ ба гуфтан ғайбат бувад, валекин ба узри фатво раво дошт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
Узри чаҳорум — он, ки хоҳад, ки аз шарри вай ҳазар кунанд, чун касе, ки мубтадеъ бувад ё дузд бошад ва касе бар вай эътимод хоҳад кард ё зане бихоҳад хост ё бандае хоҳад харид ва донад, ки агар айби вай нагӯяд, он касро зиён хоҳад дошт, ин айб ба гуфтан авлотар: ки пинҳон доштан ғаш бошад дар шафқат бурдан бар мусулмонон ва музаккиро1 раво бувад, ки таън кунад андар гувоҳ ва ҳамчунин касе, ки бо вай машварат кунанд. Ва расул — саллаллоҳи ъалайҳи ва саллам гуфтааст: «Андар фосиқ он чи ҳаст, бигӯед, то мардумон ҳазар кунанд». Ва ин он ҷо суннат аст, ки бими офат бувад, аммо бе узре раво набувад гуфтан. Ва гуфтаанд, андар ҳаққи се кас ғайбат набувад: султони золимро ва мубтадеъро ва касе, ки фисқ ошкоро кунад ва ин аз он аст, ки ин қавм ин пинҳон надоранд ва аз он ранҷур нашаванд, ки касе бигӯяд.
Узри панҷум — он, ки касе маъруф бувад ба номе, ки он ном айб бувад, чун: аъмаш2 ва аъраҷ3 ва ғайри он, ки чун маъруф шуда бошад, аз он ранҷур нашавад, авлотар он бошад, ки номи дигар гӯянд, нобиноро басир ва чашм пӯшида гӯянд ва монанди ин.
Узри шашум — он кӣ фисқ зоҳир кунад: чун муханнас ва хароботӣ ва касоне, ки аз фуҷур айб надоранд, зикри эшон раво бошад.
Каффорати ғайбат
Бидон, ки каффорати ғайбат бад-он бошад, ки тавба кунад ва
1 Музаккӣ, касе аст, ки дурустиву нодурустии гувоҳонро пеши қозӣ ошкор созад.
2 Касе, ки диди чашмаш кам аст ва об аз чашмаш мебарояд.
3 Ланг.
пушаймонӣ хӯрад, то аз мазлимаи Ҳақ таъоло берун ояд. Расул алайҳиссалом мегӯяд: «Ҳар киро мазлимате аст андар арз ё андар мол биҳиле ба ҳалле бояд хост, пеш аз он ки рӯзе ояд, ки на арз бувад ва на мол ва на дунё суде дорад, ҷуз он ки ҳасаноти вай ба ивази он ҳамедиҳанд ва агар набувад, саййиъоти вай бар вай ниҳанд». Оиша разийаллоҳу анҳо занеро гуфт, ки: дароззабон аст, расул алайҳиссалом гуфт: «Ғайбате кардӣ, аз вай биҳиле хоҳ». Андар хабар аст, ки ҳар кӣ касеро ғайбат кунад, бояд ки ӯро аз Худои таъоло омурзиш хоҳад ва гурӯҳе пиндоштанд, ки аз ин хабар ин кифоят бувад ва биҳиле набояд хост, ин хато бошад ба далели дигар чизҳо, аммо истиғфор он ҷо бувад, ки вай зинда набувад, бояд ки истиғфор кунад, аз баҳри вай ба биҳилӣ он бувад, ки ба тавозӯъ ва ба пушаймонӣ пеши вай шавад ва гӯяд, ки: хато кардам ва дурӯғ гуфтам, афв кун, агар накунад, бар вай сано кунад ва муроот ҳамебояд кард, то дили вай хуш шавад ва биҳил кунад, агар накунад, ҳаққи вай аст, валекин ин муроотро аз ҷумлаи ҳасанот нависанд ва бошад, ки ба иваз андар қиёмат фаро вай диҳанд, аммо авлотар он бувад, ки афв кунанд. Ва баъзе аз салаф будаанд, ки биҳил накардаанд ва гуфтаанд, ки андар девони мо ҳеч ҳасанат беҳ аз ин нест, валекин дуруст он аст, ки афв кардан ҳасанате аст, фозилтар аз он.
Ҳасани Басриро яке ғайбат кард, табақи хурмо назди вай фиристод ва гуфт — шунидам, ки ту ибодати хеш ба ҳадя ба ман фиристодӣ, ман низ хостам, то мукофоти он бикунам ва маъзур дор, ки натавонистам мукофоти тамом кардан.
Ва бидон, ки биҳилӣ он вақт тамом бувад, ки бигӯяд, ки чи кардаам: ки аз маҷҳул безор шудан дуруст набувад.
Офати сездаҳум
Сухан чидан ва наммомӣ бувад
Ҳақ таъоло ҳамегӯяд — «Ҳаммозин машшоъин бинамимин»1 ва мегӯяд:
«Вуйлун ликулли ҳумазатин лу мазатин»2 ва мегӯяд: «Ҳаммолата-лҳатаби»3 ва бад-ин ҳама наммомӣ мегӯяд. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамегӯяд, ки: «Наммом дар биҳишт нашавад». Ва гуфт: «Хабар диҳам шуморо, ки бадтарини шумо кист», гуфт: «Касоне, ки миёни шумо наммомӣ кунанд ва тахлит кунанд ва мардумро бар ҳам зананд». Ва гуфт:
«Чун Ҳақ таъоло биҳиштро биофарид», гуфт сухан гӯ, гуфт: «Некбахт аст
1 Вой бар касе, ки айбҷӯӣ кунад ва ба суханчинӣ ба роҳ афтад.
2 Вой бар ҳар айбҷӯи таънзананда.
3 Ҳезумкаш (барои афрӯхтани оташ).
касе, ки ба ман расад», Ҳақтаъоло гуфт: «Ба иззату ҷалоли ман, ки ҳашт касро ба ту роҳ набувад: хамрхора ва зинокунанда, ки бар он биистад ва наммому дайюс ва аввону муханнас ва қотеъраҳм ва он, ки гӯяд бо Худои таъоло аҳд кардам, ки накунам ва накунад». Ва дар хабар аст, ки: дар Бани Исроил қаҳтӣ афтод, Мӯсо алайҳиссалом ба истисқо шуд, борон наёмад, ваҳй омад ба Мӯсо алайҳиссалом, ки: ман дуои шумо, кай иҷобат кунам, ки андар миёни шумо наммоме аст? Гуфт: «Он кист, бор Худоё, маро маълум кун, то ӯро берун кунам», гуфт: «Наммомро душман дорам, худ наммомӣ кунам?!» Пас, Мӯсо алайҳиссалом фармуд, то ҳама аз наммомӣ тавба карданд ва борон омад».
Яке ҳакимеро талаб кард ва ҳафтсад фарсанг бирафт, то аз вай пурсид, ки он чист, ки аз санг сахттар аст ва он чист, ки аз осмон фарохтар аст ва он чист, ки аз замин гаронтар аст ва он чист, ки аз замҳарир сардтар аст ва он чист, ки аз оташ гармтар аст ва он чист, ки аз дарё тавонгартар аст ва он чист, ки аз ятим хортар аст! Гуфт: «Бӯҳтон бар бегуноҳ аз замин гаронтар аст ва ҳақ аз осмон фарохтар аст ва дили дарвеши қонеъ аз дарё тавонгартар аст ва ҳасад аз оташ гармтар аст ва ҳоҷат бар хешовандон, ки вафо накунанд, аз замҳарир сардтар аст ва дили кофир аз санг сахттар аст ва наммом, ки сухани вай наниюшанд, аз ятим хортар аст».
– ФАСЛ –
(Дар баробари наммом чи бояд кард) Бидон, ки наммомӣ на ҳама он бувад, ки сухани яке бо дигаре бигӯяд, балки ҳар кӣ коре ошкоро кунад, ки касе аз он ранҷур шавад, вай наммом аст: хоҳ ба сухан гиру хоҳ ба феъл ва хоҳ ба чизе дигар ва хоҳ ба қавл ошкоро кунад ё ба ишорат ё ба навиштан, балки пардаи он чиз баргирифтан, ки касе аз он ранҷур шавад, нашояд, магар он ки касе хиёнат карда бошад андар моли касе пинҳон, раво бошад ошкоро кардан ва ҳамчунин ҳар чӣ андар он зиёни мусулмонон хоҳад буд.

пешина
аз 176
навбатӣ