Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лабонат ҷони ман овард бар лаб,
Давои дарди мо гуфтему рафтем.
Қади сарват ба мо чун соя афканд,
Ин аз боғи шумо, гуфтему рафтем.
Ҳавои васли ту дар қалби мо буд,
Чӣ форам ин ҳаво, гуфтему рафтем.
Ҳунар Султон, накардӣ дар раҳи ишқ,
Паноҳат бар Худо, гуфтему рафтем.


Шаб ба поён мерасад, эй ёр, бошӣ дар амон,
Субҳи содиқ медамад, дилдор, бошӣ дар амон.
Гарчи имшаб сер не дил аз нигоҳи масти ту,
Боз бо ҳам мерасад дидор, бошӣ дар амон.
Гулписарҳо шаҳ шаванду духтаронат гуларӯс,
Гул кунад ин хона чун гулзор, бошӣ дар амон.
Бо тараб, бо лафзи ширин базмро тафсонда хуш,
Соқии хушчеҳра, хушгуфтор, бошӣ дар амон.
Моҳ рақсад ҳамраҳи раққосаи нозукадо,
Маҳваши бемисли хушрафтор, бошӣ дар амон.
Тӯй бар болои тӯй ояд бароят армуғон,
Доимо, эй ёри хушгуфтор, бошӣ дар амон.


Рӯзе ки рафтам аз барат, он гаҳ ба қадрам мерасӣ,
Берун шудам чун аз дарат, он гаҳ ба қадрам мерасӣ.
Бо дигарон ҳамсоғарӣ в-аз ёри худ бигсастаӣ,
Бишкаст ҳар гаҳ соғарат, он гаҳ ба қадрам мерасӣ.
Дар даргаҳи ту чокарам, чун чокарак чак мезанам,
Вақте ки гум шуд чокарат, он гаҳ ба қадрам мерасӣ.
Болор кардам аз хасе, кас сохтам аз нокасе,
Гум кардӣ ин карру фарат, он гаҳ ба қадрам мерасӣ.
Бо карру фар, эй каҷкулаҳ, каҷҷак макун бар мо нигаҳ,
Афтад кулаҳ гар аз сарат, он гаҳ ба қадрам мерасӣ.
Мағрури боли худ шудӣ, ҳамчун уқоби тезчанг,
Чун бишканад болу парат, он гаҳ ба қадрам мерасӣ.

пешина
аз 73
навбатӣ