АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Девонҳои Саққои Бухороӣ, Қудсии Машҳадӣ, Урфии Шерозӣ, Бўалӣ Қаландар, Иброҳим Дада Шоҳидӣ, Муҳйии Хўқандӣ ва ашъори шоирони зиёдеро аз хати форсӣ ба хати ҳозираи тоҷикӣ баргардон намуда, бо воситаҳои электронӣ пешкаши хонандагон гардондааст.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2003 узви Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон мебошад.
Чанд навбат вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Панҷакент буд.
Бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
ҒАЗАЛҲО
Ман куштаи муҳаббатам, аз ман ҷудо машав!
Дар орзуи суҳбатам, аз ман ҷудо машав!
Дар боргоҳи ишқи ту, эй дилрабои ман,
Омода баҳри хидматам, аз ман ҷудо машав!
Дар чеҳраи биҳиштии ҳамчун баҳори ту,
Бошад ниҳон саодатам, аз ман ҷудо машав!
Бар остони ту сари худро гузоштам,
Бас ташнаи мурувватам, аз ман ҷудо машав!
Он қадр дилрабоию он қадр маҳвашӣ,
Ҳайрони он назокатам, аз ман ҷудо машав!
Ҷурму хатои хешро донам, аз ин сабаб
Дар ҳасрати шафоатам, аз ман ҷудо машав!
Магсал вафою аҳди худ, эй каъбаи мурод,
Қурбони рўзи ваҳдатам, аз ман ҷудо машав!
Душманӣ аз қалби бадандеш пайдо мешавад,
Аз ҳузури гумраҳи бадкеш пайдо мешавад.
Ошноӣ соҳати маънӣ надорад дар ҷаҳон,
Бадманишӣ аз сарои хеш пайдо мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё